Ru  | Tj
Рӯзи парчам дар фикри нишон низ бошем. Оё нишони мо баёнгари ториху қудрати мост?
Рӯзи парчам дар фикри нишон низ бошем. Оё нишони мо баёнгари ториху қудрати мост?
Акс: Коллажи Halva.tj

Рӯзи парчам дар фикри нишон низ бошем. Оё нишони мо баёнгари ториху қудрати мост?

Нашр шуд

Нишон дар баробари парчам ва суруди миллӣ яке аз намод ё рамзҳои давлатист, ки онро ҳар кишвари соҳибистиқлол дорад. Нишони давлатие, ки пас аз рӯйи кор омадани ҳукумати нав моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI-и Шӯрои олии Тоҷикистон пазируфта шуд, тасвири шерро ҳам дошт. Аммо 28-уми декабри соли 1993 порлумони вақти Тоҷикистон рамзу унсурҳои нишони давлатиро тағйир дода, шерро ҳазф карда, онро аз нав пазируфт, ки ҳамин нишони кунунӣ аст. Имрӯз, ки дар Тоҷикистон Рӯзи парчами миллӣ таҷлил мешавад  ва аз расонаҳову фазои маҷозӣ ба назар мерасад, ки мардуми кишвар парчамро воқеъгароёнаву ормонгароёна намоди сарбаландиву ҳокимияти миллӣ ва ҳузури маънодори сиёсӣ дар равандҳои минтақаиву ҷаҳонӣ медонанд. Ҳамин эҳсосу ифтихорро барои давлат ва шаҳрвандони он нишони миллӣ ҳам дорад. Ин эҳсосу ифтихор бояд ба рамзу унсурҳое, ки дар нишон ба ҳам меоянд ҳамоҳанг бошанд, то баёнгари рӯҳи бузурги миллии мо дар гузашта ва имрӯз бошад. Оё нишони миллии Тоҷикистон бо рамзу аносире, ки дорад рӯҳи бузурги ариёии мо ва моҳияти ҳукумати кунунии моро ифода мекунад? Ин баҳсро фарҳангшинос ва торихпажӯҳ Умед Ҷайҳонӣ матраҳ мекунад.

Умед Ҷайҳонӣ, пажӯҳишгари торих ва фарҳанг

ЧАРО НИШОНИ РАСМИИ ТОҶИКИСТОН БОЯД ШЕРИ БОЛДОР БОШАД?

Шер аз куҳантарин замонҳо намоди подшоҳӣ ва кишвардории мардумони гуногун будааст.  Ин намод реша дар устураҳои шумерӣ дорад, ки дар қадимтарин замонҳое шерро зӯртарин даранда шумурдаву шоҳи ҷонварон хондаанд. Ин тародод (расм) аз шумериҳо ба бобилиҳову эломиҳо ва аз онҳо ба модҳову порсҳо аз аз онҳо ба балхиҳову суғдиҳо ва аз онҳо ба тоҷикон расидааст, яъне беш аз 5 ҳазор сол пешина дорад.

Нишони шердори Тоҷикистон аз шерҳои болдоре бар гирифта шуда буд, ки дар сартахти шоҳи Суғд, парниёнҳои занданеҷӣ, деворнигораҳои толори панҷуми кохи куҳандижи Панҷиканд аз садаҳои 7 – 8 милодӣ нигошта шудаанд.

Аммо нишони кунунии Тоҷикистон, афзун бар он ки вижагиҳои миллату кишвари Тоҷикистонро наменамоёнад, аз диди намодшиносон чанд камбуди дигар ҳам дорад:

Нахуст ин ки ин нишон бо моҳияти ҳукумати кунунии Тоҷикистон аз бех носозгор аст. Тоҷикистон дигар ҳукумате коргариву кишоварзӣ надорад, ки пахтаву гандум нишонаш бошад. Ин чанбара бо путку дос дар нишони шуравии кишварамон намоди ҳукумати коргарону кишоварзон (путку дос) ва офтоб – намоди неруи ҷонбахши коммунизм буд. Нишони ҶШС Тоҷикистон рӯбардоште буд аз нишони Иттиҳоди Шуравӣ ва нишонсозии сосиалистӣ вижагиҳое дошт, ки дар он замону шароит маъниву мафҳум доштанд, вале акнун дигар маъние надоранд.


Дигар ин ки ҳар нишоне бояд ҳатман сипар дошта бошад ва нишони Тоҷикистон онро надорад. Сипар дар нишонсозӣ (ҳеролдик) заминаест, ки ҳама намодҳову нишонаҳое, ки дорандаи нишонро мешиносонанд, дар дарун ва гирдогирди он нигошта мешаванд. Дар нишони кунунии Тоҷикистон ин сипар (замина) дуруст нигошта нашудааст ва чунин ба назар мерасад, ки тоҷ «по дар ҳаво» аст.

Севум ин ки тоҷ ҳам дар миёни нишон маъние надорад. Тоҷро бар сар мегузоранд, салла нест, ки чун камарбанд дар миёнаш банданд. Ин тоҷ дар нишони кишварамон намоди гӯёест, ки номи миллатро мерасонад, яъне тоҷ = тоҷик, ки чунин нест. Агар тоҷ бар сари сипар гузошта мешуд, онгоҳ намоди озодӣ ва худсолории кишвар мебуд, чунонки дар нишони бештари кишварҳои ҷаҳон аст. (Имрӯз тоҷ дигар рамзи ҳукумати подшоҳӣ ва давлати шоҳаншоҳӣ нест, балки нишондиҳандаи озодӣ ва истиқлоли кишварҳост). Аммо тоҷ бо чунин намуде, ки дар нишони Тоҷикистон дорад, дар ҳунару фарҳанги тоҷикӣ бесобиқаву беназир аст. Тасвири тоҷҳои шоҳони ариёии Эрон (Ҳахоманишиёну Ашкониёну Сосониён) ва Турон (хоразмиёну суғдиёну балхиёну сакоҳо ва Кушониёну Ҳайтолиён) дар сиккаву тангаву деворнигораву сангнигораҳои бешуморе боз мондааст ва ҳеҷ кадоме аз онҳо чунин намуде надорад. Ин тоҷҳо бештар чанбаре аз зар будаанд, ки чаҳор кунгураи чаҳорзина ва андарунашон кулоҳи махмалин ва бар сарашон нишоне аз хуршеду моҳу болҳои заррин ва ё дигар намодҳо доштаанд. Тоҷе, ки бар сари тандиси Амир Исмоил Сомонӣ дар Душанбе гузоштаанд, андаке монанд ба он тоҷҳои бостонӣ ва таърихӣ аст.

Чаҳорум ин ки нишони кунунӣ танҳо таърихи садсолаи ҷумҳурии Тоҷикистонро (1924 – 2024) бозтоб медиҳад, на таърихи чандинҳазорсолаи кишвардории тоҷиконро (аз Пешдодиён то имрӯз).

Нишони расмии Тоҷикистон бояд ҳамон шери болдор бошад.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед