Ru  | Tj
Дар забонам не, дар дилам ҳа. Дар пушти парда кӣ бо Толибон равобит дорад?
Дар забонам не, дар дилам ҳа. Дар пушти парда кӣ бо Толибон равобит дорад?
Аксҳо: Аз манбаъҳои гуногун

Дар забонам не, дар дилам ҳа. Дар пушти парда кӣ бо Толибон равобит дорад?

Нашр шуд

Бо гузашти беш аз ду сол, ба истиснои чанд кишвар, ки бо гурӯҳи ҳаросафкани Толибон равобити расмӣ дар сатҳи сафоратҳо доранд, ҳеч кишваре расман ҳукумати онҳоро эътироф накардааст. Дуруст аст, ки кишварҳо равобити расмӣ барқарор накардаанд, вале дар пушти парда додуситадҳо бо ин гурӯҳ ҷараён дорад ва бархе кишварҳо равобити худро муҳтакамтар кардаанд. Масалан, Чин, Покистон, Эрон, Русия, Туркия, Ҳинд, Қатар, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва чанд кишвари дигар бо ин гурӯҳ равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ доранд.

Толибон де-факто дар вазъияти таҳрими байналмилалӣ қарор доранд. Зеро ягона марҷаъи муҳими байнулмилалӣ – Созмони Милали Муттаҳид ҳанӯз ин гуруҳро расман эътироф накардааст. Ба расмиятшиносии ин гурӯҳ аз ҷониби кишварҳо ба санади ШӮрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид гиреҳ хӯрдааст, ки дар он басароҳат фаъолияти гурӯҳи мазкур таҳрим шудааст. Аксари раҳбарони ин гурӯҳ дар феҳристи ашхоси тарҳимшудаи СММ қарор доранд. Бо вуҷуди ин дар пушти парда чизҳои дигаре ҷараён доранд. Кишварҳое ҳастанд, ки бо гуруҳи мазкур равобити сиёсӣ ва тиҷоратӣ доранд, ки мо дар зер як ба як аз онҳо ном хоҳем бурд:

Покистон. Ин кишвар аз тарафи мухолифони Толибон ба ҳайси ҳомӣ ва тамвилкунандаи ин гурӯҳ шинохта мешавад. Бархе аз раҳбарони сиёсии мухолифи Толиб, аз ҷумла Амруллоҳ Солеҳ, муовини собиқи раиси ҷумҳури Афғонистон мегӯянд, ки гурӯҳи Толибон аз сӯйи Покистон мудирият мешавад ва ҳоло ҳама умур дар дасти Покистон аст. Пӯшида нест, ки Покистон бо гурӯҳи Толибон равобити роҳбурдӣ дорад. Вақте Толибон ба қудрат расиданд, раиси ниҳоди амниятии Покистон Ай Эс Ай ба Кобул омад ва зоҳиран ба назар мерасид, ки вазъиятро идора кардан дорад. Ҳоло ин гурӯҳ бо Покистон беш аз ҳар кишвари дигаре равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ дорад. Агарчи дар сол ва моҳҳои ахир ихтилофҳои ин гурӯҳ бо Покистон расонаӣ мешавад, вале шавоҳид ҳокӣ аз он аст, ки  “ин ду ёри мувофиқ” агарчӣ нозҳое бо ҳам доранд, равобиташон собит аст.


Чин. Чин нахустин кишварест, ки баъди ба сари қудрам омадани Толибон сафири худро дар Кобул таъйин кард. Ҳамчунин сафорати Афғонистонро ба намояндагони Толибон таҳвил дод. Чин аз ҷумлаи кишварҳоест, ки бо Толибон қарордодҳои иқтисодӣ бастааст. Муҳимтарин қарордоди Чин дар заминаи коркарди нафту газ дар шимоли Афғонистон ва истифода аз миси айнаки ҷануби Афғонистон аст, ки ҳоло ширкатҳои Чин рӯйи он кор мекунанд. Пружаи истихроҷи нафти ҳавзаи Омударё дар шимоли Афғонистон ба баҳрабардорӣ расида ва ин нахустин тарҳи иқтисодии Толибон ва Чин аст, ки амалӣ мешавад. Чин аз ҷумлаи кишварҳоест, ки ҳамеша бо Толибон муҳтотона бархӯрд мекунад ва аз гузоштани шарт барои ба расмиятшиносии Толибон иҷтиноб мекунад. Абдулҷаббор Софӣ, мақомдори Толибон дар боби равобити Чин бо гурӯҳи Толибон гуфтааст, “Пекин ба хубӣ медонад, ки мухолифоне дар минтақа дорад ва он кишварҳои мухолиф дар Афғонистон нуфуз доранд ва аз ин рӯ Пекан барои муқобила бо ҳама ин таҳдидот омадааст”.

Эрон. Дар равобити Эрон ва Толибон ду роҳкор барҷаста аст. Яке ин ки гурӯҳе аз мақомоти Эрон бо дидаи шак ва тардид ба Толибон менигаранд ва гоҳе аз таҳдидоти ин гурӯҳ ҳарф мезананд. Дувум ин ки коргузорони сиёсати хориҷии Эрон ҳамеша талош кардаанд аз таниш ва тақобул бо гурӯҳи Толибон худдорӣ кунанд. Дар чанд маврид Эрон бо Толибон даргириҳои марзӣ низ доштааст. Масъалаи об нуқтаи авҷи ихтилофи Эрон ва Толибон аст. Аммо ба назар мерасад, ки эрониҳо бо мудирияти буҳрон бо Толибон дар ин масъала канор омадааст. Сафири ахири Мулло Бародар, муовини нахуствазири Толибон ба Эрон ва имзои чанд қарордоди тиҷоратӣ оғози як марҳилаи нав дар равобити ин ду гурӯҳ аст. Эрон агарчи дар нишастҳои байнулмилалӣ рӯйи “ташкили ҳукумати фарогир” ҳарф мезанад, вале дар сиёсати пушти парда додуситадҳое бо ин гурӯҳ дорад. Бинобар ин мешавад гуфт, ки Эрон ва Толибон ҳоло равобити хуби ҳам дипломатӣ ва ҳам иқтисодӣ доранд. Дар тозатарин изҳори назарҳо раиси утоқи бозаргонии Хуросони Разавӣ Ғуломризо Нозпарвар гуфт, “Афғонистон зумуррадҳои бисёр хубе дорад. Мо дар Эрон зарфияти  тароши ин сангҳоро дорем ва метавонем онҳоро дар бозори ҷаҳонӣ бифурӯшем”.


Ҳинд. Ҳинд кишварест, ки ба фарқ аз ҳукумати давраи аввали Толибон ин бор равобиташ бо Толибонро ҳифз кардааст. Чанде қабл Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи гурӯҳи Толибон ба рӯзномаи “Нюз 18”-и Ҳинд аз оғози равобити дипломатии Ҳинду Толибон хабар дод. Дар моҳи ахир ҳайате аз дипломатҳои ҳиндӣ ба Кобул омаданд ва бо мақомоти Толибон гуфтугӯ кардаанд. Бар бунёди гузоришҳо, сафорати Ҳинд дар Кобул фаъол аст ва байни Толибон ва ин гурӯҳ додуситад ҷараён дорад. Ҳатто иттилоъе нашр шуд, ки Толибон барои ҳамкорӣ бо Ҳинд аз Покистон иҷоза гирифтаанд. Вале дар иттилоъи расмии мақомоти Ҳинд гуфта мешавад, ки онҳо фақат барои ҳамкориҳои башардӯстона бо мақомоти Толибон гуфтугӯ мекунанд. Ҳинд низ мисли бархе кишварҳо, ки равобити иқтисодӣ бо Толибон доранд, хоҳони ташкили ҳукумати фарогир аст.

Туркия. Ин кишвар аз ҷумлаи кишварҳоест, ки дар чанд навбат мизбони вазири хориҷаи Толибон Амирхон Муттақӣ будааст. Амирхон Мутаққӣ ҳамеша дар расонаҳо аз равобити ҳасанаи мақомоти Туркия ва Толибон ҳарф задааст. Бо таваҷҷуҳ бар ин ки дар Афғонистон турктаборони зиёд зиндагӣ мекунанд, ин кишвар дар сиёсати хориҷии Туркия аз аҳамияти зиёде бархӯрдор аст. Расонаҳо аз равобити пинҳонии иқтисодӣ ва сиёсии Толибон ва Туркия сухан мегӯянд. Дар чанд моҳи қабл Туркия намояндаи расмии Толибонро пазируфт. Ин кишвар дар маҷомеъи байнулмилалӣ аз “ташкили ҳукумати фарогир” камтар сухан мегӯяд.

Қатар. Ҳампаймони суннатии Толибон аст. Мизбони музокироти сулҳи Толибон бо Амрико буд. Дафтари намояндагии Толибон дар Қатар ҳанӯз фаъол аст ва ин кишвар парвозҳои мустақим бо шаҳри Кобул дорад. Агарчӣ дар сатҳи расмӣ мақомоти Қатар ошкоро аз пуштибонии Толибон ҳарф ба миён намеоваранд, шавоҳид ҳокӣ аз он аст, ки ин кишвар рӯйи Толибон таъсири зиёде дорад ва солҳо аз нигоҳи молӣ аз ин гурӯҳ ҳимоят кардааст. Мақомоти расмии давлати Қатар борҳо бо мақомоти гурӯҳи Толибон дар Кобул дидор ва гуфтугӯ кардаанд.

Арабистони Саудӣ. Дар ибтидо сиёсати нармиш дар муқобили Толибон дошт. Ҳоло дар сатҳи сиёсати расмӣ таҳаррукоти дипломатии ин кишвар суст шудааст. Аммо ин кишвар дунболарави сиёсати Покистон дар Афғонистон аст ва дар пушти парда сиёсати қавӣ бо ин гурӯҳ дорад.


Имороти Муттаҳидаи Арабӣ. Ин кишвар низ ба мисли Қатар ва Арабистони Саудӣ равобити ҳасана бо Толибон дорад. Баъзе маҳсулоти Афғонистон ба ин кишвар содир мешавад ва ин кишвар дар қолаби кумакҳои башардӯстона борҳо мақомоти Толибонро ҳимояти молӣ кардааст. Ин кишвар низ Афғонистонро аз даричаи Покистон мебинад ва дар маҷомеъи байнулмилалӣ аз ташкили ҳукумати фарогир ва риояти ҳукуқи башар камтар ҳарф мезанад.

Кишварҳои Осиёи Миёна. Узбекистон ва Туркманистон аз ҷумлаи ҳамсоягони Афғонистон ҳастанд, ки бо гурӯҳи Толибон равобити ҳасанаи дипломатӣ барқарор кардаанд. Вазирони хориҷии ин ду кишвар борҳо ба Кобул сафар ва бо мақомоти Толибон гуфтугӯ кардаанд. Узбекистон эълом кардааст, ки дар чанд тарҳи иқтисодӣ сармоягузорӣ хоҳад кард. Роҳоҳани Тирмиз – Балх ва хати барқи баландшиддат аз ҷумлаи тарҳҳои Узбекистон аст, ки мехоҳад амалӣ кунад. Ба назар мерасад, мақомоти узбекистонӣ мехоҳанд бо Толибон аз даричаи созиш вориди амал шаванд. Ба ин далел дар сатҳи расмӣ мавқеъи зиддитолибонӣ интихоб накардаанд.

Туркманистон. Дар охирин рӯзҳо вазири хориҷаи Туркманистон ба Кобул сафар дошт ва бо ин гурӯҳ дар робита бо масоили иқтисодӣ гуфтугӯ кард. Туркманистон низ мисли Узбекистон чанд тарҳи иқтисодиро пешниҳод кардааст ва мехоҳад бо ин гурӯҳ ҳамкорӣ дошта бошад.

Тоҷикистон. Тарафдори ташкили ҳукумати фарогир аст. Ҳамеша дар созмонҳои байнулмилалӣ аз усули ташкили ҳукумати фарогир ҳарф мезанад ва гоҳо бо Толибон равобити пуртаниш ҳам доштааст. Дар чанд маврид мизбони мухолифони Толибон ҳам будааст. То имрӯз ҳеч мақоми расмии Толибон бо мақомоти Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ накардаанд. Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ҳанӯз дар ихтиёри касонест, ки худро узви Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон медонанд. Тоҷикистон дар давраи аввали ҳокимияти Толибон низ бо ин гурӯҳ равобит надошт ва бо вуҷуди ин ки бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ин гурӯҳро ба расмият шинохта буданд, ба расмият нашинохт. Тақвияти марзи Афғонистон ва нигарониҳои амниятии мақомоти тоҷик аз ҷониби Афғонистон далел бар ин аст, ки равобити сиёсӣ ва дипломатии ин гурӯҳ ва Тоҷикистон яхзада боқӣ мемонад. Шарти Тоҷикистон қатъист: ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон.

Қирғизистон ва Қазоқистон. Ин ду кишвар чандон нигаронӣ надоранд. Ҳам Қазоқистон ва ҳам Қирғизистон бо мақомоти Толибон мулоқотҳо доштаанд, вале ҳанӯз ин гурӯҳро расман эътироф накардаанд.

Русия. Ин кишвар аз ду дидгоҳ ба гурӯҳи Толибон менигарад. Як дидгоҳ амниятист. Дидгоҳи дигар дипломатист. Забир Кобулов, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дидгоҳи созишкорона нисбат ба Толибон дорад ва ҳамеша аз оғози равобити сифатан нав бо ин гурӯҳ ҳарф задааст. Аммо мақомоти низомии ин кишвар Афғонистонро таҳдиди амниятии ҷиддӣ ба манофеъи Русия дар Осиёи Марказӣ медонанд. Баргузории машқҳои низомӣ ҳамроҳ бо Тоҷикистон дар марзи Афғонистон сигнолест, ки нишон медиҳад Русия авзоъ дар Афғонистонро назорат мекунад. Дар тозатарин изҳори назарҳо сафири Русия дар Тоҷикистон Симён Григорев гуфт: “Дар тӯли соли равон ифротгароён дар талоши нуфуз ба хоки Тоҷикистон аз марзи Афғонистон буданд, ки хушбахтона тамоми ин ҳамалот басуръат тавассути нерӯҳои амниятии Тоҷикистон саркӯб шуданд”.


Бархе кишварҳои дигар ба мисли кишварҳои ғарбӣ, Амрико ва Ҷопон танҳо дар қолаби барномаҳои башардӯстона бо Толибон додуситад доранд. Чанд ширкати Британия омодаи сармоягузорӣ дар бахши маъдани Афғонистонд. Амрико беш аз ҳама кишварҳо дар тӯли ду сол ба баҳонаи ҷилавгирӣ аз фурӯпошии иқтисодӣ ва фоҷеаи инсонӣ ба Толибон кумак кардааст. Мухолифони Толибон бар ин боваранд, ки чунин кумакҳои назоратнашаванда метавонад боиси тақвияти ин гурӯҳ шавад. Бо вуҷуди кумакҳои ҳафтавори милёндоларӣ Амрико дар сатҳи байнулмилал фишори дипломатӣ бар Толибон ворид мекунад. Масъалаҳои усулӣ, ҷилавгирӣ аз қувватгирии гурӯҳҳои ҳаросафкан, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ташкили ҳукумати фарогир ва ғайра аз нукотест, ки Амрико ва ҳампаймононаш рӯйи он пофишорӣ доранд.


*Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнуъ аст

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед