Ru  | Tj
Идея, пул, мутахассис ва фазои мусоид: Ҳалим Сангин доир ба коргардонӣ дар телевизион
Идея, пул, мутахассис ва фазои мусоид: Ҳалим Сангин доир ба коргардонӣ дар телевизион
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Идея, пул, мутахассис ва фазои мусоид: Ҳалим Сангин доир ба коргардонӣ дар телевизион

Нашр шуд

Мусоҳиба бо коргардони хушноми телевизион, Арбоби шоистаи ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ саррежиссёри Телевизиони Тоҷикистон, устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода Ҳалим Сангинов.

Пулдорҳо бисёру фарҳангдӯстон кам

– Муҳтарам Ҳалим Сангинов бо Шумо доир ба касби коргардонӣ суҳбат хоҳем кард. Ба назари Шумо коргардон кист ва чӣ кореро ба сомон мерасонад?

– Коргардон нафари заминиест, ки як нафарро бо нафари дигар, як гурӯҳро бо гурӯҳи дигар, як тимро ба тамоми аҳолӣ мепайвандад. Ба ибораи дигар коргардон шоҳ ва соҳиби саҳна аст…

– Дуруст аст, ки коргардон дар дохили худ як нафари дигар дорад?

– Ҳар сенарияе, ки ба ман маъқул шавад, тайёр ҳастам, онро то 80 фоиз иваз кунам ва аз тахайюли худам илова карда, чизи хубтаре созам. Ҳазорҳо маротиба дар майдони банаворгирӣ аз баҳри қисми зиёди сенария гузаштаам ва кори дигареро кардаам. Идеяи хуб бисёр вақт дар майдони банаворгирӣ пайдо мешавад. Яъне ин ҳамон нафари дуюми ишоракардаи Шумост.

– Ҷавҳари асосии кори коргардонӣ чист?

– Идея, пул, мутахассис ва фазову муҳити мусоид.

– Идея?

– Агар идея набошад, пас коргардонӣ нест ва коргардонӣ набошад, коргардон нест. Мо ҳамеша ба донишҷӯён ёдрас мешавем, ки агар идеяи хуб дошта бошед, ҳаргиз онро арзон нафурӯшед, зеро дар коргардонӣ як идея соҳибашро метавонад то 10 сол хӯронаду пӯшонад.

– Оё дар мо идея хариду фурӯш мешавад?

– Дар тамоми ҷаҳон идея фурӯхтаву харида мешавад. Масалан, Голливуд филм месозад, пас аз он идеяи филмро боз ба Болливуд мефурӯшад. Ба ин минвол даҳҳо филмро мисол оварда метавонам. Мутаассифона, дар Тоҷикистони мо идеяи хуб ҳам ба фурӯш намеравад, зеро пулдорҳо бисёру фарҳангдӯстон кам ҳастанд.

– Ба фикри Шумо чӣ бояд кард, ки мавқеи коргардонӣ ва коргардон дар ҷомеа чашмрастар гардад?

– Дар телевизион ду равия аст: коргардонӣ ва журналистика. Агар ин ҳар ду бо ҳам наздику қарин бошанд, бешубҳа сатҳу сифати кори телевизион хуб мешавад. Агар ин хел шуд, пас маълум мешавад, ки журналистикаву коргардонӣ вазифаашонро иҷро кардаанд. Ва ин ҷо метавон гуфт, ки ҳар соҳаву ҳар нафар ба андозаи кору меҳнаташ қадру қиммат гирифта, дар ҷомеа чашмрас мегардад.

Аз сохтани “Тоҷикони дунё” то орзуи филми “Тоҷикон”

- Яке аз корҳои калону назарраси Шумо дар касбатон ин сохтани барномаи овозадори “Ситораҳои Шарқ” аст, бигӯед, ки чӣ гуна бо шодравон Муҳиддин Олимпур ва Ҷобир Азизмуродов барномаи мазкурро ташкил кардед?

- Рӯзе шодравонҳо Муҳиддин Олимпур ва Ҷобир Азизмуродов  наздам омада пешниҳод карданд, ки як барномаи фарҳангие бо номи “Ситораҳои Шарқ” созем. Чӣ мақсад доштану дар барнома атрофи киҳову чиҳо сӯҳбат карданашонро нақл карданд. Ман танҳо гуфтам, ки шумо ёфтани маводи барномаро ба уҳда гиред, режиссорияш аз ман. Ҳамин тавр, корро оғоз кардему тавре медонед, яке аз беҳтарин барномаро дар таърихи телевизион ба вуҷуд овардем.

- Ман нашри аввали барномаи “Ситораҳои Шарқ”-ро дидам, чаро аз Гугуш оғоз кардед?

- Нахуст мушкилии асоси мо ин буд, ки намедонистем аз кӣ оғоз кунем, яъне интихоби нахустин чеҳраи барномаи “Ситораҳои Шарқ” хеле тӯл кашид ва баъдан ба хулосае омадем, ки аввалин намоишамон дар бораи Гугуш мешавад. Зеро он замон, яъне охирҳои солҳои 80-ум дар хонаи қисми зиёди тоҷикистониён сурати Гугуш овезон буд. Аксарият ӯро дӯст медоштанд, гӯш мекарданд ва монанди ӯ будан мехостанд.

- Ҷараёни таҳияи барномаи мазкур чӣ гуна сурат мегирифт?

- Бисёртар дар хонаи Муҳиддин Олимпур тайёрӣ медидем. Устод доир ба чеҳраҳои барномаҳо бисёр маводро пеши мо мегузоштанд ва дар якҷоягӣ матолиби мехостаамонро интихоб мекардем. Он кас ҳама маълумоти лозимаро доштанд.

- Болои як барнома чанд рӯз кор мекардед?

- Зиёд не, аммо бо шавқу завқ кор мекардем. Тақрибан 2-3 рӯз дар хонаи устод Олимпур маводро ҷамъ мекардем ва 1-2 рӯзи дигар дар студия сабт мекардем. Боз 1-2 рӯзи дигар мантаж мекардем.

- Дар барномаи “Ситораҳои Шарқ” аз ситораҳои тоҷик гуфтану онҳоро дар баробари дигарон мондан идеяи кӣ буд?

- Идеияи ман. Рӯзе пас аз хастагиҳои зиёди корӣ ба равоншод Муҳиддин  Олимпур пешниҳод кардам, ки модоме барномаи мо “Ситораҳои Шарқ” ном дорад, биёед дар бораи ситораҳои худамон ҳам барнома кунем. Пешниҳодро қабул карданд ва мо аз ситораҳои тобони тоҷик нахуст дар бораи устод Маҳмудҷон Воҳидов барнома кардем.

- Боз дар бораи кадом ситораҳои тоҷик барнома кардед?

- Мутаассифона, бисёр набуданд, ҳамагӣ се барнома кардем: Маҳмудҷон Воҳидов, Малика Собирова ва Муқаддас Набиева.

- Чаро дар авҷи шуҳрат ва доштани чанд шаҳр бинанда барнома сукут кард?

-  Барнома не, мо сукут кардем. Агарчи он маводе, ки шодравон Олимпур доштанд, барои таҳияи “Ситораҳои Шарқ” ба 10 солаҳои дигар мерасид, вале аз ҳар тараф гапу калочаҳо зиёд шуданд. Баъдан устод Олимпур ба Радиои “BBC” ба кор даромаданд, вақташон кам шуд ва боз чанд сабаби дигаре буд, ки барномаи “Ситораҳои Шарқ” дигар омода нашуд.

- Ҷойе хонда будам, ки аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳз барои таҳияи барномае ба монанди “Ситораҳои Шарқ” назди Шумо омада буданд...

- Бале, аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон як режисёру як журналист барои омӯхтани тарзи сохтани ин барнома омада буданд.

- Яъне аз Ӯзбекистон барои таҷриба андохтан ба ТВТ-и мо омада буданд ва ин бисёр хуб аст, аммо агар ҳоло ба фаъолияти телевизионҳоямон назар кунем чӣ?

- Баъзан вақт ба шабакаҳои телевизиониямон назар мекунаму ба худ мегӯям, ки канӣ “Ситораҳои Шарқ”, канӣ “Клуби дугонаҳо”, канӣ “Чойхонаи Дилкушо”, канӣ “Беғараз панд”? Мутаассифона, ҳоло чунин барномаҳо нестанд ва фикр мекунам тамбал шудаем. Дар ҳоле, ки имрӯз имкониятҳо зиёд ҳастанд. Вале набояд ноумед гашт, зеро рӯз аз рӯз пеш рафта истодаем ва ба кори телевизионҳо ҳам нафароне машғул шуда истодаанд, ки таҳсилдидаву пешадӯстанд. 

– Дар ин соҳа аз ҳама кори бузурги кардаатон ба фикри худатон чист?

– Бо супориши бевосита ва кӯмаку дастгириҳои бепоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун коргардон дар ҳаҷми 15 қисм филми “Тоҷикони дунё”-ро сохтам. Мо ҳамроҳи ҳайати корӣ ба кишварҳои Афғонистон, Эрон, Чин, Англия, Ҷопон, Олмон, Италия, Ҳиндустон, Покистон ва дигар давлатҳо сафар карда, аз он давлатҳо зиёда аз 42 миллион нафар тоҷикро пайдо кардем, ба навор гирифтем ва филм сохтем.


– Орзуе, ки дар ин соҳа амалӣ кардан мехоҳед, чист?

– Бисёр мехоҳам, ки дар асоси китоби “Тоҷикон”-и Қаҳрамони Тоҷикистон аллома Бобоҷон Ғафуров кор карда, аз даврони Сомониён то Эмомалӣ Раҳмон филме бо номи “Тоҷикон” бисозам. Албатта як филми бадеӣ.

Диплом, шавқ, завқ ва кӯшиш дар коргардонӣ

– Дар асри XXI ва соли 2021 чӣ зарурат аст, ки як ҷавон касби коргардониро интихоб кунанд?

– Коргардонӣ касбе нест, ки онро дилхоҳ нафар интихоб кунад, балки онро бояд аз худ намуд, дарк кард, дӯст дошт. Ин касбест, ки дунёро ба чашми дигар мебояд дид, на ба он чашме, ки ҳар нафар мебинад. Хуллас, ин касбро интихоб намекунанд, инро қабул мекунанд. Яъне гуфтаниям, ки ягона зарурат дӯст доштан аст, агар касе дӯст дорад интихоб кунад.

– Ба андешаи Шумо як довталаб ё донишҷӯи риштаи режиссура бояд вақти дар ихтиёр доштаашро чӣ гуна гузаронад, то ки умедҳои ҷомеаро барбод надиҳад?

– Маълум аст, ки ҳама касбу ихтисос китобу дастурҳои таълимии худро дорад. Режиссёршаванда бояд пеш аз ҳама истеъдодеро, ки Худованд ба ӯ додааст, дар худаш кашф кунад. Бисёртар омӯзад. Шахсиятҳои барҷастаи дунёро донад. Тахайюл дошта бошад ва билохира бо замона ҳамқадам бошад.

– Бисёриҳо бар он назаранд, ки соҳибдипломҳои соҳаҳои гуногун пас аз хатми донишгоҳу донишкадаҳо ҷойи кор намеёбанд, оё тақдири режисёршавандаҳои оянда низ чунин мешавад?

– Дилхоҳ касбу корро на рӯякӣ, балки бояд хуб ва бодиққат омӯхт. Дар донишгоҳ донишҷӯи риштаи режиссура назарияву амалияро агар бо аҳаммият ва бо фикре, ки чизе мешавам хонад, албатта, ки вай кор намекобад, балки кор ӯро меҷӯяд.

– Чаро касби коргардониро бештар мардҳо интихоб мекунанд?

– Дар сартосари дунё қариб 80%-и коргардонҳо аз ҷинси мард ҳастанд. Рости гап, сабаби асосиашро дақиқан намедонам, аммо тахминан гуфта метавонам, ки бо сабаби душворӣ ва серкорӣ аст.

– Ба коргардон диплом лозим аст?

– Агар ҳадафатон наомӯхтан бошад ва гӯед, ки барои коргардон шудан мактаби олиро хондан шарт нест, пас хато мекунед. Коргардониро бояд омӯхт ва иловатан бисёр хуб омӯхт..

– Шумо кафолат дода метавонед, ки донишҷӯёне, ки ба онҳо дарс мегузаред, фардо коргардон мешаванд?

– Агар бачае, ки маро гӯш кунаду вазифаҳои додаамро иҷро кунад, ваъда медиҳам, ки аз вай коргардон тайёр карда метавонам.

– Охирсухани Шумо…

– Ба коргардонҳои оянда муваффақият, таҳсили хуб, идеяҳои нав, амалишавии орзуҳо ва боварӣ ба фардои нек орзумандам…

Тарҷумаи ҳол

Ҳалим Сангинов соли 1952 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таввалуд шудааст. Ӯ соли 1974 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро (ҳозира ДДФСТ) хатм кардааст. Солҳои 1974-75 дар вилояти Витебски давлати Белорусия хизмати ҳарбиро ба анҷом расонидааст. Аз соли 1975 то соли 1985 ҳамчун режиссёри варзида ва пас аз он то соли 2005 саркоргардон дар Телевизиони “Тоҷикистон” фаъолияти меҳнатӣ намудааст. Солҳои 2005-2007 дар телевизиони “Сафина” низ ба ҳайси коргардон кор кардааст.

Ҳалим Сангинов солҳои 2014-2016 дар НБО “Роғун” ифои вазифа намуда, вобаста ба рафти кор дар ин иншооти аср як зумра филмҳои ҳуҷҷатӣ таҳия кардааст, ки инҳо мебошанд: “Биё созем Роғунро”, “Пайкори Роғун”, “Месозамат Роғун”, “Рӯ ба рӯ”, “Асрори лоиҳа”, “Гавҳари меҳр”, “Роғун чист?” ва ғайраҳо.

То ин вақт бо коргардонии Ҳалим Сангинов садҳо филму намоишномаҳои телевизионӣ рӯйи кор омадаанд. Аз ҷумла, “Тоҷикони дунё”, “Атои саҳна”, “Ғуруб”, “Самаки Айёр”, “Тоҷикистон”, “Рӯ ба хуршед”, “Ширин”, “Гули санг”, “Шумқадам”, “Девори хотира”, “Бузургвор”, “Дарди Ҳошим”, “Армуғони Рухшона”, “Рустам ва Суҳроб”, “Ситораҳои Шарқ”, “Дугонаҳо”, “Чароғаки роҳнамо”, “Наврӯзи аҷам”, “Базми Ҷамшедӣ”, “Салом, фестивал”... мебошанд.

Соли 2018 дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили “Лабханди ҷавонӣ” таъсис ёфт ва Ҳалим Сангинов сарварии онро ба уҳда дошт.

Ҳалим Сангинов 22-уми апрели соли 1988 сазовори грамотаи фахрии Тоҷикистон шудааст.

Аз 29-уми марти соли 1990 Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон аст.

Айни ҳол устоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзада буда, ба режиссорони ояндаи телевизион дарс мегӯяд. 



Иброҳим Усмонов: «Толиб қувваест, ки ба муқобили халқи дигар нигаронида шудааст»



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед