Ru  | Tj
Баргузории нишасти навбатии "Скифҳои нав" дар Тоҷикистон
Баргузории нишасти навбатии "Скифҳои нав" дар Тоҷикистон
Аксҳо: Мадина Хадзиева

Баргузории нишасти навбатии "Скифҳои нав" дар Тоҷикистон

Нашр шуд

"Скифҳои нав" - лоиҳаи маркази Авруосиёи ба номи Лев Гумилёв буда, аз соли 2011 фаъолият мекунад. Нахуст, "Скифҳои нав" шоирон, нависандагон, рассомон ва файласуфонро дар қаламрави Русия муттаҳид кард. Дар муддати кӯтоҳ он тавонист ба як ҳаракати ҷамъиятие табдил ёфта, бо мақсади гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба таърих ва фалсафаи Авруосиё, дар атрофи худ намояндагони соҳаҳои гуногуро ҷамъ намуд. "Скифҳои нав" дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ таҳқиқотҳои гуногуни илмиро анҷом медиҳад.


Маркази Авруосиёии ба номи Лев Гумилёв таҳти роҳбарии Павел Зарифуллин чандин сол аст, ки бо бошгоҳи Гумилёв дар Душанбе ва кафедраи фарҳангшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад. Ин марказ якчанд лоиҳаҳое пешниҳод намуда буд, ки дар доираи онҳо таҳқиқотҳои гуногун дар қаламрави кишвари Тоҷикистон гузаронида шуданд. Аз ҷумла, дар доираи лоиҳаи "Ҷуғрофияи муқаддаси Тоҷикистон" таҳқиқотҳои алоҳида дар мавзеъҳои гуногуни кишвари мо, ба монанди Искандаркӯл, экспедитсияҳо ва таҳқиқоти илмии Помир, маъбади Окса, Хӯҷанд, Кӯҳи Матча, дараи динозавр ва ғайра гузаронида шуданд.


Имсол низ барои аъзоёни ин бошгоҳ имконият фароҳам омад, то бори дигар дар сарзамини меҳмоннавози тоҷикон ҷамъ омада, лагери тобистонаи "Дӯстӣ ва сарнавишти муштараки таърихии халқҳои Авруосиё"-ро созмон диҳанд. Лагери тобистонаи клуби Гумилёв донишҷӯён, аспирантҳо ва устодони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, коршиносони маркази Лев Гумилёв, инчунин меҳмононро аз Украина гирд овард. Аз 5 то 7-уми июни соли равон дар толори маҷлисгоҳи осоишгоҳи Сароб, миёни кӯҳҳои сарбаафлок, садои гушнавози чашмасорон ва ҳавои тозаву салқин, мубоҳисаҳои хотирмон сурат гирифт.


Ҳангоми мулоқотҳо бо иштирокчиён тоҷикистониён меҳмоннавозии машҳури шарқии худро нишон доданд.

Барои ташкили вохӯрӣ ва шиносоии иштирокчиён усулҳои муосири гузаронидани ҷамъомадҳо ба роҳ монда шуд, ки дар рафти он дар мавзӯҳои мубрам мубоҳисаву андешаронӣ, шиносоӣ ва омӯзиши махсусиятҳои якдигар ва мубодилаи дониш сурат гирифт.

“Мо аз як ҳаво нафас мекашем ва дар ҳама ҷо вақту замон як аст, ки албатта ҳамаи ин моро бо ҳамдигар мепайвандад. Тарҳи зиндагии ояндаи мо муайян карда шудааст ва мо ояндаро якҷоя хоҳем навишт», - қайд кард Павел Зарифуллин.


Дар ин лагер аз ҷониби коршиносон оид ба таърихи Авруосиё, муштаркии халқу миллатҳои он ва таърихи ягона доштани ин халқу миллатҳои гуногун маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Ҳамчунин, Павел Зарифуллин дар бораи рӯйдодҳои охири ҷаҳон, ҷангҳои иттилоотӣ ва чӣ гуна мубориза бурдан ба онҳо ва муҳиммияти санҷиши ҳама гуна иттилоъ, сухан ронд. Иштроки фаъолонаи донишҷӯён дар саволу ҷавоб ва муҳокимаҳову андешарониҳо, меҳмонони хориҷиро ба ҳайрат овард.


Дар шоми гарми тобистон иштирокчиён филми "Асрори зимистони Русия" -ро тамошо карданд, ки онҳоро хаёлан ба сарзамини сарду яхбаста, пурбарфу пурасрор, ҷаззобу дилкаш ва табиати паҳоновари Русия бурд. Ин анҷоми мулоқоту вохӯриҳо дар лагери тобистона буд, аммо на анҷоми муоширати иштирокчиён.


Пас аз бозгашт ба Душанбе, меҳмонон ва иштирокчиёни маҳфил ба Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский ташриф оварданд. Ҳунармандони ин театр махсус барои меҳмонон намоишномаи "Найрангҳои Майсара" -ро ба саҳна гузоштанд, ки бори дигар онҳо худро дар фазои шодии сокинони деҳа тасаввур карданд. Чунин асарҳо ва намоишномаҳо бозгӯкунандаи расму ойин ва суннатҳои қадимаи халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Меҳмонон низ бо тамошои ин намоишнома бо расму ойин ва суннатҳои қадимаи халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.

Иштирокчиён изҳори умедворӣ карданд, ки чунин вохӯриҳо боз ҳам баргузор гардида ва минбаъд ҳамкории байни халқҳои Авруосиё боз ҳам густариш хоҳад ёфт.

«Неллии оҳанин» аз Тоҷикистон. Маълумоти ҷолиб доир ба зиндагии гиманстиёри машҳури Шӯравӣ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед