Ru  | Tj
Пул аз дарахт: Чӣ гуна боғдорони Хатлон аз зардолупарварони Суғд пулёбиро ёд гирифтанд?
Пул аз дарахт: Чӣ гуна боғдорони Хатлон аз зардолупарварони Суғд пулёбиро ёд гирифтанд?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Пул аз дарахт: Чӣ гуна боғдорони Хатлон аз зардолупарварони Суғд пулёбиро ёд гирифтанд?

Нашр шуд

Солҳо ҳосили зардолу дар ҷануби Тоҷикистон ба таври дуруст хушку бандубаст намешуд, ки дар натиҷа дастранҷи боғдорон ё ғизои чорво мешуд ё бо нархи ночиз ба фурӯш мерафт. Феълан вазъ дар ҳоли ислоҳ қарор дошта, зардолупарварон азми баромадан ба бозорҳои хориҷӣ доранд. Чӣ гуна дар Хатлон пулёбӣ аз зардолуро омӯхта истодаанд, дар матлаби halva.tj мутолиа кунед. 

  

Боғҳои зардолу ва истеҳсоли хушкмева дар Хатлон рӯй ба афзоиш ниҳода, боғдорон бо татбиқи усули нави хушк кардани ҳосил, дарахтони зардолуро фоидаовар кардаанд.

“Замоне мо боғдорон зардолуро бо усули анъанавӣ хушк карда, бо мушкилии калону нархи арзон ба фурӯш мегузоштем”, - ёд меорад хонум Робиямо Шарипова, сокини ноҳияи Вахш.

- Дарахтони пурбори зардолу рӯйи замин рехта, дар бештари маврид хӯроки чорво мешуд.  5-10 солаҳо пеш, ҳатто бархе аз боғдорон ниҳолони зардолуи худро кандаю ҷойи он дигар намуди мевагӣ мешинониданд, то тавонанд фоидае ба даст оваранд. Зеро фикр мекарданд, ки аз меваи зардолу фоида ба даст оварда намешавад.

 Ба иддаои ин зани боғпарвар, ӯ ҳанӯз аз соли 2001 боғ бунёд кардаю дар ин самт кор мекунад, аммо танҳо 7 сол қабл зимни як омӯзиш, аз боғдорони вилояти Суғд, роҳу усули муосири хушккунии меваи зардолуро омӯхт.

“Танҳо пас аз он, ки бо усули муосир хушккунии меваи зардолуро омӯхтам, сифати ғулингҳои зардолуии мо беҳ гашту мизоҷони он зиёд. Ҳоло 3 навъи хушкмеваи зардолу дорем. Аз 5 то  50 сомонӣ қимат дорад”, - гуфт Шарипова.

Ба нақли ӯ, дар аввал онҳо чанд нафар, аз омӯзиш гузаштанду бо усули муосир хушк кардани мева ё худ зардолуро омӯхтанд. Бо мурури вақт, ба дигар ҳамсоягону боғдорон омӯзониданд.

“Хушк кардани зардолу ба мо боғдорон имкон медиҳад, ки ҳам фоидаи бештар ба даст оварем ва ҳам маҳсулоти боғи хешро то дер бидуни талаф ёфтан, бо сифати баланд нигоҳ дорем”,-мегӯяд боғпарвари дигар Давлатпочо Атоева.


– Дар аксар аз шаҳру навоҳии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 1 кг меваи зардолу 3-5 сомонӣ арзиш дораду ҳосили ин намуди мевагӣ, пас аз пухта расидан ҳамагӣ, 1 ҳафта нигоҳ дошта мешавад,-зикр мекунад ӯ. – Аз ин рӯ, дар сурати хушк карда натавонистани он, боғдорон фоида ба даст оварда наметавонанд.

Дар ҳамин ҳол, Сабоҳатулло Музаффаров, коршиноси соҳа мегӯяд, зардолу мевае нест, ки онро тӯлони нигоҳ дошта шавад. Пас аз пухта расидан, дар як ҳафта, аллакай ҳосили зардолу фарсуда шуда, истеъмол карда намешавад. Аз ин лиҳоз, дар минтақаи Хатлон, боғдорон дар бештари маврид ҳосили ин намуд мевагиро ба чорво медиҳанд.

Тибқи иттилои Холмуродзода Аъзамҷон, сардори Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, дар шаҳру навоҳии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон то соли ҷорӣ, 4 ҳазору 585 гектар боғи зардолу ба қайд гирифта шудааст. Дақиқан, метавон гуфт, ки дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории минтақаи Бохтари вилоят, дар майдони беш аз 4 ҳазор гектар, боғи зардолу имрӯз парвариш мегардад.

“Танҳо дар соли 2023, аз ҳисоби ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ, дар минтақаи Бохтари вилоят 50 ҳазору 892 тонна зардолу истеҳсол шудааст”, – мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи Зоирзода Умед, намояндаи Агентии содироти назди ҲҶТ дар вилояти Хатлон, аз 50 ҳазор тонна меваи истеҳсолгаштаи зардолу, ҳамагӣ 1000 тоннаи он содирот шудааст, боқимонда 49 ҳазори дигар дар дохили кишвар боқӣ мондааст.

Соли ҷорӣ, нақша ҳаст, ки аз навоҳии Кӯшониён, Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Дӯстии минтақаи Бохтари вилоят, меваи хушки зардолу ба хориҷ аз кишвар содирот шавад, мегӯяд Зоирзода Умед.

Намояндаи Агентии содирот дар вилояти Хатлон афзуд, содирот гаштани меваи хушк аз минтақаи Бохтари вилоят, таҷрибаи нав асту умед аст, ки боғдорон муваффақ хоҳанд шуд.

Бино ба гуфтаи қаҳрамонони матлаби мо, пештар онҳо меваи зардолуро чида, дар офтоб мегузоштанд, пас аз хушк кардан, бо нархи ночиз ба фурӯш мебароварданд. Гоҳо, ҳатто ҳамон қадар пуле ба даст меоварданд, ки хароҷоти худро пӯшонида наметавонистанд.


–  Ҳама гузашт, ҳамакнун дар ин самт таҷрибаи кофӣ дорам, - изҳор медорад, хонум Робиямо Шарипова.

– Чандин омӯзишҳо гузаштаю роҳҳои бастабандӣ, бо усули муосир хушк кардани зардолуро аз худ кардаам. Ин чиз ба мо имконият медиҳад, аз зардолу пули хуб кор кунем. Шахсан ман, сол то сол дар баробари хушк кардани меваҳои боғи худ, аз ҳамсоягонро ҳам харидорӣ мекунам.

– Барои хушк кардани меваи зардолу ба мо қариб як моҳ лозим мешавад,-зикр мекунад холаи Давлатпочо Атоева. 

– Зеро 3 рӯзи аввал ҳосили ҷамъовари намудаи зардолуро дар офтоб гузошта, тез – тез рӯй мегардонем. Баъдан, дар соя гузошта, то хушк шудани он, интизор мешавем. Агар дар офтоб, зардолу зиёд истад, пас сиёҳ шуда, арзишаш поён меравад.


Ба гуфтаи хонум Робиямо, дар як сол танҳо ӯ, беш аз 3 тонна меваи зардолу хушк карда ба фурӯш мегузорад. Солҳои охир талош барои хориҷ аз кишвар бароварданри дастранҷи хеш намуда истодаанд.

Вобаста ба ин, коршиносон тахмин мезананд, ки агар ҳамчунин бо суръат ривоҷ ёфтани меваи хушк ва талош барои содироти он давом ёбад, солҳои наздик вилояти Хатлон метавонад яке аз минтақаҳои асосии истеҳсоли меваи хушк ва содиркунандаи он дар кишвар гардад.

зардолу

зардолу

зардолу

зардолу

зардолу

зардолу

зардолу

зардолу

зардолу
зардолу
зардолу
зардолу
зардолу
зардолу
зардолу
зардолу

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед