Ru  | Tj
Коршиносон зарфияти ҷалби сармояи Русия ба рушди Тоҷикистонро баҳогузорӣ карданд
Коршиносон зарфияти ҷалби сармояи Русия ба рушди Тоҷикистонро баҳогузорӣ карданд
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Коршиносон зарфияти ҷалби сармояи Русия ба рушди Тоҷикистонро баҳогузорӣ карданд

Нашр шуд

Новобаста аз он, ки Русия барои чандин сол мавқеияти бузургтарин шарики тиҷории Тоҷикистонро касб намудааст, масъалаҳои афзоиши ҳаҷми содироту воридоти байни ду кишвар муддатест мавриди баррасии тарафҳо қарор дода шудааст.

Бар асоси додаҳои расмӣ, гардиши тиҷорӣ байни Русия ва Тоҷикистон дар соли 2023 ба ҳудуди 1,8 миллиард доллар расидааст ва ин амрро коршиносон ҳаддиаксари таърихӣ ном мебаранд. Ҳамчунин, аз моҳи январ то апрели соли ҷорӣ мубодилоти тиҷории ду кишвар беш аз 24 дарсад нисбат ба давраи мушобеҳи соли қабл афзоиш ёфта, ба 636,8 миллион доллар расидааст.

Намояндагони Тоҷикистон барои ҳифзи ҳамкории иқтисодии дуҷонибаи судманд ҳамасола дар Анҷумани байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (АБИП) ширкат мекунанд. Ба ақидаи бархе аз коршиносон, АБИП дар барқарории иртиботи ғайрирасмии Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари ҳамсоя кумак мекунад.

Муовини роҳбари Ташкилоти мухтори ғайритиҷории «Ҷамъияти байнулмилалии таҳқиқотии Сибир», Марат Сафаров ва омӯзгори бахши  муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисодиёти ҷаҳон ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии иқтисодиёт ва идораи Новосибирск Муҳаммад Назаров дар мавриди чашмандози тавсеаи бештари тиҷорат байни кишварҳо ва соҳаҳои умедворкунандаи Тоҷикистон бораи ширкатҳои Русия суҳбат карданд.


Муҳаммад ва Марат, метавонед муҳимияти ҷалби сармоягузории Русия ба Тоҷикистонро шарҳ диҳед?

Дар шароити геополитикии феълӣ, тиҷорати Русия дар ҳоли таҷрибаи таҳаввулот аст ва фаъолона ба дунболи бозорёбии ҷадиди фаъолияти худ қарор дорад. Дар ин росто, минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, таваҷҷуҳи доираҳои тиҷории Русияро ба худ ҷалб мекунад. Барои Тоҷикистон як «равзанаи фурсатҳо» дар ҳоли зуҳур аст, то фазои матлубу рақобатпазире эҷод кунад, ки қодир ба ҷалби сармояи Русия бошад. Ин амр дар навбати худ метавонад барои иштиғол ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ - иқтисодии ҷумҳурӣ кӯмак кунад.

Маълум аст, ки Русия дар тиҷорати хориҷӣ бо Тоҷикистон ҷойгоҳи пешраве дорад. Ба ақидаи Шумо, ин нишондод дар оянда метавонад афзоиш ёбад?

Ҳаҷми тиҷорати беруна бешубҳа афзоиш хоҳад ёфт, аммо суоле матраҳ аст, ки чӣ касоне аз ин рушд суде хоҳанд бурд. Тавозуни тиҷорат бешак ба нафъи Тоҷикистон нест ва баид аст дар 5-10 соли оянда тағйир кунад. Бо ин ҳол, ҳама аз хукумати Тоҷикистон, доираҳои тиҷорӣ ва намояндагиҳои дипломатӣ бастагӣ дорад. Маҳз ҳамин гурӯҳҳо бояд барои тадвини як барномаи стратегӣ бо ҳамдигар ҳамкорӣ кунанд ва барои ҷалби сармоя, мол ва хидматрасониҳо талош кунанд. Тоҷикистон бояд тиҷорати хурдро канор гузорад ва барои намояндагони тиҷорати бузургтари Осиёи Марказӣ шароити мусоид эҷод кунад.

Дар ҳоли ҳозир чӣ бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон барои ширкатҳои русӣ ҷолибанд?

Саноат, бахши кишоварзӣ, обу энергетика ва гардишгарӣ бештарин алоқаро доранд.

Фаъолияти Анҷумани байнулмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (АБИП) дар соли ҷориро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

АБИП майдонест, ки дар он намояндагони тиҷорат ва ҳукумати беш аз 100 кишвари ҷаҳон гирдиҳам омадаанд. Ин Анҷуман фурсатҳои олӣ барои барқарори иртиботи корӣ бо мақомоти федералӣ ва минтақавии Федератсияи Русия, намояндагони соҳибкорони соҳаҳои мухталиф, инчунин ҷустуҷӯи сармоягузорон фароҳам меорад.

Имсол намояндагони Афғонистон дар ин Анҷуман ширкат доштанд. Ба назари шумо мушорикоти онҳо чӣ гуна метавонад барои Русия муфид бошад?

Толибон* ба дунболи ҳазфи онҳо аз феҳристи созмонҳои террористӣ ҳастанд. Барои Толибон*, мушорикот дар АБИП як қадами дигар дар роҳи эътирофи ҳукумати расмии Афғонистон ва ҳамгироӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Барои Русия ширкат дар ин раванд нақши онро ба унвони яке аз бозингарони калидӣ дар ҳалли масъалаи Афғонистон ба ҷаҳониён нишон медиҳад. Илова бар ин, ин нишондиҳандаи омодагии Москав барои эҳтиром ба ҳувияти миллии ҳар як кишвар ва эҷоди мушорикот бо тамоми кишварҳо аст.

Лозим ба зикр аст, ки 27-умин Анҷумани байнулмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (АБИП-2024) аз 5 то 8 июн бо иштироки 21 ҳазор намояндаи 139 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, ки дар ҷараёни он беш аз 980 созишнома ба маблағи умумии 6,4 триллион рубл баста шуд.


*-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон


  Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!

https://t.me/halvaTJnews 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед