Ru  | Tj
Дар Душанбе ба ифтихори солгарди амалиёти “Дунай” ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе ба ифтихори солгарди амалиёти “Дунай” ҳамоиш баргузор гардид
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Дар Душанбе ба ифтихори солгарди амалиёти “Дунай” ҳамоиш баргузор гардид

Нашр шуд

Рӯзи 25-уми декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба хотири 55-умин солгарди оғози амалиёти “Дунай” дар Ҷумҳурии сӯсиёлистии Чехословакия ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ин нишаст ҷанговарони собиқадор, аз ҷумла иштирокдорони амалиёти “Дунай” ва ҷанги Афғонистон ва намояндагони дипломатии Русия иштирок доштанд.


Семён Григорйев, сафири Русия дар Тоҷикистон дар зимни суханронӣ аз иштирокдорони ин амалиёт изҳори сипос карда, иброз дошт, ки имрӯз дар баробари ин санаи ёдбуд рӯзи аз Афғонистон хориҷ шудани нерӯҳои шӯравӣ низ ба шумор меравад.

“Афроде, ки солҳои 1968-1969 дар Чехословакия дар амалиёти Дунай иштирок доштанд, ба қатори ҷанговарони собиқадори нерӯҳои шӯравӣ дохил ҳастанд, ки онҳо дар даврони мавҷудияти Иттиҳодияи ҷамоҳири шӯравӣ дар кишварҳои гуногун ё худ хориҷ аз он адои вазифа кардаанд. Набояд фаромӯш кард, ки ҳатто пеш аз Ҷанги бузурги ватанӣ низ ҷанговарони шӯравӣ берун аз хоки ин кишвар дар Испониё хидмат кардаанд. Ин амал баъд аз ба итмом расидани Ҷанги дувуми ҷаҳон низ идома ёфт”, - гуфт сафири Русия дар Тоҷикистон.


Дар фарҷоми ин маросим ба ҷанговарони собиқадор ифтихорномаву нишони сарисинагӣ супорида шуд.

Ёдоварӣ мекунем, ки 55 сол қабл дар рӯзи 21-уми августи соли 1968 ҷанговарони собиқадори Иттиҳодияи Шӯравӣ барои ёрӣ ва ҷилавгирӣ аз табаддулоти давлатӣ дар Чехословакия, ки бо номи “Баҳори Прага” низ маълум аст, ба ин кишвар ворид шуданд.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед