Ru  | Tj
Афзоиши ҷарима барои дуди ифлосу бори пошхӯранда: Маърифати экологии ронандаҳо низ боло меравад?
Афзоиши ҷарима барои дуди ифлосу бори пошхӯранда: Маърифати экологии ронандаҳо низ боло меравад?
Аксҳо аз Sputnik

Афзоиши ҷарима барои дуди ифлосу бори пошхӯранда: Маърифати экологии ронандаҳо низ боло меравад?

Нашр шуд

Нимаи дуюми моҳи декабри соли 2024 дар Тоҷикистон ҷазо  барои нақзи меъёрҳои экологӣ сангинтар шуд, ки бархеяшон марбути истифодаи воситаҳои нақлиётанд. Минбаъд ронандагонро зарур меояд, ки бештар мутаваҷҷеҳи дуду бори мошинашон бошанд, вагарна дар қиёс бо ҷаримаҳои қаблӣ пули ба маротиб зиёдро пардохт хоҳанд кард.

Дар шароити Тоҷикистон, ки чандон корхонаҳои зиёду бузурги саноатӣ надораду барқаш дар нерӯгоҳҳои обӣ тавлид мешавад, мошинҳо яке аз сарчашмаҳои асосии ифлоскунандаи ҳаво ба шумор мераванд.

Ҳукумати Тоҷикистон иқдомоте пеш гирифтаст, ки ба ҳифзи муҳити зист равона гардидаанд. Қаблан вуруди мошинҳои куҳнаи тавлидашон то 2013-ро мамнуъ карду барои гузариш ба истифодаи васеи мошинҳои барқӣ барномаи ҷадид қабул намуд, ки аз ҷумлаи аҳдофаш ҳифзи муҳити арзёбӣ мегардад. 

Аз иқдоми ахир дар ин самт тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайрониҳои маъмурии Тоҷикистон мебошад, ки моҳи равон мавриди амал қарор гирифта, ҷаримаи ронандаҳоро барои нақзи меъёрҳои экологӣ зиёд намуд.

Halva.tj бо ҷузъиёт шинос шуду ронандагонро огоҳ месозад, ки чӣ онҳоро дар рӯзҳои охири соли сипаришаванда ва дар соли ҷадид интизор хоҳад буд, агар нисбат ба муҳити атрофу меъёрҳои экологӣ беэътиноӣ кунанд.

Тибқи ҳаҷми таҷдидшудаи ҷаримаҳо, барои истифодаи мошинҳое, ки ба ҳаво зарарашон аз меъёр зиёд аст, то 2-3 баробар зиёд шуд.

“Барои аз тарафи шахсони воқеӣ истифода бурдани воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаҳои ҳаракаткунанда, ки дар таркиби дудашон моддаҳои ифлоскунанда аз меъёр зиёд аст, огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи ду то сенишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад”, - омадааст дар моддаи 230-и Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ.

Маврид ба зикр аст, ки аз 1 январи соли 2025 ҳаҷми як нишондиҳанда барои ҳисобҳо муодили 75 сомонист. Ҳамин тариқ ҳаҷми ҷарима барои дуди зараровари мошин аз аввали соли 2025 аз 150 то 225 сомониро ташкил хоҳад дод.  

Қаблан барои истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки дар таркиби дудашон моддаҳои ифлоскунанда аз меъёр зиёд буд, огоҳӣ медоданд ё ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин мекарданд.

То 750 сомонӣ ҷарима барои нақзи меъёрҳои боркашонӣ

Дар баробари дуди мошин ронандаҳои Тоҷикистонро зарур аст, ки ба борҳои интиқолдодаашон низ аҳамияти бештар диҳанд. Чун ҷарима барои нақзи меъёрҳои экологӣ ҳангоми боркашонӣ низ афзоиш ёфтааст.

Дар ин робита дар моддаи 322-и Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар таҳрири нав ба ронандагони нақлиёти автомобилӣ аз кашонидани борҳои пошхӯранда хотиррасон шудаст, ки бояд пардаҳои ҳимоявӣ дошта бошанд.



Барои надоштани пардаи ҳимоявӣ, таъмин накардани мустаҳкамии бордон ва асбобҳои мустаҳкамкунанда, инчунин риоя накардани тартиби муқарраршудаи кашонида бурдани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба андозаи аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. Ин аз аввали соли 2025 муодили 375 то 750 сомонӣ хоҳад буд.

Қаблан ҳаҷми ҷарима барои ҳамлу нақли бор бидуни пардаҳои ҳимоявӣ аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медод. Ҳамакнун пули ҷарима барои чунин беэътиноӣ нисбати муҳити атроф то се баробар гаронтар хоҳад афтид.

Фикри муҳити атрофро накунанд, фикри кисаашонро хоҳанд кард

Дар ҳамин ҳол сокинон аз талоши мақомот барои ҳифзи муҳити зист истиқбол мекунанд. Махсусан ҳолатҳое зикр мешавад, ки мошинҳои калони боркаш масолеҳи сохтмонию қуму шағалро бе пардаҳои ҳимоявӣ мекашонанд, ки гоҳо боиси рехтанаш ба атроф мешавад. Сокинон умедворанд, ки боло рафтани ҷарима маърифату масъулияти экологии ронандагонро боло хоҳад  бурд.

“Агар пештар чандон парвои атрофиёну экологияро надоштанд, акнун шояд фикри бештар кунанд, чун зарба ба кисаи худи ронандаҳо хоҳад буд. Барои он, ки ин кор фоида орад, нозирони роҳ бояд назоратро пурзӯр намоянду ҳар вайронкунандаи қоидаҳоро ҳатман ҷазо диҳанду ҷаримабандӣ кунанд. Он гоҳ натиҷа ҳатман беҳтар хоҳад шуд”, - гуфт Меҳрубон, як сокини шаҳри Душанбе.

Мақомоти нақлиёт ва ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон изҳор медоранд, ки тайи даҳсолаҳои охир партови газҳо аз ҷониби мошинҳо дар ҷумҳурӣ афзоиш ёфтааст.

Мошинсаворӣ дар Тоҷикистон қариб 3 баробар зиёд шуд

Таъкид мешавад, ки танҳо тайи даҳсолаи охир шумораи мошинҳо дар ҷумҳурӣ ҳудуди 300 ҳазор адад афзоиш ёфта, дар соли 2024 наздик ба 700 ҳазор адад расид. Аз ин миён наздики 600  ҳазор ададашон мошинҳои сабукрав мебошанд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои муқоиса зикр мекунад, ки соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини хусусии сабукрав мавҷуд буд.

Мақомоти Тоҷикистон дар доираи мубориза бо тағйирёбии иқлим ният доранд, ки партови газҳои гулхонаиро дар сатҳи хеле камтар аз нишондодҳои соли 1991 нигоҳ доранд, ки он замон дар як сол 1,7 тон сари ҳар сокини ҷумҳуриро ташкил медод. Айни ҳол партови гази гулхонаӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 1,1 тон сари ҳар сокин дар як сол арзёбӣ мешавад, ки 8%-аш ба соҳаи нақлиёт рост меояд.

Ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон эълон дошт, ки кишвар дар чорчӯбаи созишномаи Париж ихтиёран уҳдадор гардидааст, то ҳаҷми партови газҳои гулхонаиро аз 80-90%-и сатҳи соли 1990 зиёд накунад. Дар сурати мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ ин рақам метавонад то 65-75%-и нишондиҳандаи ибтидоӣ коҳиш дода шавад, гуфт ӯ.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед