“Хостан тавонистан аст”. Рубоба бидуни дасту по рассоми байналмилалӣ шуд
Нашр шуд
Афғонистон ҳудуди 33 миллион нафар аҳолӣ дорад, ки беш аз як миллион нафари онҳо маълул мебошанд. Онҳо зиндагии душвор доранд, бархе гадоӣ мекунанд ва бархеҳо бо кӯмаки созмонҳои байналмилалии ҷомеаи шаҳрвандӣ зиндагиро пеш мебаранд.
Вале ривояти Рубоба Муҳаммадӣ, ки на даст дораду на по, аммо шӯҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст, таври дигар аст.
РУБОБА МУҲАММАДӢ КИСТ?
Шонздаҳ солро танҳо дар як кунҷи ҳуҷра сипарӣ кардан кори осон нест, аммо Рубоба духтаре аст, ки тавонистааст аз ториктарин ва дуртарин деҳа (деҳаи Зардаки ноҳияи Малистони вилояти Ғазнӣ) сар берун оварда, қуллаҳои муваффақиятро як-як бипаймояд.
Рубоба духтарест, ки дар пою даст маъюби модарзодӣ дорад. Рубоба ягона духтарест, ки мегӯяд, аз дасту пояш истифода бурда наметавонад, аммо тавони расмкашӣ бо даҳонро дорад. Расмҳои ӯ мавзӯъҳои ҷолиб доранд ва шаҳкори ҷаҳонӣ дониста мешаванд.
Рубоба мегӯяд, ки то сесолагӣ дар Малистони вилояти Ғазнӣ зиндагӣ мекард ва баъд аз он хонаводааш ӯро барои табобат аз Малистон ба Кобул бурданд, зеро ӯ бо дасту пои нуқсондор ва комилан маъюб таваллуд шудааст.
"Вақте ки хурд будам, волидонам метавонистанд, маро баосонӣ ба оғӯш кашанд ва ба Кобул интиқол диҳанд, аммо ҳангоме, ки калон шудам ва падарам барои кор ба Эрон рафт, барои модарам ба Кобул рафта ва баргаштан ба Малистон хеле душвор буд. Барои ҳамин ҳам, мо чордаҳ сол дар Кобул зиндагӣ кардем”, мегӯяд ӯ.
Рубоба меафзояд, вақте аз хоб бедор шудааст, аз пизишкон пурсидааст, ки табобаташ натиҷа хоҳад дод ё не? Аммо пизишкон танҳо ба ӯ умед бастаанд. Ӯ билохира умедашро аз даст дода ва сипас ба модараш гуфтааст, ки дигар намехоҳад зинда бимонад.
Ӯ дар бораи зиндагие, ки фақат дар як ҳуҷраи торик ба сар мебурд, чунин гуфт: "Ман ба ҳеҷ куҷо наметавонистам биравам ва ҳамеша дилгир будам. Он қадар пазмон мешудам, ки бо баҳонаҳои гуногун бо аъзои хонавода ҷанг мекардам, ҳатто намедонистам, ки чаро ҷанг мекунам. Бо вуҷуди ин, зиндагӣ идома дошт. Вақте ки бародарони хурдиам ба мактаб рафтанд, бештар осеб дидам."
ОҒОЗИ НАҚҚОШӢ
Ӯ аз хуштарин хотираи зиндагиаш чунин ёд мекунад: “Вақте ки аз 9-сола зиёд набудам, рӯзе як хоҳарам қуттии қаламҳои рангашро партофт, чун дигар коромадӣ надошт, аммо ман онро бардошта, дар ҷоғам гузоштам. Шабе, ки додарону хоҳарам дар навиштани вазифаи хонагӣ масруф буданд, ман пинҳон чанд қалами рангии онҳоро гирифтам... Рӯзи дигар ҳар қадар аз ҳамдигар пурсанд, ки рангу қаламашон куҷост, чизе нагуфтам. Як хоҳарам ҳатто исрор кард, ки чаро ин саволро аз Рубоба намепурсанд, баъд гуфт, ки Рубобо на даст дораду на пой, пас қаламу рангро чӣ кор мекунад? Онҳо ҳатто тасаввур намекарданд, ки ман қаламҳоро бе дасту по гирифта бошам”, мегӯяд Рубоба.
Баъдтар, вақте ки хона холӣ шуд, Рубоба аввалин бор қаламро дар даҳон гирифт.
"Вақте ман бори аввал мехостам қаламро гирам, дар ҳайрат мондам, ки чӣ гуна метавонам онро истифода барам ва чизҳоро дар дафтар сабт кунам." Бори аввал бо пои маъюби худ қаламро ба даст гирифтам, вале ҳар қадар, ки талош кардам, «А»-ро навишта натавонистам, баъд қаламро як сӯ гузошта, ба фикр ғӯтавар шудам. Дере нагузашт, ки қаламро ба даҳон андохта, ба китобча сатр кашидам. Дертар оҳиста-оҳиста қаламро бо даҳон сахт гирифта, «А», «Б» ва «Т»-ро навиштам”, мегӯяд Рубоба.
Ба гуфтаи Рубоба, вай шаш моҳ қаламҳои рангаро нигоҳ дошта, интизор мешуд, ки бародарону хоҳаронаш ба мактаб раванду ӯ ҳар чизеро, ки мехост, бинависад.
Рубоба бо баҳонаҳои гуногун аз хоҳаронаш хоҳиш мекард, ки модар чӣ тавр навишта мешавад, номи падар ё номи худаш низ чӣ гуна имло дорад. Пас аз ин, ӯ варақҳои навиштаашро пора-пора мекард, то касе пай набарад ва фардо боз аз назар дуртар машқ мекард. Ҳамин тавр, ӯ навиштану хонданро ёд гирифт.
“Баъди шаш моҳ, рӯзе яке аз хоҳаронам фаҳмид, ки қаламро ба даҳон мегузорам ва навишта метавонам. Онҳо дар ҳайрат монданд ва ман гуфтам, ки “хостан тавонистан аст”. Аз он вақт инҷониб хоҳарон супоришҳои хонагиеро, ки муаллим дар мактаб ба онҳо медиҳанд, ба ман нақл мекунанд ва иҷро карда аз он хурсанд мешавам, зеро чизҳои зиёдро меомӯзам. Ман кӯшиш кардам, ки «хат»-и худро такмил диҳам. Саводи ман рӯз аз рӯз зиёд мешуд”, мегӯяд ӯ.
Рубоба танҳо дар ҳамин давра рассомиро низ омӯхтааст. Тавре мегӯяд: “Ман ҳам дар кӯдакӣ расм кашидан ва баъдан дар дафтар гул кашиданро омӯхта ва аз ранг кардани онҳо лаззат мебурдам. Ба ман филмҳои тасвирӣ хеле писанд буд ва аз ин рӯ, ба кашидани гурбаю пишак, Золушка ва ҳайвоноти барфӣ хеле дил баста будам. Ҳарчанд ду сол машқ карда калон шудам, ба расмкашӣ ҷиддӣ шурӯъ накардам”.
Рабоба аз қиссаҳои талхи рӯзгораш чунин ёдовар мешавад: «Дар аввал вақте модарам барои хоҳарон либоси мактабӣ мехарид, ман мегуфтам, ки “Чаро барои ман намехарад”. Ӯ мегуфт, ки “Ту берун намеравӣ, пас либоси ягона чӣ даркор? Умуман, вай хоҳаронамро рӯҳбаланд мекард. Ин ба табъи ман таъсири бад мерасонд, аммо ҳоло модарам ба ман он қадар таваҷҷӯҳ мекунад, ки ҳатто хоҳаронам ҳасад мебаранд. Бе модарам зиндагӣ кардан, ғайриимкон аст.
МУВВАФАҚИЯТ
Рубобо Муҳаммадӣ дар ҳоли ҳозир ҳудуди 200 наққошӣ дорад, ки бештари онҳо дарди иҷтимоии Афғонистонро тасвир мекунанд.
Ӯ дар бораи чӣ гуна наққошӣ карданаш мегӯяд: "Дар аввал бе муаллим кор мекардам ва ҳоло низ бо даҳонам бидуни кӯмаки касе кор мекунам.
Ҳоло ман бо шогирдонам хеле ҷиддӣ кор кардаам, то он дараҷае, ки мехоҳам шогирдонам рақиби ман бошанд.”
Дар посух ба ин суол, ки оё бо даҳон рассомӣ кардан душвор нест, ӯ гуфт: "Рассомӣ бо даҳон хеле мушкил аст. Аввал қаламро бо дандонҳои пеш сахт нигоҳ доштам, ки ин умуман имкон надошт. Ҳоло қаламро дар мобайни дандон сахт нигоҳ медорам. Дандонҳои паҳлӯи даҳонам ин корро осон кардааст. Аммо вақте ки ба оина нигоҳ мекунам, дар дандонам доғе ҳаст. Дандонам аз навиштани зиёд дард мекунад. Ман хаста шудам, аммо бояд расмҳоямро тамом кунам. Чунки вақте ки расмро нимтайёр мегузорам, аз сарам ҳавои расм мебарояд.
Ӯ мегуяд, “Алмос аз тарошидан медурахшад, одам аз саъй. Маълулон агар бихоҳанд, қаҳрамон шуда метавонанд”.
Бо вуҷуди доштани чунин маълулӣ, Рубоба ба худ эътимоди баланд дорад. Рубоба Муҳаммадӣ гӯё муаллими забон бошад ва ё солҳои тӯлонӣ таҳсил карда бошад, вале ҳеҷ гоҳ ба мактаб нарафтааст ва дар хона хондану навиштанро ёд гирифтааст.
Ҳоло Рубоба омӯзишгоҳи бузурги забони англисӣ, мусиқӣ ва наққошӣ дорад ва ҳамарӯза дар онҳо дарс медиҳад. Вай гуфт: "Барои маълулон мисли ман рафтан ба мактаб кори осон нест ва мутаассифона, дар Афғонистон ягон мактаби вижа барои маълулони кулл вуҷуд надорад, то онҳо дар шароити осоишта таҳсил кунанд."
Созмони ҷаҳонии наққошони бидуни дасту по дар аввал сарпарасти Рубоба Муҳаммадиро ба ӯҳда гирифта, ӯро тамвили молӣ намуд ва ҳоло ӯ маркази бузурги фарҳанӣ ва садҳо шогирд дорад.
Дар соли 2020 маркази фарҳангии Рубоба мавриди ҳамла қарор гирифт ва ду тан дар ин ҳодиса захмӣ шуданд. Рубоба пас аз ин ҳодиса аз Афғонистон берун рафт.
Имрӯз кори ин духтари 19-солаи бидуни дасту по дар сатҳи байналмилалӣ фурӯхта мешавад ва ба намоиш гузошта мешавад ва ӯ ба ҳадде муваффақ аст, ки барои кӯмак ба дигар рассомони маъюб як марказ таъсис додааст.
"Ман бештар дар бораи занони афғон, қудрати занон, зебоии занон, зебоии наққошӣ, ишқ ва мушкилоте, ки занон бо онҳо рӯбарӯ мешаванд, наққошиҳо месозам”, мегӯяд ӯ.
Ҳоло ҳудуди 600 донишҷӯ дар маркази ӯ дар Кобул, ки соли гузашта кушода шуда буд, таҳсил мекунанд ва ӯ бо фурӯши наққошиҳои худ ин ниҳодро сарпарастӣ мекунад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед