Ru  | Tj
Тило ба Швейтсария, маъдан ба Чин, сӯзишворӣ аз Русия: Шарикони дуру наздики Душанбе киҳоянд?
Тило ба Швейтсария, маъдан ба Чин, сӯзишворӣ аз Русия: Шарикони дуру наздики Душанбе киҳоянд?
Акс: аз манбаъҳои боз

Тило ба Швейтсария, маъдан ба Чин, сӯзишворӣ аз Русия: Шарикони дуру наздики Душанбе киҳоянд?

Нашр шуд

Савдои хориҷии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 4 млрду 417 млн долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 31% зиёд аст. Тоҷикистон бо беш аз 100 кишвари ҷаҳон додугирифт доштааст, ки аз рӯи ҳаҷм Русия дар сархат ҷой гирифтааст.

Таркиби савдои хориҷии кишвар нишон медиҳад, ки содирот дар муқоиса бо воридот ҳамоно ба маротиб камтар аст.  Савдои хориҷии кишвар 77 фоиз ба воридот ва 23 фоиз ба содирот рост меояд.

Тибқи омори тозаи дастраснамудаи Halva.tj, дар нимсолаи аввали соли равон воридоти коло ба Тоҷикистон 26 фоиз афзоиш ёфта, ба 3 млрду 421 млн доллар баробар шуд.

Дар зимн тайи 6 моҳ ҷумҳурӣ содиротро низ 53% зиёд намуда, ба зиёда аз 996 млн доллар расондаст. Бо вуҷуди афзоиши назаррас, содирот ҳамоно аз воридот тақрибан 4 баробар кам аст, ки ба гуфтаи коршиносон ниёз ба ислоҳ дорад.

Нисфи савдо бо шарикон дар ИДМ

Мақомоти гумруки Тоҷикистон савдои хориҷии ҷумҳуриро аз рӯи бахши кишварҳои хориҷи наздик ва хориҷи дур ҳисобукитоб мекунанд.

Ба кишварҳои хориҷи наздик, асосан аъзои ИДМ вориданд. Дар феҳрасти шарикони тиҷории хориҷи наздик мақомоти тоҷик аз ҷумла 10 давлат, Русия,Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Белорус, Арманистон, Озарбойҷон, Молдова ва Украинаро ворид кардаанд.  

Тибқи ҳисоби мақомот, савдо бо 10 кишвари хориҷи наздик дар нимсолаи аввали соли равон ба зиёда аз 2 млрду 37 млн доллар баробар шудаст, ки қариб нисфи савдои умумии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Ҳаҷми содирот ба ин кишварҳо 263 млн доллар ҳисоб шудааст, ки қариби 15 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудаст.

Воридот аз кишварҳои хориҷи наздик ба Тоҷикистон 27% зиёд шуда, ба 1 млрду 774 млн доллар расидаст.

Русия ва Қазоқистон дар сархат

Дар миёни шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон, чун анъана дар нимсолаи авввали соли равон низ Русия ва Қазоқистон пешсафанд.

Русия шарики асосии тиҷории Тоҷикистон боқӣ монда, дар 6 моҳ ба маблағи қариб 970 млн доллари амрикоӣ додугирифт доштаанд, ки нишондоди бесобиқа ба шумор меравад.

Тоҷикистон аз Русия дар нимсола ба маблағи 910 млн доллар мол харида, ба маблағи қариб 59 млн доллар содирот анҷом додаст.


Бар асоси омор, дар феҳрасти молҳои асосии воридотӣ аз Русия – маҳсулоти нафтӣ, масолеҳи сохтмонӣ, чӯбу тахта, озуқа ва даҳҳои дигар мебошанд. Тоҷикистон чун анъана ба Русия асосан меваю сабзавот содир кардааст.

Қазоқистон низ дар феҳрасти шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон боқӣ монд, ки ҳаҷми додугирифташон дар нимсола ба 669 млн доллар баробар шудаст. Дар шашмоҳа аз Тоҷикистон ба Қазоқистон асосан консентрати маъданҳо хориҷ шудааст. Қазоқистон дар навбати худ аз таъминкунандаҳои асосии Тоҷикистон бо гандум ва газ боқӣ мондааст, ки қисмати аъзами воридот ба ин маҳсулот рост меояд.

Харид зиёду фурӯш кам

Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба истиснои 10 кишвари зикргардида, боқимонда шарикони тиҷории Душанберо ҳамчун кишварҳои хориҷи дур зикр намудаст, ки дар ин феҳраст маблағҳои нисбатан бештар бо Чин, Туркия, Швейтсария рост меояд.

Тибқи омори нимсолаи гумрукӣ, қариби 54 дарсади савдои хориҷии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷи дур сурат гирифтаст. Ҳаҷми умумии савдо бо кишварҳои хориҷи дур қариби 2,4 млрд долларро ташкил додаст, ки нисбати соли пешӣ 43 фоиз зиёд шудааст.

Аз ҷумла содирот ба кишварҳои хориҷи дур ду баробар ё худ 112 фоиз зиёд шуда, ба 733 млн доллар расид. Воридот аз ин кишварҳо ба 1 млрду 647 млн доллар баробар гардид.

Савдо бо Чин, ки аз сармоягузорони бузурги иқтисоди Тоҷикистон мебошад, дар нимсолаи аввали соли равон ба андозаи беш аз 170 млн доллар афзоиш ёфта, ба 877 млн доллар расидааст. Воридот аз Чин ба 690 млн доллар баробар шудааст, ки садҳо номгӯи маҳсулот аз ашёи хурди маишӣ то мошинҳои барқиро дар бар мегирад.

Тоҷикистон дар 6 моҳ ба Чин ба маблағи 187 млн доллар маҳсулот содир кардааст, ки асосан аз маъдан ва консентрати металҳо иборат мебошад.


Додугирифт бо Швейтсария, ки асосан аз металҳои гаронбаҳои Тоҷикистон иборат аст, дар нимсолаи аввали соли равон ба андозаи беш аз 165 млн доллар афзоиш ёфта, дар умум ба 639,5 млн доллар расидаст. Аз ин содирот ба Швейтсария 298,5 млн долларро ташкил дода, воридот аз ин кишвар ба Тоҷикистон муодили 341 млн доллар шудааст. Миёни ин ду кишвар асосан металҳои гаронбаҳо додугирифт мешавад.

Туркия дар нимсолаи аввали соли равон аз ангуштшумор шарикони тиҷорӣ мебошад, ки тавозуни савдо бо он мусбат аст. Яъне ҳаҷми содирот ба Туркия дар муқоиса бо ҳаҷми воридоти коло аз ин кишвар ба Тоҷикистон бештар аст.

Додугирифти шашмоҳа бо Туркия ба 210 млн доллар баробар шудааст, ки аз ин содирот ба 111 млн доллар ва воридот ҳудуди 99 млн долларро ташкил додаст.  Аз ҷумлаи молҳои асосии содиротии Тоҷикистон ба Туркия пахта ва алюминий мебошанд.

Додугирифт бо Эрон дар нимсола ба зиёда аз 165 млн доллар расидааст, ки аз ин қариби 55 млн доллараш содирот ба ҷумҳурии исломӣ мебошад.

Дар ҳамин ҳол иқтисоддон Нозим Шарифӣ мегӯяд, қариби 4 баробар зиёд будани воридоти Тоҷикистон аз содирот ҳолатест, ки ниёз ба ислоҳ дорад. Ӯ мегӯяд, ҷумҳуриро зарур аст, тавлидоти дохилиро рушд диҳад то пойбандӣ аз колои воридотӣ кам шавад ва ҳамин тавр усувории бахшҳои иқтисоду молияи ҷумҳурӣ дар баробари омилҳои хориҷӣ таъмин гардад.  Вай таъкид намуд, ки дар он сурат сармоя бештар дар дохил монда, устувории пули миллӣ ва тавлидоти дохилӣ таҳким хоҳад ёфт.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед