Ru  | Tj
Ихтилофҳои дохилии Толибон. Гурӯҳи Мулло Бародар, Мулло Ёқуб ва Сироҷиддин Ҳаққонӣ бо ҳам рақобат доранд
Ихтилофҳои дохилии Толибон. Гурӯҳи Мулло Бародар, Мулло Ёқуб ва Сироҷиддин Ҳаққонӣ бо ҳам рақобат доранд
Аксҳо: Аз интернет

Ихтилофҳои дохилии Толибон. Гурӯҳи Мулло Бародар, Мулло Ёқуб ва Сироҷиддин Ҳаққонӣ бо ҳам рақобат доранд

Нашр шуд

Пас аз ба қудрат расидани Толибон* зоҳиран иттифоқу иттиҳоди даврони ҷанг байни ин гурӯҳ боқӣ намондааст ва ин гурӯҳи тундрав барои тақсими қудрат дучори ихтилофҳои шадид шудаанд.

Бархе аз манбаъҳои дохилии Толибон таъйид кардаанд, ки ихтилофҳои дохилии Толибон рӯз то рӯз афзоиш ёфта ва дар натиҷа ин гурӯҳ ба се даста ё шоха тақсим шудаанд.


Ба шохаи аввал Толибоне дохил мешаванд, ки дар раванди сулҳ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ширкат кардаанд ва раҳбари онҳо Мулло Бародар аст. Ин шоха Толибони нисбатан оромтар дониста мешаванд ва то ҷое талош доранд бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ музокироту гуфтугӯ кунанд. Айни ҳол қудрати сиёсӣ дар дасти ин гурӯҳ аст, чун Арги Раёсати ҷумҳуриро дар даст доранд.

Гурӯҳи дувум ҷангҷӯён ва низомиёни Толибон ҳастанд, ки дар ҷанг ҳузур доштанд ва ҳоло ҳавои пирӯзӣ ба сар доранд. Роҳбарии онҳоро Мулло Ёқуб Вазири дифоъи Толибон ва писари Мулло Умар (муассиси ин гурӯҳ) ба дӯш доранд. Шохаи Мулло Ёқуб артиши ҷангии Толибон ба ҳисоб меравад.


Шохаи сеюм “Шабакаи Ҳаққонӣ” бо раҳбарии Сироҷиддин Ҳаққонӣ аст. Ин ифротитарин ва хунхортарин бахши Толибон ба ҳисоб меравад. Вазорати дохилаву амният дар дасти ин гурӯҳ аст ва Қасри Сапедор, ки собиқ дафтари Абдуллоҳ Абдуллоҳ буд, тавассути Анас Ҳаққонӣ идора мешавад.

Ин шоха бештар ба амнияти Покистон вобаста дониста мешавад ва мухолифи ҳар навъ гуфтугӯ бо мухолифон аст.


Аммо Толибон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Дар гузашта гузоришҳое дар бораи ихтилофоти дохилӣ дар миёни раҳбарияти Толибон, бахусус ташкили кобинаи муваққатии ифротгар ва ғайрифарогар ба нашр расида буд.


*Толибон – Ҳаракати террористӣ



Сиёсати расмии Тоҷикистон дар баробари Толибон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед