Ислоҳталабии мардум ё фурсатҷӯии Хоманаӣ: Эрону ҷаҳонро дар аҳди Пизишкиён чӣ интизор аст?
Нашр шуд
Пирӯзии Масъуд Пизишкиён дар даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон бозтоби густурдае дар расонаҳои ҷаҳон дошт ва шабакаҳои телевизионӣ, рӯзномаҳо ва пойгоҳҳои хабарӣ дар дунё аз завояи мухталифе ин иттифоқро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Бо таваҷҷуҳ ба натиҷаи ғайримунтазираи интихобот ва пешбиниҳои қабл аз сониҳаи суқути чархболи ҳомили Иброҳим Раисӣ дар моҳи майи соли равон, интизор мерафт, ки усулгароён ҳадди ақал, то 5 соли дигар дар қудрат боқӣ монанд. Аммо, намояндаи ислоҳталаб ва ҷарроҳи қалб, ҷаноби Пизишкиён дар ин интихобот бо канор задани панҷ рақиби муҳофизакор ба унвони нуҳумин раисҷумҳури Эрон интихоб шуд. Ҳадс зада мешавад, ки мумкин аст, ӯ сиёсати хориҷии амалгароёнаеро пеш гирад ва танишҳо бар сари музокироти мутаваққифшуда бо қудратҳои ҷаҳонӣ барои эҳёи барҷомро коҳиш диҳад.
Ин дар ҳолест, мунтақидони низоми Эрон бар он боваранд, ки баргузории тазоҳуроти мардумӣ дар солҳои ахир, алайҳи низом ба як раванди музмин табдил шудааст, ки тайи ду даҳаи гузашта, ҳамасола алайҳи давлат ба рағми рӯйи кор омадани чеҳраҳои гуногуне монанди Хотамӣ, Аҳмадинажод, Руҳонӣ, Раисӣ такрор мешавад. Ва Алии Хоманаӣ қудрати ин, ки Пизишкиёнро ҷилави мардум гузорад, дошт, то қадре “нафас”-и озод кашида, андаке умед ба “наҷот” дошта бошад.
Елена Панина, мудири Муассисаи байналмилалии роҳбурдии сиёсӣ ва иқтисодӣ - РУССТРАТ дар саҳифаи шахсиаш дар “Телеграм” гуфтааст, ки дар низоми сиёсии Эрон раисиҷумҳур тасмимгирандаи аслӣ дар бораи сиёсатҳои ин кишвар нест. Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ боқӣ мемонад. Маҳз қарорҳои ӯ муайян мекунанд, ки чӣ касе раисҷумҳур мешавад ва кадом мақсаду масирро амалӣ мекунад. Бар хилофи майли Оятуллоҳ ягон сиёсатмадор раисҷумҳур нахоҳад шуд. Ҳангоми ифшои ҳадафҳои раисҷумҳур ва ё кашфи ангезаҳо бояд ҳамеша ба Оятуллоҳ нигоҳ кард. Яъне метавон гуфт, ки маҳз ин роҳбари олӣ марҳилаи номзадӣ ва пирӯзии қалбшиноси ислоҳотхоҳ, шартан ғарбгаро - Масъуди Пизишкиёнро таъйид кардааст. Ва тасмими номзадҳои усулгаро мухолифат бо Оятуллоҳ Хоманаӣ нест, балки як иқдоми ҳамоҳангшуда бо эшон аст. Хоманаӣ чӣ мехоҳад ва барои чӣ ҳоло ӯ ба Пизишкиён ниёз дорад?
“Пизишкиён дар интихоботи ахир “аспи тира” буд. Ӯ миёни нухбагони Эрон шахсияти барҷаста набуд ва мавқеи вакили Маҷлиси намояндагонаш имкон намедод, ки ӯ дар тахтаи шоҳмот бозигари аслӣ ҳисоб шавад. Тамоми тарҷумаи ҳоли Пизишкиён нишон медиҳад, ки ӯро наметавон “Горбачёви эҳтимолии эронӣ” ҳисоб кард. Баръакс, ин симои ислоҳотгар аз як анклав ё минтақаи қавмӣ мавриди баррасӣ ва истифодаи хос қарор мегирад. Алии Хоманаӣ бидуни шак эҳсос мекунад, ки як тағйири насли сиёсатмадорон дар ҷомеаи Эрон дар ҳоли наздик шудан аст. Эҳтимоли шиддати танишҳои иҷтимоӣ ҳамоно вуҷуд дорад, ки метавонад ба эътирозоти ҷиддӣ ва бо аз байн бурдани иқтисоди ин кишвар оварда расонад. Нухбагони муҳофизакори собиқ аз таҳкими ҷомеае, ки дар он тақозо ба тағйироти комил шуда буд, даст бардоштанд. Яъне элитаи сиёсии Эрон мехоҳанд бо таъмини ҳамбастагии қаламравҳо ва гуруҳҳои қавмии ин кишвар назорат бар динамикаи иҷтимоиро дошта бошад. Маҳз ба ҳамин далел буд, ки раҳбарони ҳақиқии Эрон аз интихоби Пизишкиён ҳимоят карданд. Дар сиёсати хориҷӣ ҳоло ин намояндаи ислоҳталаб ҷонибдори Ғарб маҳсуб мешавад ва бояд Иёлоти Муттаҳидаро мутақоид кунад, ки ба созиши ҳастаӣ баргардад ва таҳримҳоро лағв карда, дороиҳои яхбандишударо озод кунад ва Исроилро аз оғози ҷанг бо Ҳизбуллоҳ боз дорад”,- иброз доштааст Панина.
ҲАРОСИ РОҲБАРИ АРШАДИ ЭРОН АЗ ХАШМИ МАРДУМ?
Возеҳ аст, ки ин масири нишондиҳанда як ҷиҳати роҳбурдӣ барои Теҳрон аст ва тағйири раисҷумҳурон ё давлатҳо бар он таъсире надорад. Балки аз раҳбари аршади Эрон сарчашма мегирад, ки бо тағйири раисҷумҳурон дар посух ба чолишҳои беруна, тавозуни дохилии қудратро дар Эрон ҳифз мекунад. Аммо, Теҳрон ҳеҷ гоҳ ба иҷрои он чизе, ки бозигарони бузурги геополитикӣ аз он мехоҳанд, шитоб намекунад. Эрон медонад, ки чӣ гуна вақтро боздорад ва ба роҳи худ бирасад. Бинобар ин, на Амрико, на Русия ва на Чин набояд аз Эрон интизори тағйироти сареъ бошанд.
Ба андешаи хонум Панина, роҳбарияти олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ 85-сола аст ва нигаронии вогузарии қудрат ба ҷонишини шоиста ё ба як вориси арзандаро дорад. Зердастони ӯ, писараш Муҷтабо Хоманаиро беҳтарин номзад меҳисобанд. Даргузашти Иброҳим Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон, ки хостори мақоми Оятуллоҳ буд, Муҷтаборо ба вориси эҳтимолӣ табдил додааст.
Муҳофизакорон бар ин боваранд, ки қудрати Хоманаӣ имкон медиҳад, ки масъалаи ворисии худ ба нафъи Муҷтабо ҳал шавад. Аммо, коршиносон бар ин назаранд, ки мансаби Оятуллоҳ ирсӣ нест ва аз падар ба писар намегузарад. Зеро дар Эрон гуруҳҳои фишоровар бо тарафдории Ғарб вуҷуд дорад. Онҳо бо диаспораҳои сокини Аврупо, ИМА ва Канада алоқаманд ҳастанд. Ин гуруҳҳо аз қудрат решакан нашудаанд ва аз ҷониби Хоманаӣ ва Сипоҳи посдорони инқилоб барои бозӣ бо Ғарб, эҷоди каналҳои иртиботӣ ва фаъолиятҳои иттилоотӣ истифода мешаванд. Ба ин хотир, на Хоманаӣ, на Сипоҳ ва на Пизишкиён намехоҳанд ба ин иҷозат диҳанд, то муноқишаҳои дохилӣ оғоз шавад ва ин кишварро заиф кунанд.
Дар гузашта, мухолифат бо сиёсатҳои низоми кунунӣ маҳдуд ба мухолифони мустақар дар хориҷ аз ин кишвар ва ақаллиятҳои ҷудоиталаб буд, аммо имрӯз доираи мухолифат густариш ёфта, ҳамаи ақшори Эронро дар бар гирифтааст. Ва низоми кунунӣ аз хашми шаҳрвандонаш ҳарос дорад, зеро сиёсатҳои ин кишвар бештар мазҳабӣ буда, бо сиёсати кушоиши иҷтимоӣ, иқтисодӣ мухолиф аст ва ҳамин амр боиси идомаи буҳронҳои мухталиф дар Эрон шудааст. Дар ин кишвар, тамоми ниҳодҳои давлатӣ аз иқтисодӣ то бахшҳои хадамотӣ, сиёсӣ, низомӣ ва иттилоотӣ аз сӯи руҳониён мудирият ва раҳбарӣ мешавад ва ба ин далел давлат дар ҳоли уфул қарор дошта, бо нобасомониҳои нав ба нав даст ба гиребон аст.
Ба навиштаи расонаҳо, Эрон буҳрони бесобиқаи иқтисодиро аз сар мегузаронад. Таварруми солона тақрибан 50 фоизро ташкил медиҳад. Ҳадди ақали музди меҳнат 190 доллар аст, ки сокинони кишварро маҷбур мекунад, ки барои таъмини рӯзгор мубориза баранд. Маоши зиндагӣ дар Теҳрон тақрибан 500 доллар ва дар шаҳрҳои дигар 350 доллар аст.
Раисҷумҳури ҷадид Масъуд Пизишкиён, ки мутааллиқ ба падари озарбойҷонӣ ва модари курдӣ аст, ваъдаи ҳифзи ҳуқуқи занон, ақаллиятҳои қавмӣ, ҷилавгирӣ аз сонсур ва маҳдудияти интернетро додааст, чун ба хубӣ медонад, ки ҳаққи озодии иҷтимоии мардум аз муҳимтарин пояҳои ҳуқуқи башар ва афроди ҳар ҷомеа ба шумор меравад. Ҳаводиси солҳои ахир вобаста ба авҷи хезишҳои мардумӣ дар ин кишвар нишон дод, мардум талабу хостаҳое доранд, ки ба амалкарди мансабдорон, яъне коргузорони низоми кунунии Эрон ба вежа дар масоили иқтисодӣ, фароғатӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ марбут мешавад. Яъне дар раъси низом, чунин тасаввур вуҷуд дорад, ки норизоятҳо дар Эрон тамом нашудааст, балки он монанди хокистаре зери оташ аст, ки бо як шаррора ва ё алангаи кӯчак метавонад, шуълавар шавад.
РАСИДАН АЗ РАИСҶУМҲУРИ “УСУЛГАРО” БА “ИСЛОҲТАЛАБ” ДАР МУДДАТИ КӮТОҲ
Раисҷумҳури тозаинтихоб дар як паёми ахираш ба мардуми Эрон гуфт, мисли одамони маъмулӣ аст ва аз ӯ бисёр таъриф накунанд.
“Ман ба унвони як фард борҳо гуфтам ва алъон ҳам мегӯям, ки ҳеҷ бартарияте нисбат ба ҳеҷ кадоме аз шумо дар худ намебинам. Вақте тарзе бо ман бархӯрд мекунанд, мисли он, ки касе шудаам аз худам метарсам. Ман мисли шумо ҳамон одам ҳастам, ҳеҷ иттифоқе науфтодааст. Ҳамон одам ҳастам, ки бо ҳам ба маҷлис роҳ мерафтем, даст медодем бо ҳам шухӣ мекардем ва алъон низ ҳамон одам ҳастам. Агар ба роҳи дуруст рафтам ва ба ин ҳарфҳоям пойбанд будам, қабулам кунед, агар не инзорам (огоҳам) кунед. Бароям бигӯед, ки набояд ин корро кунам, чун агар бехудӣ аз ман таъриф кунед, тасаввур мекунам, ки касе шудам. Ин шумоед, ки маро табдил ба як одами ғайри мутаориф мекунед, ҳеҷ фарқе накардаам, танҳо масъулияте додед, ки ин бори сангинро кумамакам кунед, то амалиётӣ кунам”,-афзуд раисҷумҳури ҷадид.Қабл аз баргузории даври дуюми интихоботи чаҳордаҳуми Эрон интизороти бисёриҳо аз пирӯзии номзадҳои “усулгароён” дар ин маъракаи сиёсӣ буд, вале баръакси пешгӯии аксари таҳлилгарон номзади “ислоҳталаб” барандаи интихобот шуд.
Дар муддати кутоҳ аз як раисҷумҳури “усулгаро” ба як раисҷумҳури “ислоҳталаб” расидани Эрон барои бисёриҳо қобили пешбинӣ набуд. Талабшоҳи Салом, таҳлилгар ва рӯзноманигор изҳор дошт, ки низоми сиёсии Эрон ба вежа сохтори давлатдории ин кишвар як кам печида аст. Масалан, раисҷумҳур вобастагиҳое аз роҳбари олии ин кишвар дорад ва инчунин парлумон низ дар баъзе масоил ҷиддӣ аст. Ба ин хотир, чунин норавшаниҳо масъаларо мушкилтар мегардонад, то ҳарфи мушаххасе гуфт, ки ислоҳталабон метавонанд дар муқоиса ба усулгароён як тағйироти куллиеро дар сиёсатҳои Эрон пиёда созанд.
“Ҳолон, ки Эрон аз лиҳози фишорҳои дохилии иқтисодӣ, иҷтимоӣ сатҳи таваррум, бекорӣ, таҳримҳои байналмилалӣ идомаи ҷанг дар Фаластин ва дигар чолишҳои мавҷуд дар сатҳи байналмилалӣ ба танг омадааст. Ва дар раъси низом барномарезӣ шуд, то як намояндаи раисҷумҳур аз ҷиноҳи ислоҳталаб ба хотири ҳифзи манофеи сиёсатҳои ин кишвар рӯйи кор ояд. Вақте аз ҷараёни усулгароҳо намояндае ба симати раисҷумҳурӣ мерасид ва боз ҳам масоили диниву мазҳабиро матраҳ карда, болои мардум фишор меовард, ҳукумати Эрон ба истилоҳ “аз замину осмон” канда мешуд. Зеро ҳисси тарси зимомдорон аз мавҷи мардуми норозӣ бо пуштибонии кишварҳои хориҷӣ, ки зидди низоми исломӣ ҳастанд, вуҷуд дошт ва ба ин хотир баъзе гузаштҳое сурат гирифту намояндаи ислоҳталаб сари қудрат омад”,-гуфт ӯ.Ба иддаои мунтақидони низоми Эрон дар ҳукумати ин кишвар афроди “тундгаро” дар байни усулгароён зиёд аст, ки таҳаммули ақидаи мазҳаби дигар, хусусан аҳли суннатро надоранд ва мазҳаби шиаро назди ҷаҳониён чун чеҳраи нарм муаррифӣ месозанд.
Аксари коршиносон мутмаин ҳастанд, ки тағйироти феълии раисиҷумҳури Эрон наметавонад равобити ин кишварро бо шарикон ва мухолифони калидӣ ба таври қатъӣ тағйир диҳад. Чун дар ин масъала, на омили дохилӣ, балки шароити берунӣ нақши асосиро мебозад ва он ба ҳеҷ ваҷҳ тағйир намеёбад.
Ҳан Тзианвей, коршиноси Маркази таҳқиқоти Ховари Миёнаи Донишгоҳи пажӯҳиши хориҷии Шонгҳой дар суҳбат бо “ТАСС” гуфт, бисёр чиз аз пуштибонии муҳофизакорон ва натоиҷи интихоботи имсолаи президентӣ дар ИМА вобаста хоҳад буд.
“Гарчанде Пизишкиён муддати тӯлонӣ дар сиёсат буд, вале узви доираҳои асосии сиёсӣ нест ва мавқеъҳои сиёсати хориҷиаш мисли шахсиятҳои муҳофизакор пешгӯинашаванда аст, аммо ваъдаи пешазинтихоботии ӯ барои беҳтар кардани муносибатҳо бо Ғарб буд. Инчунин таъсири таҳримҳои давомдори байналмилалӣ Эронро заифтар кардааст, аз ин рӯ, бо руйи қудрат омадан ба ваъдааш ҳатман барои беҳбудии равобит бо кишварҳои ғарбӣ талош хоҳад кард. Аммо ба таври куллӣ, Эрон дар беҳбуди равобит бо кишварҳои ғарбӣ бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ хоҳад буд. Мумкин аст ба ҷойи дур шудан ё наздик шудан ба ҳар яке аз тарафайн, саъй кунад таодул байни Ғарб, Чин ва Русияро ҳифз кунад”,-гуфтааст ин таҳлилгари чиноӣ.Самаранокии чунин талошҳо ба бовари ӯ ба як қатор омилҳо вобаста хоҳад буд. Яке аз онҳо дастгирии ин "усулгароёни оштинопазир” аст. Дар мавриди равобити Эрон бо Русия ва Чин, Ҳан Тзянвей мегӯяд, ки тавсеаи минбаъдаи равобит, то андозае аз бунёди равобити Теҳрон бо Ғарб вобаста хоҳад буд: “Агар равобити Эрон ва Ғарб ба таври қобили мулоҳиза беҳбуд ёбад, метавонад таваҷҷуҳро бар аҳамияти равобити бо Чин ва Русия парешон кунад”.
Коршиносони чиноӣ ба нашрияи Ҳизби коммунистии Чин, “Global Times”, натоиҷи даври дувуми интихоботи Эронро тавзеҳ доданд, ки мухолифати мавҷудаи Теҳрону Вашингтонро тағйир додан ғайриимкон аст. Муҳофизакорони бартаридошта дар Эрон ба хусус нухбагони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ инро намехоҳанд. Аммо ба эътиқоди Пекин, Вашингтон барои беҳбуди равобит бо Эрон ангезае надорад.
Ба ин далел ба гуфтаи чиноиҳо, ҷаноби Пизишкиён ба тақвияти равобит бо Чин ва Русия идома хоҳад дод. Маҳз ҳамин самтҳои дипломатӣ аз тавофуқоте аст, ки сиёсатмадорони эронӣ дар сатҳи баландтар бо пайвастани Эрон ба СҲШ дар соли 2023 ва БРИКС соли 2024 ба даст оварданд.
Ба навиштаи ин нашрия, агар эрониҳо воқеан мехоҳанд сатҳи зиндагии худро “дар вазъияти душвори минтақавӣ ва байналмилалӣ” баланд бардоранд, пас ин танҳо тавассути Чин имконпазир аст. Ҳеҷ гоҳ Ғарб дар ин ҷо кумак нахоҳад кард. Сӣ Ҷинпин, раисҷумҳури Чин дар табрикоти худ ба ҳамтои эрониаш Пизишкиён ба ин мавзуъ ишора карда буд. Ҳарчанд, Пекин инро медонад, ки Теҳрон на дар ҳама чиз мутеона иродаи худро мепазирад.
Аз сӯи дигар, нуфузи минтақаӣ яке аз аркони асосии сиёсатҳои Эрон аст, ки бо таваҷҷуҳ ба тағйири раисҷумҳурон ё давлатҳо ва тасмимгириҳо мумкин аст дастхуши тағйир набошад. Марбут ба он умдатан мутааллиқ ба раҳбари олӣ, сипоҳи посдорон ва ниҳодҳои дигар таъсиргузор аст. Ин нишондиҳанда идомаи нақши Теҳрон дар минтақа аст, ки шомили ҳимояти сипоҳ аз нируҳои ниёбатии Эрон дар кишварҳои Ироқ, Сурия, Лубнон, Фаластин ва Яман мешавад.
Ҳамчунин имкон надорад, ки Эрон аз сиёсати худ дар қиболи Исроил дар даврони Пизишкиён, ки онро “душман қасамхурда” медонад даст бардорад.
Раисҷумҳури мунтахаби Эрон дар паёме ба Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт, ки ҳимоят аз муқовимат реша дар сиёсатҳои усулии низоми Эрон, ормонҳои Имом Хумайнӣ ва раҳнамудҳои Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дошта ва бо қудрат тадовум хоҳад дошт: “Итминон дорам ҷунбишҳои муқовимат дар минтақа иҷоза нахоҳанд дод режими саҳюнистӣ ба сиёсатҳои ҷангафрӯзона ва ҷинояткоронаи худ алайҳи мардуми мазлуми Фаластин ва дигар миллатҳои минтақа идома диҳад”.
Дабири кулли Ҳизбуллоҳ ҳам дар паёми табрики ба Пизишкиён гуфт, ҷунбишҳои муқовимат Эронро пуштибонии қавӣ ва ҳамешагӣ барои мубориза медонанд.
СИЁСАТҲОИ ЭРОН ДАР ҚИБОЛИ ТОҶИКИСТОН СОБИТ ХОҲАД МОНД?
Қобили тазаккур аст, ки чархиши Эрон ба Осиёи Марказӣ дар замони роҳбарии марҳум Иброҳим Раисӣ қудрати сиёсии ин кишварро дар минтақа афзоиш дод ва чун соли гузашта, узви комили Созмони Ҳамкории Шонгҳой шуд, ки дар ростои муқобила бо таҳримҳои Ғарб ва инзивои сиёсии ин кишвар қадами ҳаётӣ арзёбӣ гардид.
Бо рӯйи кор омадани давлати ҷадид гумоназаниҳо дар бораи ояндаи равобити Эрон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, хоса Тоҷикистон оғоз шудааст. Дар ин миён, бархе коршиносон муътақиданд, ки дар сиёсати хориҷии раисҷумҳури ҷадид Душанбе дар авлавият нахоҳад буд, вале ақидаҳое низ ҳаст, ки рӯйкарди Эрон дар қиболи Тоҷикистон тағйири чандоне нахоҳад кард ва сиёсатҳои куллии ин кишвар дар қиболи Душанбе собит хоҳад монд.
Равобити Эрон бо Тоҷикистон, ки дар аҳди президентии Иброҳим Раисӣ дар ҳоли хуб шудан буд, ҳоло бо омадани Масъуд Пизишкиён чӣ гуна хоҳад шуд? Оё ба ягон сатҳи муносибатаре хоҳад расид? Марҳум Раисӣ пас аз интихоб ба унвони раисҷумҳур бо анҷоми аввалин сафари расмии худ ба Душанбе, яхи равобит байни ин ду кишварро об кард ва Тоҷикистон дар авлавиятҳои сиёсати хориҷии Эрон қарор гирифт.
Дар як муддати кӯтоҳ ҳамкории дуҷонибаи судманди Тоҷикистону Эрон ба таври пӯё дар тамоми заминаҳо тавсеа ёфта, ба сатҳи бесобиқа рушд намуда, муҳтавои ҷадид касб кард. Ва Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии Эрон ҷойгоҳи вижа дошта, сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳама заминаҳо рӯ ба рушд аст.
Коршиносон интизор надоранд, интихоботи ахир равобити Тоҷикистону Эронро тағйир диҳад. Дар Тоҷикистон изҳори умедворӣ мешавад, ки ин ду кишвар дорои равобити бародаронае ҳастанд, ки таҳти раёсатҷумҳурии Пизишкиён низ беш аз пеш тақвият хоҳад ёфт, чун ҷонибҳо муштоқи ҳамкорӣ барои пешбурди сулҳ ва рифоҳи минтақа ҳастанд. Инчунин, сатҳи равобит ва ҳамкориҳои бародаронаи ду кишвар ба гунае дар хидмати манофеи ду миллат бошад. Ба бовари таҳлилгар Талабшоҳи Салом, пайванди деринаи фарҳангӣ, динӣ ва таърихӣ миёни Эрону Тоҷикистон, бистари муносиб барои тавсеа ва таъмиқи равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф миёни Теҳрону Душанбе аст ва бояд аз фурсатҳои мавҷуд оқилона баҳра бурд.
“Ман ба ин назарам, ки равоити Тоҷикистон бо Эрон дар ҳамин сатҳ ё беҳтар аз ин ҳифз хоҳанд шуд. Ва даъвати раисҷумҳури Тоҷикистон низ ба унвонии Пизишкиён бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон бе посух нахоҳад монд. Теҳрон зарфиятҳое зиёде дорад, ки Душанбе метавонад аз он ба сурати ҷиддӣ истифода кунад. Яъне барои он, ки равобити ду кишвар дар даври раисҷумҳури ҷадид беҳтару хубтар шавад, бояд Тоҷикистон ба ҷониби Эрон пешниҳоди мушаххас намояд, то вобаста ба зарфиятҳояш ба мо кумак кунанд”, - гуфт Салом.
Дар барқияи табрикии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои тозаинтихоби эрониаш Масъуд Пизишкиён аз алоқамандии ҷониби Душанбе ба густариши беш аз пеши ҳамкории дуҷониба бар пояи усулҳои ҳусни тафоҳум, эҳтиром ва эътимоду эътиқоди холисона ба якдигар таъкид шуда, дар он аз ин мутахассиси ҷарроҳи қалб даъват шудааст, ки дар аввалин фурсати барояш муносиб аз Тоҷикистон боздиди расмӣ анҷом диҳад.
Воқеан, ҳатто агар Эрон ба думболи равобит гармтар бо Ғарб бошад ҳам, “нигоҳ ба Шарқ” ҳамчунон бахши муҳиме аз роҳбурдии дипломатияи чандҷонибаи ин кишвар хоҳад буд. Зеро равобити Эрон бо кишварҳои дӯст ба вежа Тоҷикистон бар сиёсатҳои ҷомеъ ва босубот, бар пояи манофеи муштарак асос ёфта, таҳким хоҳад ёфт ва ҳамчунон бахши муҳим ва воқеъбинона дар сиёсати хориҷии вай хоҳад буд.
Ба ин минвол, расидани Пизишкиён ба қудратро наметавон як рӯйдоди тасодуфӣ донист, ки дар сатҳи болоӣ тасмимгирӣ шудааст. Ҳоло пирӯзии ӯ як давраи сиёсии тӯлонимуддатро барои эшон ба армуғон хоҳад овард ва ё омадани ӯ як истгоҳи муҳим дар умури Ҷумҳурии Исломии Эрон ва сиёсати хориҷии ин кишвар аст? Ояндаи наздик шоҳиди посух ба ин пурсиш мешавем.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед