Ru  | Tj
Дастрасӣ ба маҳсулоти ғизоӣ мушкил мегардад. Чӣ бояд кард?
Дастрасӣ ба маҳсулоти  ғизоӣ мушкил мегардад. Чӣ бояд кард?
Аксҳо: аз Интернет

Дастрасӣ ба маҳсулоти ғизоӣ мушкил мегардад. Чӣ бояд кард?

Нашр шуд

Тайи солҳои охир таъмини амнияти озуқаворӣ ба яке аз мушкилоти асосии сайёра табдил ёфтааст. Шиддатёбии тағйирёбии иқлиму сар задани пандемияи коронавирус ва муноқишаҳои марзӣ ба истеҳсол ва тақсими ғизо таъсири манфӣ расонда истодаанд. Тибқи таҳлилҳои Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ, ҳамарӯза дар саросари ҷахон 828 миллион нафар гурусна мехобад.

 

БАРОИ ОН КИ НАРХИ ГАНДУМ 9 ДАРСАДИ БОЛО НАРАВАД…

Норасоии маҳсулоти ғизоӣ дар тамоми ҷаҳон ба назар мерасад. Бахусус, 48 кишваре, ки маҳсулотро асосан аз Русия ва Украина ворид мекарданд, бо мушкил рӯ ба рӯ гаштаанд. Дар ин давра дастрасӣ ба нуриҳои минералӣ низ душвор гардид, ки дар натиҷа ҳосилнокӣ коҳиш ёфт.

Таҳлилгарон барои паст кардани шиддати норасоии ғизо ва мушкилоти аҳолӣ дар ин самт андешидани чораҳои махсусро лозим медонанд. Аввалан, дастгирии аҳолии осебпазир тавассути кумакҳои башардӯстона. Дар баробари ин додани сабукиҳои андозӣ ба истеҳсолкунандагони мол низ метавонад яке аз омилҳои мусоидаткунанда бошад.

Дуюм, дастгирии савдои озод дар минтақаҳо, то ғизо аз як макон ба макони дигар бемамониат интиқол ёбад. Дар ин робита, ба навиштаи Фонди байнаймилалии асъор, бояд тавофуқҳое, ки дар доираи Ташаббуси ғаллаи Баҳри Сиёҳ дар ҳамоиши 12-уми вазирони Созмони ҷаҳонии савдо ба даст омаданд, амалӣ шуда, маҳдудияти содирот аз ҷониби истеҳсолкунандагон аз байн бурда шавад. Зеро дар акси ҳол буҳрони озуқаворӣ боз ҳам шиддат ёфта, нархи маҳсулот, аз ҷумла гандум 9 дарсад гарон мешавад.

    


ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ЧӢ ПАЙОМАД ДОРАД?

Шарти сеюми зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дастрасӣ ба нурии минералист. Ҳамчунин, афзоиш додани маблағгузорӣ ба соҳаи савдо ва бо ин роҳ мустаҳкам намудани занҷираҳои истеҳсолот метавонад мушкилро осон намояд. Барои ноил гардидан ба ин ҳадаф Бонки ҷаҳонӣ ва дигар бонкҳо нақши калидӣ доранд, ки ҳамзамон метавонанд дар ҳалли мушкилоти логистикӣ – ҳамлунақли боркашонӣ саҳм гузоранд.

Чорум, бо назардошти тағйирёбии иқлим, зарур аст роҳҳои зиёд кардани ҳаҷми маҳсулот омӯхта шавад. Пеш аз ҳама, навъу намудҳоро ба шароити иқлим созгор намудан мебояд, ки ҳосили хуб диҳанд. Дар ҳоли ҳозир пайомадҳои дигаргуншавии иқлими сайёра пешгӯинашавандаанд ва дуруст гуфта ҳам наметавонем, ки дар самти дастрасӣ ба ғизо моро чӣ интизор аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки кишварҳои дорои даромади камтар, ба мисли мамлакатҳои Африқои Марказӣ, ба тағйирёбии иқлим омода нестанд.

Роҳҳои ҳал бояд бо назардошти шароити кишварҳо андешида шуда, самаранокию камхарҷии он ба василаи ҷалби сармоягузорӣ, беҳтар кардани мудирияти об ва паҳн кардани иттилоот ба инобат гирифта шаванд. Акнун зарурат пеш омадааст, ки деҳконон низ дар кор аз фанноварии иттилоотӣ васеъ истифода намоянд. Масалан, дар Кения, Эфиопия, Раунда барои оне ки ҳосил талаф намёбад, кишоварзон бо телефонии мобилӣ аз вазъи бодуҳаво огоҳ карда мешаванд.

 

КАДОМ КИШВАРҲО ОСЕБПАЗИРАНД?

Вазъи бавуҷудомада дар навбати аввал кишварҳои Нигерия, Эфиопия, Судони Ҷанубӣ, Афғонистон ва Сомалиро бо хатар рӯбарӯ кардааст. Дар ин кишварҳо аҳолӣ ба ғизо дастрасӣ надоранд ва ба 750 ҳазор нафар марг таҳдид мекунад. Аз ин теъдод танҳо 400 ҳазор нафар дар минтақаи Тиграйи Эфиопия ба сар мебарад. Дар Шарқи Наздик бошад, Яман, Лубнон, Фаластин, ки гандумро, асосан, аз хориҷ ворид мекунанд, бо мушкил мувоҷеҳанд. Индонезия ва Бангладеш бинобар афзоиши босуръати аҳолӣ аз норасоии ғизо танқисӣ мекашанд.

Мувофиқи маълумоти Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид, қариб 346 миллион нафар дар Африқо аз норасоии ғизо азият мекашад. Яъне, чоряки аҳолии қитъа ба маводи хӯрокворӣ дастрасии кофӣ надорад. Дар Судон ба 10 миллион нафар ва Судони Ҷанубӣ ба 7 миллион нафар хатар таҳдид мекунад. Истеҳсоли озуқа дар кишварҳои Нигер ва Мавритания дар панҷсолаи охир 40 дарсад поин рафтааст.

 

47 МИЛЛИОН НАФАР БО НОРАСОИИ ҒИЗО РӮБАРӮСТ

Ҳанӯз то сар задании ноамнӣ дар Украина 90 дарсади суриягиҳо дар фақр зиндагӣ мекарданд. Дар Афғонистон назар ба соли гузашта арзиши орд 68 дарсад ва равғани рустанӣ 55 дарсад боло рафт. Нуриҳои минералӣ ду баробар, сӯзишвории дизелӣ 93 дарсад гарон шуд. Афғонистон гандумро аз Қазоқистон мегирифту ин кишвар низ дар содирот маҳдудият ҷорӣ кард, ки боиси камчинии гандум дар Афғонистон гашт.

Чунонки аз рақамҳо бармеояд, ҷаҳон дар самти дастрасӣ ба ғизо дучори мушкилии ҷиддист. Бо вуҷуди ҳама чораандешиҳо, ин проблема сол ба сол мураккабтар мегардад. Дастрасӣ надоштани мардуми сайёра ба ғизои солиму аз ҷиҳати экологӣ тоза паҳлуи дигари масъала аст, ки ҳоло ба он дахл намекунем. Инчунин, зиёд шудани нархи маводи хӯрокворӣ низ аз мушкилиҳои ҳалталаб боқӣ мемонад.

Тибқи пешгӯии Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ, соли равон 47 миллион нафар бо норасоии ғизо рӯ ба рӯ мешавад ва шумораи одамоне, ки дар гуруснагӣ ба сар мебаранд, 828 миллион нафарро ташкил медиҳад. Норасоӣ ё камшавии хӯрокворӣ дар як кишвар ба мамлакатҳои дигар низ таъсири худро мерасонад. Аз ин рӯ, бояд ба он омода буд.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед