Ru  | Tj
«Дар ҷустуҷӯи хушбахтӣ». Академияи бонувон дар Душанбе роҳро барои ҳамоҳангӣ боз мекунад
«Дар ҷустуҷӯи хушбахтӣ». Академияи бонувон дар Душанбе роҳро барои ҳамоҳангӣ боз мекунад
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

«Дар ҷустуҷӯи хушбахтӣ». Академияи бонувон дар Душанбе роҳро барои ҳамоҳангӣ боз мекунад

Нашр шуд

Чӣ гуна ҳамоҳангиро метавон пайдо кард ва хушбахт шуд?  Чӣ гуна гӯш намуданро бояд омӯхт? Чӣ тавр бо дунёи ботинии худ метавон дӯст шуду ба атрофиён муҳаббат варзид? Барои посухи ин пурсишотро пайдо намудан ба шумо Академияи занон (Женская Академия) кӯмак мекунад. 

Наргис Назарова, зимни суҳбат дар бораи чӣ гуна гузоштани қадамҳои нахустини худ дар роҳи зиндагии осӯда ва хушбахтона қисса кард.

- Наргис, мехоҳам дар бораи таъсис ва фаъолияти имрӯзаи Академияи занон дар шаҳри Душанбе маълумот диҳед.

- Академияи занон – ин қисме аз лоиҳаи бузурги русии «Психология 3000» мебошад.  Дар он ҳамчунин Мактаби роҳбарӣ ва ҳамкорӣ ва Институти психологии арзишмадор фаъолият мекунад. Инчунин дар ин академия ҷамъомадҳои мардона низ баргузор карда мешавад, ки дар доираи он фестивалҳои гуногун низ гузаронида мешавад. Ҳамзамон барои наврасон донишомӯзони низ ба фаъолият оғоз намудааст. 

    Ин барнома аз ҷониби занони равоншиноси ботаҷиба омода шудааст. Вақте ки таҳлилгарон машваратҳои гуногун, мулоқотҳо, семинару тренингҳоро дар доираи маҳфилҳои занона баргузор карданд, мушоҳида намуданд, ки дар ҷомеаи муосир занони мо бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ ҳастанд. Мушкилоте, ки имрӯз дар аксари занҳо дида мешавад, ин зӯроварӣ дар оила, нооромии рӯҳиву равонӣ, аз даст додани мақому мартабаи  худ,  ҳисси бадбинӣ ва худро бадбахт шуморидан ва ба ин монанд мебошанд. Вақте ки зан худро як шахси нодаркор ё бадбахт ҳис мекунад, ин эҳсосот албатта ба наздикони ӯ низ бетаъсир намемонад.  Ҳастанд ҳолатҳое, ки занон дар чунин вазъият хомӯширо пеша мекунанд, ки он оқибат ба атрофиён таъсири манфӣ мерасонад. Мақоле вуҷуд дорад, ки мегӯяд: «Дар хонае, ки зан хушбахт аст, дар он ҳатто нонхӯрак низ хушбахт мебошад». Мисоли равшани ин гуфтаҳоро мо метавонем дар айёми кӯдакии худ бубинем. Он замон хушнудии тамоми оила аз хушнудии модарамон вобаста буд. 

Муаллифони ин барнома ба хулосае омаданд, ки рӯз то рӯз мавқеи зан дар ҷомеа коста мегардад ва ин мушкилот ба як мушкилоти доғи рӯз табдил меёбад. Маҳз ҳамин мушкилот сабаб мешавад, ки зан аз нигоҳи равонӣ рушд намекунад. 

Агар мард дар ҳоли мубориза сахтиҳои зиёдро аз сар гузаронад ва зан баръакс боз ба ӯ мушкилие эҷод кунад, дар ин ҳол муносибати оилавӣ хароб мешавад. Мо кӯшиш мекунем, ки дар оилаҳои мо оромӣ ва хушбахтӣ ҳукмфармо бошад.

Албатта ман гуфтанӣ нестам, ки занон дар хона шинанд ва кор накунанд. Мо метавонем ин ҳамаро дар зиндагии воқеӣ амалӣ намоем, аммо бо назокати занона, бе асабоният, зеро ҳар қадар ки тарс ба мо ғолиб омад, мо ҳамон андоза устувории худро аз даст медиҳем. 

- Оё мо гуфта метавонем, ки Академияи занон дар роҳи якдигарфаҳмӣ ба бонувон кӯмак мекунад?

- Агар аз рӯйи табақабандӣ ба назар гирем, бале метавонад. Дар дарсҳои мо ба занон чӣ будан ва асли табиати занро шарҳ медиҳанд. Табиати занро аз ташхиси хуни ӯ, яъне ДНК муайян мекунем. Аз ин рӯ, мо ба онҳо ягон чизи навро намеомӯзонем, мо танҳо он чизҳоеро шарҳ медиҳем, ки он аллакай дар мо вуҷуд доранд. 

Вақте ки донишомӯзони мо ба дунёи ботинии худ бармегарданд ва кӯшиш мекунанд, ки худро бишносанд, вақте ки ба садои қалби худ гӯш медиҳанд, дар ин ҳол наметавонанд ба касе бадӣ кунанд. Яъне ӯ ба зиндагӣ ва атрофи худ некбин мешавад ва худро хушбахт ҳис мекунад ва дар ин ҳол ба атрофиёни худ низ некбинона назар менамояд. 

Ба донишомӯзон мо воқеиятҳои зиёдеро нишон медиҳем, ки онҳо барои дарки худ ва атрофиён, талаботи воқеии худ ва амалӣ намудани орзуву хоҳишҳои худ ба онҳо кӯмак мекунад. 

Ҳадафи Академияи занон низ нишон додани табиати воқеии занон мебошад. Зани хушбахт оилаи хушбахтро месозад ва оилаи солим ин ҷомеаи солимро бунёд мекунад. Ин ҷо бояд як нактаро қайд кард, ки хушбахт будан ин ба худи ҳар як шахс вобаста аст, зеро бахт аз ҷое намеояд, он аз дохили мо бармехезад. Дарк намудани хушбахтӣ ва кашф намудани он ин амалест, ки ҳар як шахс бояд баҳри он кӯшиш кунад.  

- Барои мо донистан аҷиб аст, ки то қадам гузоштан дар ин ҷода ва фаъолият дар Академияи занон дар Тоҷикистон ба чӣ кор машғул будед? 

- Ман дар ҷодаи худшиносӣ роҳи кофиро тай намудам. Имрӯз дипломи равоншиносӣ бо ихтисоси кор бо ҷомеа ва «тренери барномаҳои занона»-ро дорам. Аз рӯи маълумоти олии якум, иқтисодчӣ ҳастам. Ман Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро хатм намудам.  Маълумоти дуюмамро  дар Мактаби олии равоншиносии амалии Русия гирифтам. 

Каме дар бораи фаъолияти кории худ мегӯям. Вақте ки донишгоҳро хатм намудам, ба фаъолияти корӣ оғоз кардам. Он замон чун дигар духтарон танҳо дар андешаи он будам, ки маълумоти олӣ гирам, соҳиби ҷои кор ва шӯҳрату обрӯ гардам. Фикр мекардам, ки оиладор шудан дуюмдараҷа аст. Ман он вақт чунин андеша доштам, ки инсон танҳо пас аз ба даст овардани маълумот ва соҳибтахассусӣ рушд мекунад. 

Ман дар бораи муҳимияти оила пасон фикр кардам, аммо ба худ мегуфтам, ки хушбахтӣ роҳи дигаре дорад.  Дар атрофам занҳои оиладор хеле зиёд буданд ва дар қатори онҳо духтарони бадбахт низ кам набуданд. Ман ҳамеша ба онҳо савол медодам, оё ҳастанд нафароне, ки ҳам дар оиладорӣ муваффақ бошанду ва ҳам дар кор? 

Бо мурури замон илми равоншиносӣ диққати маро ба худ ҷалб  кард. Пас аз он ба Мактаби олии равоншиносии амалии Федератсияи Русия дохил шудам. Намехостам касбамро иваз кунам, танҳо баҳри бароварда кардани майлу рағбати худ дар ин ришта таҳсил намудам. Аммо ҳар қадар, ки бештар мехондам, ҳамон андоза дар бораи чӣ будани ботини занон ва мардон сарфаҳм мерафтам. Ман фаҳмидам, ки дар маҷмӯъ ҷаҳон чӣ гуна сохта шудааст ва оё одам ба ин ҷаҳон ягон вобастагӣ дорад ё не? Муҳимтар аз ҳама дар он қонунҳои махсус вуҷуд дорад, ки ин ҳамаро дар раванди таҳсил дарк намудам. 

Ман ҳар қадар бештар мутолиа мекардам, ҳамон андоза мехостам донистаҳои худро ба дигарон омӯзонам. Ҳангоми таҳсил дар курси сеюм дар бораи Академияи занон  хабар ёфтам ва қарор додам, дар риштаи пешбарии он таҳсил мекунам. 

- Ҷавондухтарон бештар бо кадом мушкилот ба шумо муроҷиат мекунанд? 

- Бояд гуфт, ки барномаи мо танҳо ба занҳое пешбинӣ нашудааст, ки ба мушкиле рӯ ба рӯ бошанд. Ба Академияи мо ҷавондухтароне низ меоянд, ки мехоҳанд чизи наверо омӯзанд ва дониши худро такмил диҳанд. Вале аксарияти ҷавондухтароне, ки ба мо муроҷиат мекунанд, воқеан нафароне ҳастанд, ки аз ҷониби падар ё бародар, шавҳар ё фарзандон ранҷ дидаанд ва азият кашидаанд. Боз ҳастанд нафароне, ки барои рушди равонии худ муроҷиат мекунанд. 

Махсусияти ин барнома дар он аст, ки ҳар як зан бо саволҳо аз мушкилоти худ ба мо муроҷиат мекунад ва ба худ посухи муносиб мегирад. Мо донишҳоро ҳамаҷониба  меомӯзем ва ҳамчунин, дар мо маҳдудияти синусолӣ ва ҷойи зист вуҷуд надорад.  

- Дар маҷмӯъ раванди омӯзиш чӣ гуна сурат мегирад? Тақсимбандии махсусе вуҷуд дорад?

- Дар Академияи занон ҳоло ду барнома амал мекунад. Барномаи «Лайт», ки дар он омӯзиш 4 моҳ (16 тренинг дар ҳаҷми 3,5 соат, ҳафтае як маротиба) идома меёбад. Байни дарсҳо супоришҳои хонагӣ низ дода мешавад. Пас аз хатми он барномаи асосӣ - «Базовая»  шурӯъ мешавад.  Он аз 4 модул иборат аст, ки ҳар кадоми он 10-14 дарсро дар бар мегирад. Ин барнома нисбат ба барномаи аввалӣ каме мушкилтар аст ва омӯзиши он 6 моҳро дар бар мегирад. 

Пас аз омӯзиши барномаи «Лайт» дар ҳаёти ҷавондухтарон тағийроти ҷиддӣ ворид мешавад, аммо баъдан ба худи онҳо вобаста аст, ки ин тағйиротро чӣ гуна нигоҳ медоранд. Пас аз хатми барномаи марказӣ донишҳои худро такмил дода, дар худ устувориро эҳсос мекунанд.

- Барои мо донистан аҷиб аст, ки шумо ба донишомӯзонатон чӣ гуна вазифаҳои хонагӣ медиҳед? 

- Мо барномаҳои дақиқ дорем ва аз рӯи он кор мекунем. Тибқи ин барномаҳо мо донишҳои қадимиро бо амалияи равоншиносии муосир муттаҳид менамоем. Вазифаи хонагӣ ин як қисми асосии курси мост ва дар робита ба мавзӯи ҳамонрӯза  онро пешниҳод мекунем. Масалан, дар мавзӯи «Забонҳои ишқ» мо вазифаи хонагӣ медиҳем. Забони муҳаббати ҳар як инсон ба худаш хос аст. Мо бо роҳу усулҳои гуногун дарк мекунем, ки моро дар ҳақиқат дӯст медоранд. Мисол, баъзеҳо фикр мекунанд, ки агар ӯро ба оғӯш гирад, пас ин маънои онро дорад, ки дӯст медорад. Барои баъзеҳо нишонаи дӯстдорӣ ин тӯҳфа мебошад. Бигзор тӯҳфаи қиматбаҳо набошад, аммо он нишонаи таваҷҷӯҳ аст. Масалан, ду дилдода бо ҳамдигар вохӯрӣ баргузор мекунанд. Барои яке тӯҳфа нишонаи муҳаббат аст ва барои дигаре оғӯшгирӣ. Ҷавон ба духтар тӯҳфа ҳадя мекунад ва духтар аз он меранҷад ва гумон мекунад, ки ӯро дӯст намедорад. Дар ҳамин гуна мавзӯъҳо мо ба онҳо супоришҳои хонагӣ  медиҳем, то онҳо забони муҳаббати наздикон ва аҳли оилаи худро донанд ва маҳз бо забони муҳаббати онҳо муносибат кунанд. 

 - Дар ҷомеаи Тоҷикистон агар занҳо хоҳиши ташаккули шахсияташонро дошта бошанд, онро бо як нигоҳи интиқодӣ қабул мекунанд...

- Албатта, дар ин бобат мушкилиҳои зиёд мавҷуданд, аз ин рӯ, ман сари ҳар вақт машваратҳои шахсӣ мегузаронам ва оилаҳои ҷавон  зуд -зуд дар ин мавзӯъ ба мо муроҷиат мекунанд. 

Дар аксари маврид нофаҳмӣ ва мушкилот дар оилаҳо аз надонистани одоби муошират сар мезанад. Масалан, зан фикр мекунад, ки шавҳараш бояд дар бораи ҳама хостаҳои ӯ бохабар бошад, аз тамоми мушкилоту душвориҳои кори ӯ бояд огоҳ бошад. Аммо дар асл худи зан ин ҳамаро бояд ба мард бигӯяд, зеро мард фолбин нест ва намедонад, ки занаш чӣ мехоҳад ва ё чӣ мушкил дорад. Мардон аз занон ягон бартарият ва ё камбудӣ надоранд, онҳо танҳо аз нигоҳи биологӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Онҳо эҳсоси ҳархела доранд ва вақте ки шумо инро мефаҳмед, ба роҳ мондани муносибатҳо ва якдигарфаҳмӣ дар оила осонтар мешавад.

Надонистани одоби муошират ва ошно набудан бо табиати якдигар боиси муноқишаҳои ҷиддӣ мегардад. Барномаҳои Академияи занон дониш ва малакаҳоро дар бораи чӣ гуна ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамоҳангӣ бо худ, наздикон ва бо олами атроф такмил медиҳад.

- Оё шумо дар минтақаҳои Тоҷикистон низ ин корро мекунед? 

- Мутаасифона, мо бо минтақаҳо кор намекунем, аммо хоҳиши кор кардан дар он ҷойҳоро низ дорем. 

Умедворам, ки дар оянда ҷавондухтароне, ки курсҳои пурраи Академияи занонро хатм мекунанд ба амалишавии ин ҳадаф мусоидат менамоянд.

- Чӣ тавр узви Академияи занон шудан мумкин аст?

- Шумо метавонед ба ман дар шабакаҳои иҷтимоӣ нависед ё ба рақами (+992) 918611804 занг занед ва барои муаррифии барнома сабти ном кунед. Мо метавонем нахуст бо хоҳишмандон шинос шавем ва ман ба онҳо дар бораи шароити таҳсил муфассал мегӯям. Ҳоло мо гурӯҳи навро  ҷалб карда истодаем. Гурӯҳи навбатиро бошад пас аз як сол қабул хоҳем кард. 

- Дар поёни сӯҳбат, мехостам дар бораи нақшаҳои ояндаи худ гӯед...

- Имрӯз Академияи занон дар панҷ кишвар мавҷуд аст ва фаъолият мекунад. Дар маҷмӯъ, дар ҷаҳон зиёда аз 70 пешбарони ин барнома фаъолият мекунанд. Шояд ҳаряки мо орзу дорем, ки дар атрофи худ як навъ ҷомеа созем, то баъдтар лоиҳаҳои бузургро амалӣ намоем.

Орзу дорам, ки як ҷомеаи хатмкунандагон ва пешбарони Академияи занонро таъсис диҳем. Мо дар оянда метавонем фестивалҳо, шабнишиниҳо, тренингҳо ва барномаҳои гуногунро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар хориҷи кишвар низ баргузор кунем. Ҳамаи ин ба он равона карда мешавад, ки шумораи ҳарчӣ бештари занон бо ин гуна донишҳо фаро гирифта шаванд ва худро хушбахт эҳсос кунанд.


Бахтиёр Эргашев: "Ӯзбекистон аз вазъи Украина хулосаи зарурӣ баровард"




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед