Ru  | Tj
«Неллии оҳанин» аз Тоҷикистон. Маълумоти ҷолиб доир ба зиндагии гиманстиёри машҳури Шӯравӣ
«Неллии оҳанин» аз Тоҷикистон. Маълумоти ҷолиб доир ба зиндагии гиманстиёри машҳури Шӯравӣ
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

«Неллии оҳанин» аз Тоҷикистон. Маълумоти ҷолиб доир ба зиндагии гиманстиёри машҳури Шӯравӣ

Нашр шуд

Гимнастёри машҳур - Нелли Владимировна Ким – ғолиби панҷкаратаи олимпиадаҳои ҷаҳонӣ ва мураббии хизматнишондодаи варзиши Шӯравӣ мебошад. Доир ба фаъолият ва кору рӯзгори ин ситораи гимнастика филми мустанад ба навор гирифта шудааст. Ҳамчунин Академияи варзишӣ дар шаҳри Алма - Атои Қазоқистон ба номи ӯ гузошта шудааст.

Чаро ситораи гимнастика аз аввал ин соҳаро ҷиддӣ нагирифт? Дар насаби ӯ чӣ сирре нуҳуфтааст ва чӣ гуна ин варзишгари машҳур ба чунин муваффақиятҳои беназир ноил гардид?

Halva.tj ба ин саволҳо посух гуфта, ҳамчунин маълумоти ҷолиберо аз зиндагиномаи Нелли Ким барои шумо - хонандагони азиз пешниҳод мекунад.

Ҳаёти «бодиянишинӣ»


Нелли Владимировна Ким 29-уми июли соли 1957 дар шаҳраки Шӯроби Тоҷикистон ба дунё омадааст. Пас аз ба дунё омадани ин ситораи гимнастика оилаи онҳо ба кишвари дигари Шӯравӣ - Қазоқистон мекӯчанд. Дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон Нелли назди мурабии худ Владимира Байдина гимнастикаро тамрин мекунад. Маҳз ба ҳамин хотир, ӯ ҳамчунин Қаҳрамони миллии Қазоқистон дониста мешавад.

Соли 1977 Нелли бо гимнастиёри белорусӣ Владимир Ачасова оила барпо карда ва ба сеюмин кишвари Шӯравии собиқ - Беларус, ба шаҳри Минс куч мебандад. Айни ҳол ситораи гимнастикаи ҷаҳонӣ Нелли Ким дар шаҳри Миннеаполиси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиндагӣ мекунад.

1. «Шоҳзодаи гимнастика»


Падари Нелли, Владимир Ким, аз рӯйи нажод кореягӣ аст. Худи насаби «Ким» миёни аҳолии кишвари Корея хеле машҳур буда, соли 1948 намояндаи оилаи Ким дар ин кишвар ба сари қудрат меояд. Худи Нелли Владимировна дар як мусоҳибаи худ ёдовар шудааст, ки соли 1989 дар Корея чун «маликаи гимнастика» пазируфта шудааст. Ин гимнастёри машҳур дар Корея чун қаҳрамони миллӣ шинохта шудааст, зеро ӯ солҳои зиёд дар тими миллии ин кишвар ба ҳайси сармураббӣ фаъолият намуда, дар оммавӣ намудани ин навъи варзиш саҳми бузург гузоштааст.

2. Мехоҳӣ ғолибиятро ба даст орӣ? Чизи наверо нишон деҳ!


Дар ибтидо дар Қазоқистон ба навъи варзиши гимнастика чандон таваҷҷӯҳ зоҳир намешуд. Бо вуҷуди ин, Нелли тавонист дар муддати кӯтоҳ дар ин соҳаи варзиш рақибони худро пайдо кунад. Варзишгарони машҳур Надя Команечи, Олга Корбут ва Людмила Туришева аз шумули рақибони Нелли дар ин самти варзиш буданд. Худи Нелли таъкид мекунад, ки барои беҳтарини беҳтаринҳо шудан танҳо дуруст ба ҷо овардани унусурҳои ин навъи варзиш кофӣ нест. Бояд дар ин ҷода амалҳои нав, ҳаракатҳои нав ва дар маҷмӯъ навгониро ворид намоӣ.

Дар ҳамин росто, мураббии Нелли-Владимир Байдин тасмим гирифт, ки ба барномаи варзишгарон як унсури мураккабро - Сукахараро бо партоби 360 дараҷа илова кунад. Нелли аввалин гимнастиёр буд, ки чунин унсури мураккабро иҷро кард. Ин амал дар фаъолияти варзишии Нелли муваффақияти бузург буд. Ӯ дар таърихи гимнастика аввалин гимнастёр буд, ки барои иҷрои ин амали печида дар бозиҳои олимпӣ 10 холро сазовор шуда, соҳиби медали тилло гардид.

3. “Дастур аз боло”


Боре Нелли Владимировна эътироф намуд, ки тими дӯстонаи онҳо, ки барои бозиҳои олимпӣ омодагӣ медиданд, танҳо дар назари одамон «дӯстона» менамуд. Дар асл гимнастиёрони дигар ба монанди Олга Корбут ва Людмила Туришева дар симои Нелли рақиби асосии худро медиданд ва омода буданд бо ӯ ҳар вақт рақобат кунанд. Барои дастаи намоёни онҳо, ки дар бозиҳои олимпӣ хеле машҳур буд, ҳамеша «дастур аз боло» буд.

4. Олимпиадаи се «К»


Ҳангоми баргузории бозиҳои олимпӣ соли 1976 дар Монреал Нелли аз як мухлисаш мактуби аҷоиб ва ғайриоддӣ гирифт. Дар мактуб омада буд, ки дар ин олимпида «се «К»» ғолиб хоҳанд омад. Ин маънои онро дошт, ки дар ин олимпиада ҷойи якумро Киманелли (тахуллуси варзишии Нелли Ким), ҷойи дуюмро Корбут ва ҷойи сеюмро Команечи мегирад. Аммо ин «пешгӯӣ» дуруст набаромад. Дар ин олимпиада ҷойи аввалро Надя Команечи, ҷойи дуюмро – Нелли Ким ва ҷойи сеюмро Людмила Туришева сазовор шуданд.

5. «Неллии оҳанин»


Дар дунё ягон варзишгаре нест, ки аз нобарориҳои кори худ дар ин соҳа ноумед нашуда бошаду ин нобарориро анҷоми кариераи худ надонад. Нелли низ аз ин шумул истисно нест. Пас аз Олимпиадаи Монреал соли 1976 Нелли оиладор шуда, ба шаҳри Минск омад. Дар ин вақт варзишгари машҳуру шинохта Нелли ба бемории захми меъда гирифтор шуд ва табибон ба ӯ маслиҳат доданд, то дигар ба варзиш машғул нашавад. Пас аз як моҳи таваққуф, Нелли пай бурд, ки ӯ наметавонад аз баҳри кариераи худ гузарад ва аз ин рӯ, зиндагии худро бе варзиш тасаввур карда наметавонист. То қаҳрамонии ҷаҳон ӯ пурра шифо ёфт ва соли 1978 дар олимпидаи Страсбург соҳиби ҷойи аввал ва медали тилло гардид. Барои иродаи қавӣ, саъйу талош доштанаш дар ҷодаи варзиш ҳамкасбон ӯро «Неллии оҳанин» меномиданд.

Ифтихор аз ном


Сарояндаи машҳури канадагӣ Нелли Фуртадо маҳз ба хотири ин варзишгари шинохта - Нелли Ким номгузорӣ шудааст. Волидайни сароянда аз баромади Нелли Владимировна дар Монреал дар соли 1976 хеле мутаассир шуданд ва духтари худро ба хотири дӯстдоштани ӯ Нелли ном ниҳоданд. Номи пурраи ин сароянда Нелли Ким Фуртадо мебошад.



5 китобе, ки оқилона сармоягузорӣ карданро меомӯзонад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед