Ru  | Tj
Тасодуфиҳо дар мансаб каму шоистаҳо зиёд мешаванд? Навигариҳо дар сиёсати кадрии Тоҷикистон
Тасодуфиҳо дар мансаб каму шоистаҳо зиёд мешаванд? Навигариҳо дар сиёсати кадрии Тоҷикистон
Аксҳо аз дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон

Тасодуфиҳо дар мансаб каму шоистаҳо зиёд мешаванд? Навигариҳо дар сиёсати кадрии Тоҷикистон

Нашр шуд

Интизор меравад, мувофиқасозиҳои бештар бо президенту пурсидани розигии ӯ дар таъйини мақомдорони гумруку мубориза бо коррупсия роҳи тасодуфиҳоро ба курсиҳои баландпоя мебандаду шароити расидани кадрҳои шоиста ба мақомҳои давлатиро фароҳам меорад.

Соли 2024 дар Тоҷикистон бо вуруди бархе тағйиру иловаҳо ба сиёсати кадрӣ дар мақомоти гумрук ва ниҳоди мубориза бо коррупсияи кишвар ба поин мерасад. Минбаъд ҳангоми таъйини кадрҳо дар ин ниҳодҳо, мувофиқасозӣ бо раисҷумҳури Тоҷикистон бештар сурат мегирад. Ҷузъиётро дар матлаби Halva.tj бихонед.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ахиран баъди ҷонибдории парлумон тағйирот ба Кодекси гумруки кишварро имзо намуд.

Тибқи таҳрири нави моддаи 492-и Кодекси гумруки Тоҷикистон, шумораи онҳое, ки дар мувофиқа бо раисҷумҳур дар гумрук таъйину озод мешаванд, васеъ гардид.

Сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, сардорони раёсатҳои минтақавии гумрукӣ бо розигии президенти Тоҷикистон таъйин мешаванд, муқарар шудаст дар тағйироти ҷадид, ки ахиран мавриди амал қарор гирифтанд.

Тағйироти мазкур дар ҳолест, ки қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон хостори тоза кардани ниҳодҳои давлатӣ аз шахсони тасодуфӣ шуд, ки зимни иҷрои рисолаташон даст ба фасоду қонуншиканиҳо мезананд.

Дар мавриди масъулини гумрук аз ҷумла интиқод карда буд, ки гоҳо бандҳои буҷа иҷро намешаванд, аммо ба дороиҳои бархе мақомдорон зам мегардад.

Интизор меравад, ки ҳамакнун мувофиқасозии бештар бо президент боиси омӯзиши дақиқтари номзадҳо ба мақомҳои калидии гумрукӣ хоҳад шуд.

Дар мавриди кадрҳои сатҳи поинтар муқаррар шудаст, ки “муовинони сардорони раёсатҳо, сардорони шуъбаҳо, сарнозирон, нозирони калон ва нозирони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, муовинони сардорони раёсатҳои минтақавии гумрукӣ, сардорони шуъбаҳо, гуруҳҳо, гумрукҳо, дидбонгоҳҳои гумрукӣ ва муовинони онҳо, сарнозирон, нозирони калон, нозирон ва нозирони хурди раёсатҳои минтақавии гумрукӣ, гумрукҳо ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ,  инчунин роҳбарон, сарнозирон, нозирони калон, нозирон ва мутахассисони муассисаҳои гумрукии махсусгардондашуда ва роҳбарони корхонаҳои воҳиди давлатии мақомоти гумрук дар асоси қарордод бо фармоиши роҳбари мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба мансаб таъин карда мешаванд”.

Дар Хадамоти гумрук мегӯянд, раванди қабул ба корро шаффоф ва аз тариқи озмунҳо анҷом медиҳанд, то номзадҳои шоиста ба мақомот ҷалб гарданд.

Дар Агентии мубориза бо фасод чӣ навигариҳост?

Охири соли 2024 на танҳо барои сиёсати кадрии мақомоти гумрукӣ навгониҳо овард, балки меъёрҳои ҷадид дар мавриди таъйиноту барканориҳо дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон низ мавриди амал қарор гирифт.

Президенту парлумон тағйирот ба қонун дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуданд.

Тибқи тағйироти ҷадид, дар моддаи 13-и қонуни мазкур, ки марбути салоҳиятҳои директори Агентии мубориза бо коррупсия  мебошад, таъкид шудаст: “Сардорони раёсату шуъбаҳои мустақили Дастгоҳи марказӣ ва мақомоти маҳаллии Агентиро дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд”.

Инчунин дар феҳрасти салоҳиятҳои директори Агентӣ мушаххас шудаст, ки “сарфарозгардонии кормандони Агентиро бо рутбаи махсуси полковники адлия ва рутбаи полковники хадамоти зиддикоррупсионӣ дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад”.

Дар Агентии зидди фасод таъкид намуданд, ки ташаббуси мазкур, мусоидат мекунад, ки масъулияти роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомот бештар шавад. Инчунин дар Агентӣ мансаби навбатдори калони оперативӣ оид ба супоришҳои махсус ташкил шудаст. 

Ин тағйирот дар ҳолеянд, ки дар Тоҷикистон масъулини бисёре аз бахшҳои давлатиро бевосита раисҷумҳур таъйин мекунад ё дар мувофиқа бо ӯ таъйин мешаванд.

Бо вуҷуд ҳолатҳое ҷой доранд, ки афроди таъйиншуда даст ба қонуншиканӣ мезананд. Аз ҷумла метавон фасодкории бархе додрасҳоро зикр кард, ки аз сӯи раисҷумҳур таъйин мешаванду баъдан барои даст доштан дар аъмоли ғайриқонунӣ барканор мешаванд.

Эмомалӣ  Раҳмон қаблан аз ин зуҳурот интиқод намуда, ба бахши ёваронаш дар масоили кадрӣ, мақомоти амнияту додситонӣ дастур дода буд, ки номзадҳои пешниҳодшуда ба ӯро бештару беҳтару дақиқ омӯзанд, то чунин нашавад, ки баъди таъйин даст ба ҷиноят зананд.

Гуфта мешавад, ки зери назари раисҷумҳур ва бо розигии ӯ таъйин гардидани мақомдорони сатҳи миёнаи ниҳодҳои калидӣ масъулиятшиносии онҳоро бештар мекунаду шароит фароҳам меорад, ки шахсони воқеан арзанда дар вазифаҳои давлатӣ фаъолият намоянд.

 

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед