Ҳамкории Тоҷикистону Русия барои тақвияти марзҳои ҷанубии СПАД
Нашр шуд
Равобити Тоҷикистону Русия дар марҳилаи кунунӣ бо шиддати фавқулода дар 30 соли гузашта тавсиф мешаванд, ки ба “чархиши шарқӣ”-и стратегии сиёсати хориҷии Русия бастагӣ дорад. Дар заминаи Осиёи Марказӣ ин ба он маъност, ки Русия дар “сиёсати шарқӣ”-и худ ба тавсеаи равобити геополитикӣ ва геоиқтисодӣ, инчунин муколамаи байни тамаддунҳо бо кишварҳои Осиё таъкид дорад. Ҷиҳатгирии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии Русия дар ин раванд ангезаи ҷадиде барои тақвияти равобит такони тозае гирифт.
Дар пасманзари тағйироти низоми ҷаҳонӣ, ду кишвар дар ҳоли шаклгирии модели ҷадиди таомил бо воқеиятҳои геополитикии муосир ҳастанд, то аз манофеи миллии худ муҳофизат кунанд. Муҳимтарин ҷанбаҳои суботи минтақаӣ дар ҳоли ҳозир на танҳо ҳамкориҳои наздики низомӣ – фановарӣ, балки тақвияти фарояндаҳои ҳамгироӣ, ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва коҳиши фақр аст.
Ҷиҳатгирии геополитикии Русия ба Шарқ дар тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия барои ҳифозат аз марзҳои ҷанубии манотиқи масъулияти СПАД мунъакис шудааст. Моҳи декабри соли 2023 раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми худ ба порлумон аз ҳаводиси кунунӣ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард. Тоҷикистон ба унвони як марзи беруна дар ҳамсоягии Афғонистони нопойдор барои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ифо мекунад. Таҳдидоти ношӣ аз Афғонистон бармеоянд, аз ҷумла терроризм, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ифротгароии мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир ва инсон, ҷиноёти созмонёфта ва интишори иттилооти ҷаълӣ, аз аносири “ҷанги таркибӣ” мебошанд. Дар ин шароит, ибтикори Тоҷикистон барои эҷоди “камарбанди амниятӣ” дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳамчун як вазифаи таъхирнопазир барои амнияти минтақа боқӣ мемонад. Дар ин замина, тавсеа ва пазириши барномаҳои ҳадафманди байнидавлатӣ тавассути кишварҳо – аъзои СПАД барои тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон як тасмими бамавқеъ аст.
Имрӯз пуртаништарин вазъият дар вилоятҳои шимолу шарқии Афғонистон, ҷое, ки ҷангиёни созмонҳои мухталифи террористӣ ва ҷиҳодӣ фаъолияти худро ташдид кардаанд, боқӣ мемонад. Тавре, ки Николай Патрушев, котиби вақти Шӯрои амнияти Русия, рӯзи 24 феврали соли 2024 ишора кард, беш аз 20 гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон фаъолият мекунанд, ки теъдоди ҷангиёнашон ба беш аз 23 ҳазор нафар мерасад. Нуфузи ин ҷангҷӯён ба кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад вазъи геополитикии минтақаро халалдор созад.
Илова бар ин, ба гуфтаи як таҳлилгари низомӣ, дар ояндаи наздик афзоиши қочоқи маводи мухаддири навъи тарёк аз захираҳои ҷамъкардаи гурӯҳҳои ҷиноӣ дар назар аст. Ин вазъияти геополитикӣ мумкин аст иҷрои тарҳҳои муштараки Тоҷикистону Русияро кунд кунад, зеро таҳдидҳо аз марзи Тоҷикистону Афғонистон ба фазои сармоягузории кишвар таъсири манфӣ мерасонанд.
Дар ин шароит, яке аз аҳдофи калидии сиёсати Тоҷикистону Русия дар ростои Афғонистон, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, муқобила бо гурӯҳҳои террористию ифротӣ ва ҷиноятҳои фаромарзӣ боқӣ мемонад. Барои ҷилавгирӣ аз таҳдидоти эҳтимолӣ, Тоҷикистону Русия дар ҳоли тақвияти ҳамкорӣ дар тазмини амнияти марзҳои ҷануб кишварҳои ИДМ ва минтақаи масъулияти СПАД ҳастанд. Бо таваҷҷуҳ ба хатароти транзити маводи мухаддир аз тариқи марзи Тоҷикистону Афғонистон, Русия аз тариқи Дафтари муборизи бо маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ (UNODC) пайваста ба Тоҷикистон кумак мерасонад.
Дар мувоҷаҳа ба таҳдидоти воридшавии ҷангиён аз Афғонистон, артиши Тоҷикистон, пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия, муҷтамаи нутӣ – электронии “Окно”, инчунин Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ нақши муҳим дар тазмини амнияти Тоҷикистон доранд. Дар чорчӯби СПАД, ҳамкориҳо барои тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон ташдид шудааст. Беларус, Арманистон, Русия ва Қазоқистон дар тақвияти марз кумаки фаннӣ расонида, дар бунёди посгоҳҳои сарҳадӣ, муҷаҳҳазсозии онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ ва омода кардани кадрҳои нерӯҳои марзбонӣ мушорикат мекунанд. Дар шароити афзоиши таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ, Тоҷикистон дар чорчӯби СПАД, дар ҳоли тавсеаи низом барои ҳушдору посух ба чолишҳо, анҷоми табодули иттилооти оперативӣ ва ҳамкории фаъол бо иттифоқчиён дар мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷират, инчунин вокуниши изтирорӣ қарор дорад.
Яке аз ҳавзаҳои авлавиятдори таомил, ҳамкориҳо фанӣ – низомӣ аст, ки дар чорчӯби он низоми тарҷеҳи барои арзаи маҳсулоти низомӣ бо қимати дохилӣ барои кишварҳо – аъзои СПАД ироа мешавад. Ин амр ба вижа барои Тоҷикистон, ки тавоноиҳои он дар ин замина маҳдуд аст, аҳамият дорад. Барои ҳалли масъалаҳои марбут ба таомили иқтисодӣ – низомӣ дар доираи СПАД як комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳо дар ин замина таъсис дода шуд, ки ба шарофати он Тоҷикистон робитаҳои ҳамкориро байни ширкатҳои низомӣ тавсеа ва марказҳои хизматрасониро ташкил медиҳад, ки амалисозии лоиҳаҳои муштаракро таъмин менамоянд.
Тоҷикистон ва Русия фаъолона дар чорчӯби Нерӯҳои дастҷамъонаи вокуниши сареъ ва Нерӯҳои посдори сулҳи СПАД ҳамкорӣ мекунанд. Ҳамкориҳои воҳидҳои вижаи ду кишвар дар мубориза бо ҷинояткорӣ дар соҳаи фановариҳои муосири иттилоотӣ низ густариш меёбанд. Талошҳои муштарак бо ҳадафи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва қочоки инсон, аз ҷумла иқдомоти амалиётӣ – пешгирикунанда ва махсус анҷом дода мешаванд. Дар доираи СПАД, иқдомоте низ барои муқобила бо таҳдиду хатарҳои ношӣ аз хоки Афғонистон амалӣ мешаванд, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба эҷоди “камарбандҳо”-и зидди маводи мухадир ва амнияти молиявӣ дар атрофи ин кишвар, инчунин мушорикати ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи афғон дар амалиёти зидди маводи мухадири “Канал”, инчунин омода кардани кадрҳо барои сохторҳои зиддимухадиротии ин кишвар ишора кард. Тоҷикистон ва Русия барои афзоиши қобилияти итминони ҳифозат аз ҳаримҳои ҳавоӣ, на танҳо як мабнои ҳуқуқи байналмилалӣ барои ташаккули системаи муштараки зиддиҳавоии (ҳифзи ҳавоии) ду кишвар эҷод карданд, балки ин лоиҳаро низ бомуваффақият ба сомон расониданд. Русия ду дивизиони дифои зиддиҳавоии С-300 (ҳашт дастгоҳи мушакии зиддиҳавоӣ) ба Тоҷикистон мунтақил кард, ки ҳифозат аз ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ва марзҳои ҷанубии СПАД-ро тазмин мекунад. Ин ҳамчунин нишондиҳандаи саҳми қобили таваҷҷуҳ дар эҷоди низоми дифои ҳавоии СПАД аст. Тамоми иқдомот барои насби системаи зиддиҳавоӣ дар кишварҳо - аъзои СПАД дар асоси тавофуқномаи дуҷониба бо Русия анҷом мешавад, зеро Оинномаи созмон ҳеҷ ишорае ба чунин системаи якпорчаӣ надорад. Дар ҳоли ҳозир, ниёзи фаврӣ ба эҷоди як чорчӯби ҳуқуқии байналмиллалӣ барои ташкили низоми муштараки дифои ҳавоии СПАД вуҷуд дорад, зеро дар мавриди ин низом тавофуқи умумӣ вуҷуд надорад, ҳарчанд давра ба давра барои нигоҳ доштани омодагии ҷангӣ тамринҳо гузаронида мешаванд. Дар чорчӯби амнияти Тоҷикистон, ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ – фанӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои ҳарду кишвар ба шумор меравад. Ба унвони бахше аз Барномаи навсозии Қувваҳои мусаллаҳи миллии Тоҷикистон, Русия ба тақвияти иқтидори дифоии кишварамон кумак мекунад. Донишгоҳҳои тахассусии Русия ба омӯзиши кадрҳои ҷавони низомии Вазорати дифои Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва нерӯҳои марзбонӣ идома медиҳанд. Бо таваҷҷуҳ ба афзоиши эҳтимолии таҳдиди низомӣ аз Афғонистон, соли 2019 дар ҳайати Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия баталёни ҳавопаймоии бесарнишин таъсис дода шуд. Дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия системаи ҷадидтарини ҷангии электронии "Поле-21" вориди хидмат шуд. Моҳи октябри соли 2020 муҷаҳҳазсозии гурӯҳи ҳавоии пойгоҳи низомии 201 бо чархболҳои муосири нақлиётию ҷангии Ми-8МТВ5-1 анҷом ёфт. Ноябри соли 2020 бошад, дар тамрингоҳҳои Лоҳур, Самбула ва Ҳарбмайдон як силсила машқҳои густурдаи Тоҷикистону Русия бо истифода аз техникаи вазнин ва ҳавопаймоҳои бесарнишин баргузор шуданд. Дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон мунтазам машқҳои “Бародарии размӣ” баргузор мешаванд, ки дар он ҳазорон низомиёни СПАД, ҳавопаймоҳо ва системаҳои мушакӣ ҷалб мешаванд. Дар Тоҷикистон низ машқҳои бузург тавассути Неруҳои муштараки вокуниши фаврии кишварҳо - аъзои СПАД бомуваффақият гузаронида мешаванд.
Дар пӯёи геополитикии Осиёи Марказӣ, воқеъ дар ҳавзаи масъулияти СПАД, истифода аз шабакаи умумиҷаҳонӣ аз ҷониби гурӯҳҳои мухталифи муташаккили ҷиноии фаромиллӣ, ки даст ба қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, қочоқи инсон ва силоҳ, ҷинояти фаромиллӣ, ифротгароӣ, терроризм ва фаъолияти дигари ҷиноятӣ мезананд, нигаронии хосро ба миён меоранд. Дар ин шароит, бо таваҷҷуҳ ба амре, ки ин созмон омили фаромиллӣ дар тазмини соҳибихтиёрӣ, амният ва тамоми арзии аъзои худ дар фазои Авруосиё аст, фаъолияти пешгирикунандаи СПАД дар доираи масъулияташ пурзӯр карда шуд. Яке аз заминаҳои муҳими фаъолияти СПАД, ҷилавгирӣ аз таҳдидоти иттилоотӣ ва ҷиноятҳое, ки бо истифода аз фановариҳои иттилоотию иртибототӣ содир мешавад, ба шумор меравад. Дар доираи амалиёти “ПРОКСИ”, бо ҳадафи ошкор ва рафъи таҳдидоти иттилоотӣ, тақрибан ду ҳазор сайте муайян карда шуд, ки аз ҷониби созмонҳои ҷиноии фаромиллӣ истифода мешуданд. Возеъ аст, ки барои ҳифзи субот дар Осиёи Марказӣ, тақвияти камарбанди амниятӣ дар минтақаи фаромарзии Амударё, ҳамон тавре, ки раис ҷумҳури Тоҷикистон аз солҳои 90-ум борҳо гуфтааст, акнун ниҳоят муҳим аст. Соли 2023 як комиссияи СПАД дар посгоҳҳои марзии Тоҷикистон барои муайян кардани кумакҳои зарурӣ ҷиҳати таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон кор кард.
Тоҷикистон қасд дорад амнияти марзҳои худ бо Афғонистонро на танҳо тариқи тақвияти ҳифозати марзӣ, балки тавассути таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва таъомил бо нерӯҳои ҷаҳонию минтақавӣ тазмин кунад. Тоҷикистон бо имзои беш аз 80 тавофуқномаҳои байнидавлатӣ бо Русия, Чин, кишварҳои Осиёи Марказӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар шарикон як мабнои ҳуқуқии байналмилалӣ барои ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ эҷод карда, фаъолона аз таҳкими талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо таҳдидоти ҷадиди амниятӣ дар ҳама сатҳҳо ҳимоят мекунад.
Дар ҳоли ҳозир яке аз вазоифи авлавиятноки Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳои узви СПАД тавсеаи механизмҳои қонунии вокуниши дастаҷамъона ба шаклҳои гуногуни ҷангҳои таркибӣ мебошад, ки мумкин аст ба суботи минтақа таҳдид кунанд. Дар мувоҷеҳ ба чолишҳои ҷадид, эҳтимолан таъдилҳое ба стратегияи рушди СПАД бо ҳадафи тавсеаи чунин механизмҳо анҷом хоҳанд шуд, ки вижагиҳои маҳаллии зуҳури таҳдидоти таркибӣ, аз ҷумла таҳдидоти ифротӣ – мазҳабӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ, террористӣ ва этносиёсиро ба инобат мегиранд.
Дар робита ба таҳкими терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва таҳдидоти таркибӣ дар самтҳои Афғонистон ва Осиёи Марказӣ интизор меравад, ки СПАД механизмҳои нави вокунишро таҳия кунад. Имкон вуҷуд дорад, ки бо назардошти вазъияти кунунии геополитикӣ дар ҳавзаи масъулияти созмон, тағйироту иловаҳо ба Оинномаи СПАД ворид карда шаванд. Таҳияи механизми иҷрои Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Ҳамкорӣ байни СММ ва СПАД» ва ба даст овардани мандат ба Неруҳои дастаҷамъии сулҳпарвари СПАД барои иҷрои рисолати густурдаи сулҳомез аҳамияти хоса дорад.
Ҳамкории наздик бо СПАД барои Тоҷикистон дар заминаи навсозии Артиши миллӣ ва тақвияти амнияти миллӣ муҳим аст. Таомил дар чорчӯби СПАД ба иҷрои Стратегияи миллии тавсеаи 2030 ва ҳифзи субот кумак хоҳанд кард, зеро ин созмон дар ҳамроҳӣ бо дигар механизмҳо ба унвони як боздорандаи муҳим дар баробари таҳдидоти низомии беруна амал мекунад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед