Ru  | Tj
Ҳушдор ба ҳама: Ҷазоҳои нав барои олудасозии обу ҳавою хоки Тоҷикистон ҷорӣ шуданд
Ҳушдор ба ҳама: Ҷазоҳои нав барои олудасозии обу ҳавою хоки Тоҷикистон ҷорӣ шуданд
Аксҳо: Аз манбаъҳои гуногун

Ҳушдор ба ҳама: Ҷазоҳои нав барои олудасозии обу ҳавою хоки Тоҷикистон ҷорӣ шуданд

Нашр шуд

Аз кишоварзу сохтмончӣ то соҳибкору мансабдор – ҳамаро дар Тоҷикистон минбаъд зарур меояд, ки бештар дар фикри муҳити зист бошанд, вагарна барои буҷаашон гарон меафтад.

Аз нимаи дуюми моҳи декабри соли 2024 ҳаҷми ҷаримаҳо барои нақзи қоидаи ҳифзи муҳити зист аз 25 то 100 дарсад ва бештар аз он афзуд. Тағйирот хеле густурда буда, ба сокиноне, ки партови хонаашонро ноҷо мебаранду баргҳоро дар ҳавлӣ месӯзонанд, то соҳибони корхонаҳои ифлоскунандаи ҳаво ва мансабдороне, ки фиреб медиҳанд, дахл доранд.  

Ба даҳҳо моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ҷумҳурӣ тағйирот ворид шуд, ки Halva.tj ҷузъиёташро омӯхт.  

Сӯзондану партофтани партов дар ноҷо чӣ паёмад дорад?

Тибқи меъёрҳои нави муҷозот барои нақзи қоидаҳои ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, ки аз моҳи равон мавриди амал қарор гирифтанд, барои партофтан ва сӯзонидани партовҳою ашёҳо дар ҷойҳои муқаррарнашуда ба шахсони воқеӣ аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таҳдид мекунад, ки аз оғози соли 2025 муодили 375 то 750 сомонӣ хоҳад буд. Қаблан ҷарима барои чунин қоидвайронкунӣ аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медод. Ҳаҷми як нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз 1 январи соли 2025 ба 75 сомонӣ баробар хоҳад буд.

Ҳамин тариқ барои сӯзондану партофтани партов дар ҷойи муқаррарнашуда ба шахсони мансабдор аз 15 то 25 нишондиҳанда (1125 то 1875 сомонӣ) ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 70 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (5250 то 7500  сомонӣ) ҷарима таъйин карда мешавад.

Инчунин дар моддаи 231-и Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар таҳрири нав омадааст, ки барои риоя накардани қоидаҳои ҷамъоварӣ ва сӯзонидани партовҳо, риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми дар ҳавои кушод сӯзонидани маводи сӯзанда ва масолеҳи бинокорӣ зимни иҷрои корҳои сохтмонӣ, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 5 то 10, ба шахсони мансабдор аз 35 то 45 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 11250 то 15000 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад.

Барои риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми ҳамлу нақл, ҷойгиркунӣ, истифода, нест кардан (гӯронидан)-и партовҳои саноатию маишӣ ва дигар партовҳо, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 5 то 10, ба шахсони мансабдор аз 15 то 20 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муқаррар гардидаст.

Ҳифзи обу замину дарахт низ пурзӯртар мешавад

Тибқи тағйирот ба моддаи 147-и Кодекси ҳуқуқвайрониии маъмурӣ барои ифлос кардани замин бо моддаҳои кимиёиву радиоактивӣ, партовҳои истеҳсолӣ ва обҳои партов, организмҳои бактериологию паразитӣ ва зараррасон дар сурати набудани аломати ҷиноят, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 15 то 25, ба шахсони мансабдор аз 35 то 45 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 11250 то 15000 сомонӣ) ҷарима муқаррар шудаст.

Дар моддаи 244 барои расонидани зарар ба киштзор ва дигар заминҳо ё нобуд кардани қабати ҳосилхези онҳо тавассути заҳролуд кардани замин бо моддаҳои кимиёиву радиоактивӣ, ҳашаротҳои бактериологӣ ё бо ҳайвоноти бемор, партовҳои истеҳсолӣ ва обҳои партов ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 5 то 10 ва ба шахсони мансабдор аз 15 то 20 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудаст.   

Дар моддаи 177-и Кодекси ҳуқуқвайронӣ низ ҷазо пурзӯртар шуда, барои бо пасмонда ва партовҳои маишӣ ифлос кардани чашмаҳо ва дигар манбаъҳои об, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 5 то 10 нишондиҳанда, ба шахсони мансабдор аз 15 то 25 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 50 то 60 (3750 то 4500 сомонӣ) ҷарима таҳдид мекунад.

Дар моддаи 242-и Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ омадааст, ки барои худсарона буридани дарахту буттаҳои боғҳо, мамнӯъгоҳҳо, минтақаҳои кабудизори шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, ниҳолзорҳои муҳофизатии минтақаҳо, ҳудудҳои дарахтзори ҳамшафати роҳҳои мошингард ва оҳан, ҳудудҳои дарахтзори манъкунандаи ҳамшафати дарёю наҳрҳо, атрофи кӯлҳо ва дигар обанборҳо ё расонидани зарар ба онҳо, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 10 то 20 (750 то 1500 сомонӣ), ба шахсони мансабдор аз 30 то 40 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Ҷазо барои дурӯғ дар бораи зарар ба муҳити зист

Моддаи 218-и Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳо муқаррар намудаст, ки барои пешниҳод накардан, пинҳон доштан ё таҳриф намудани маълумот вобаста ба ҳолати муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ, инчунин дар бораи сарчашмаҳо ва ҳаҷми заҳролудкунӣ, пинҳон доштани ҳолатҳои гӯронидани партовҳо, аз меъёр зиёд ба ҳаво партофтани моддаҳои заҳролудкунанда ё таҳриф намудани маълумот вобаста ба садамаҳои дорои оқибати манфии экологӣ ва дараҷаи заҳролудкунии муҳити зист, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 15 то 20, ба шахсони мансабдор аз 40 то 50 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таҳдид мекунад.

Ҷазои мансабдору соҳибкор барои корхонае, ки ҳаворо ифлос мекунад

Моддаи 225-и Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ низ ҷазо барои ба истифода додани корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳои наву таҷдидгардидаеро, ки ба талаботи ҳифзи ҳавои атмосфера ҷавобгӯ нестанд, сангинтар намудаст.

Ин кор барои шахсони мансабдор ба андозаи аз 15 то 20 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 11250 то 15000 сомонӣ) ҷарима хоҳад овард.

Барои бе иҷозат иҷро кардани корҳои сохтмонӣ, пармакунӣ, кушодани конҳо (карерҳо) ва амалӣ намудани дигар фаъолияти хоҷагӣ, ки ба муҳити зист ва захираҳои табиӣ таъсири зарарнок мерасонанд, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 20 то 30, ба шахсони мансабдор аз 45 то 55 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 250 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 18750 то 22500 сомонӣ) ҷарима таъйин карда мешавад, омадааст дар моддаи 235.

Барои бе иҷозати махсус истифода намудани захираҳои табиӣ, дар моддаи моддаи 238-и Кодекс ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 10 то 15, ба шахсони мансабдор аз 25 то 35 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ гардидаст.

Инчунин дар моддаи 234 омадааст, барои нақзи меъёрҳои экологӣ ҳангоми банақшагирӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид, ба истифода додан ё барҳам додани корхонаҳою иншоот, инчунин ҳангоми воридоту содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ хавфнок риоя накардани талаботи экологӣ, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 15 то 20, ба шахсони мансабдор аз 35 то 45 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи олами наботот ва ҳайвонот ба шахсони воқеӣ ба маблағи аз 5 то 10 нишондиҳанда, ба шахсони мансабдор аз 15 то 20 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Моддаи 237 барои несту нобуд кардан ва расонидани осеб ба объектҳо ва ҳудудҳои ба таври махсус муҳофизатшавандаи комплексҳои табиии мамнӯъгоҳҳои давлатӣ, боғҳои миллии табиӣ, минтақаҳои табобатию солимгардонӣ ва истироҳатию осоишгоҳӣ, манзараҳо (ландшафтҳо) ва осорҳои муқаррарӣ ва нодири табиат, ки таҳти муҳофизати давлат қарор доранд, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 15 то 25 ва ба шахсони мансабдор 35 то 45 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муқаррар намудаст.

Дар баробари ҷаримаҳо шахсоне, ки меъёрҳои экологиро риоя намекунанд, бояд зарари расондаашонро ҷуброн кунанд.

 

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед