Ru  | Tj
Хуршед Атовуллоҳ: Ман ба рӯзноманигорӣ хиёнат накардаам
Хуршед Атовуллоҳ: Ман ба рӯзноманигорӣ хиёнат накардаам

Хуршед Атовуллоҳ: Ман ба рӯзноманигорӣ хиёнат накардаам

Нашр шуд

10-уми сентябр, рӯзноманигор, нависанда ва публисисти саршиноси тоҷик Хуршед Атовуллоҳ 50-сола шуд. Ӯ зодаи 10-уми сентябри соли 1973 ва донишомӯхтаи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Номбурда дар аксари расонаҳои мустақил ва ҳукуматӣ ба унвони хабарнигор ва сардабир кор кардааст. Ҳамзамон як муддат дабири кулли созмони “Анҷумани расонаҳои Тоҷикистон” ва раиси Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон низ будааст. Аз соли 2005 ба ин сӯ раҳбарии Маркази тадқиқоти рӯзноманигориро, ки расонаҳои чопиву электронии “Фараж”, “Самак”, “Ману ту” ва  “Суғд Ниюс”-ро дарбар мегирад, бар дӯш дорад.

Муаллифи Halva.tj бо баҳонаи солгарди умр ба пойи суҳбати ӯ нишаст ва перомуни паҳлуҳои норӯшани зиндагӣ, бурд ва бохти фаъолияти рӯзноманигорӣ, мушкилоти рӯзмарраи ин пеша, ҳамкорӣ бо мақомот ва орзуву ормонҳояш гуфтугӯ кард.

РӮЗНОМАНИГОРӢ БА САРАМ БАЛО ОВАРД

- Бо шумо то ҳол зиёд мусоҳиба анҷом додаанд. Бисёре аз рӯзноманигорон талош кардаанд, ки дунёи шуморо бозгӯӣ кунанд. Дар ин миён чӣ суоле буд, ки то ҳол аз шумо напурсидаанд?

- Аслан ҳама чиро рӯякӣ пурсидаанд. Фарзи мисол дар бораи дӯстии ману Раҷаб Мирзо ва фалокатҳое, ки пешаи рӯзноманигорӣ ба сари ман овард. Дар пайи фаъолияти хабарнигорӣ бисёр пешпо хӯрдаам, аммо дар ин бора то ҳол ба таври боиста аз ман напурсидаанд.

- Дар ин замина чӣ ногуфтаҳо доред?

- Чандин хабарнигор мехоҳанд маро дар радифи Раҷаби Мирзо гузоранд. Ҳамагӣ медонанд, ки ман бо ӯ дӯстам. Раҷаб худ дар як суҳбаташ мегӯяд, ки Хуршед барои ман дӯст аст. Ман ҳамеша мегӯям, ки фарқи ман аз Раҷаб дар ҳамин аст, ки ӯ дидаву дониста дар санг задани сарашро қаҳрамонӣ медонад, аммо ман ин куниш (амал)-ро аблаҳӣ мешуморам.

Миёни мо тавофути бештаре ҳаст. Дар суиқасд ва латукӯбҳое ҳам, ки нисбати ману Раҷаб анҷом шудааст, тавофути куллӣ буд.

Нисбати ман чандин суиқасдҳо кардаанд. Ҳатто пизишкон ҳам дар табобати ман бисёр кӯтоҳдастӣ кардаанд. Як дафъа баъди ҷарроҳии поям як оҳан дар дохили баданам монд ва ман пас аз се сол дигарбора ҷарроҳӣ шудам. Фикр намекунам, ки инҳо тасодуфӣ бошанд. Инҳо балоҳое буданд, ки фаъолияти рӯзноманигорӣ ба сари ман овард.


ВАҚТЕ КИ АЗ РӮЗНОМАНИГОР МЕТАРСАНД...

- Шуморо ба далели матраҳ кардани мушкилоти басо ҷиддӣ хеле зиёд барои бозпурсӣ ҳам даъват кардаанд. 20 маротиба баҳси додгоҳӣ низ доштед. Пас чаро тарки ин пеша накардед?

- Барои чӣ тарк кунам?

- Бо вуҷуди ин балоҳо намехоҳед ё боре нахостаед, ки аз соҳаи рӯзноманигорӣ канор биравед?

- Не.

- Пас шуморо чӣ чизе дар соҳаи рӯзноманигорӣ нигоҳ медорад?

- Ишқ.

- Ишқе, ки фақат зарба мезанад?

- Дар ин миён фақат зарба набуд. Ман борҳо гувоҳ шудаам, онҳое ки бо ман ғоибона ҷанг эълон карда буданд, вақте ба қабулгоҳашон мерафтам, мегурехтаанд. Солҳои 1998-1999 дар ҳафтаномаи  “Ҷавонони Тоҷикистон” кор мекардам. Як рӯз аз идораи нашрия супориш доданд, ки бо фалон мансабдор бояд мусоҳиба кунам. Ман медонистам, ки ӯ маро бад мебинад, аммо рафтам. Дар кисаам чанд тангае доштаму халос. Вақте ки ба ҳуҷраи кории ӯ расидам, гӯё бародари гумшудаи ман бошад. Бо он савлату давлате ки дошт, маро сахт ба оғӯш гирифт. Ба қавле бароям ҷойи нишастан намеёфт... Барои мо ин воқеаҳо лаззатбахш буд. Бо вуҷуди ҳама балову офатҳо ва ҳеч чиз надоштан обрӯву эътибори рӯзноманигорӣ маро ҳамеша дар ин пеша нигоҳ медошт. Вақте як роҳбар ҳангоми салом кардан бо ту дасташ меларзад, ин албатта кайфияти хос дорад.

РӮЗНОМАНИГОРОН ПУШТИБОН НАДОРАНД

- Аммо имрӯз рӯзноманигорон, махсусан насли нав аз ин гуна “имтиёзҳо” бархурдор нестанд. Пас онҳо барои чӣ бояд дар ин пеша бимонанд?

- Барои соҳиб шудан ба ин “имтиёз” аввал соҳиби ном шудан лозим аст. Шодравон Пайванди Гулмуродзода беҳуда намегуфтанд, ки “аввал ном ёб, нон худаш меояд”.

- Ҳоло ҳам ҳамин гуна рӯзноманигорони соҳибимтиёз дорем?

- Албатта. Фикр мекунӣ Раҷаби Мирзо ба 10 сомонӣ менависад? Ё Нуралӣ Давлат? Не. Номи онҳо кифоя аст, ки назди ҳар роҳбар ё соҳибмансабе сарашон боло бошаду дар муносибат бо онҳо аз эҳтиёт кор гиранд.

- Аммо бо як ду кас намешавад, ки рӯзноманигориро дар умум баҳо диҳем. Имрӯз нуфузи рӯзноманигор мисли замони шумо нест...

- Эътибори рӯзноманигорӣ аз дасти навпайдоҳои ин пеша поин рафт. Масалан, дар нишастҳои матбуотӣ баъзе “ҳамкасбон”-и мо раисро се соат васфу ситоиш мекунанд...

Насли нав пуштибоне надорад. Шояд дорад, аммо бовар надорад, ки онҳоро пуштибонӣ мекунанд. Барои ҳамин мисли бечораҳо ҳастанд.

- Пуштибони ин насл бояд кӣ бошад?

- Иттиҳодияи рӯзноманигорон. Аз марги Акбари Саттор ҳамагӣ 8 сол гузаштааст, аммо дар ин давра Иттиҳодияи рӯзноманигорон эътибори худро комилан аз даст дод. Рӯзноманигорон ҳам бо надоштани пуштибоне ба ин вазъ расиданд.


- Фикр намекунед, ки дар бад шудани авзоъи пешаи рӯзноманигорӣ дар баробари Иттиҳодияи рӯзноманигории Тоҷикистон худи насли шумо муқассир аст? Ба ин далел, ки онҳо натавонистанд нуфузи пешаи худро ҳифз кунанд...

- Ман ба ин фикр розӣ шуда наметавонам.

- Агар рӯзномаҳои худи шуморо дар назар бигирем. Фарзи мисол “Фараж”-и имрӯз бо даҳ соли пеш аз замин то осмон тафовут дорад...

- Инҷо набудани мутахассисони ҳирфаӣ сабаби асосист.

РӮЗНОМАНИГОР ДУШМАН НЕСТ

- Аз пешаи рӯзноманигорӣ чӣ мехостед?

- Аслан, ман ҳуқуқшинос шуданӣ будам, аммо хонаводаам монеъ шуданд. Баъд аз чанд сол Иброҳим Усмонов навиштанд, “хуб шуд, ки Хуршед ҳуқуқшинос нашуд, вагарна пешаи рӯзноманигорӣ як симоеро, ки соҳиби гапи худ аст, аз даст медод”. Намедонам ин сухани устод то куҷо дуруст аст. Шояд дилгармӣ буд.

Ман ҳамеша хостаам, ки ба рӯзноманигорӣ бо эҳтиром нигоҳ кунанд. Дар симои рӯзноманигор як таҳдидгар ё душман набинанд. Сабаби ройгон дарс гуфтани ман ҳам ба донишҷӯён ҳамин аст. Дар ҷойе нашунидаам, ки гуфта бошанд шогирди Хуршед Атовуллоҳ ва ё шахси аз мактаби ӯ гузашта бо чоплусиву гарданкаҷӣ корашро пеш мебарад. Ин албатта боиси ифтихорам аст.

Бисёр хостам ба шогирдон жанри мусоҳиба-лавҳаро омӯзонам. Баъзе талошҳо аз ҷониби як иддаи онҳо буд. Аммо на то он ҳадде, ки ман мехостам. Боре Далер Назаров дар як суҳбати худ як сухани ҷолиб гуфт, “ман ҳамон шогирдеро ситоиш мекунам, ки аз ман пеш рафтааст”.

- Шумо чунин шогирдон доред?

- Бале. Масалан Муҳайё Нозимова дар навиштани баъзе чизҳо аз ман пеш гузаштааст. Далер Мерганов ҳам дар баъзе соҳаҳо аз ман дар пешсаф аст. Мазҳаб Ҷумъа, Баҳманёр Нодиров ва чандеи дигар низ ҳамчунин. Аммо намедонам, ки онҳо ба ҳамон сатҳе, ки ман мехоҳам, мерасанд?!


ЗИНДОНИ ЗИНДАГӢ

- Дар баробари рӯзноманигорӣ нависандагӣ ҳам мекунед. Кадомеро аввалтар шуруъ кардед?

- Аз ҳабдаҳсолагиям менавиштам, аммо танҳо барои худам. Баъдан писари амакам Фирӯз онҳоро хонду пешниҳод кард, ки ба устод Муҳаммадзамони Солеҳ нишон диҳем. Устод навиштаҳоямро қалам заданд ва онҳоро дар шакли китоб омода кардем. Номашро худам гузоштам: “Зиндони зиндагӣ”. Сураташро ҳам худам интихоб кардам.

Баъди чоп шудани китобам омода будам, ки бимирам. Ҳамин гуна тасаввурот доштам, ки вақте одам тамоми хостаҳояшро дар шакли китоб мегӯяд, дигар метавонад мурданро оромона пазирад. Сипас як муддат сахт ба тадқиқоти рӯзноманигорӣ банд шудам. Аммо дарёфтам, ки дар тадқиқот ҳамаи гапҳоямро гуфта наметавонам. Чун он қоидаҳои худро дорад. Пасон шуруъ кардам ба навиштани детектив.

Аввалин чизе, ки дар жанри детектив навиштам “Марги журналист” буд, ки ҳар ҳафта дар нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” чоп мешуд. Дидам, ки хонандаи зиёд дорад, ду-се детективи дигар навиштаму дар шакли китоб чоп кардам.

- Аз Бернард Шоу як нависандаи ҷавон мепурсад, ки ман барои хидмат кардан дар адабиёт пайраҳаи нависандагиро интихоб кардаам. Шумо барои чӣ менависед? Бернард Шоу посух медиҳад, ки ман барои пул менависам. Нависандаи ҷавон мегӯяд, бароятон мутаассифам. Бернард чунин ҷавоб медиҳад: Ҳар кадоми мо барои чизе менависем ки надорем. Бароям ҷолиб аст бидонам, ки шумо барои чӣ менависед, бавижа детективҳоятонро?

- Барои диламро холӣ кардан менависам. Барои инки аз азоби виҷдон, тарс, аз роҳ надодан ба озодии баён раҳо ёбам. Вақте тамоми ҳарфҳои дилу фарёдҳои дар гулӯмондаро холӣ мекунам, ба ман  эҳсоси сабукӣ даст медиҳад.

МУНОСИБАТИ ҲАСАНА БО МАҚОМОТ

- Сарнавишти қаҳрамони асосии детективҳоятон  – рӯзноманигор Ҷамшеди Ҳабиб мисли саргузашти шумост. Гӯиё роҳи сипарикардаи шуморо тай мекунад. Аммо як нуктаи дигар он аст, ки ӯ дар қуллаи баланд меистад. Донишу лаёқати ӯ хеле баланд аст. Дар кушодани гиреҳи моҷароҳо аз кормандони мақомоти интизомӣ ҳам чолоктар аст. Барои чунин образ офаридан аз ҷойе гӯшмол накардаанд?

- Не. Дар чунин симо дидани рӯзноманигорон орзуи ҳамешагии ман аст. Ман аслан бо кормандони мақомоти интизомӣ рафтуомади хеле хуб дорам. Ҳатто чандин дӯсти самимӣ дорам, ки ба онҳо ҳама гапро мешавад бовар кард. Дар детективҳо низ ин чиз мушоҳида мешавад, ки қаҳрамони ман бо кормандони мақомот муносибати ҳасана дорад.


- Наметарсед, ки дар доираи рӯзноманигорон ин гуна муносибат ба таври дигар қабул карда мешавад?

- Ин тасаввури нодуруст аст, ки бо кормандони мақомот рӯзноманигорон бояд наздикӣ надошта бошанд. Мо бояд чунин фикрро аз тасаввуротамон дур созем. Масалан, вақте ту медонӣ, ки як нафар корманди амният бовиҷдонона кор мекунад ва бо ӯ дӯстӣ мекунӣ ин маънии онро надорад, ки ту ҷосуси онҳо ҳастӣ. Ин чиз маънии хиёнат ба касбатро ҳам надорад. Онҳо низ фарзанди Тоҷикистон ҳастанд.

ТАНҲОӢ, ОРЗУ, МАРГ

- Мегӯянд Хуршед Атовуллоҳи пешин дигар нест. Худатон ба ин гуфта розиед?

- Ин гап ҷон дорад. То соли 2005 ман рӯзноманигор будам. Баъд аз он роҳбар шудам. Дигар танҳо дар фикри дарёфти пулу дастгоҳ барои нашри ҳафтанома будам. Ҳамин тавр, аз кори эҷодӣ дуртар шудам. Агар каме пул меёфтам, ҳафтанома таъсис мекардам. Ва ҳамин гуна аз кори рӯзноманигорӣ, бавижа навиштан дур шудам.

- Зиндагиро дар се вожа ҷамъбаст кардаед: “танҳоӣ”, “орзу”, “марг”. Танҳоии шумо чӣ вижагӣ дорад?

- Танҳоӣ дунёи ман аст. Ман иҷоза медиҳам, ки дар бораам ҳар чизе бигӯянд. Аммо онҳоро ҳеч гоҳ ба танҳоии худам, ба ин дунёям ворид намекунам.

- Оғози ин танҳоиҳо аз куҷост?

- Мо насли замони ҷангем. Ин рӯҳияи бадбинона (пессемистӣ), навмедиву дилмондагӣ аз ҳамон давра аст.

- Муҳимтарин орзуятон чист?

- Вақте мурдам, ақаллан ягон кас гӯяд, ки беҳуда зиндагӣ накарда буд.


- Чӣ хел мехоҳед бимиред?

- Беазоб ва ногаҳонӣ.

- Тасодуфан мурдан бад нест?

- Ту ҳоло азоби танҳоиву дармондагиву бемориро намедонӣ...

- Кай маргро интизор мешавед?

- Аввал мехостам дар 33-солагӣ бимирам. Ҳоло, ки ба синни 50 даромадам, фикр мекунам, ки шояд панҷ ё шаш соли дигар зиндагӣ кунам барои анҷоми корҳои анҷомнашуда.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед