Ru  | Tj
Нишасти Душанбе. Ҳамгироии минтақаӣ падид меояд?
Нишасти Душанбе. Ҳамгироии минтақаӣ падид меояд?
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Қирғизистон

Нишасти Душанбе. Ҳамгироии минтақаӣ падид меояд?

Нашр шуд

Ҳафтаи оянда шаҳри Душанбе мизбони мулоқоти панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал мешавад. Halva.tj аз Шералӣ Ризоён, сиёсатшиноси тоҷик хост, ки дар силсилаи матолиб аҳамият ва бурду бохти ин қолаби муколамаро баррасӣ кунад.

Шералӣ Ризоён, сиёсатшиноси тоҷик

ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Рӯзҳои 14-15 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мегардад. Таҳкими фазои эътимоди мутақобила дар Осиёи Марказӣ ба манфиатҳои ҳаётан муҳими кишварҳои минтақа мувофиқат карда, нуқтаҳои рушдро ба вуҷуд овард ва ба густариши тавонмандиҳои ҳар як давлат мусоидат намуд.

Вуруд ба мавзуъ. Фаргашт (таҳаввул)-и равандҳои минтақаӣ дар Осиёи Марказӣ боиси сифатан беҳтар шудани равобити кишварҳо гардид. Баргузории нишасти панҷуми давлатҳои минтақа собиткунандаи аҳамияти ҳамкориҳо дар ҷуғрофиёи Осиёи Марказӣ мебошад. Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар баробари Вохӯрии машваратии сарони давлатҳо дар Душанбе, ҳамчунин 12 ҳамоиши дигар, аз қабили Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ “Иқтисоди диҷитолӣ. Савдои диҷитолӣ ва навоварӣ”, Форуми дувуми ректорони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ҷаласаи нахустини вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ, Муколамаи занони Осиёи Марказӣ “Дастёбӣ ба баробарии гендерӣ дар заминаи созгорӣ ба тағйири иқлим дар Осиёи Марказӣ”, Форуми олимони Осиёи Марказӣ, Форуми роҳбарони мақомоти ваколатдори кор бо ҷавонони Осиёи Марказӣ, Форуми ризокорони Осиёи Марказӣ, Форуми созмони ҷамъиятии кор бо ҷавонони Осиёи Марказӣ, Форуми соҳибкорони ҷавони Осиёи Марказӣ баргузор мегарданд.

Ба муносибати баргузории ин нишасти минтақаӣ лозим донистем, то бурдҳо ва дурнамои густариши онро баррасӣ кунем. Инҷо махсус вожаи “бохт” ба кор бурда нашуд, чун густариши ҳамкориҳои минтақаӣ ба ҷуз аз бурд барои кишварҳо ягон бохт надорад.

Гуфтанист, ки бо гузашти 10 сол нахустин мулоқоти машваратии сарони кишварҳои минтақа моҳи марти соли 2018 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон доир гардид ва мизбони нишасти дуюм дар соли 2019 Тошканд буд. Вохӯрии сеюм соли 2021 дар Туркманистон барпо шуд ва мизбони нишасти чорум дар соли 2022 Қирғизистон буд. Бинобар ин, нишасти Душанбе давраи аввали нишастҳои машваратиро ҷамъбаст мекунад, чун ҳамаи кишварҳо онро дар қаламрави худ баргузор карданд.


Шералӣ Ризоён. Акс: Аз бойгонӣ

БУРДҲО АЗ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАӢ

Бо роҳандозии мулоқотҳо дар паҳнои Осиёи Марказӣ муҳити ҳамкориҳои дохилиминтақаӣ сифатан беҳтар шуд, ки тамоми соҳаҳоро дарбар мегирад. Ба таври фишурда чунин нуктаҳоро зикр кардан мумкин аст:

Ҳамкориҳои сиёсӣ: таҷрибаи ҳамкории кишварҳои минтақа дар се даҳаи худсолорӣ нишон медиҳад, ки он ҳамвор набуд ва пасту баландиравиҳо мушоҳида мешаванд. Омили заъфи ҳамкориҳои дохилиминтақаӣ сабаб гардид, ки тавонмандиҳои минтақа дар маҷмуъ ва ҳар як кишварҳо дар алоҳидагӣ ба таври шоиста татбиқ нашаванд. Набудани фазои эътимод дар минтақа ба осебпазирии кишварҳо аз чолишҳои ҷаҳонӣ сабаб гардид. Тағйири мусбати ҳамкориҳои сиёсии минтақаӣ, ки баъди соли 2017 ба мушоҳида мерасад, тавонмандиҳои кишварҳоро боло бурд ва раванди ба субъекти равобити байналмилал табдил шудани Осиёи Марказиро такон бахшид. Давлатҳои минтақа дар сатҳи дуҷониба созиш дар бораи шарикии стратегиро имзо карданд, ки моҳияти ҳамкориҳоро боло мебарад (Тоҷикистон соли 2015 бо Қазоқистон чунин санадро имзо намуда буд. Бо Туркманистон соли 2017 ва бо Ӯзбекистон соли 2018 имзо шуданд. Ба эҳтимоли зиёд, баъди ҳаллу фасли масъалаи марзӣ бо Қирғизистон низ чунин ҳуҷҷат ба имзо мерасад). Дар умум, ҳамкориҳои сиёсиро дар минтақа аз рӯйи роҳбурди “бурд-бурд” тавсиф кардан мумкин аст, чун самараи мусбатро ҳамаи кишварҳо эҳсос мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, давлатҳои Осиёи Марказӣ фурсатро аз даст надоданд, чун имрӯз таваҷҷуҳи як қатор давлатҳо, аз қудратҳои берунаи анъанавӣ то нав ба минтақа афзоиш ёфтааст. Барои мисол форматҳои “+Осиёи Марказӣ”-ро метавон баррасӣ кард. Ҷопон нахустин кишваре буд, ки соли 2004 чунин қолаби муколамаро бо давлатҳои Осиёи Марказӣ созмон дод. Баъдан, соли 2007 чунин қолабро Иттиҳодияи Урупо (дар доираи нахустин роҳбурди худ барои минтақа) ва Ҷумҳурии Куре роҳандозӣ карданд. Соли 2015 қолаби “C5+1” бо Амрико рӯйи кор омад. Ҳамин тавр, баъди оғози нишастҳои машваратӣ Ҳиндустон (соли 2018), Русия ва Чин (соли 2020), Давлатҳои арабии Халиҷи Форс (2022) чунин қолабро роҳандозӣ намуданд. Қарор аст, ки ин қолаб боз густариш меёбад ва дар ояндаи наздик нишастҳои “Минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором – Осиёи Марказӣ”, “Олмон – Осиёи Марказӣ” баргузор мешаванд. Аз эҳтимол дур нест, ки Эрон ва Покистон низ чунин қолаби муколамаро ба роҳ мемонанд. Аз ин рӯ, тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ дар Осиёи Марказӣ ба густариши сиёсати бисёрсамтии давлатҳо таъсири нек расонд ва имкони онро бештар намуд.

Ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ: набудани фазои эътимоди мутақобила дар минтақа ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ зарари бештар расонд. Осиёи Марказӣ аслан як минтақаи худкифо аст, вале адами ҳамкориҳои наздики иқтисодию тиҷорӣ имкон намедод, то давлатҳо аз тавонмандиҳои худ васеъ истифода кунанд. Бо беҳтар шудани ҳамкориҳои минтақаӣ дар 5 соли охир, мувофиқи омори расмии кишварҳо, додугирифти иқтисодиву тиҷоратии ҳам миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам бо шарикони беруна афзоиш ёфт. Паҳлуи мусбати ба чашм аёни ҳамкориҳои иқтисодӣ чунин аст: нуқтаҳои миллӣ ва минтақаии рушдро ташаккул медиҳад (i); осебпазирии иқтисоди миллии кишварҳоро дар баробари таҳаввулот, таҳдидҳо ва чолишҳои ҷаҳонӣ коҳиш дод ва дар оянда низ чунин вижагии худро ҳифз мекунад (ii); гардиши молу маҳсулот, хидматрасонӣ ва сармояро густариш бахшид, ки дар натиҷа корхонаҳои муштарак бо сармояи худи давлатҳои минтақа дар қаламрави онҳо таъсис ёфтанд (iii); ва ғайра. Нуктаи дигари муҳим ин ба ҳам монанд будани барномаҳои роҳбурдии кишварҳо аст, ки ҳолати мазкур барои комил намудани имкони якдигар ва ҷалби бештари сармояи хориҷӣ сабаб шуда метавонад.

Ҳамкориҳои обию энергетикӣ: Омили тағйири иқлим, дастрасии нобаробар ба захираҳои обӣ, шиддат ёфтани камбуди нерӯи барқ ва ғайра кишварҳои Осиёи Марказӣ водор месозад, то дар ин самт ҳамкориҳои нек дошта бошанд. Адами чунин ҳамкориҳо дар солҳои пеш, осебпазириро имрӯз бештар намудааст. Бо таҳаввул ёфтани ҳамкориҳо дар минтақа дар ин самт низ тамоюлҳои мусбат ба мушоҳида мерасанд. Душанбе ва Тошканд тасмим гирифтаанд, ки дар рӯди Зарафшон нерӯгоҳҳои муштарак месозанд. Қазоқистон ва Ӯзбекистон дар анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Қамбарото дар Қирғизистон ширкат мекунанд. Чунин тамоюлро 10 сол пеш ҳеч кас пешбинӣ намекард ва он вақт мисли афсона менамуд. Осиёи Марказӣ аз диди тавонмандиҳои обию энергетикӣ худкифо аст, вале набудани ҳамкориҳои наздик, фарсуда ва муосир набудани зерсохтори обёрӣ ва ғайра осебпазириро афзоиш додааст. Бинобар ин густариши ҳамкориҳо дар самти мазкур омили муҳими таъмини амнияти маҷмуъӣ ба шумор меравад ва муҳити ҳамёрии дохилиминтақаиро ба таври куллӣ тағйир медиҳад.
 Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ. Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Қирғистон

Ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ва транзит: ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар инзиво қарор дошта, ба роҳҳои баҳрӣ мустақиман дастрасӣ надоранд. Адами ҳамкориҳои неки минтақаӣ рушди ин соҳаро низ боз медошт. Густариши тавонмандиҳои нақлиётию транзитӣ омили муҳими рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Беҳтар шудани равобит дар ин самт ва моли таърих гардидани истифодаи омили зерсохти нақлиётӣ ҳамчун фишор болои якдигарро аз натиҷаҳои неки оғози вохӯриҳои машваратӣ қаламдод кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, бисёр муҳим аст, ки тавонмандиҳои нақлиётию транзитӣ ҳамчун омили муттаҳидкунанда амал кунад. Чун иродаи сиёсии мавҷуда ва фазои боэътимод миёни кишварҳо фурсатҳои навро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи зерсохти нақлиётию транзитӣ боз кардааст. Агар лоиҳаҳои мавҷуда амалӣ шаванд, мақоми минтақаро ҳамчун ҳаби транзитӣ баланд мебардорад ва ҳар як давлати Осиёи Марказӣ нафъи зиёдеро ба даст меорад.

Ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ: дар Осиёи Марказӣ барои эҳёи ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ байни кишварҳои минтақа зарурати ҷиддӣ вуҷуд дорад ва ин самт ҳамеша мубрам боқӣ мемонад. Худи баргузор гардидани ҳамоишҳои канорӣ дар Душанбе, аз қабили Форуми дуюми ректорон, Муколамаи занон, Форуми олимон, Форуми роҳбарони мақомоти ваколатдори кор бо ҷавонон, Форуми ризокорон, Форуми созмонҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон баёнгари тавонмандиҳои ин самт мебошанд. Ҳамчунин баъди беҳтар гардидани равобити минтақаӣ ба таври бесобиқа ҷаҳонгардӣ рушд кард, ки ҳам вижагии дохилиминтақаӣ ва ҳам беруна дорад. Имрӯз ғояи роҳандозии раводиди минтақаӣ бо номи “Раводиди Роҳи Абрешим” дар ҳоли баррасӣ аст ва бояд ба “Созишномаи Шенген” монанд шавад. Қадами нахустин барои амалӣ намудани ин тарҳ бекор кардани низоми раводид миёни худи кишварҳои минтақа мебошад, ки ҳамкориҳои фарҳангию гуманитариро боз густариш мебахшад.

Ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини амният: Номгӯйи таҳдидҳо ба минтақаро ба дохилию беруна ҷудо намудан мумкин аст. Бо оғози Вохӯриҳои машваратӣ силсилаи таҳдидҳои дохилӣ дар Осиёи Марказӣ коҳиш ёфт (аз ҷумлаи таҳдидҳои ҳассос масъалаи марзӣ миёни Душанбе ва Бишкек аст, ки ба эҳтимоли зиёд дар ояндаи наздик пурра ҳаллу фасл мешаван). Дар ин муддат ҳамкориҳои ҳарбию сиёсӣ миёни кишварҳо густариш ёфт ва размоиши муштараки дуҷониба низ баргузор шуданд. Давлатҳои минтақа ҳамкориҳо дар самти муқовимат ба ифротгароӣ ва ҳаросафканиро низ тақвият бахшиданд, ки бо назардошти омили қудратгирии Толибон аҳамияти махсус дорад. Чун дар қаламрави он кишвар ҷангҷӯёни зодаи Осиёи Марказӣ ҳузур доранд ва пеш аз ҳама ба минтақа таҳдид эҷод мекунанд. Ҳамкорию ҳамёрии давлатҳо дар самти таъмини амният омили муҳими ташаккули “болини амниятӣ” дар минтақа мебошад ва бо назардошти таҳаввули сиёсати ҷаҳонӣ ва хатарзо гардидани он аҳамияти махсусро касб менамояд.

НУКТАҲОИ МУҲИМ ДАР ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАӢ

Дар баробари дастоварду падидаҳои мусбат, ки дар боло ишора шуд, имрӯз дар назди кишварҳои минтақа як силсила масъалаҳо истодаанд, ки ҳаллу коҳиши онҳо танҳо дар ҳолати мавҷудияти ҳамсоягии нек имконпазир мебошад:

Якум, осебпазирии минтақа аз равандҳои глобалӣ. Осиёи Марказӣ дар ҳамсоягии 4 қудрати ҳастаӣ: Русия, Чин, Ҳинд ва Покистан ҷойгир аст. Рақобат ва зиддияти қудратҳои ҷаҳонӣ ба минтақа таъсири мустақим мерасонад. Дар пасманзари ҷанги Русия ва Укроин барои сиёсати бисёрсамтии давлатҳои минтақа чолиш ва фурсатҳои зиёде пайдо шуд. Танҳо ҳамкориҳои наздики минтақаӣ коҳиши таъсири манфии эҳтимолӣ ва воқеӣ аз ин ҷанг ва дигар рақобатҳои қудратҳои бузургро таъмин намуда метавонад.

Дуюм, ниёз ба ниҳодина шудани ҳамгироии минтақаӣ. Дар шароити кунунӣ бисёр муҳим аст, ки дар фазои Осиёи Марказӣ созмони махсуси минтақаӣ рӯйи кор ояд ва ҳамгироӣ ниҳодина шавад. Зарурати ҷиддӣ ба чунин формати равобит эҳсос мешавад, чун ҳамкориҳоро дар ҳама сатҳ тақвият мебахшад. Адами созмони хоси минтақаӣ раванди ба субъекти равобити байналмилал табдил ёфтани Осиёи Марказиро боз медорад, чун кишварҳо танҳо якҷо имкони бештарро барои ҳифз ва татбиқи манфиатҳои миллии худ пайдо мекунанд.

Сеюм, ниёз ба ҳамоҳангии бештари сиёсати хориҷӣ. Дар пасманзари рақобат ва зиддияти қудратҳои бузург дар паҳнои олам зарурати ҷиддӣ барои ҳамоҳангии бештари сиёсати хориҷӣ пайдо шудааст. Чун кишварҳо дар шакли дастҷамъӣ имкони бештари таъмини авлавияти худро соҳиб мешаванд. Дар дурнамои кӯтоҳмуддат пешбинӣ мешавад, ки раванди ба қутби худ ҷазб намудани минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷониби қудратҳои беруна боз ҳам афзоиш меёбад. Дар ин росто нигоҳ доштани тавозун ва амалӣ намудани сиёсати бисёрсамтӣ ниҳоят муҳим мешавад.

Чорум, ниёз ба ҳамоҳангӣ дар самти таъмини амният. Тақвияти ҳамкориҳо дар ин самт муҳим аст, чун 3 кишвари минтақа бо Афғонистон марзи муштарак доранд. Ҳарчанд рӯйкарди кишварҳо нисбат ба таҳаввулоти Афғонистон аз ҳам фарқ мекунад, вале дар баробари таъсири эҳтимолии манфӣ баробар зарар мебинанд. Ҳамсояҳои шимолии Афғонистон, ба монанди Покистон, Эрон ва Чин нуфузу таъсир ба равандҳои ин кишварро надоранд ва танҳо дар ҳамоҳангӣ имкони пуштибонии манфиатҳои худро соҳиб мешаванд. Аз ин рӯ, ҳамоҳанг ва ба ҳам наздик гардидани рӯйкарди кишварҳо нисбат ба равандҳои Афғонистон бисёр муҳим аст, чун тавонмандии бештарро барои Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон эҷод мекунад, ки таъсири мусбаташ ба Қазоқистон ва Қирғизистон низ мерасад.

Панҷум, ниёз ба таҳияи “Чашмандози Осиёи Марказӣ – 2050”. Арзёбии фурсатҳои эҳтимолӣ ва воқеъӣ барои минтақа собит мекунанд, ки дар баробари намунаҳои беруна боз ҷойгузини дохилӣ низ мавҷуд аст. Аҳамияти таҳияи чунин санади роҳбурдӣ дар он аст, ки то соли 2050 аҳолии минтақа афзоиш ва захираҳои табиъӣ коҳиш меёбанд. Тамоми чолишу фурсат ба ҳамин ду омил вобаста аст. Аз ин рӯ, чашмандоз барои давраи то соли 2050 имкон медиҳад, ки тамоми паҳлуҳои мусбати ҳамкориҳои минтақаӣ мушаххас шаванд ва ба унвони барномаи роҳбурдӣ ҳам барои худи давлатҳо ва қудратҳои беруна амал кунад. Чун шарти муҳими рушди устувори давлатҳои минтақа ин ҳамгироии бештар бо ҳамдигар ва сиёсати хориҷии пешгӯишаванда барои қудратҳои беруна аст.

Дар интиҳо зикр бояд кард, ки Осиёи Марказӣ дар низоми манфиатҳои миллии Тоҷикистон мақоми вижа дорад ва Душанбе татбиқи манфиатҳои ҳаётан муҳими худро бо минтақа алоқаманд медонад. Ин нукта борҳо дар суханрониҳои роҳбарияти олии кишвар зикр шудааст. Аз ин рӯ, интизори онем, ки Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ марҳилаи навро дар ҳамкориҳои минтақаӣ оғоз мекунад ва шароити мувофиқро барои ҳамёрӣ ва ҳамгироии минтақа фароҳам меорад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед