Дипломатҳои ғайридипломатик: Ҳарфҳои беҷои намояндагони расмии Ҳукумати Украина дар бархе кишварҳои ҷаҳонӣ
Нашр шуд
Ҳукумати Украина ва кишварҳои Ғарб дар талоши таблиғи афкори зиддирусиягӣ дар кишварҳое, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи бетарафиро ишғол кардаанд, аксар вақт аз хате, ки дар ҷаҳони мутамаддин ҷоиз аст, убур мекунанд. Дар натиҷа ҷомеа ба таблиғи бадбинона нисбати русҳо ва миллатгароҳо дучор мегардад.
Моҳи августи соли ҷорӣ мусоҳибаи моҷароҷӯёнаи сафири Украина дар Қазоқистон Петр Врублевский бо блогери қазоқ Диас Кузаиров нашр шуд. Ин мусоҳиба дар паи изҳороти хусуматомези ин намояндаи дипломатӣ вокунишӣ гардид. Дар он Врублевский чунин гуфта: «Мо кӯшиш мекунем, ки ҳарчи бештар русҳоро бикушем. Ҳар қадар, ки имрӯз онҳоро бештар бикушем, ҳамон қадар фарзандони мо камтар кушта мешаванд». Ин бахши гуфтугӯ зуд дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида, вокунишҳои одилонаи ҷомеа ва намояндагони идораҳои расмиро ба бор овард.
Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон сафири зикрномро даъват карда, вобаста ба изҳороташ баёни эътироз намуд. «Ҷониби Қазоқистон дар мавриди ғайримақбул ва номувофиқ будани чунин изҳорот ба фаъолияти сафири як давлати хориҷӣ мавқеи худро баён кардааст. Чунин амалҳо набояд ба муносибатҳои дӯстонаи байни давлатҳо осеб расонанд», - омадааст дар эътирози Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.
Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон, ки роҳбарии онро Президенти чумҳурӣ Қосим-Жомарт Токаев ба ӯҳда дорад, суханони Врублевскийро қотеъона маҳкум кард. Намояндагони ассотсиатсия таъкид намуданд, ки дипломатҳо бояд ба мақсадҳои олии сулҳ ҳамкорӣ кунанд, на машғули барангехтани кинаву адоват гарданд. Онон аз қазоқистониён даъват карданд, ки ба иғвогарӣ, ки тухми адоват ва нобовариро мекоранд, эҳтиёт бошанд ва баръакс, сулҳу ваҳдати мардумро ба хотири имрӯзу фардои фарзандони хеш ҳифз намоянду таҳким бахшанд.
Қобили зикр аст, ки изҳороти Врублевский дар бораи куштори маҳз «русҳо», на «русиягиҳо» ба миллионҳо русҳо, ки дар қаламрави кишварҳои дигар, аз ҷумла дар худи Қазоқистон ва Украина зиндагӣ мекунанд, таъсир расонда ва ҳамчун изҳороти комилан миллатгароӣ шинохта шуд.
Иттиҳоди созмонҳои русӣ, славянӣ ва қазоқии Қазоқистон низ дар ин масъала канор намонда, роҳбари он Владимир Божко аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон талаб кард, ки сафири Украина Врублевскийро «шахси номатлуб» эълон кунанд. «Чунин изҳорот ба мақоми сафир ва этикаи дипломатӣ мувофиқат намекунад ва ба сулҳу ҳамкорӣ дар мамлакати мо, ки дар он зиёда аз 120 халқият, аз ҷумла русҳо ва украинҳо дар фазои сулҳу дӯстӣ ба сар мебаранд, халал мерасонад».
Илова бар ин, иттиҳодияи мазкур аз додситонии Қазоқистон даъват кардааст, ки далелҳои паҳн шудани он маводи видеоии изҳороти сафири Украина дар шабакаҳои иҷтимоиро тафтиш кунанд ва тибқи қонун шахсоне, ки ба омода ва нашр кардани он саҳм доштанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Раиси Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия Александр Бастрикин низ дастур додааст, ки ба суханони сафири Киев баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.
Чунин изҳороти сафири Украинаро намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ин созмон мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид намуд, ки кишварҳои Ғарб даъватҳои куштори мардуми русро маҳкум накарда, баръакс, режими террористии Киевро дастгирӣ мекунанд. Чунин ақидаро намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова низ изҳор дошт.
Бо он ки суханони сафир бозгӯяндаи назари раҳбарияти олии кишвар аст, сиёсатшиноси қазоқ Данияр Ашимбоев низ ба он ҳамфикр мебошад. Илова бар ин, ӯ қайд намуд, ки вақтҳои охир кӯшишҳои Ғарб барои ҳамроҳ намудани Қазоқистон ба муноқишаи Русияву Украина бештар гардидааст. Ҳамчунин, ба назар ӯ “васоити ахбори амрикопараст дар Қазоқистон барои ташаккули афкори зиддичинӣ ба фаъолона барангехтани миллатгароӣ ва мазҳабӣ” шурӯъ кардааст.
Суханони сафири Киевро ба таври оммавӣ корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ интиқод кардаанд. Фаъолони Қазоқистон ҳатто арзномае навишта, хостори ихроҷи Петр Врублевский аз кишварашон шуданд, зеро изҳороти ӯ «ба дипломатия ягон умумияте надошта, таҳти моддаи Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ бо барангехтани кинаю адоват метавонад, ҳамоҳангии бе ин ҳам бисёр нозуки байни миллатҳоро вайрон кунад». Дар ин муроҷиатнома беш аз 42 ҳазор нафар имзо гузоштаанд. Дар аввали моҳи сентябр маълум гардид, ки Пётр Врублевский Қазоқистонро тарк кардааст. Вале Айбек Смадияров, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, гуфт, ки сафири Украина айни ҳол дар рухсатӣ қарор дорад. Ба гуфти ӯ Врублевский узрхоҳӣ карда ва гуфтааст, он суханҳоро дар ҳолати эҳсосот баён кардааст. Вале мардум чунин як узрхоҳиеро аз забони худи Врублевский то ҳол нашунидаанд.
Вале аз ҳама муҳим, Ҳукумати Украина низ ба аҳли ҷомеа дар бораи ин вазъият ҳеч тавзеҳ надодааст ва бинобар ин, он танҳо маънои онро дошта метавонад, ки сиёсати расмии Киев воқеан аз ғояҳои натсизм пуштибонӣ мекунад.
«Амалкарди Тоҷикистон, аз оғози даргириҳо дар Украина, бар пояи равобити нек, дӯстона ва шарикӣ, ҳам бо Русия ва ҳам бо Украина, асос ёфта буд. Аз ин рӯ, Тоҷикистон ҷонибдори он буд, ки масъалаи Украина бояд бо роҳи дипломатӣ ҳал шавад», - андешаронӣ мекунад коршиноси масоили Осиёи Миёна, сармуҳаррири маҷаллаи «Иқтисодчӣ» Фаридун Усмонов.
Ӯ дар ин бора чунин шарҳ медиҳад: “Намояндагиҳои расмии дипломатии Украина дар кишварҳои дигар бояд мавқеи Ҳукумати Украинаро шарҳ диҳанд, аммо вақте тавзеҳоте ба чунин изҳоротҳои тунд, ки ба нобуд кардани ин ё он миллате даъват мекунанд, албатта, амали ғайридипломатӣ дониста шуда, ба мақоми дипломатии ин ё он давлат мувофиқат намекунад. Аз ин рӯ, вақте аз ҷониби дипломатҳо чунин изҳоротҳои манфӣ садо медиҳанд, ин бешӯбҳа ба муносибатҳои байни дигар кишварҳо таъсир мерасонад».
Бояд гуфт, ки дар баробари Врублевский боз чанд намояндагони дипломатии Украина чунин изҳоротҳои ғайридипломатонаеро баён кардаанд. Ба ҳамин тариқ, дар аввали моҳи апрел сафири Украина дар Олмон Андрей Мелник гуфта, ки намехоҳад, русҳоро ба неку бад тақсим кунад, аз онҳо нафрат дорад ва ҳама намояндагони миллати русро душман меҳисобад. Баъдан, ӯ канслери Олмон Олаф Шолсро «ҳасиби хафашуда» номид ва умуман чандин маротиба нисбати Ҳукумати Олмон суханҳои қабеҳ гуфт, махсусан бо талаби таҳвили силоҳ ба Украина. Ҳамаи ин боиси вокуниши манфӣ дар ҷомеаи Олмон гардид, махсусан қаҳру ғазаби олмониҳоро изҳороти иловагии Мелник нисбати миллатгаро Степан Бандера ба миён овард. Дар баробари ин, барканор кардани Мелник аз мақоми сафир дар Олмон, дақиқан ба маънои вокуниши манфии Киев ба рафтори ӯ нест, зеро ба собиқ сафир мақоми муовини Вазири корҳои хориҷиро пешниҳод карданд.
Дар маҷмӯъ метавон бо итминон гуфт, ки имрӯз вазифаи асосие, ки роҳбарияти Киев дар назди намояндагиҳои дипломатии Украина дар кишварҳои хориҷӣ мегузорад - ин эҷоди рӯҳияи зиддирусиягӣ ва таъсиррасонӣ ба мавқеъҳои ҳукуматҳо ва ниҳодҳои миллӣ аст. Инро тасмими Президенти Украина Владимир Зеленский дар бораи барканор кардани сафирони Гурҷистон ва Марокаш бо далели меҳнати на он қадар самараноки дипломатҳо тасдиқ мекунад, зеро ин кишварҳо ба таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ҳамроҳ нашуданд. Зеленский гуфт: «Агар яроқ таҳвил карда нашавад, таҳримҳо ҷорӣ карда нашаванд, дар фаъолияти тиҷоратии Русия маҳдудият эҷод карда нашавад, пас метавонед, ки кори дигаре ҷустуҷӯ кунед».
Ҳамин гуна вазифаҳо дар назди сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар муноқишаи Русияву Украина мақоми бетарафиро ишғол кардаанд, гузошта шудааст. Ҳамин тариқ, сафири Украина дар Ӯзбекистон Николай Дорошенко аз Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дархост кардааст, ки пахши телевизионҳои Русияро дар ин кишвар қатъ кунад. Ҳамчунин, Сафорати Украина равобити худро бо Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии украинии «Славутич» бо далели он, ки роҳбарияти ин созмон «бо мардуми украина ҳамраъйӣ накард» ва дар ҷашни Маслениса дар Тошканд, ки онро Маркази фарҳангии русии Ӯзбекистон ташкил карда буд, ширкат варзид, қатъ кард.
Сафири Украина дар Қирғизистон низ бо мақсади «аз роҳ задаву ҷалб кардани» ҳукумати ин кишвар ба мавқеъи зиддирусиягӣ бо намояндагони Президент ва Вазорати корҳои хориҷа мулоқотҳо анҷом дода, аз паёмадҳои бади иқтисодӣ барои ин ҷумҳурӣ ҳушдор дод.
«Сарфи назар аз он ки худи сафоратхонаи Украина дар Тоҷикистон аз оғози амалиёти махсуси ҳарбӣ ҳеч гуна зуҳуроти равшане нишон надода ва бештари ин вақт сафир дар ҷумҳурӣ ҳузур надошт, мутаассифона, мебинем, ки амали баъзе намояндагиҳои давлатҳои Ғарб дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ боиси ба вуҷуд омадани норозигиҳо мегардад», - шарҳ медиҳад Фаридун Усмонов.
- Ҳамин тавр, барои мисол, ба хотир меорем, чӣ тавр дар намояндагии дипломатии Олмон дар Душанбе парчами Украина овехта шуда буд, ки ин қобили қабул нест. Мо мефаҳмем, ки мафҳуми ҳамраъйӣ вуҷуд дорад, аммо чунин зуҳуроти худсарӣ - ин беэътиноӣ ба манфиатҳои он давлате мебошад, ки чунин ҳолат дар он ба амал меояд. Ин боиси даргириҳо ва низоъҳои байни мардуми одӣ мегардад. Садҳо мисоли ҳамла ба шаҳрвандони Русия дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо ҷой доранд, ки чунин зуҳуроти ҳамфикрии дурӯғин дар асл танҳо хислати харобкунанда дошта метавонад.
Зиёда аз ин, чунин амали намояндагиҳои дипломатӣ дар қаламрави Тоҷикистон бештар ба афзоиши низоъ мусоидат мекунад ва аз ин рӯ, комилан қобили қабул нест”., мегӯяд коршинос Фаридун Усмонов.
Маълум аст, ки чунин кӯшишҳои маҷбуркунандаи ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба даст кашидан аз пуштибонӣ аз Москва ба нафъи Ғарб барои ин кишварҳо зараровар аст. Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратӣ ва сармоягузории онҳост, ки барои таъмини субот дар минтақа тадбирҳо андешида ва шумори зиёди муҳоҷиронро аз Осиёи Марказӣ ба кор таъмин мекунад. Илова бар ин, шарикӣ дар доираи СПАД, СҲШ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё барои ҳамаи кишварҳои узви ин иттиҳод аз бисёр ҷиҳат муфид аст. Дар баробари ин, дар сурати заиф шудани ин робитаҳо Иттидияи Аврупо ва Амрико, ки иқтисодиёташон дорои вазъи бӯҳронист, наметавонанд чунин ҳамкориҳои судмандро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳайё созанд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед