Ru  | Tj
Қаҳрамони ҷаҳон оид ба бодибилдинг: “Агар имкон шавад, идома медиҳам, вагарна...”
Қаҳрамони ҷаҳон оид ба бодибилдинг: “Агар имкон шавад, идома медиҳам, вагарна...”
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Қаҳрамони ҷаҳон оид ба бодибилдинг: “Агар имкон шавад, идома медиҳам, вагарна...”

Нашр шуд

Сӯҳроб Ғафуров охири соли гузашта дар 12 – умин чемпионати ҷаҳон оид ба бодибилдинг, ки дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон гузашт, дар вазни то 70 кг сазовори медали тилло гашт.

Шикасти 14 рақиб ва ғалабаи Сӯҳроб


Ӯ қаҳрамони ҳашткаратаи Тоҷикистон дар бодибилдинг аст. Ҳоло бошад, 20 сол мешавад, ки ҳамчун мураббӣ низ фаъолият мекунад. Сӯҳроб пеш аз иштирок дар чемпионати ҷаҳон дар чандин мусобиқаҳои сатҳи байналмиллалӣ сазовори ҷойҳои намоён гаштааст. Ӯ дар суҳбат бо мо нахуст аз омодагиву иштирок ва эҳсоси тасвирнопазири ғалаба дар мусобиқаи Тошканд гуфт.

“Соли 2021 вақте бори охир дар мусобиқаи Душанбе ширкат варзидам, қарор кардам, ки дигар ба мусобиқаҳо намеравам. Дӯстонам гуфтанд, ки қарорат хатост, ту бояд дар мусобиқаҳои зиёд Тоҷикистонро муаррифӣ намоӣ. Баъдан маро барои иштирок дар чемипонати ҷаҳон – Тошканд – 2021 ташвиқ карданд. Давоми 10 рӯз барои ин мусобиқа омодагӣ дидам. Пеш аз он ҳам пайваста машқ мекардам ва вазнамро аз 83 кг ба 69 кг поён фароварда будам”, ба ёд овард қаҳрамони мо.

Дар ин мусобиқа Сӯҳроб дар вазни худ 14 рақиб дошт. Дар даври аввал аз ин шумора 5 нафар ба даври дуюм гузаштанд. Инҳо намояндагони Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Малайзия, Мадагаскар ва Тоҷикистон буданд.


“Рақибони ман аллакай чандкаратӣ унвони қаҳрамони Осиёву ҷаҳонро доштанд. Ба андеша афтодам, ки оё дар байни инҳо рақобат карда метавониста бошам. Баъдан, вақте баданамро омода кардам, дар толори тайёрӣ назди ҳамон бачаҳо рафта, пешакӣ худро қиёс намудам ва ба хулосае омадам, ки аз онҳо ягон фарқияте надорам. Як ангезае дар дил пайдо шуд, ки маро ба сӯйи ғалаба дилгарм мекард”, бо табассум нақл кард ӯ.

Дере нагузашта ҷадвали варзишгарони ба даври ниҳоӣ баромадаро бароварданд, ки дар он рӯйхат Тоҷикистон аз ҳама боло меистод. Дар ин давр Сӯҳроб зери мусиқӣ бо ҳафт усул намоиши бадан мекунад. Ӯ мегӯяд вақте навбати эълони ҷоизаҳо барои ғолибон расид, ниҳоят дар ҳаяҷон буд. Ҳамин тавр, ҷойи панҷум ба Ӯзбекистон, чорум Ҳиндустон, сеюм Малайзия, дуюм Мадагаскар ва аввалро ба Тоҷикистон медиҳанд.


“Хурсандии ман дар он сонияҳо ҳадду канор надошт. Дасту поям суст шуда буду аз хурсандии зиёд ашк мерехтам. Баъдан ба пояи ҷоизадиҳӣ баромадему парчамҳо боло шуданд ва суруди миллӣ садо дод. Он дақиқаҳо сарам гӯё бо парчами Ватанам, ки аз ҳама болотар меистод, баробар буд. Ба чашмонам бовар намекардам, вақте медали тиллоро ба гарданам овехтанд”, бо ҳаяҷон ёди он лаҳзаҳо кард варзишгар.

“Варзиш сабаб шуд, ки то имрӯз зиндаам”


Сӯҳроб бо варзиш аз кӯдакӣ алоқаи сахт пайдо кардааст. Ӯ ҳатто ба хотир оварда наметавонад, ки дақиқан дар кадом синну сол ба тамрин шурӯъ кардааст: “Аниқ намедонам, шояд 4 ё 5 – сола будам, ки ҳавою ҳаваси варзиш дар дилам пайдо шуд. Шояд ба қаҳрамонони қавитани филмҳо ҳавас кардам. Ҳамеша орзу мекардам, ки мушакҳои баданам мисли онҳо шавад”, аз хотираҳои ширини кӯдакӣ нақл кард ӯ.

Қаҳрамони мо ёд меорад, ки тӯли давраҳои мактабхонӣ саҳар пеш аз ҳама бедор мешуд. Давида ба талу теппаҳои деҳааш мебаромад, баъдан барои худ дар як кунҷи ҳавлӣ машқгоҳ ва аз оҳанпораҳо чанд олоти машқӣ ҳам месозад. Вале модар аз ин талошҳои ӯ ҳамеша норозӣ будааст.

 

Тавре Сӯҳроб мегӯяд, “Модарам сарзаниш мекард, ки бисёр машқ накунам. Ӯ бисёр маро эҳтиёт мекард ва ҳамеша хавотирӣ мекашид. Вақте калон шудам, ба ман гуфтанд, ки аз лаҳзаи таваллуд иллати дил доштааму табибон то 6 – 7 сол умр дидани маро пешгӯйӣ карда будаанд. Модарам баъди аз ҳафтсолагӣ гузаштани синну солам маро ба назди духтурам мебарад. Духтуре, ки чанд сол пеш аз он ба дигар давлат бурда ҷарроҳӣ кардани маро тавсия карда буд, дар ҳайрат меафтад, ки аз беморӣ дар бадани ман нишон намондааст”.

Сӯҳроб аз беморӣ раҳо ёфтанашро аз раҳмати Худо медонад. Пайваста бо варзиш машғул шуданро бошад, сабабгори ин мӯъҷиза. Ҳоло ҳам худро хеле хуб ҳис мекунад ва аз ягон дард шикоят надорад.

Натиҷаҳо гуногун, вале ҳадаф якто!

Қаҳрамони мо як умр дӯстдори варзиш буд ва маҳз меҳри беандоза ӯро ба толорҳои варзишии пойтахт овард. Дар натиҷаи тамринҳои пайваста ӯ оҳиста – оҳиста ба мусобиқаҳои дохиливу берунӣ роҳ ёфт.

“Аз рӯи ин намуди варзиш дар вазни 65 – 70 килограм ҳашт маротиба чемпиони Тоҷикистон шудам. Дар чемпионати Осиё, ки соли 2015 дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон гузашт, аз рӯи намуди “Спорт – физик” баромад карда, мутаассифона, ҷойи 6 – умро гирифтам. Вале рӯҳафтода нашуда, тамринро ҷиддитар идома додам. Дафъаи дигар соли 2017 дар чемпионати ҷаҳон, ки дар Тайланд гузашт, бояд аз намуди “Боди – классик” баромад мекардам. Вале ин дафъа ҳам маҷбур шудам аз намуди “Спорт – классик” Тоҷикистонро муаррифӣ намоям. Ҳамин тавр, ҷойи чорумро ишғол кардам. Албатта, натиҷаи дилхоҳ набуд, вале каме бошад ҳам ба худам тасаллӣ медодам, ки навбати дигар ҳатман натиҷа беҳтар хоҳад шуд”, натиҷаҳои бадастовардаашро номбар кард Сӯҳроб.

“Бодибилдинг серхароҷот аст, агар дастгирӣ набошад, мушкил мешавад”


Барои варзишгар тамрин аз намуди бодибилдинг ҳам гарону ҳам мушкил аст. Аз ин сабаб Сӯҳроб баъди иштирок дар охирон чемпионати Тоҷикистон оид ба бодибилдинг, ки соли 2021 дар Душанбе гузашт, қарор кард дигар ба мусобиқаҳо намеравад. Вале ташвиқи дӯстон ва номуси ватандорӣ ӯро барои иштирок дар чемпионпти ҷаҳон такон дод ва қаҳрамони ҷаҳон шуд. Ҳоло ӯ дар андеша аст, ки чӣ тавр дар мусобиқаҳои дигари ҷаҳонӣ иштирок кунад.

“Вобаста ба шароит мебинам, ки идома дода метавонам ё не. Ин варзиш хеле серхароҷот аст. Барои бадансозӣ маблағи зиёд сарф мешавад. Хӯроки дилхоҳро хӯрда наметавонӣ, бояд ба реҷа риоя намоӣ ва ҳамарӯза дар тамрингоҳ худро обутоб диҳӣ. Бояд вазн бо қадат мувофиқат кунад. Як соли гузашта барои тамрину ғизо тахминан 40 – 50 ҳазор сомонӣ маблағ сарф кардам. Агар дастгирӣ шаваду сарпараст пайдо шавад, метавонам имсол ҳам дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ иштирок кунам”, таъкид кард Сӯҳроб.

Қаҳрамони мо қаҳрамон тайёр мекунад


Қаҳрамони мо тӯли ду сол мешавад, ки дар толори варзишии “Парвиз Собиров” тамрин ва ҳам шогирдонро омода мекунад. Дар ин ҷо намояндагони ҳама намуди варзиш: бадансоз, вазнбардор, гӯштингир ва дигарон ҳастанд ва дар як ҳафта ду – се маротиба барои тамрин меоянд.

“Тӯли 20 соли мураббигӣ шогирдони зиёдеро омода кардам. Аксари онҳо дар мусобиқаҳо ҷойҳои аввалро соҳиб шудаанд. Як қисмашон ҳатто дар толорҳои дигари шаҳр мураббӣ ҳам шудаанд. Боз оянда кӯшиш мекунем, ки қаҳрамонҳои ҷаҳонро дар ин толор омода намоем”, бо табассум гуфт варзишгар.

Сӯҳроб варзишро тарбиятгари ақлу бадан, роҳати ҷисму ҷон ва василаи солимии ҷомеа медонад. Новобаста аз синну сол ва ҷинс ба ҳама тавсия медиҳад, ки ҳамеша бо варзиш машғул шаванд. Ӯ варзишгаронро парчамбардорон ва ҳимоятгарони шарафи миллату давлат дар арсаи байналмиллалӣ медонад.



Тоҷикдухтаре дар «Победа» ва «Nordwind Airlines»


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед