Ru  | Tj
Аввалин меваи грейпфрут дар Тоҷикистон. Кӣ ин меваро ба ватани мо оварду парвариш кард
Аввалин меваи грейпфрут дар Тоҷикистон. Кӣ ин меваро ба ватани мо оварду парвариш кард
Аксҳо: Аз қаҳрамони матлаб дастрас гардидааст

Аввалин меваи грейпфрут дар Тоҷикистон. Кӣ ин меваро ба ватани мо оварду парвариш кард

Нашр шуд

Искандар Розиқов баъди ба нафақа баромаданаш ба боғдорӣ машғул шуд, чунки ин шуғл барояш меросӣ мебошад. Қаҳрамони мо тавассути пайгоҳҳои Google ва YouTube донишҳои нави соҳаи боғдориро меомӯзад.

Искандар дар шабакаи Facebook саҳифаи худро дорад, ки дар он дар бораи усулҳои пайванд кардан ва боғу боғдорӣ маълумот нашр менамояд. Саҳифаи ӯро бештар аз 37 ҳазор нафар аз кишварҳои гуногуни ИДМ пайгирӣ мекунанд.

Муаллифи Halva.tj бо Искандар Розиқов ҳамсуҳбат шуда, аз ҳаёту фаъолият ва боғу боғдорӣ дар ҳавливу майдони васеъ қисса намуд.

 

САБЗИШИ УМР

Искандар Розиқов зодаи ноҳияи Варзоб буда, дар оилаи боғбон ба дунё омадааст. Ӯ дар рӯҳияи заҳматписандӣ ба воя расида, дар корҳои боғдории падар кумакрасон буд.

«Кӯдакии ман дар деҳаи Чорбоғ гузаштааст. Дар хурдӣ ман бештар дарс мехондам, аммо дар таътили тобистона зиёд заҳмат мекашидам. Падарам, ки боғбон буд, тамоми намуди меваро ба бозор мебаровардем. Синфи даҳ мехондам, ки дар бозор ба фурӯхтани меваю юнучқа ва тухми мурғ машғул будам. Оилаи мо доим пуркор буд, мо истироҳат надоштем», - нақл мекунад ӯ.

Қаҳрамони мо бо вуҷуди пуркорӣ дар мактаб низ бо баҳои хубу аъло мехонд. Вақташро бештар ба китобхонӣ сипарӣ мекард. Бачаи чолок буд. Дар вақтҳои холигӣ бошад, ба корҳое даст мезад, ки аз онҳо фоида ба даст оварад. Сабаби зиёд хонданашро дар он гуфт, ки мехост дар оянда прокурор шавад.


«Асари «Самаки айёр» ва чандин осори бадеии нависандаҳои худамонро хондаам, чунки асарҳои содаву равонанд. Ҳамчунин ба адабиёти ҷаҳонӣ низ таваҷҷуҳ доштам ва бештар асарҳои нависандаҳои хориҷӣ мехондам. Ҳоло ҳамаи асарҳои хондаам дар ёдам ҳаст», - мегӯяд Искандар.

Искандар Розиқов пас аз хатми мактаби миёна соли 1988 ба мактаби олии тафтишотии Вазоратии корҳои дохилаи Иттиҳоди Шӯравӣ дохил мешавад ва соли 1992 онро хатм мекунад, ки дар он вақт дигар Шӯравӣ вуҷуд надошт.

«Баъд аз хатми мактаби олӣ моро ҳамчун афсар ба сарҳади Озарбойҷон бурданд. Ҳамон вақт ман дарахти афлесунро бори аввал дидам», - ба ёд овард қаҳрамони матлаби мо.

Баъдан Искандар дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба кор даромада, солҳои зиёд ба унвони муфаттиш фаъолият кард. Искандар Розиқов мегӯяд: «Муфаттиш ва сипас муовини сардори шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ШКД-и ноҳияи Варзоб кор кардам».

Ӯ дар шабурӯзе ифои вазифа мекард, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ буд. Қаҳрамони мо ба хотири осоиштагии ҷомеа ва пойдор намудани қонунмандӣ дар чанд амалиёти маҳви гурӯҳҳои ҷиноӣ ширкат кардааст.

Искандар дар баробари фаъолияти касбӣ соли 2013 дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб ширкат (хоҷагӣ)-и шахсии худро таъсис дода, дар майдони 0,80 гектар ба парвариши ангур шурӯъ мекунад.


 

БОҒБОНИ НАВОВАР

Қаҳрамони мо нахустин нафарест, ки ниҳоли меваи грейпфрут ба Тоҷикистон оварду ин меваро дар шароити кишвар парвариш кардааст.

Искандар ниҳоли меваи грейпфрутро аз шаҳри Сочии Русия 500 сомонӣ харидорӣ намуд. Ин намуди мева аслан дар гармхонаҳо парвариш карда мешавад, аз ҳамин хотир Искандар Розиқов дар замини наздиҳавлигияш гармхона сохтааст ва дар он 12 намуди дарахтро дар 6 сотих замин парвариш мекунад.

«Ниҳол хеле хурд буд ва баъди чор-панҷ сол мева ба бор овард. Айни ҳол дар мағоза дидам, ки нархаш 36 сомонӣ мебошад. Грейпфрут аксари вақт аз 500 грамм зиёд мешавад. Лаззаташ ширинтурш мебошад.

Грейфрутро дар ватани мо аслан дар гармхонаҳо парвариш кардан лозим аст. Бояд, ки аз моҳи март то декабр болояш кушода бошад, яъне офтобро бинад. Он ба ҳавои хунук тобовар нест. Дар рӯзҳои хунукӣ кӯшиш мекунем, ки ҳавои гармхона аз 0 градус поён нашавад», – мегӯяд ӯ.


Раисҷумҳури Тоҷикистон соли 2022 ба боғи Искандар Розиқов рафт ва аз навъҳои нави ангуре, ки қаҳрамони мо селексия карда буд, чашида ба кораш аҳсан хонд.

«Моҳи майи соли 2022 бо Эмомалӣ Раҳмон дар боғи ангуре, ки худам парвариш мекунам, вохӯрӣ кардем. Мо ба Пешвои миллат навъҳои ангуре, ки аз хориҷи кишвар оварда, бо навъҳои куҳнаи тоҷикӣ селексия карда будем, пешниҳод намудем. Сарвари давлат аз кори мо бисёр хурсанд шуда, супоришҳои нав доданд», – нақл кард Искандар Розиқов.

Қаҳрамони мо ният дорад, ки соли оянда парвариши грейпфрутро афзоиш диҳад. Ӯ ба онҳое, ки мехоҳанд ин намуди меваро парвариш кунанд, тавсия медиҳад, ки аз фикрашон нагарданд. Чунки ба саломатии инсон фоидаовар аст. Ҳамчунин ба фурӯш баровардани он осон аст, чунки рақиб ҳоло кам аст.


 

МУШОВИРИ БЕДАРЕҒ

Искандар чанд вақт шуд, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук гурӯҳи «Ангур ва боғ»-ро фаъол намудааст, ки дар он маълумотҳои ҷолибро ба ҳаводорони гурӯҳ пешниҳод мекунад. Ҳамчунин ӯ мақсад дошт, ки мардумро ба боғдорӣ ташвиқ кунад ва ба мақсадаш ҳам расида истодааст.

«Ман медонистам, ки мардум дар бораи боғу боғдорӣ он қадар маълумоти зиёд надоранд. Аз ҳамин хотир ин гурӯҳро таъсис додам ва кӯшиш мекунам, ки дар он таҷрибаҳои худамро тавассути навор ва ё матн ба мардум расонам. Дар гурӯҳ 37 ҳазору 400 нафар ҷамъ омадаанд, ки онҳо низ фикру ақидаҳои хешро менависанд», – гуфт ӯ.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед