Ru  | Tj
Хуршед Мустафоев: “Мо тариқи намоишнома омӯхтани сирру асрори кайҳон, забонҳои русӣ, англисӣ ва ғайраро талқин мекунем”
Хуршед Мустафоев: “Мо тариқи намоишнома омӯхтани сирру асрори кайҳон, забонҳои русӣ, англисӣ  ва ғайраро талқин мекунем”
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Хуршед Мустафоев: “Мо тариқи намоишнома омӯхтани сирру асрори кайҳон, забонҳои русӣ, англисӣ ва ғайраро талқин мекунем”

Нашр шуд

Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский 7-уми ноябри соли 1937 дар шаҳри Сталинобод (шаҳри Душанбе) таъсис ёфт. Аввалин намоишномааш “Земля” ном дошт.  Ин театр то ҳол фаъолият дорад ва имсол 84-сола мешавад. То имрӯз театр беш аз 400 намошномаро ба саҳна гузоштааст. Театри мазкур имсол дар озмуни “Парасту – 2021” ҷойи якумро бо намоишномаи коргардон Б. Миралибеков – “Нидои Умари Хайём”, ки нақши асосиро дар он саркоргардони театри мазкур, ҳунарманд Хуршед Мустафоев бозида буд, ишғол кард.

Бинобар ин, мо дар бораи имрӯзи ин театри бузурги таърихӣ, ки дар чандин фестивалҳо ва озмунҳои дохиливу хориҷӣ ҷойҳои намоёнро гирифтааст, бо саркоргардони он Хуршед Мустафоев сӯҳбате оростем, ки мундариҷаи онро манзури шумо мегардонем.

- “Моро бубахш, ки натавонистем наҷотат диҳем”. Ин охирин сухани Шумо буд, ки ҳангоми аз театри тахрибшуда рафтан гуфта будед. Чӣ мехостед?

- Бисёр мехостем, ки хонаи моро вайрон накунанд, чунки таърихи дуру дароз дошт. Як бинои таърихӣ, мисли осорхона аст. Мо бисёр навиштем, ба вазорати фарҳанг ҳам рафтем, аммо моро касе нашунид. Барои ҳамин, яъне мо натавонистем театрро наҷот диҳем. Ҳоло шаш сол гузашт, дардҳо пушти сар шуд, барои дар ин ҷо кор кардан одат кардем. Худо хоҳад дар бинои нав ҳам одат мекунем. Вақте ки ҳунари асил бошад, ҳеҷ гоҳ бо шикастани бино ҳунар валангор намешавад. Ҳунар, ки буд, театр пойдор монд. Бинои театрро вайрон карданд, на худи театрро. Театр бо кӣ ҳаст? Бо ҳунармандон. Пас то вақте ҳунарманд ҳастанд, театр ҳам ҳаст. Агар ҳунар бошад, ҷой муҳим нест, дар ҳама ҷо кор карда мешавад.

- Вақте ки театро вайрон карданд, Вазорати фарҳанг пешниҳод кард, ки ба кинотеатри “Тоҷикистон” кӯчед. Чаро ба он ҷо нарафтед ва ин ҷо омадед?

- Аслан, ин дастгирии Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буд, ки онҳо моро ба ин ҷо даъват карданд. То он даме,  ки театри нав бунёд шавад, метавонед дар ин ҷо ҳамроҳи мо кор кунед, гуфтанд.

- Гуфта метавонед, ки баъди ифтитоҳи театри нав чӣ тағйир меёбад?  

- Театр куҳна ва таъмирталаб буд. Ҳамчунин хурд буд, 2 ошёна дошт. Мо бо лоиҳаи театри нав шинос шудем. Як бинои замонавӣ, ба талабот ҷавобгӯ. Дорои толорҳои хурду калон, аз ҷумла, толори тамрин, толори варзишӣ ва ғайра. Умед мебандем, ки ба наздикӣ ба "хона"-и худ меравем. Зеро“иҷоранишин” ҳастем.  

- Боре шудааст, ки тамошобин хоҳиш карда бошад, ки ин ё он намоишномаро гузоред?

Қариб, ки ҳар рӯз хоҳиш мекунанд. Ҳамин рӯз ду нафар омада,  хоҳиш карданд, ки  “Найрангҳои Майсара”-ро такроран ба намоиш гузорем. Намоишномаи “Исёни арӯсон”-ро бисёр мепурсанд. Аз Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон хоҳиш карданд, ки “Гамлет”-ро ба саҳна гузорем. 

Шукр, театри мо табошобини худро дорад. Вақте эълони ягон намошномаро мегузорем, қариб нисфи толор бо билет медарояд. Одамҳои даъватӣ камтар ҳастанд. 


- Кадом спектаклҳоро берун  аз кишвар ба намоиш гузоштед?

- Қариб дар ҳамаи фестивалҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Беларусия ва ғайра иштирок мекунем. Боре дар фестивалгунае дар Фаронса иштирок намудем.   Он ҷо асари Барзу Абдураззоқовро ба намоиш гузоштем, ки муаррифгари фарҳанги миллии халқи тоҷик буд.

Метавонам номгӯи намошномаҳоеро, ки дар хориҷа ба саҳна гузоштем, номбар кунам: “Рустам ва Сӯҳроб”, “Нидо”, “Нидои Хайём”, “Панҷ зани Афандӣ”, “Субҳи инҷо соқит аст”, “Закат”, “Гамлет” ва ғайра.

- Барои омода кардани як спектакл чӣ қадар вақт лозим аст?

- Ҳар хел. Баъзан як ҳафта, як моҳ ё ду моҳ. Мисол, намоишномаи “Найрангҳои Майсара”-ро дар 2 моҳ тайёр кардем, чунки дар намоиш ҳунармандон бояд суруд мехонданд. Албатта, ки бо овози зинда. Намоишномаи  “Ҳашт зани дӯстдошта”  дар 22 рӯз омода шуд. Намоишномаи “Ноч в театре” бошад қариб 4 моҳ тӯл кашид... Яъне дар чӣ қадар вақт омода шудани намоишнома аз рафти кор вобастагӣ дорад.

- Тибқи нақша, имсол ба куҷо меравед?

- Чун ҳамеша ба ҷашнвораи шаҳри Санкт-Петербурги Русия даъватӣ ҳастем. Ҷашнвораи дигаре низ дар Аврупо ҳаст, ки нияти дар он иштирок карданро низ дорем. Агар вазъи ҷаҳон ба эътидол ояд, сафарҳои ҳунарии мо низ оғоз мешавад.

- Оё бо ягон театри дигар рақобат доред?

- Театрҳои мо мегӯянд, ки “мо зӯрем”, аммо зӯриро мо бояд бо ҳунар нишон диҳем, на бо сухан. Ҳастанд театрҳое, ки ба 2 танга намеарзанд, аммо даъвои “зӯр”- ӣ мекунанд.

- Намоишномаҳои “Гамлет”, “Тартюф”, “Ноч в театре” бештар писанди тамошобин гардидааст. Ҳоло болои кадом асар кор карда истодаед?

- Ҳоло болои намошномаи “Донишҷӯён” кор карда истодаем. Ҳамчунин, аз рӯи асари Александр Николаевич Островский “Зангирии  Балзаминов” ном намоишномаеро таҳия намуда истодаем.


- Барои насли наврас “Низнайка и его друзя”, “Кикимора и волшебная палочка”, “Принцеса без горошини”, “Братец Ли и братец Крол”,  Колобок”,  “Чудо светик” барин намоишномаҳоро омода кардед. Мақсади шумо аз таҳияи онҳо чист?

- Намошномаҳои мо асосан барои омӯзонидани насли наврас омода карда мешавад. Мо тариқи намоишнома омӯхтани забонҳои русӣ, англисӣ, омӯхтани сирру асрори кайҳон ва ғайраро талқин мекунем. Барои мисол, намоишномаи “Незнайка и его друзья” мисли дарс мегузарад, ки ин ба кӯдакону наврасон хеле писанд аст. Хуб аст, ки аз рӯи намоишнома ба худ чизе мегиранд.

- Чаро ҳунармандони ҷавон аз театр мераванд?

- Ин сабаби бисёр дорад. Якум, аз фазои театр дилгир мешаванд. Зеро баъзе ҳунармандони собиқадор ба ҷавонон бо хунукназарӣ нигоҳ мекунанд ва аҳамият намедиҳанд. Дуюм, ин норасоии маблағ ва воҳиди корӣ аст, ки дар бештари театрҳо ба назар мерасад. Маҳз ин омил боис мегардад, ки ҳунармандони ҷавон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд.

- Ба мо чӣ намерасад, ки театрамонро ба театри ҷаҳонӣ табдил диҳем?

- Агар ҳунар  бошад, театр сатҳи ҷаҳонӣ мешавад, агар не, пас ҳоҷати умед бастан нест. Бо пули зиёд, либосҳои зебо ё саҳнаи олӣ, театри сатҳи ҷаҳонӣ сохтан амри маҳол аст.

- Бояд ман чӣ кор кунам, ки ба Театри давлатии русии драмавии ба номи В. Маяковский ба кор дароям?

Якум, бояд лафзи бурро дошта бошӣ, ҳамчунин забони русиро донӣ. Дуюм, бояд ҳунар дошта бошӣ, ки ин аз ҳама муҳим аст. Ин талабот дар ҳама театрҳо якхела аст. 

- Албатта, бо диплом ҳам ба кор мегиранд, аммо бе ҳунар дер намепоянд.

- Ташаккур, саломат бошед.


Балерина Асел Нилобекова: "Тоҷикон ба балет бештар алоқаманд мешаванд"

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед