Ru  | Tj
Навои сози қонун: Гулҷамол чаро қонуннавозӣ омӯхт?
Навои сози қонун: Гулҷамол чаро қонуннавозӣ омӯхт?
Аксҳо: Аз қаҳрамони навишта дастрас гардидааст

Навои сози қонун: Гулҷамол чаро қонуннавозӣ омӯхт?

Нашр шуд

Гулҷамол Илҳомӣ, қонуннавоз, дуторнавоз ва сарояндаи навкор, зодаи шаҳри Бӯстони (собиқ Чкаловск) вилояти Суғд аст. Дар мактаби миёнаи рақами 10-и зодгоҳаш то синфи 9 таҳсил карда, соли 2017 ба Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд аз рӯи ихтисоси қонуннавоз дохил мешавад. Баъди чор соли таҳсил дар коллеҷ ба шӯъбаи ғоибонаи Консерваторияи миллӣ дохил мешавад.

Орзуи дует ва қадамҳои нахустин дар ҷодаи санъат

Қадам дар ин ҷода барои қаҳрамони мо кори мушкил буд, вале меҳри беандозаи санъат ба шарофати ҳунари волои сарояндаи шодравон Дамирбек Олимов ӯро такони ҷиддӣ медиҳад.

“Аз хурдсолӣ меҳри санъат дар дили ман нишаста буд. Аз аҳли оила ва хешону пайвандони ман касе дар ин ҷода фаъолият намекунад. Волидайнам омӯзгоранд. Вале маро санъату ҳунари волои сарояндаи хушном, шодравон Дамирбек Олимов ба худ мафтун карда буд. Он кас ба худ услуби хос доштанд. Орзу мекардам, ки вақте санъаткори машҳур шавам, бо Дамирбек Олимов якҷоя суруд иҷро мекунам”, - гуфт ӯ.

Ҳамин тавр, санъати мусиқӣ барои Гулҷамол ҳадафи асосӣ мешавад ва аз ҳама бештар ҳамон орзуи кӯдакии дует бо ҳофизи номдор. Духтарак қадамҳои худро замони мактабхонӣ аз мактаби мусиқӣ оғоз мекунад ва дар он ҷо навохтани дуторро меомӯзад.

“Ҳеч гоҳ ғайр аз санъат ба худ дигар пешаеро тасаввур карда наметавонам. Замони мактабхониям ҳам дар Мактаби мусиқии шаҳри Бӯстон ба номи Шодмон Алифов аз устодам Анварҷон Норматов дуторнавозиро омӯхта будам. Дар коллеҷ бошад, бо хоҳиши бобоям навозиши қонунро омӯхтам. Он ҷо маро устод Музаффарҷон Шамсиев раҳнамоӣ карданд. Ҳар як сароянда бояд пеш аз ҳама  аз асбобҳои мусиқӣ истифода бурда тавонад”, - ба ёд овард ҳамсуҳбати мо.

Таҳсил дар коллеҷ ва дастовардҳои нав

Таҳсил дар коллеҷ бошад, замони расидан ба ҳадафҳо ва амалишавии пайдарпайи орзуҳои Гулҷамол мешавад. Зеро дар ин солҳо ҳунарманд навохтани яке аз асбобҳои камёби мусиқӣ-қонунро омӯхта, аллакай дар чорабиниҳои гуногун иштирок мекунад. 

“Дар замони таҳсил дар коллеҷ дар консертҳои давлатӣ иштирок мекардам. Барномаҳои калони консертӣ, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  дар иду ҷашнҳои гуногун баргузор гардиданд, бароям таҷрибаи бузурге буданд. Зеро дар ин гуна консертҳо барои сабку услубҳои гуногуни сарояндаҳои номии кишвар менавохтем ва ин боиси ифтихор ҳам буд. Дар яке аз ҳамин гуна консертҳо президенти кишвар низ иштирок доштанд ва иҷрои мо писандашон омад”, - бо ифтихор ёди рӯзҳои гузашта кард ӯ.

Гулҷамол тамоми диққати худро ба омӯхтани қонуннавозӣ дода, сароиданро машқ намекунад. Вале қадами бузурги дар самти сарояндагӣ гузоштааш шиносоӣ бо ҳофизи номдор буд.

“Қариб то замони хатми коллеҷ боре ҳам сурудхониро машқ накардам, вале навозиши қонунро то андозае азхуд кардам. Муваффақияти дигари ман ин буд, ки ба орзуи деринаам қадами бузурге гузоштам. Бо Дамирбек Олимов аз наздик ошно шудем ва он кас аллакай моро ҳамчун ҳамкор қабул карда буданд”, - хотираашро варақ зад ҳамсуҳбати мо. 

Ёде аз Дамирбек Олимов

Гулҷамол аз хоксорӣ ва фурӯтании Дамирбек Олимов ёд кард.

“Рӯзе фориғ аз дарсҳо бо шарикдарсон суруди “Маҳноза” – и Дамирбек Олимовро тақлид карда, навори кӯтоҳе гирифтем ва дар шабакаи иҷтимоии “Instagram” ҷой додем. Навори мо писанди даҳҳо нафар шуд ва ҳатто худи Дамирбек Олимов ҳам онро хуш қабул карданд. Ин боиси шиносоии наздики мо гашт ва минбаъд Дамирбек дар ҷамъомадҳои коллеҷи мо иштирок мекарданд ва ба мо машваратҳо дар ҷодаи санъат медоданд. Бисёр шахси хоксор ва самимӣ буданд. Зеро вақте орзуи бо он кас дует хонданамро гуфтам, розӣ шуда буданд. Ҳоло он ки шахсияти Дамирбек Олимов аз ман хеле болост. Даргузашти чунин ҳунарманд бисёр ғамангез аст. Ҳоло ният дорам суруданро бештар машқ кунам ва таронаҳои носурудаи Дамирбек Олимовро бисароям”.

Ҳунари Гулҷамолро Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Ҷӯрабек Муродов низ пай бурдааст. Қаҳрамони мо ифтихор дорад, ки бо ин устоди санъати тоҷик аз наздик борҳо вохӯрдааст ва аз сӯҳбату маслиҳатҳояш баҳравар гаштааст.

"Устод бисёр одами заминӣ ҳастанд. Шавқу рағбати маро дида, чанд китобашонро бо соядаст шахсан ба ман тӯҳфа карда буданд. Ҳар боре бо ин шахсият дидор мебинам, ифтихор мекунам. Замоне шиносоӣ бо бародари азизам Дамирбек ва устоди бузург як орзуи ба назар дастнорас буд ", - афзуд ӯ.

Нахустин суруд ва иҷрои оҳангҳои композиторони номдор

Ахиран Гулҷамол соли гузашта аввалин сурудашро сароид, ки ба корбарони шабакаҳои интернетӣ писанд омад.

“Аввалин сурудамро бо номи “Сози дутор” соли гузашта сароидам, ки фикр мекунам ба бисёриҳо писанд омад, чун бархӯрдҳо дар шабакаҳои интернетӣ хеле хуб буданд”, - гуфт бо хурсандӣ қаҳрамони мо.

Гулҷамол соли гузашта дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” низ иштирок карда, ҷойи 3-юмро ишғол намуд. Ба навкорияш нигоҳ накарда, оҳангҳои композиторони машҳурро бо асбоби мусиқии қонун менавозад ва ба муаллифони онҳангҳо кори ӯ писанд меояд. Вале барои қаҳрамони мо мушкилии асосӣ маблағ будааст, ки гоҳо дар эҷодаш фосилаҳо мегузорад.

“Барои сабту эҷодаш ҳунарманд маблағ сарф мекунад. Ман ҳоло дар оғози роҳи санъатам, вале ҳамин ки пул ёфтам, барои сабти оҳанге харҷ мекунам. Масалан, оҳанги “Баҳор нашидаси” – и оҳангсози машҳури Узбекистон  Маъруфхӯҷа Баҳодуровро навохта сабт кардам, ки ба он кас хеле писанд омадааст ва дар шаби эҷодияшон дар шаҳри Фарғона он сабтро гузоштаанд. Оҳанги “Наво ва базм” – и Раиси иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбек Мӯсоевро низ бо қонун навохта сабт кардам, ки хеле баҳои хуб гирифт. Ҳамин тавр, ҳоло оҳангҳои оҳангсозони машҳурро мувофиқи табъу завқам менавозам”, - илова кард Гулҷамол. 

“Ҳар як соз ҳарфе мегӯяд”... 

Санъаткори ҷавон аллакай навозиши ду асбоби мусиқиро медонад, вале ин барояш кифоя нест. Вай дар ҳар наво маънӣ меҷӯяд ва ҳар асбоби мусиқиро ифодагари ҳолате медонад.

“Ҳар як асбоби мусиқӣ ба худ нозукӣ дорад. Ҳам навохтанаш ва ҳам садояш. Дар ҳар ҳолат навозиши онҳо ба кас кайфияти гуногун мебахшад. Ман ҳоло байни навозиши дутор ва қонун фарқ гузошта наметавонам. Чун ҳарду ба худ хос мушкиливу нозукӣ доранд. Рости гап, дар аввал дар бораи қонун маълумот надоштам, вале ҳоло навохтанашро хеле дӯст медорам”, - гуфт бо шавқ қаҳрамони мо.

Гулҷамол барои раҳнамоӣ дар роҳи санъат пеш аз ҳама бобояшро сабаб медонад ва аз ӯ миннатдор аст. Сабаби навозиши қонунро омӯхтанаш ҳам бобои санъатдӯсташ буд. Имрӯз аз садои мусиқии набера бобо лаззат мебарад.

“Бобоям маро бисёр дастгирӣ мекунанд. Ҳамеша маслиҳатҳои илҳомбахш медиҳанд. Зеро дилбастаи ҳунару санъати волоянд. Махсусан, навозиши қонунро бениҳоят меписанданд. Баъзан соатҳо барояшон қонун менавозам”, - бо хушнудӣ нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Аз таърихи асбоби мусиқии қонун

Асбоби мусиқии қонун таърихи қадим дошта, то замони мо қариб ба ҳамони шакли аввалааш омадааст, вале номаш иваз шудааст. Мувофиқи таҳқиқоти таърихнигорон ихтирои он ба асри VIII – IX рост меояд ва ба Абуҳафзи Суғдӣ нисбат дода мешавад, ки дар кӯҳистони Самарқанд зистааст. Дар аввал номи асбоб “шоҳруд” будааст ва бо гузашти вақт ба минтақаҳои гуногуни хилофати араб паҳн шуда, “қонун” ном гирифтааст.

Дар асрҳои миёна чандин қонуннавозони машҳури тоҷик зистаанд, ки маъхазҳои гуногуни таърихӣ аз шуҳрати онҳо ёдовар мешаванд: Амириброҳими Қонунӣ, сароянда ва мусиқидони тоҷик (асри XV – XVI), зодгоҳаш Ҳисор; Бобои Қонунӣ, оҳангсоз ва машшоқи тоҷик (асри XVI – XVII), зодгоҳаш Истаравшан; Дарвеш Аҳмади Қонунӣ, навозанда, оҳангсоз ва ҳофизи машҳури тоҷик (асри XV), зодгоҳаш шаҳри Самарқанд ва чанд тани дигар. Имрӯз қонун дар кишварҳои Туркияву Арманистон ва Озарбойҷон бештар маъруф аст. Дар Бухоро то солҳои 30 – юми асри XX ин асбоби мусиқӣ вуҷуд дошт. 

Дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон асбоби мусиқии қонун солҳои 80 – уми асри гузашта аз нав эҳё шуд. Ташаббускори он чангнавози тоҷик Алмос Абдуллоев аст. Имрӯзҳо дар мактабҳои олии мусиқии кишвар навозиши ин асбоби мусиқӣ омӯзонида мешавад ва онро дар ансамблҳо ба кор мебаранд.

Алмос Абдуллоев соли 1973 ба Ироқ меравад. Ин ҳунарманд дар мактабҳои мусиқии ин кишвар аз чангнавозӣ дарс медод. Давоми солҳои фаъолият дар Ироқ аз навозандагони он ҷо навохтани асбоби қонунро меомӯзад ва ба Тоҷикистон меорад.  Ҳамин тавр дар кишвари мо низ наслҳои нави қонуннавозон тарбия меёбанд. 

“Яке аз шогирдони Алмос Абдуллоев Музаффарҷон Шамсиев мебошанд, ки ба ман ин санъати волоро омӯзониданд. Ин асбоби мусиқӣ садои форам дорад ва шаклҳои гуногуни он мавҷуданд, ки ҳар яке мувофиқ ба як сабку равише садо дорад. Масалан, қонуни ман дастранҷи устои турк аст, ки ба сабки мусиқиҳои туркӣ мувофиқ сохта шудааст”, - дар охир аз устоди худ ёдовар шуд Гулҷамол.




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед