Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон: Нарх ва суръати Интернетро беҳтар кунед. Коршиносон: агар «монополия»-и давлатӣ бардошта шавад...
Эмомалӣ Раҳмон: Нарх ва суръати Интернетро беҳтар кунед. Коршиносон: агар «монополия»-и давлатӣ бардошта шавад...
Аксҳо: Аз манбаъҳои гуногун

Эмомалӣ Раҳмон: Нарх ва суръати Интернетро беҳтар кунед. Коршиносон: агар «монополия»-и давлатӣ бардошта шавад...

Нашр шуд

Дар пасманзари интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз сифат ва нархи Интернет коршиносон пешниҳод мекунанд, ки барои рушди соҳа «монополия»-и давлатӣ бардошта шуда, дар сохтори танзимкунанда тағйироти ҷиддии кадрӣ гузаронида шавад.

ИНТИҚОДИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ ИНТЕРНЕТ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ, ки охири моҳи декабр ба парлумони кишвар ироа гардид, суръат ва арзиши Интернет дар Тоҷикистонро танқид кард ва гуфт, он қаноаткунанда нест.

Раҳбари кишвар ба Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дастур дод, ки дар якҷоягӣ бо операторони мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ барои баланд бардоштани сифат ва арзон кардани арзиши алоқаи мобилӣ ва интернети баландсуръат ба шаҳру навоҳии кишвар, махсусан ба шаҳру ноҳияҳои дурдаст чораҳои муассир андешанд.

«Сайёҳон ба куҷо мераванд? Ба он кишваре, ки суръати баланди интернет дорад. Суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисод ва ҷалби сармоя зарур аст», - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.


Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солона ба парлумони кишвар аз нарх ва сифати Интернет интиқод кард

Ӯ ҳамчунин аз масъулини соҳа, махсусан Хадамоти алоқа талаб кард, ки бо таваҷҷуҳ ба пешрафту таҳаввулоти ҷаҳон дар соҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод карда шавад.

Интиқоди ин ё он соҳа аз ҷониби раҳбари кишвар ҳарчанд падидаи нав нест, вале дар асоси заминаи воқеии мушкилот сурат мегирад. Баъди интиқоди раисҷумҳур аз ин ё он соҳа дар он каме «ҷунбиш» ба назар мерасад: аз ивази роҳбарияти мақомоти танзимкунандаи соҳа то тағйирот дар сатҳи қонунгузорӣ.

Ҳоло Тоҷикистон аз лиҳози суръати Интернет дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мақоми аз ҳама охир қарор дорад, аммо нархи он баръакс гарон аст. Дар кишвар нархи 1 гигабайт интернети мобилӣ ба ҳисоби миёна ба беш аз 20 сомонӣ баробар аст.

ҲОЛО ВАЗЪ ЧӢ ГУНА АСТ?

Бо таваҷҷуҳ ба он ки ҳоло теъдоди муштариёни интернет дар Тоҷикистон ба 4,5 миллион нафар расидааст, мушкили сифат ва арзиши Интернет дар кишвар нав нест. Қариб 10 сол мешавад, ки аҳолӣ аз нархи баланд ва сифати пасти он шикоят мекунанд. Ин масъала дар сатҳи коршиносӣ низ баҳс мешавад ва онҳо бо такя ба таҷрибаи рушди Интернет дар солҳои пеш дар кишвар мегӯянд, агар соҳа зери «монополия» қарор намегирифт, мо барвақт на танҳо бозори мухобиротии худ, балки минтақаро ба дасти худ мегирифтем.

Вале масъулони Хадамоти алоқа, ниҳоди танзимкунандаи хидматрасонии мухобиротӣ дар Тоҷикистон борҳо аз сифати Интернет дар кишвар тавсиф карда буданд. Намояндагони ин ниҳоди масъул гоҳе паст будани суръат ва сифати Интернетро дар Тоҷикистон ба «истифодаи нодурусти он аз сӯйи мардум», «биноҳои баландошёна» ва «мавқеи ҷуғрофӣ, кӯҳистон ва гарон будани нигаҳдории зербунёдҳо» рабт медиҳанд.

Зимнан Тоҷикистон дар соли 2022 аз ҳисоби қатъи Интернет 2 млн доллар зарар расидааст. Дар рӯйхати 23 кишваре, ки аз қатъи Интернет бештар зарар дидаанд, Тоҷикистон дар зинаи 19-ум қарор дорад, хабар медиҳад пойгоҳи «Tpo10VPN.com».

Бино ба маълумоти ин пойгоҳ, ба сурати умум қатъи Интернет дар Тоҷикистон 936 соат (39 шабонарӯз)-ро ташкил дода, аз ин кор ба беш аз 78 ҳазор нафар сокини кишвар зарар расидааст.

Дар ҳамин ҳол интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз сифат ва арзиши Интернет дар кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки дар сатҳи ҳукумат ва роҳбари давлат ҳам аз мушкили мазкур огоҳанд ва хостори беҳтар шудани вазъият ҳастанд. Вале саволи матраҳ ин аст, ки воқеан оё баъди интиқоди сарвари давлат вазъ тағйир меёбад? Ва ё нав кардани қонуни алоқаи барқӣ вазъро дигар мекунад? Мо ҳамроҳи коршиносон ин саволҳоро ба баҳс кашидем.

ТАНҲО БАЪДИ АЗ БАЙН БАРДОШТАНИ «МОНОПОЛИЯ»-И ДАВЛАТӢ

Коршиносони фанноварҳои навин бо ишора ба танқиди раисҷумҳур мегӯянд, тағйироти ҷиддиеро дар соҳа интизор шудан нашояд. Ҳарчанд, ба гуфтаи онҳо, вақти он расидааст, ки “монополия”-и соҳа аз ҷониби ширкати танзимкунанда барҳам дода шуда, гомҳои ҷиддие дар ин самт бояд гузошта шавад.

Рустам Гулов, коршиноси фанновариҳои навин дар суҳбат бо мо гуфт, баъди интиқоди раҳбари давлат ба ном чораҳо, мисли аз кор озод кардани ягон масъул, таъсиси мақоми нав ё шуъбаи алоҳида дар назди ширкати танзимкунанда дар назар аст, вале ин чораҳо, ба гуфтаи ӯ, натиҷаи дилхоҳ ва дарозмуддатро ба бор намеорад.


Рустам Гулов

Ба таъкиди ӯ, бояд ширкатҳои мобилӣ интихоби озоди шарикон ва имкони харидани Интернетро аз дигар кишварҳо дошта бошанд: ягон нафар набояд онҳоро маҷбур кунад, ки маҳз аз кадом як ширкат интернет харанду аз дигараш не.

«Агар ин корҳо карда нашаванд, пас ягон кори дигар ба бозор ёрӣ расонда наметавонад. Яъне то даме, ки монополияи давлатӣ ва маркази ягонаи коммуникатсионӣ мавҷуд аст, на нархи арзонтари интернетро мебинему на сифати хуби алоқаро», - гуфт Рустам Гулов.

Бояд гуфт, ки бозори Интернет аз соли 2018 зери назари ширкати давлатии «Тоҷиктелеком» аст. Пештар ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон ҳақ доштанд, мустақилона аз хориҷа Интернет бигиранд. Бо як тасмими баҳсбарангези Хадамоти алоқа онҳо вазифадор шуданд, ки Интернетро танҳо аз идораи давлатии «Тоҷиктелеком» бихаранд.

Моҳи апрели соли 2021 Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия дод, ки барои рушди иқтисоди рақамӣ ва Интернет бояд ширкати «Тоҷиктелеком»-ро аз тобеияти танзимгари соҳа – Хадамоти алоқа барорад.

Ян Петерс Олтерс, раиси дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гуфта буд, ки Интернет ва алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон то соли 2015 аз арсаҳои зудрушдкунандаи иқтисод буда, бахше аз даромадҳои буҷаро пур мекарданд. Аммо тағйироте, ки дар танзими ин соҳа ба вуҷуд омад, рушди соҳаро боздошт ва боис ба кам шудани даромади ширкатҳои мухобиротӣ ва коҳиши муштариёни нав шуд.

ДАР ХАДАМОТИ АЛОҚА ТАҒЙИРОТИ ҶИДДИИ КАДРӢ СУРАТ ГИРАД

Дар ҳамин ҳол Фариштамоҳ Гулова, коршиноси дигари фанноварҳои навин ҳам бар ин назар аст, ки дар рушди соҳа бояд рақобатпазирӣ бошад ва он рақобате, ки имрӯз ҷой дорад, ба талабот ҷавобгӯй нест.

«Бояд тавсияҳои Бонки ҷаҳониро дар ин самт ба назар гирем. Ҳоло сатҳи хидматрасонии «Тоҷиктелеком» аз дигар операторони мобилии кишвар паст аст. Он яке аз тақсимкунандагони асосии Интернет дар Тоҷикистон аст. Вале кораш ба талаботи бозор ҷавобгӯй нест ва хелеҳо ба таври иҷборӣ муштарии он ҳастанд», - гуфт ин коршиноси тоҷик.


Фариштамоҳ Гулова

Ӯ аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз кори Интернет дастгирӣ кард ва гуфт, воқеан мушкилоти мавҷуда, ки беш аз 10 сол аст давом дораду ислоҳот ва ё тағйироте дар ин самт намешавад, боиси интиқоди роҳбари аввал шудааст.

«Умедворам баъди ин дар низоми алоқа, махсусан дар Хадамоти алоқа тағйироти кадрии ҷиддӣ сурат мегирад ва ба ҷойи кадрҳое, ки беш аз 10 сол кори назаррасе намекунанд, кадрҳои ҷавону мутахассисони ҳирфаӣ омада соҳаро рушд медиҳанд», - умедворӣ кард ӯ.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, коршиноси дигар низ бар ин назар аст, ки вақте интиқод аз ҷониби шахси аввали кишвар шуд, дар ин ҳолат бояд ягон дигаргунии ҷиддие шавад ва танзимгар дар ҳамкорӣ бо ширкатҳо бояд чорае андешида ин мушкилиро бартараф намоянд.


Муҳаммадӣ Ибодуллоев

«То чӣ андоза муваффақ мешаванд, вақт нишон медиҳад», - гуфт ин коршиноси тоҷик.

Ба таъкиди вай, барои беҳтар намудани сифати Интернет бояд фаъолиятро дар самти таҳлили мунтазами ҳамаҷонибаи соҳа, такмили қонунгузорӣ, ҳамкории тарафҳои ҳавасманд бо назардошти талаботи ҳар ҷониб, танзими таъминкунандаи баробарҳуқуқии иштирокдорони бозори соҳа, дастгирии ширкатҳои хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок ба онҳо пеш бурд.

Мо чанд маротиба кӯшиш кардем, ки дар робита ба масъалаи мазкур назари масъулини Хадамоти алоқа, ниҳоди танзимкунандаи сифат ва нархи Интернетро дастрас кунем, вале касе аз ин ниҳод ҳозир нашуд, ки мавзӯъро шарҳ диҳад.

ҚОНУНИ НАВ ВАЗЪРО ТАҒЙИР МЕДИҲАД?

Дар ҳамин ҳол бахши дигари талаби Эмомалӣ Раҳмон таҳияи қонуни алоқаи барқӣ буд, ки 20 сол пеш қабул шудааст. Ӯ гуфт, бо ишора ба «пешравиву таҳаввулоти ҷаҳон дар соҳа он бояд нав карда шавад».

Фариштамоҳ Гулова бовар дорад, ки тағйирот дар қонунгузорӣ, махсусан қонуни алоқаи барқӣ вазъро тағйир медиҳад, вале он танҳо дар сурати анҷоми тағйироти кадрӣ дар ниҳоди танзимкунандаи соҳа, яъне Хадамоти алоқа имконпазир аст.

Ба гуфтаи ӯ, роҳбарияти имрӯзаи ин ниҳод иродаи чунин корро надоранд.

Номбурда дар баробари ин тағйирот дар қонунгузории соҳа, ба мисли имзои рақамӣ, сода дастрас кардани домену хостинг, рушди савдои электронӣ, маорифи электронӣ ва расонаи электронӣ бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои дуру наздикро аз роҳҳои дигари беҳтар кардани сифати Интернет ва арзон кардани нархи он унвон кард.

“Барои баланд бардоштани суръати Интернет ба қонуни мазкур банди идораи шабакаи Интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро бояд ворид кунем. Маҳдудсозӣ ва қатъи шабакаи Интернет ва баъзе шабакаҳои иҷтимоиву вебгоҳҳо ба он оварда расонид, ки бовар ба сатҳи хидматрасонӣ паст рафт. Аз ин рӯ барои баланд бардоштани сифат мо бояд муҳтаворо хубтар созем. Яъне агар муҳтаво ва сарчашмаҳои хуб дошта бошем, муроҷиат ба Интернет зиёд мешавад ва ин ба поинравии нархи он сабаб мегардад. Аз ҳисоби он ки мо ҳамеша аз доменҳову хостингҳои хориҷӣ истифода мебарем, нархи Интернет гарон ва мо ҳамеша пойбанди дигар кишварҳо ҳастем”, - гуфт ӯ.

Ба таъкиди вай, таҳияи Кодекси ягонаи идораи фанноварии муосир ва Интернет низ яке муҳаррикҳои рушди соҳа ба ҳисоб меравад ва ҳамаи қонунгузории соҳаро, ки беш аз 20-то аст, дар як маҷмӯа ҷамъоварӣ мекунад.

МОНЕАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ

Бо таваҷҷуҳ ба интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфт, «суръати баланди Интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисод ва ҷалби сармоя зарур аст», метавон хулоса кард, ки нархи гарон ва суръати пасти Интернет ба вазъи иқтисодӣ таъсир гузошта, боиси фирори сармоягузорон ё соҳибкороне шудааст, ки корашон ба интернети босифат бастагӣ дорад.

Ба ин андеша Рустам Гулов, коршиноси масоили фанновариҳои нав низ розӣ аст ва мегӯяд, агар чаҳор чиз садди роҳи иқтисоди рақамии Тоҷикистон бошад, нархи гарону сифати пасти Интернет дар ҷойи авваланд.

«Дутои дигар ин дафтарсолорӣ (бюрократия)-и аз ҳад зиёд (ки ба фасод мусоидат мекунад) ва низоми сангини андозбандӣ аст, ки ба бурдани тиҷорати шаффоф халал мерасонад», - гуфт ин коршиноси тоҷик.


Шаҳло Акобирова, раҳбари созмони ҷамъиятии «Хома» мегӯяд, маҳз сифати пасти Интернет ва нархи гарони он русҳоеро, ки баъди басиҷ (мобилизатсия)-и ҳамагонӣ ба Тоҷикистон омаданд, аз инҷо «гурезонд».

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло баъзе аз онҳо ба Ӯзбекистон рафтаанд ва яке аз сабабҳои аслияш ин пешниҳоди имкониятҳо дар самти IT аст.

«Онҳо танҳо се ҳафта дар Тоҷикистон истоданд. Чун диданд, дар самти IT ҷойи кор нест, рафтанд. Дар Ӯзбекистон 350 ҳазор рус боқӣ монд ва онҳо дарк карданд, ки чунин имкониятро бояд аз даст надиҳанд. Онҳо IT-Park сохтанд, русҳоро бо маоши хуб ва ҷойи истиқомат таъмин карданд ва аз ҳисоби ин мутахассисон барои рушди иқтисодиёт ва гардиши мол истифода намуданд», - зикр намуд Шаҳло Акобирова.

Воқеан, коршиносон мегӯянд, дар Тоҷикистон то соли 2013 суръату сифати Интернет ба ин ҳад поин набуд. Аз ҷумла, Асомиддин Атоев, коршиноси соҳаи фанновариҳои иттилоотӣ мегӯяд, то соли 2013 дар бозори мухобиротии Тоҷикистон 550 миллион доллар чарх мезад, ҳоло ин рақам то 200 миллион доллар коҳиш ёфтааст.

Бо ишора ба ин ва дар пайи интиқоди раисҷумҳур масъулинро мебояд дар якҷоягӣ бо коршиносони соҳа, ки дар мо кам нестанд, ҳарчи зудтар дар пайи рушди соҳа шаванд, то Тоҷикистон дубора яке аз кишварҳои рушдкарда дар ин самти бошад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед