Ru  | Tj
Муҳтавои замонавӣ, идеяи нотакрор ва маҳорати муҳтавоофарӣ – талаботи аудиторияи ҷавони тоҷикзабон
Муҳтавои замонавӣ, идеяи нотакрор ва маҳорати муҳтавоофарӣ – талаботи аудиторияи ҷавони тоҷикзабон
Аксҳо: Аз Интернет

Муҳтавои замонавӣ, идеяи нотакрор ва маҳорати муҳтавоофарӣ – талаботи аудиторияи ҷавони тоҷикзабон

Нашр шуд

Дар сегменти тоҷикии шабакаҳои интернетӣ низ мавзӯъ ва муҳтавои гуногун ҳастанд, ки шахс вобаста ба завқу рағбати худ ба он майл мекунад. 

Ҷавонони тоҷик аз фазои интернетии тоҷикӣ чӣ мегиранд? Ба онҳо кадом навъи пешниҳод бештар писанд аст? Мундариҷаи муҳтаво бояд  чӣ гуна бошанд? Ба ин саволҳо се нафар журналист ва блогерони машҳуре, ки бо тарзу услуби хоси худ ном баровардаанд, ҷавоб гуфтанд.

Орзу Исо – журналисти радиои Asia Plus  ва пешбарандаи барномаи “Ногуфтаҳо” (барномаест YouTube - канали “Orzu”, ки асосан дар жанри мусоҳиба ва ҳамроҳи ҳунармандон гузаронида мешавад ва зиёда аз 116 ҳазор обуначӣ дорад, мегӯяд, “Интернет ба ҳама имкони баробар додааст. Новобаста аз ҷавониву пирӣ корбарони интернет аз хадамоти он комилан баҳраваранд, аммо агар ҳарф сари контент биравад, таҳияву пешниҳод ва дарёфту нашри контентҳои ҷолиб аз тахайюл ва истеъдоди инсонҳо вобаста аст”.

Муаллифони саҳифаи ҳаҷвии “ZanjabilBro”, ки дар YouTube зиёда аз 82 ҳазор, дар Instagram 178 ҳазор ва дар TikTok 60 ҳазор обуначӣ доранд ва ҳамагӣ 2 сол боз фаъолият мекунанд, дар ин маврид имкониятҳои ҷавононро барои дарёфти мавзӯи ҷолиб ва сохтани контенти босифат ба худи онҳо вобаста дониста, баъзе махсусиятҳои сохтани муҳтаворо гуфтанд: “Чун дар сегменти тоҷикии интернет ҳанӯз рақобати ҷиддӣ нест, ҷавонони тоҷик имрӯз барои сохтани муҳтавои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бениҳоят имкониятҳои зиёд доранд. Фақат чизи асосиро набояд фаромӯш кард, ки пеш аз ба як самти муайян ворид шудан, аввал тарзи ба роҳ мондани онро бояд омӯхт”.

Ба фикри онҳо аудиторияи тоҷикзабон бештар мавзӯъҳоеро меписандад, ки аз ҳаёти ҳаррӯза гирифта шуда бошанд. Инчунин муҳтавое, ки дар бораи одобу тарбия ва наворҳои иҷтимоӣ бошанд. “Вақте муҳтавои мо аз ҳаёти одӣ гирифта мешавад, ҳар як нафари тамошокарда худро дар он навор мебинад. Мардум аз он ибрат мегиранд ё ягон лаҳзаи дилписанди ҳаёташонро бозавқ ёд меоранд”.

Ба ақидаи Ҷамшед Маъруф, журналист – далелсанҷ, мураббии расонаӣ, ҳаммуассиси аввалин платформаи далелсанҷии Тоҷикистон – Factcheck.tj барои омода кардани муҳтавои босифат  дарки мавзӯъ ва имкониятҳое, ки мо дорем, ҳамчунин донишу омӯзишҳои пайваста муҳим аст. Ӯ мегӯяд, барои сохтани платформаи Factcheck.tj маҳз ба ҳамин паҳлӯҳо такя намудааст. “Моҳи августи соли 2018 дар як тренинги омӯзишии далелсанҷӣ дар Қирғизистон иштирок кардам. Пеш аз ин ҳам дар бораи ин гуна муҳтаво медонистам, вале кор кардан  бо абзорҳо ва техникаи далелсанҷӣ бароям як навгонӣ буд. Ҳамин тавр, пас аз ин омӯзиш ман аввал саҳифаи фейсбукии Factcheck.tj - ро кушодам. Охирҳои моҳи сентябри ҳамон сол Рустам Гулов - блогер ва медиа - тренери тоҷик дар сохтани сомонаи расмии Factcheck.tj кӯмак кард”. Аз гуфтаҳои Ҷамшед бармеояд, ки дар аввал таваҷҷуҳ ба кори онҳо хеле кам будааст, чун ба моҳияти ин сомона бисёриҳо сарфаҳм намерафтаанд. “Ҳоло маводҳои моро зиёда аз ҳазор нафар мехонанд ва ин шумора рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст. Далелсанҷӣ танҳо исботи дурӯғ будани иттилоъ нест, балки дақиқ кардани сарчашмаи он ва ба хонанда расонидани иттилои боваринок аст”. Сомонаи мазкур бо забони тоҷикӣ мавод нашр мекунад ва ба гуфти Ҷамшед Маъруф забони фаҳмо ва сода дорад.

Вале ба гуфти ӯ имрӯз дар шабакаи интернет муҳтавои босифат бо забони тоҷикӣ хеле кам аст. Барои ин фазои холиро ба эътидол овардан бошад, чанд мушкиле ҳаст. Пеш аз ҳама  мушкилӣ дар забон. 

“Вақте забони муҳтавои шумо мушкилфаҳм аст, аудитория албатта ки  аз шумо даст мекашад. Мо набояд ҳангоми омода кардани муҳтаво забондонии худро нишон диҳем. Калимаҳое, ки оммафаҳманд зуд ба зеҳни аудиторияи мо медарояд ва истифода аз онҳо мувофиқи мақсад аст. Вақте аз калимаҳои мушкилфаҳм истифода мекунем, мо аудиторияро аз даст медиҳем, чун ягон кас ҳоло вақти луғатковӣ надорад. Инчунин барои он ки мо аудиторияи худро аз даст надиҳем, ба завқи онҳо бояд аҳамият диҳем”.

Дар баробари заруриятҳои аввалиндараҷа, ки аудитория талаб мекунад, боз талаботҳое низ ҳастанд, ки ҳангоми офаридани муҳтаво ба онҳо бояд диққати ҷиддӣ дод.

Орзу Исо мегӯяд, “Ғайр аз он ки  барномаҳои мо бояд ҷолиб шаванд, ҳамчунин тамоси бештар бо алоқамандон теъдоди ононро зиёд мекунад. Навҷӯӣ, навоварӣ, навсозӣ муҳимтарин чизҳоянд”. Ҳамин тавр, баъди ба ин фазо ворид шудан ба гуфти Орзу “Тамошобин дар бозори интернет ҳунари асил, самимият, пешниҳоди ҷолиб ва моли зеҳниро бештар талаб мекунад, чун ба сабки якрангу кӯҳна ва хатоҳои пешина такрор шудани муҳтаво онҳоро метавонад куллан ба дигар самт бикашад. Барои ҳамин ба мавзӯъ, тарзи пешниҳод, давомнокӣ, танзим, банду баст ва ороиши барномаҳо аҳамияти ҷиддӣ бояд дод”. 

Ба ақидаи муаллифони саҳифаи ҳаҷвии “ZanjabilBro” бошад, ҳеҷ гоҳ тамошобинро фиреб набояд кард ва худро дар наворҳо  бояд нишон дод. “Мо аксаран дар шарҳҳои видеои худ мехонем, ки тамошобинон бо ханда ягон характер ё ҳолати худро ба қаҳрамон ё саҳнаҳо монанд мекунанд, яъне онҳо худро аз он ҷо меёбанд. Ин аст фиреб накардан. Ҳатто ба баъзе одатҳои манфии худ низ тавассути ҳаҷви мо иқрор мешаванд. Фикр мекунам одами солим аз ҳаҷв на танҳо барои ханда, балки ёфтан ва иқрори камбудиҳои худ истифода мекунад”. Вале дар навбати худ ҳар як муҳтавои пешниҳодшуда як нозукие дорад, ки онро мардум зуд эҳсос мекунанд. “Бояд мавзӯъҳоеро интихоб кард, ки аз чаҳорчӯбаҳои одобу ахлоқ ва инсонгарӣ берун набошад. Умуман, муҳтаво бояд чунин бошад, ки ба иззати нафси касе нарасад”. 

Ҳоло ҷавонон бештар ба усулҳои нав, ба мисли инфографикаҳо, карточкаҳо, кепшн – видео ва подкастҳо таваҷҷуҳи бештар доранд ва шахсро зарур аст, ба аудитория принсипҳои муҳтавои пешниҳодмекардаашро фаҳмонад. Ҷамшед Маъруф аз ҷониби муҳтавоофарон кам истифода шудани ана ҳамин усулҳои навро сабаби асосии таваҷҷуҳи ҷавонони мо ба сегменти забонҳои дигар ва ё муҳтавоҳои сенсатсиониву пастсифати кӯчагӣ медонад. “Дуруст аст, ки барои омӯхтан ва истифодаи форматҳои нав каме маблағ сарф мешавад, вале ҳоло дар кишвар барои блогерон ва журналистон тренингҳое ташкил мешаванд, ки пурра ройгон буда, бар замми ин аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ озмунҳо барои бурди грантҳо ташкил мешаванд. То ҳол чанд платформаи наве, ки ба ин тарз ташкил ёфтанд, аллакай мавқеи худро ёфтаанд.”

‘’Аз рӯи мушоҳидаҳо ҳоло онҳое ҳастанд, ки сегменти тоҷикии интернетро танҳо барои маблағ ба даст овардан истифода мебаранд. Дар ин маврид на ба мазмун, на ба қонуну қоидаҳои забон ва на ба этика ва одобу ахлоқ аҳаммият намедиҳанд, бо вуҷуди ин аудиторияашон ҳам кам нест’’. Ба ақидаи Ҷамшед Маъруф дар байни ин аудитория боз нафароне ҳастанд, ки аз ночорӣ ба ин муҳтаво таваҷҷуҳ кардаанд.

“Дуруст аст, ки ҳоло блогероне, ки барои маблағ ба даст овардан мавзӯъҳои сенсатсионӣ ва ё дурӯғу найрангро истифода мебаранд, аудиторияи нисбатан зиёд доранд. Шояд дар ин миён нафароне ҳастанд, ки вобаста ба сатҳи тафаккурашон ин гуна контентҳоро меписанданд, чун тарбия ва муҳит ва ё завқи ҳама якранг нест, вале шахсоне, ки мехоҳанд чизи босифате аз интернет дарёбанд кам нестанд. Барои ҳамин мо бояд барои ҷалби аудиторияи сифатӣ контенти босифат офарем, ки алтернативаи онҳо бошад. Алтернатива барои он лозим аст, ки хонандаи мо вақти ба интернет ворид шудан интихоб карда тавонад. Яъне шахс ба тамошои муҳтавои босифат одат кардааст, онро ҳамеша меҷӯяд. Агар дар ин фазо чунин муҳтаворо наёфт, пас барои дилхӯшӣ, вақтгузаронӣ ва ё аз бекорӣ худро ба сегменти дигар забонҳо ё контентҳои бесифат банд мекунад”. 


Ҷолибияти филмҳои тасвирӣ. «5 шоҳзода барои ҷалби гардишгарон»




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед