Ru  | Tj
ЧАРО ТАҲРИМҲОИ ҒАРБ АЛАЙҲИ РУСИЯ БОИСИ СУҚУТИ ИҚТИСОДИ ИН КИШВАР НАШУД?
ЧАРО ТАҲРИМҲОИ ҒАРБ АЛАЙҲИ РУСИЯ БОИСИ СУҚУТИ ИҚТИСОДИ ИН КИШВАР НАШУД?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

ЧАРО ТАҲРИМҲОИ ҒАРБ АЛАЙҲИ РУСИЯ БОИСИ СУҚУТИ ИҚТИСОДИ ИН КИШВАР НАШУД?

Нашр шуд

Миёнаҳои моҳи марти соли равон Владимир Путин муҷаддадан барои панҷумин давра ба унвони раисҷумҳури Русия интихоб шуд. Ҷонибдоронаш натоиҷи интихоботро нишондиҳандаи сатҳи воқеъии маҳбубияти ӯ дар Русия хонданд. Ин дар ҳолест, ки ба иддаои мунтақидонаш ҷаноби Путин ҳеч рақиби ҷиддӣ дар ин интихобот надошт.

Бо ин ҳама ҳадс зада мешавад, ки роҳбарияти ин кишвар дар соли ҷадид бо чолишҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ аст. Аз таҳримҳои озордиҳандаи Ғарб то идомаи даргирӣ дар Укроин, ки ӯ бояд ба онҳо расидагӣ кунад.

Аммо раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳангоми эродаш дар суханронии солонаи худ хотирнишон кард, ки дар соли 2023 иқтисоди Русия аз назари рушд аз кишварҳои гурӯҳи ҳафтгона (G7) пеш гузашта, аз назари баробарии қудрати харид метавонад ба чаҳор иқтисоди бартари ҷаҳон пайвандад: “Суръат ва кайфияти тавсеъаи иқтисодӣ ба мо ин имконро медиҳад, ки бигӯем дар ояндаи наздик гоме рӯ ба ҷилав бардорем ва ба яке аз чаҳор қудрати бартари иқтисоди ҷаҳон табдил хоҳем шуд”.

Бар асоси гузориши Бонки ҷаҳонӣ, Русия дар соли 2023 панҷумин иқтисоди бузурги ҷаҳон аз назари баробарии қудрати харид дар баробари панҷ кишвари бартари ҷаҳон қарор дошта, дар ҳоли ҳозир бузургтарин иқтисод дар Аврупо аст ва ба дунболи убур аз Ҷопон мебошад. Чин дар садри ин феҳрист қарор дорад ва пас аз он Амрико ва Ҳинду Ҷопон батартиб дар ҷойгоҳи севум ва чаҳорум ҳастанд. Русия - панҷум, Индонезия - шашум ва Олмон - бузургтарин иқтисоди Иттиҳодияи Аврупо, дар рутбаи ҳафтум қарор доранд.

Ҳоло дар арсаи байнулмилалӣ Русия талош дорад, то муттаҳидони ҷадиде пайдо кунад ва равобити худро бо кишварҳое, ки моил ба нодида гирифтани таҳримҳои Ғарб, ҳазфи долар аз низоми тиҷоратии худ ва ё муштаракан дар ҳамовозӣ бо Кремл ба дунболи ҷаҳони чандқутбӣ ҳастанд, тақвият диҳад. Ин амр шомили тақвияти равобит бо кишварҳои Осиё, Ховари Миёна, Африқо, Амрикои Лотинӣ ва паймонҳои мавҷуда аст, ки метавонад ба рушди иқтисоди Русия ва коҳиши вобастагии ин кишвар ба бозорҳои ғарбӣ кумак кунад.

Рӯзномаи бритониёии “The Economist” дар гузориши ахираш таъкид кардааст, ки иқтисоди Русия дар тӯли ду соли гузашта аз оғози даргирӣ дар Укроин муқарраран интизороти бадбинонаи амрикоиву аврупоиҳоро зери по гузошт. Яъне фурӯпошии иқтисоди Русия ба таври густарда дар баҳори соли 2022 интизор мерафт, вале ин пешбиниҳо иттифоқ науфтод.


Ба гуфтаи иқтисоддони тоҷик Ҳоҷимуҳаммад Умаров, ҳанӯз Русия аз тариқи даромадҳои маҳсулоти кишоварзӣ, фурӯши нафт пуштибонӣ шуда, тамоми ниёзмандиҳои худро мепӯшонад ва фаъолона содирот ҳам мекунад. Ва ин ҳама яке аз далоили ҳаётист, ки иқтисоди Русия ҳанӯз дар ҳоли рушд аст, чун таҷрибаи таърихиро дорад.

 “Владимир Путин бо дастааш тавонист иқтисоди кишварашро ҳатто дар замони даргириҳо ва таҳримҳо қавӣ нигаҳ дорад, зеро онҳо ба ин санҷишҳо омода буданд. Дар ин бобат кишварҳои Ғарб таҷриба надоштанд, аммо Русия бо кишварҳои пасошуравӣ ин имтиҳонро пушти сар кардаанд, аз ҷумла таҷрибаи саноатисозӣ, Ҷанги бузурги ватанӣ, барномарезии иқтисод ва дигар дурнамову уҳдадориҳои иҷтимоъиро доштанд. Ин буд, ки ин кишвар панҷумин иқтисоди бузурги ҷаҳон дар соли 2023 шинохта шуда, ба унвони тавлидкунандаи нафт, гази табиъӣ, гандум ва фулузот мавқеъияти қавии худро ҳифз кардааст. Яъне бар хилофи бисёре аз кишварҳо Русия дар тавлиди маҳсулоти ҳаётӣ худкифо аст ва ба ин кишвар кумак кард, то таҳримҳои шадидро пушти сар гузорад. Ва аз диди сирф иқтисодӣ, Русия ҳанӯз тавоноиву захираҳои асосии мавҷудаашро дар Укроин равона накардааст. Ва бо вуҷуди таҳмили таҳримҳои густардаи Ғарб Русия дар оянда рушди мусбати нишондодҳои иқтисодиро дорад”,- афзуд Ҳоҷимуҳаммад Умаров.
Ба гуфтаи нозирони байнулмилалӣ, Русия аз соли 2014, пас аз илҳоқи Қрим бо маҷмуъе аз маҳдудиятҳои тиҷоратӣ мувоҷеҳ шуд ва худро бо таҳримҳо мутобиқ гардонид. Яъне аз қабл имкон дод, то низоми молии кишвараш ба буҳрони кунунӣ омода шавад.

ТАҲРИМҲО АЛАЙҲИ РУСИЯ ШАБЕҲИ ШАМШЕРИ ДУДАМА АСТ?

Шуайб Баҳман, коршиноси масоили байнулмилалӣ ва корманди Маркази пажӯҳишҳои Авруосиё дар Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Мизон” бо ишора ба ин ки кишварҳои ғарбӣ дар ҳавзаи иқтисодӣ Русияро башиддат таҳти таҳрим қарор доданд, гуфт, онҳо таҳримҳоро ба ҳавзаҳое, ки барои худашон ҳам метавонист ҳаётӣ бошад, монанди ҳавзаҳои маводи ғизоӣ нафту газ кашида, кашол доданд.


“Агарчи ҳадафи ғарбиҳо маҳдуд кардани Русия буд, аммо худашон ҳам осеб диданд. Дар ҳавзаи таҳримҳо он чӣ, ки иттифоқ уфтод, амалан “як шамшери дудама буд”. Яъне ин таҳримҳо бар иқтисоди Русия ҳам таъсироте дошт, аммо иқтисоди Русияро фалаҷ накард ва дар тарафи муқобил таҳримҳо дастоварди қобили таваҷҷуҳе надоштанд, ки битавонанд сиёсати Маскав дар Укроинро тағйир диҳанд ва ё ҷангро мутаваққиф кунанд. Дар ҳамин ҳол таҳримҳо бар иқтисоди кишварҳои ғарбӣ таъсири манфӣ гузошт ва дар канори он ҷанги таблиғотӣ ва расонаӣ, ки аз рӯзи аввал ҳам вуҷуд дошт, ҳамчунон таъсиргузор аст. Кишварҳои аврупоӣ дар ҳавзаи ҷанги равонӣ ва таблиғоти расонаӣ дар бораи ҷанги Укроин дасти бартарро доштанд. Худи Владимир Путин ҳам дар мусоҳиба бо муҷрии маъруфи амрикоӣ Такер Карлсон ба ин масъала ишора кардааст...”, - афзуд Шуайб Баҳман.
Бо вуҷуди таҳримҳои густарда алайҳи Русия дар се соли ахир иқтисоди ин кишвар тавонистааст, то ҳудуди зиёде аз ин буҳрон ҷони солим ба дар бибарад. Раисҷумҳури Русия чанд рӯз пас аз пирӯзии муҷаддад дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар нишасте бо аъзои ситоди интихоботии худ гуфт, Русия дар ҳоли ҳозир аввалин кишвари содиркунандаи гандум (ғалла) дар ҷаҳон аст ва бахши кишоварзии ин кишвар аз назари фанноварӣ пешрафтаву муосиртар шудааст. Бар асоси гузориши “RT”, ҷаноби Путин эълом кардааст, ки ҳеч кас тасаввур намекард арзиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ чандин баробари арзиши содироти таслиҳот ва таҷҳизоти низомии Русия, дувумин содиркунанда бузурги аслиҳа дар ҷаҳон бошад. Истеҳсоли ғаллаи Русия дар соли 2023 тақрибан 90 милён тон буд, ки ин рақам танҳо 2 милён тон камтар аз сол гузашта ва ҳатто 5 милён тон бештар аз замони оғози ҷанг дар соли 2020 будааст.

Воқеъият ин аст, ки бо фирори ширкатҳои ғарбӣ аз Русия ҳоло ширкатҳои ғайриғарбӣ аз Осиё ва Ховари Миёна ҷойгузин шуданд. Мудирони бозаргонии давлати Ҳинд ҳам тавонистаанд дороиҳои ширкатҳои ғарбиро бо арзиши олӣ бихаранд ва ҳоло ин касбукорҳо судовар аст. Бешак бузургтарин дарс ин аст, ки фишори иқтисодӣ банудрат сабаби таслим шудани кишварҳо мешавад, вале мебинем иқтисоди Русия “зинда” мондааст ва ҷаноби Путин ҳар коре лозим аст, анҷом медиҳад. Ба гунае ӯ кишварашро дар вазъияти “ҷангӣ” қарор дода, шаҳрвандонашро бо алфози меҳанпарастона муттаҳид кардааст.

ПОЁНИ ДАРГИРИҲО ҲАМЧУНОН МУБҲАМ ВА ПЕЧИДА АСТ

Қобили зикр аст, ки Владимир Путин дар паёми моҳи февралии худ ба Маҷлиси федеролӣ ваъда дод, ки аз такрори фурӯпошии иқтисодие, ки дар замони шуравӣ рух дода буд, пешгирӣ мекунад. Ба қавли ӯ, он вақт ғарб Иттиҳодияи ҷамоҳири шуравиро маҷбур кард, ки ба мусаллаҳ шудани бошитоб дохил шавад ва дар натиҷа 13 дарсади маҳсулоти умумии миллиро ноустувор барои эҳтиёҷоти ҳарбӣ харҷ кунад, вале акнун душманони Русия чунин “ҳилаву найранг”-ро такрор карда наметавонанд. Имрӯз хароҷоти буҷа барои мудофиъа ва амният 8 дарсади рекордии ММД-ро дар таърихи навини ин кишвар ташкил медиҳад.


Хонум Александра Прокопенко, коршиноси рус дар яке аз матлабҳои ахири таҳлилиаш дар бораи хатару таҳдидҳои воқеъӣ ба иқтисоди Русия навиштааст, ки сохтори иқтисодии Русия аз иқтисоди шуравӣ ба куллӣ фарқ дошта, он хеле гуногунсозӣ шудааст. Ҳамзамон ин кишвар манобеъи назарраси молӣ дораду барои ҷаҳон хеле боз аст. Муносибат бо Ғарб қариб канда шуда, вале алоқаҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои Осиё фаъолона мустаҳкам мешаванд.

“Дар охири соли 2023 нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар Русия аз интизориҳои аксари таҳлилгарон зиёдтар буд. Маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 3,6 дарсад афзуд. Яъне мо тавонистем оқибатҳои зарбаи соли  2022-ро, ки коҳиш 1,2 дарсад буд, бартараф кунем. Дар ин замина Сандуқи байнулмилалии арз пешгӯйии рушди иқтисоди Русияро дар соли 2024 аз 1,6 банди дарсадӣ боло бурда, ба 2,6 фисад расонд. Ва ба ин васила бори дигар баҳс дар бораи самаранокии таҳримҳои Ғарбро барангехт... Русия беш аз ду сол боз бо Укроин амалиёти васеъмиқёси низомӣ дорад. Яке аз оқибатҳои он таҳримҳои бисёршуморест, ки самаранокии онҳо аз ду мавқеъи қутбӣ баҳс мешавад. Баъзеҳо мегӯянд, ки иқтисоди Русия дар пеш аст. Дигарон мегӯянд, ки таҳримҳо кор намекунанд, Русия танҳо қавитар шудааст ва ин маънои онро дорад, ки Владимир Путин ҳақ аст... Аз сӯйи дигар таҳримҳо аслан Русияро ба оғӯши Чин тела медиҳад. Гардиши молу коло миёни Маскаву Пекин дар соли 2023 беш аз 200 милярд доларро ташкил додааст ва саҳми Чин дар воридоти маҳсулоти Русия 38 дарсад ва дар содирот 31 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳоло пули Чин дар иқтисод ва сохтори пардохтҳои хориҷии ширкатҳои Русия нақши муҳим дорад...” - навиштааст хонум Александра Прокопенко.
Ёдовар мешавем, дар вазорати умури хориҷаи Русия ба расонаҳо таъйид карданд, ки авоили моҳи майи соли равон Владимир Путин пас аз савганд ёд кардан қарор аст, аввалин сафари хориҷиашро ба Чин анҷом диҳад. Ӯ  Чинро “дӯст бузург”-и Русия хонда, хостори тақвияти равобити Маскаву Пекин ва дигар кишварҳо аст.

Ба андешаи шуморе аз таҳлилгарон, Русия ҳамчунин бо чолишҳои дохилӣ ва таҳти таъсири таҳримҳову ҳилоли ҷанг пайи ҷилавгирӣ аз беарзиш шудани воҳиди рубл ва рукуди иқтисодаш аст, то бар рӯйи зиндагии рӯзмарраи мардум таъсири амиқ нагузорад. Чун алҳол уҳдадориву дигар пардохтҳои иҷтимоъӣ то дараҷае таъмин шуда, аз соли 2020 ҳадди ақали музд якуним маротиба - аз 12 то 19 ҳазор рубл дар як моҳ афзоиш ёфт. Ҷаноби Путин ба мардуми кишвараш ваъда додааст, ки то соли 2030 ҳадди ақали моҳона бояд боз тақрибан ду баробар - то 35 ҳазор афзоиш ёбад, ки ин бешубҳа ба ҳаҷми кумакпулиҳои иҷтимоъӣ, ҳақмузд дар бахши давлатӣ ва дигар бахшҳои иқтисодӣ таъсир мерасонад.


Ин дар ҳолест, ба бовари коршиноси рус А. Прокопенко, пайомадҳои таҳримҳои густарда аз нигоҳи иқтидори иқтисодӣ, коҳиши сифати сармояи инсонӣ ва рақобатпазирии он дар бозори ҷаҳонии кор эҳсос мешавад. Пеш аз даргириҳо Русия дар ҳаёти байналхалқии илмӣ ва таълимӣ фаъолона иштирок мекард (сухан дар бораи ҳамоишҳои ҷаҳонӣ, нашри маҷаллаву мубодилаҳои илмии донишҷӯён, барномаҳои поённомаии дутарафа меравад). Аммо аз соли 2022 чунин ҳамкориҳои сатҳи ниҳодина қатъ шуд ва гурӯҳи калони олимон Русияро тарк карданд (тибқи сарчашмаҳои гуногун аз чандсад то чанд ҳазор кас рафтаанд). Барномаҳои таълимӣ мувофиқи вазъияти сиёсӣ аз нав сохта мешаванд. Таълими забони инглисӣ ва фанҳои он кам карда мешавад ва пайомадҳои пурраи ин танҳо пас аз чанд сол эҳсос хоҳанд шуд.

Аксари коршиносон бар ин боваранд, ки Русия дар масири идомаи қудрати раисҷумҳури феълӣ бо чолишҳое рӯбарӯ аст, бавижа дар заминаҳое монанди даргирии Украина ва ба ҳошия рафтани ҷомеаи маданӣ. Ин вазъият метавонад бар тасмимоти сармоягузорӣ ва рушди иқтисодро дар миёни тарҳримҳо кунд кунад. Бо вуҷуди ин чолишҳо Владимир Путин ҳамчунон бар тақвияти низомӣ ва амнияти кишвараш таъкид дорад. Ва пайи афзоиши ҳузури низомӣ дар манотиқи роҳбурдӣ (стратегӣ) барои ҳифзи нуфузи Русия дар ҷаҳон ва муқобила бо чолишҳои Созмони Амнияти Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) аст.

Аз сӯйи дигар чашмандози поёни даргириҳо дар соли ҷадид ҳамчунон мубҳам ва печида аст. Бо таваҷҷуҳ ба изҳороти мақомоти Русия ва таҳлилҳои ахир ба назар мерасад, ки ҳеч тарафе наметавонад пирӯзии қотеъ касб кунад ва ҷанг ба як даргирии фарсоишӣ табдил шудааст. Талошҳои дипломатӣ барои поён додан ба даргириҳо идома дорад, аммо то кунун пешрафти қобили таваҷҷуҳе ҳосил нашудааст. Ҳамчунин таҳлилгарон бар ин боваранд, ки натиҷаи фишорҳои иқтисодӣ ва низоъҳои мавҷуда беш аз ҳар чиз ба тасмимҳои сиёсие бастагӣ дорад, ки дар пойтахтҳои ғарбӣ гирифта мешавад.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед