Ru  | Tj
Рафоат Абдусаломова: “Наттоқ бояд сермутолиа бошад”
Рафоат Абдусаломова: “Наттоқ бояд сермутолиа бошад”
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Рафоат Абдусаломова: “Наттоқ бояд сермутолиа бошад”

Нашр шуд

Наттоқ бояд симои зебо, садои хӯш ва маҳорати баланди гӯяндагӣ дошта бошаду ҳар матни барномаи ахборро мутобиқи мавзӯъ бо оҳанги хос, нигоҳи боварибахш, бурро ва фаҳмо ба бинанда расонида тавонад.

Номи Рафоат Абдусаломова ба бинандагоне, ки телевизиони тоҷикро аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш тамошо кардаанд, ошно аст. Ӯро мардуми тоҷик бо овози ширин, симои зебо ва маҳорати баланди гӯяндагиаш чун наттоқи асил мешиносанду иззат мекунанд. Рафоат Абдусаломова дар телевизинони тоҷик мактаби наттоқиро ба вуҷуд оварду даҳҳо нафарро дар ин мактаб тарбияву таълим дод. Нақши ӯ ҳамчун аввалин наттоқи телевизиони тоҷик дар рушди наттоқии телевизион бамаротиб баланд аст.

Дар мавриди дирӯз ва имрӯзи бахши наттоқӣ дар Тоҷикистон ва баъзе муаммоҳои соҳа бо ин бонуи хушному хушсалиқа гуфтумоне доштем, ки онро ба хонандагон пешниҳод мекунем.


Дирӯз ва имрӯзи наттоқӣ дар Тоҷикистон

- Чӣ гунае, ки медонем, телевизиони тоҷик 3 –уми октябри соли 1959 таъсис ёфт. Нахуст, каме дар бораи рӯзҳои аввали наттоқиатон дар телевизион ва шароити кории телевизиони навтаъсис мегуфтед?

- Солҳои аввали таъсисёбии телевизиони тоҷик наттоқон рӯзҳои душворро аз сар гузарониданд. Дар студияи телевизионии шаҳри Сталинобод (Душанбе) шароити хуби корӣ набуд. Ҳама бо як камераи касбӣ, ҳам наттоқ “Ахбор” мехонду ҳам дигар барномаҳои иқтисодиву фарҳангӣ, мусиқӣ, консерту саҳначаҳо, мусоҳибаҳои хурду калон сабт гардида, ҳамчунин ҳама аз як студияи хурд мустақиман пахш мешуд. Наттоқ ба ғайр аз барномаи иттилоотии “Ахбор” боз дигар барномаҳои шӯъбаҳоро ровигӣ карда, баробари он ҳар як барномаи дар нақша доштаро пеш аз оғоз эълон мекард, то бинандагон ба тамошояш омода бошанд, яъне ин масъулиятро ман - наттоқи забони тоҷикӣ ва Валентина Исаева ба забони русӣ ба ӯҳда доштем. Чунин ҳолати вазнин аз 3-уми октябри соли 1959 то аввали соли 1961 идома ёфт, зеро наттоқи дигаре аз озмун нагузашта буд.       

- Дар он рӯзҳо мушкилоти асосии телевизион кадомҳо буданд?

- Имкони сабту танзим набуд, зеро техникаи касбӣ вуҷуд надошт. Барномаҳо, азбаски мустақим пахш мешуданд, баъзан дар байнашон кадрҳои нотайёр ва бегона низ мерафт. Наттоқ масъулияти зиёд дошт, хатоҳоро бояд сари вақт ислоҳ менамуд. Танҳо наттоқи бомаҳорат метавонист сухани беҷо ё гуфтаҳои хатои мусоҳибро сари вақт ислоҳ намояд.

Мисоли дигар, тахминан пас аз солҳои 1970-1975 вақте дастгоҳи сабту танзим ба студия ворид гашт, душвориҳои дигар низ ба миён омаданд. Агар барномаи яксоатаро, масалан “Дугонаҳо”-ро сабт кунему дар дақиқаи охирин хатои техникӣ ё кадри беҷо ба назар расад, сабтро боздошта, аз дақиқаи аввал, яъне аз сари нав сабт менамудем. Дар ин ҳолат ҳам баранда - наттоқ хаста мешаваду ва ҳам баромадкунандагони дигари барнома. Яъне наттоқи замони Шӯравӣ бо чунин мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гашта, дар натиҷаи худомӯзӣ ва масъулиятшиносии беҳад зафарёб ва ба эътибори бинандагон сазовор гаштааст.

- Ҳоло телевизионҳои тоҷик шароити хуби корӣ доранд ва он мушкилотҳои қаблӣ, ки ба он ишора кардед, дигар дида намешавад. Аммо бо вуҷуди чунин шароити мувофиқ, оё шумо ягон камбудиро мушоҳида мекунед ё не?

- Имрӯз бархе наттоқони телевизион матнро бомаҳорат, бурро, нишонрас, бо оҳанги хоса ва тибқи мазмуни соҳа хонда наметавонанд. Аксар наттоқон “Ахбор”- ро бомаҳорат мехонанд, вале баъзе гӯяндаҳои назди микрофон ба калимаҳо задаро нодуруст мегузоранд. Дар натиҷа калимаҳо ба гӯш мазмунан хатову хандахарош мерасанд. Масалан, дар ҷумлаи “Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии... шуда гузашт” Ин ҷо зада дар калимаи “дар” ба ҳарфи “а” афтодааст, лекин ҷудо аз “китобхона” аст, яъне дар талаффуз “дар”-ро якҷо бо “китобхона” бояд бигӯем, пас аз “дар” ист лозим нест ва ғайраҳо. Алалхусус дар телевизион онҳое, ки сухан мегӯянд бояд бо забони ноби адабии тоҷикӣ ҳарф бизананд. Дар ин бора олимони сухандони мо борҳо гуфтаанду мегӯянд.


Чеҳра ё маҳорат

- Барои наттоқ чеҳра муҳим аст ё маҳорати суханварӣ?

- Барои наттоқи телевизион ҳам чеҳра муҳим асту ҳам маҳорати суханварӣ. Дар симои наттоқ бояд бинанда ҳам зебогии ӯ, ҳам мӯю рӯи дилкаш, либоси шинам, тарзи нишаст ва ҳам нигоҳи боварибахши ӯро бубинад. Яъне дар экран аввал чеҳраи ӯро мебинанду баҳо медиҳанд, баъдан садову маҳорати сухангӯиашро. Агар дар гуфтори наттоқ ин ҳамаро бинанда эҳсос намояд, аз экрани телевизор дур намешавад...

- Шумо 10 сол наттоқ будед ва зиёда аз 30 сол чун эҷодкор фаъолият кардед (муҳаррир, муҳаррири калон, сармуҳаррир, мудири шӯъба) ва таҷрибаи кофӣ доред. Аслан имрӯз ба наттоқ ниёз мондааст? Ё дуруст аст, ки ҳама корро бояд журналист иҷро кунад?

- На ҳар муҳаррир ва журналист наттоқ шуда метавонад. Наттоқ асосан барномаҳои муҳимму оҷили телевизион - “Ахбор”- ро баррасӣ менамояд. Матнҳои сиёсӣ, иқтисодию фарҳангиро равон ва ҳам босуръат бо оҳанги хоса қироат мекунад, то фаҳмою нишонрас барояд. Наттоқ матнро бояд хуб омӯзад, мазмуни ҳар як сужаро ҳангоми машқ дар ёд нигоҳ дорад, то вақти ногаҳон аз кор мондани техника, онро худ мустақиман гуфта тавонад. Баъзан чунин мешавад, ки чанд лаҳза садо шунида намешавад, дар ин ҳолат ҳам танҳо наттоқи ботаҷриба аз ин ҳолат баромада метавонад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки муҳаррир, журналист ё муаллифи барнома бештари вақти худро ба омода намудани барномааш сарф мекунад. Наттоқ, ки маҳорати гӯяндагӣ дорад, ҳар барномаро чун баранда ба ӯҳда гирифта, муваффақ шуда ҳам метавонад. На ҳама наттоқ шуда метавонаду ва на ҳама журналист вазифаи наттоқро иҷро карда метавонад.

- Ба фикри Рафоат Абдусаломова симову садои тоҷик бе наттоқ ҳам вуҷуд дошта метавонад?

- На, наметавонад. Кори симову садои тоҷик бе наттоқ нур надорад. Маҳз наттоқ метавонад хабарҳои оҷилу саривақтиро нишонрас, бурро, фаҳмо тибқи талаботи соҳа ба миллионҳо расонад.


Интернет, блогер ва наттоқ

– “Facebook”, “Садои дил”, “Шаҳди сухан” ва Оила. Ба ҳамаи ин чӣ хел вақт меёбед?

- Дуруст аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳузур дорам. Дар “Facebook” навиштаҳоям - шеър, лавҳа, латифа ва ғайраҳоро мегузорам. Ба он мақсад, ки дӯстонам (зиёда аз панҷ ҳазор) хонанду ҳаловат баранд, инчунин андешаҳояшонро нависанд. Бисёр хурсандибахш аст, ки онҳо навиштаҳои маро дастгирӣ менамоянд. Ҳамин дастгирии онҳо буд, ки чанд навореро бо номи “Садои дил”- шеърҳои худро таҳти мусиқӣ қироат намуда, пешниҳод кардам. Ба мухлисонам хеле писанд омад, чанде аз онҳоро дар дигар гурӯҳҳо дида ва хулоса кардам, ки аз ин амали хеш хато накардаам.

Боз   гурӯҳеро бо номи “Шаҳди сухан” эҷод кардам, ки дар он шеъру достонҳо, лавҳаю ҳикояҳои нависандагону шоирони классику муосир ва панду андарзҳо гузошта мешаванд.

Дар хона асосан бо наберагон банд ҳастаму баъзан ба китобхона ҳам меравам, то адабиёти заруриро дарёфт намуда, вақти бекорӣ мутолиа намоям. Ба ҳамааш вақт меёбам. Тақдири мо - эҷодкорон ҳамин аст.

- Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ блогерҳо хеле зиёд шудаанд. Баъзе аз онҳо мактаби журналистиро гузаштаанд ва баъзеи дигарашон на.   Оё шумо матлабҳои онҳоро мебинед? Ба онҳо чӣ гуна назар доред?

- Бале, байни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ блогерони зиёдеро мебинем, ки мақсади аввалини онҳо ба навиштаҳояшон таваҷҷӯҳи мардумро бештар ҷалб намудан аст. Онҳо дар фикри “лайк”-ҳои зиёд буда, аз рӯи фармоиш рекламаи видеоӣ пахш мекунанд ё ягон лавҳаи бемантиқ намоиш медиҳанд. Аксари наворҳояшон бесифат ва бемантиқ мебошад.

- Оё метавон блогеронро наттоқ гуфт?

- На, ҳаргиз! Блогерҳо ҳеҷ гоҳ наттоқ шуда наметавонанд. Наттоқ касб аст, вазифаи муайянро иҷро мекунад, аз рӯи талаботи соҳа фаъолият менамояд.


Чанд сухани ногуфта

– Чӣ нақшаҳои амалиношуда доред?

- Ростӣ, медонам, ки дар тӯли ин қадар солҳои зиёди меҳнатиам – 10 соли наттоқӣ ва зиёда аз 30 соли барномасозӣ мушкилоти зиёдеро паси сар карда, муваффақ ҳам шудаам. Бо вуҷуди он ҳамеша хаёл мекунам, ки боз кореро фаромӯш кардаам, ки бояд анҷомаш бидиҳам…

Ба гумонам, донише, ки донишҷӯён оиди кор дар телевизион дар донишгоҳҳо меомӯзанд, кофӣ нест, зеро телевизион байни воситаҳои ахбори умум мушкилтарин соҳа аст.

Пас аз ба нафақа баромадан ба таҳқиқи соҳаи мазкур машғул шудам. Рисолаҳоро бо номҳои “Телевизион ойинаи зиндагист”, “Наттоқ - чеҳраи телевизион”, “Телевизион ва психологияи инсон” нашр намудам.

Маҷмӯаи шеърамро бо номи “Парвози дил” ба хонандагон пешкаш намудам...

Ҳамаи китобҳоямро аз китобхонаҳо пайдо карда мешавад, лекин боварӣ надорам, ки аз навиштаҳоям ҳамаи донишҷӯён истифода мебурда бошанд, агарчӣ дар ҳар вохӯриҳоям бо ҷавонон махсус таъкид мекунам.

Ният дорам, агар имконият фароҳам шавад, барои донишҷӯён чанд дарси электронии мустақимро ба воситаи студияи телевизионии факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузаронам…

Умуман, касе, ки дар соҳаи телевизион кор карданист ё адои вазифа менамояд, то муҳаббатро нисбати касбу кораш дар ботини хеш эҳсос нанамояд ва нисбати он масъулият надошта бошад, дар ин роҳ муваффақ шуда наметавонад…

- Сипос барои чунин як сӯҳбати самимӣ.

- Саломат бошед!



Мухбира Исмоилова дар Рӯзи умумиҷаҳонии забони русӣ: "Пештар усули омӯзиши забони русӣ хуб буд"


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед