Ru  | Tj
Оғози марҳилаи нави таърихи муосири Қазоқистон
Оғози марҳилаи нави таърихи муосири Қазоқистон
Аксҳо: аз Интернет

Оғози марҳилаи нави таърихи муосири Қазоқистон

Нашр шуд

Фазои сиёсии Қазоқистон аз қабл қобили пешбинӣ будани раванди интихоботи президентӣ дар ин кишвар ва пирӯзии Қосим-Ҷомарт Тоқаевро бозгӯ мекард. Бахусус бо таъйини интихоботи пешазмуҳлати президентӣ, Тоқаев имкони омодагии ҷиддии мухолифини дохилӣ ва хориҷӣ ба ин маъракаи сиёсиро хунсо кард.

Равандҳои ҷорӣ дар Қазоқистон нишон медиҳад, ки ислоҳот дар ин кишвар қадам ба қадам дар ҳоли амалӣ шудан аст. Бастаи ислоҳоти сиёсие, ки чанде пеш дар парлумони Қазоқистон тасвиб шуд, гузариши Қазоқистон ба як модели сиёсии нави демократиро нишон медиҳад, ки дар он президент барои як давра ва бидуни ҳақи интихоби дубора баргузида мешавад.

Ҳамчунон бастаи нави ислоҳот бояд дар канори ислоҳоти қаблии иҷрошуда дар Қонуни асосӣ зам шавад, ки коҳиши ихтиёроти президент ва дар айни ҳол густариши ихтиёроти порлумон, муаррифии системаи интихоботии омехта, содасозии раванд ва сабтиноми ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷумлаи ин ислоҳот аст.

Қосим-Ҷомарт Тоқаев рӯзи 20-уми ноябр замони райъдиҳӣ дар интихоботи президентӣ ба хабарнигорон гуфт, ки монополияи қудрат дар Қазоқистон манъ карда мешавад ва тасмим дар бораи ҷорӣ кардани як даври раҳбарӣ барои президент тасмими муҳим аст. Тоқаев дар ин замина гуфт:

«Ман фикр мекунам, ки ҳафт сол комилан басанда аст, зеро ин дар ҳаёти ҳар як шахс муддати тӯлонӣ аст. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки дар кишвари мо монополия дар қудрат вуҷуд нахоҳад дошт. Монополия дар қудрат мамнӯъ мешавад, ин як масъалаи хеле муҳим аст. Ҳафт сол як давраи кофӣ аст. Барои 21 сол дар кишвар се президент хоҳад буд ва ин тасмими дуруст аст».

Вай зимни суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт, ки ислоҳоти сиёсиро дар Қазоқистон идома медиҳад, зеро дар акси ҳол карахтӣ рух хоҳад дод.


Аз нигоҳи нухбагони ҳокими Қазоқистон модели нави давлат, ивазшавии муназзами қудрат, қобили пешбинӣ будан ва суботи низоми сиёсиро тазмин мекунад ва ба таври куллӣ тавсеаи бештари давлатро бар асоси усули демократия ва рақобати сиёсӣ таҳким мебахшад. Ба иборати дигар, бастаи нави ислоҳот, масири дигаргунии низоми сиёсӣ аз роҳҳои хушунатомезро мебандад.

Ба гуфтаи коршиносони умури сиёсӣ, Тоқаев имсол худро ба унвони як раҳбари сарсахт ва боирода нишон дод, зеро ислоҳоти сиёсии густардаеро оғоз кард ва ба як маъно на ҷонишин, балки бар низоми пешин ғолиб шуд. Дар зимн чорабиниҳои густардаи байналмилалӣ дар ҳафтаҳои ахир, аз ҷумла боздидҳои Попи Рум, раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, баргузории Конгресси адён ва сафар ба Ню-Йорк раванди тақвияти иқтидори президент Тоқаевро нишон медиҳад.

Аз сӯйи дигар, Тоқаев дар дохили кишвар рақиби ҷиддӣ надорад. Вай бо ин сиёсати худ, ки баргузории интихоботи президентиро ибо пештар овард, барномаҳои эҳтимолии нухбагони сиёсии замони Назарбоев ва дигар мухолифону бозигарони хориҷиро, ки метавонистанд бо ӯ мухолифат кунанд, хунсо кард.

Аз ҷониби дигар, Остона дар талош аст, то бо Ғарб наздиктар шавад ва дар айни ҳол равобити хубе бо Маскав, Пекин ва Анқара дошта бошад. Ин амр қарор аст, фишори хориҷиро коҳиш диҳад, аммо метавонад таъсири баръакс низ дошта бошад. Бо тавваҷуҳ ба мавқеъияти ҷуғрофиёии Қазоқистон, ҳамсоягӣ бо ду абарқудрати шарқии Чину Русия, гирифтани ҷилави тарафдорони Ғарб зарурӣ аст, аммо дар ҳоли ҳозир мақомҳои феълии Қазоқистон тарҷеҳ медиҳанд, ки сиёсати чандҷонибагароиро ҳифз кунанд.

Ин аст, ки раҳбари Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев зимни овоздиҳӣ дар интихоботи президентӣ гуфт, ки бо назардошти вазъи кунунӣ кишвараш бояд сиёсати чандсамтиро пеш бигирад. Вай дар ин замина чунин гуфт:

«Бо дарназардошти мавқеъи геополитикӣ ва бо назардошти ҷалби беш аз 300 миллиард доллари амрикоӣ ба иқтисодиёти мо ва ин ки ширкатҳои бузурги фаромиллӣ дар бозори мо фаъолият мекунанд, Қазоқистон вазифадор аст, ки сиёстаи чандсамтиро амалӣ кунад».

Бояд гуфт, ки Қазоқистон аз ибтидо дар сиёсати хориҷии хеш воқеъгароӣ ва чандҷонибагароӣ ва парҳез аз рафторҳое, ки тавсеаи иқтисодии ин кишварро бо чолиш мувоҷеҳ мекунад, дар дастури кор қарор додааст.


Гуфтанист Қосим-Ҷомарт Тоқаеви 69 сола аз муттаҳидини деринаи Нурсултон Назарбоев аст, ки 30 сол бар ин кишвар ҳукумат кард. Тоқаев дар соли 2019 мақоми раёсати ҷумҳуриро аз Назарбоев таҳвил гирифт.

Коршиносон мегӯянд, ки Қазоқистон дар мудирияти вазъияти дохилӣ дар байни кишварҳои Осиёи Миёна таҷрибаи бештаре дорад. Қазоқистон ба далели дарки раҳбарони ин кишвар аз зарфиятҳои геополитикии ин кишвар, тавонистаанд вазъиятро ба хубӣ мудирият кунанд. Ҳатто дар буҳроне ки дар январи 2022 эҷод шуд, Тоқаев тавонист шароити пешомадаро кантрол ва ислоҳоти лозимро иҷро кунад. Агарчи таҳти назорат гирифтани буҳронҳои эҷодшуда дар раванди пурталотуми ҷаҳонгаройӣ барои кишварҳои дар ҳоли рушд душвор аст, аммо Тоқаев на танҳо дар кантролу маҳори ин нооромиҳо муваффақ шуд, балки тавонист шароит барои рушду тавсеаи ин кишварро фароҳам кунад.

Бо ин ҳол, ба гуфтаи сиёсатшиносон, Тоқаев масири душвореро дар оянда ҷиҳати аз саҳнаи сиёсӣ берун кардани нухбагони бонуфузи боқимонда аз замони Назарбоев дар Қазоқистон, пеши рӯ хоҳад дошт. Аз тарафи дигар, фишорҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ низ имкони пешбурди сиёсати чандҷонибаи хориҷӣ барои ҳукумати Тоқаевро дар оянда маҳдудтар мекунад.

Муаллиф

Зиё Аҳмадӣ

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед