Ru  | Tj
Ахтаи кимиёвӣ чист ва чаро дар Покистон ба ҳайси қонуни ҷадид қабул шуд?
Ахтаи кимиёвӣ чист ва чаро дар Покистон ба ҳайси қонуни ҷадид қабул шуд?
Аксҳо: Аз Интернет

Ахтаи кимиёвӣ чист ва чаро дар Покистон ба ҳайси қонуни ҷадид қабул шуд?

Нашр шуд

Қонуни нав дар Покистон: “Ахтаи кимиёвии одамоне, ки чанд мароти ба таҷовузи ҷинсӣ даст мезананд”.

Давлати Покистон эълом кардааст, ки бар асоси қонуни нав дар ин кишвар афроде, ки пайваста ба таҷовуз ба номус даст мезананд, тариқи “ахта бо маводи кимиёвӣ” муҷозот мешаванд. Ҳамчунин, тибқи ин қонун, раванди додгоҳии парвандаҳои озори ҷинсӣ низ тезтар хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтер” вакилони порлумони Покистон рӯзи чаҳоршанбе, 17 -уми ноябр тарҳеро тасвиб карданд, бар асоси он афроде, ки борҳо ба таҷовузи ҷинсӣ даст мезананд ва "таҷовузкорони силсилавӣ" ҳастанд, ҷазои "ахтаи кимиёвӣ" хоҳанд гирифт. Ба гуфтаи ҳукумати Покистон, ин қонун аз замони қабули он амал мекунад.


Чаро маҳз сазои ахта?

Сарвазири Покистон Имрон Хон соли гузашта дар посух ба хашми мардум аз афзоиши таҷовуз ва хушунати ҷинсӣ алайҳи занон дар ин кишвар тарҳи ин қонунро содир карда буд.

Хашм ва эътирозҳои мардумӣ пас аз он сар зад, ки ду мард дар канори роҳ дар шаҳри Лоҳур як занро дар назди ду фарзандаш таҷовуз карданд.

Ба гуфтаи додситонӣ ва пулис, дар роҳ сӯзишвории мошини ин зан тамом мешавад ва ӯ барои кӯмак ба сари роҳ мебарояд, ки ин ду мард гӯё ба кӯмакаш расида ва ӯро пеши чашмони фарзандонаш таҷовуз мекунанд.

Зан эҳсоси онҳоро қаблан дарк карда, зуд вориди мошин мешавад ва дарҳои онро аз дарун қуфл мекунад. Аммо ҳамлагарон тирезаи мошинашро шикаста, ӯро берун кашида ва бо силоҳ дар даст ба номуси ӯ таҷовуз мекунанд.

Ҳамчунин, дар баъзе кишварҳо сӯзандорӯҳои тазриқӣ барои коҳиш додани хоҳиши шаҳвонӣ ё кастратсия бо ризоияти шахси ҷинояткор анҷом дода мешавад ва онҳо аз ҷониби табибони марбута


табобат карда мешаванд, аммо дар баъзе кишварҳо ҳамчун ҷазо ва ҳукми додгоҳ истифода мешаванд.

Айни замон ин ҳукм дар Лаҳистон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Чех ва баъзе штатҳои Амрико иҷро мешавад.

Созмони авфи байналмилал қаблан аз тарҳи ҳукумати Покистон дар бораи "ахта кардан бо доруро" барои ҷинояткорони ҷинсӣ интиқод карда, онро "бераҳмона ва ғайриинсонӣ" хонда буд.


Ахтаи кимиёвӣ чист?

Як навъе аз дорудармонӣ аст, ки дар он дору дар шакли ҳаб ё ампулӣ ба ҳадафи ҷилавгирӣ аз секретсияи тестостерон, гормони асосиест, ки инсонро ба ҳаяҷони ҷинсӣ ва ҷустуҷӯи рафтори ҷинсӣ мебарад, дода мешавад.

Таъсири ин доруҳо одатан пас аз қатъ шудани истифодаи онҳо нопадид мегардад.

Дар Британия аз соли 2009 дар баъзе маҳбасҳо ин усул барои коҳиш додани майли ҷинсии маҳбусон таҷриба мешавад.

Дар ин тарҳҳои озмоишӣ, доруҳои монеъкунандаи тестостерон ба довталабоне дода шуданд, ки шаҳвати баланд ва стресс доштанд.

Индонезия ахтаи кимиёвиро ҳамчун муҷозоти ҳадди ақал барои афроде, ки дар таҷовузи ҷинсӣ бар кӯдакон муттаҳам ҳастанд, тасдиқ кард. Дар ин кишвар ҳукми қатл низ сахттарин шакли муҷозот барои таҷовузгарони кӯдакон қабул шудааст.

Аммо дар соли 2016 анҷумани тиббии Индонезия ахтаи кимиёвиро зараровар ва нақзи ҳуқуқи башар номид.

Кореяи Ҷанубӣ низ аз тобистони соли 2011 ахтаи кимиёвиро қонунӣ кардааст.

10 тавсия барои осон кардани ҳаёти мактабӣ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед