Ru  | Tj
Нархи гӯшт дар Тоҷикистон ба ҳадди рекордӣ расид
Нархи гӯшт дар Тоҷикистон ба ҳадди рекордӣ расид
Акс: аз Интернет

Нархи гӯшт дар Тоҷикистон ба ҳадди рекордӣ расид

Нашр шуд

Ё худ барои болоравии нархи гӯшт ва дигар маҳсулотҳо кӣ гунаҳгор аст?

Тибқи омори расмӣ дар кишвар чорвопарварӣ босуръат рушд карда, истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ афзоиш ётфаааст, вале муаммо ин аст, ки агар ба омор ва арқом бовар кунем, пас чаро дар муддати панҷ соли охир нархи гӯшт дар кишвар як баробар боло рафтааст ва сабабгори ин ҳолат кист?

Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон, ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорвои калони шохдор ва чорвои майда дар ҷумҳурӣ ба 327,7 ҳазор тонна гӯшт (2021) афзудааст.

Ҳамчунин то 1-уми ноябри 2021 саршумори чорвои калони шохдор дар кишвар 2,4 миллион сарро ташкил дод, ки нисбат ба солҳои пешин зиёд мебошад.

Вақте ки дар бораи афзудани истеҳсоли маҳсулот, минҷумла гӯшт огаҳӣ ёфтам барои санҷиш ба бозорҳои кишвар сар задам, ки шояд аз ҳисоби зиёд шудани истеҳсолот нарх ҳам каме арзон шуда бошад. Аммо вақте ба бозор медароеду нархҳо ва муносибати фурӯшандаҳоро мебинед, мақоли “худам шоҳу табъам вазир” ба хотиратон меояд. Дар назди дӯконҳо нарх дигар ва дар дохил вақти баркашидан нарх куллан дигар аст.

Аз рӯйи навиштаи Вазорати кишоварзӣ, дар кишвар истеҳсоли гӯшт 7% зиёд шудааст, вале муаамо ин аст, ки нархи гӯшт на поин, балки боз ҳам боло рафтааст.


Айб дар ош аст ё дар мош?

Агар ба омори расмии Агентии омор ва маълумотҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Вазорати кишоварзии Тоҷикистон назар афканем, Тоҷикистон дар самти чорвопарварӣ ва истеҳсоли гӯшт дар кишвар муваффақ гардидааст. Лекин як чиз нофаҳмо мондааст, ки агар истеҳсолот зиёд бошад, пас чаро дар баробари ин нархҳо ҳам босуръат боло мераванд. Дар ҳоле, ки ҳоло дар Тоҷикистон маҳсулоти гӯштӣ қариб, ки аз хориҷ ворид намешавад ва агар ворид шавад ҳам, хеле кам аст. Яъне ин маҳсулот истеҳсоли ватанӣ буда, барои дар як сатҳи муайян нигоҳ доштани нархи он бояд тадбирҳо андешид. Бубинед, вақте нархи маҳсулоти гуштӣ дар Қазоқистон боло рафт, ҳукумати Қазоқистон дарҳол содироти онро ба берун аз кишвар манъ намуд, то ки барои мардуми худаш нархро муносиб кунад. Вале дар мо аз рӯйи омор сол аз сол истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ зиёд шуда истодааст, вале нарх ҳам “ман қафо намонам” гуфта, босуръат ба боло равон аст. Хадамоти зиддиинҳисорӣ куҷоро нигоҳ мекарда бошад?

Ин дар ҳолест, ки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба таъкид кардааст, ки болоравии нарх дар бозорҳои кишварро назорат кунед, вале сабаб дар чӣ бошад, ки нархҳо дар бозорҳои мо рӯз ба рӯз ба боло мераванд, вале мақомоти назоратӣ муҳри хомӯшӣ бар лаб задаанд.


Зотҳоро бояд иваз кард...

Сабаби боло рафтани нархҳои маҳсулот ва минҷумла гӯштро иқтисоддони кишвар Сайфиддин Камолов чунин шарҳ дод: “Имрӯз пеш аз ҳама дар Тоҷикистон рақобати солим вуҷуд надорад, фурӯши аксари маҳсулот қариб монополия шудааст. Сабаби дувум хусусӣ кардани чорводорӣ метавонад бошад, чунки аксари заминҳоро хусусӣ кардаанд ва дар онҷо барои нигоҳ доштани моли худ иҷорапулии зиёд месупоранд. Сеюм, ба арқоми вазоратҳо бовар кардан ғайриимкон аст, чунки онҳо аксар вақт изофанависӣ (яъне аз будаш зиёд менависанд) мекунанд, вале чаро андешаи онро намекунанд, ки бо зиёд нишон додан аҳволи мардум хуб намешавад. Масъалаи дигар метавонад ин бошад, ки пас аз пандемия воридоти аксари маҳсулотҳо кам шуд ва ба эҳтимоли зиёд масъалаи сарҳад ва роҳ низ имрӯз таъсиргузор аст”.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгар Бузургмеҳри Муродилло мегӯяд, ки болоравии нархи гӯшт ва маҳсулоти ниёзи аввалия чанд ҷанба дорад:

«Дар мадди аввал айби худи мардуми мо аст, ки вақте нархҳо бо сабабҳои сунъӣ боло бурда мешавад, ба он аҳамият намедиҳанд ва бо ҳамон нархи ба савдогузошта харидорӣ мекунанд ва фурӯшанда мебинад, ки барои мардум аҳамият надорад, мақоли тоҷикии “бардорад зам кун”-ро истифода мебарад ва ин яке аз сабабҳои болоравии нарх мегардад.

Дувум метавон гуфт, ки аз ноуҳдабароии нозирони мақомот  ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ аст. Онҳо барои поён кардани нарх талош намекунанд ва ҳатто назорат намекунанд, ки чаро нархҳо ин қадар пайдарпай боло меравад. Бубинед, агар мақомот захираи кофӣ медошт ва бозорро бо маҳсулот таъмин карда метавонист, дар инҷо рақобат ба миён меомад ва нархҳо боло намерафтанд ё назорати қатъӣ мешуд. Фарзи мисол, агар дар фалон минтақаи кишвар нархро боло бурдаанд, бояд ҳатман сари ин масъала андеша кунанд, чунки агар садди роҳи ин нашаванд, то ба марказ омада мерасад”, - иброз дошт ӯ.

Ба андешаи ин коршинос, ҳукумати кишварро зарур аст, ки барои таъминкунандагони маҳсулотҳои ниёзи аввал сабукиҳо пешбинӣ намояд. Ё назоратро ҷиддӣ гирад,  то нафарони манфиатдор барои манфиати худ нархро боло накунанд ва номи давлатро дар арсаи ҷаҳон паст назананд.

Аммо чорвопарварон сабаби боло рафтани нархро дар боло рафтани хӯроки чорво ва аз ҳад зиёд будани мол дар чарогоҳҳо медонанд. Дар инҷо хушксолӣ низ таъсири зиёд дошта, инчунин иҷораи замин ҳам гарон аст.

Як нафар мутахассиси соҳаи чорводорӣ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ки аксари заминҳои чорвопарварӣ бояд истироҳат кунанд, вале аз сабаби камборишӣ ва хушксолӣ ва чорвои зиёд, бо ду гашт замин ба хоктӯда ва хушказор табдил мешавад.


“Барои пеши роҳи ин мушкилро гирифтан бояд бештар фермаҳо ташкил карда шавад ва дар онҷо зотҳои гӯштии молҳоро павариш кунанд, пеши роҳи ҳамааш гирифта мешавад. Ҳам замин истироҳат мекунад ва барои соли дигар мутобиқ мешавад ва ҳам аз ферма ва зоти бонӣ мекардаамон маҳсулоти хуб мегирем”, - гуфт коршинос.

Тибқи маълумот, дар Тоҷикистон саршумори чорво қариб ба 3 миллион сар мерасад. Агар дар бораи дигар шакли маҳсулот ва озуқаворӣ суҳбат кунем, гарон шудани нархи аксари маҳсулоти воридшаванда аз мо кам вобастагӣ дорад, вале дар инҷо ҳам бояд назорат қатъӣ бошад. Фарзи мисол, имсол дар кишвар нархи пиёз якбора боло рафт, чун солҳои қаблӣ нархи сабзӣ ва картошка боло рафта буд, вале афзоиши нархи онро зуд дарк карданд, ки содироти он ба хориҷ аст ва пеши роҳашро гирифтанд ва имрӯз нарх каме муътадил шуд. Агар имрӯз масъулин сабаби бамаротиб ва аз ҳад зиёд боло рафтани нархи маҳсулоти гӯштиро ёбанд ва зуд аз паси ислоҳи он шаванд, бовар дорам, ки нархи он ҳам зуд поин ва ба як ҳадди муқаррарӣ омада мерасад.

Соле қабл роҳбари давлат дар ҳудуди ноҳияи Данғара корхонаи парандапарварии “Мармарӣ”-ро ба истифода дода буд ва гуфта мешуд, ки ин корхона дар як сол метавонад 5 миллион сар чӯҷа парвариш намояд ва 2 миллион сар аз ин метавонад барои маҳсулоти гӯштӣ истифода шавад.


Ин яке аз корхонаҳои замонавии навин буд ва ба ғайр аз ин дар кишвар чандин корхонаҳои парандапарварии дигар вуҷуд дорад. Ин ки дар онҷо чанд миллион мурғ парвариш меёбад, иттилое дар даст надорам. Вале ҳаминро бояд қайд кард, ки имрӯз нархи гӯшти мурғ низ нисбат ба панҷ соли пеш беш аз 100 дарсад боло рафт.

Барои рушд ва дастгирии соҳаи чорводорӣ аз тарафи президенти кишвар 9 сол пеш қариб 4 млн сомонӣ ҷудо шуда буд ва дар ин муддат шояд чандин миллиони дигар ҷудо шуда бошад, ки мо маълумот надорем. Агар ба омор бовар кунем ва ҳисоботҳои додашуда дуруст бошанду соҳаи чорводорӣ хуб шуда бошад, пас сабаби болоравии нархи гӯшт дар чист ва барои ба ҳадди рекордӣ расидани нархи гӯшт, ки имрӯз аксари оилаҳои кишвар наметавонанд ба он дастрасӣ дошта бошанд, кӣ бояд ҷавоб диҳад?!

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед