Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон нахустин бунгоҳи захираии омӯзиши забони русӣ фаъол шуд
Дар Тоҷикистон нахустин бунгоҳи захираии омӯзиши забони русӣ фаъол шуд
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Дар Тоҷикистон нахустин бунгоҳи захираии омӯзиши забони русӣ фаъол шуд

Нашр шуд

Рӯзи 21-уми декабр дар шаҳри Турсунзода бо ҳузури намояндагони дипломатии Русия маросими ифтитоҳи нахустин бунгоҳи захираии омӯзиши забони русӣ ифтитоҳ гардид.

Он дар назди муассисаи таълимии №75, ки номи иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Георгий Исраилёнро дорад, ҷойгир буда, бо асбобу анҷоми замонавӣ ва ҳамчунин адабиёту маводи таълимӣ таъмин шудааст.


Вера Хуторская, мушовири намояндаи дипломатии Русия дар Тоҷикистон зимни суханронӣ бар аҳамияти омӯзишӣ забони русӣ таъкид кард. Номбурда изҳори қаноатмандӣ кард, ки дар муассисаи мазкур ин забонро хуб балад ҳастанд ва муносибати хубе нисбати ин забон доранд. Ҳамчунин ӯ аз эҳтироми ду кишвар – Тоҷикистон ва Руссия нисбати якдигар ёдоварӣ кард.

Вай ҳамчунин зикр кард, ки ҳафтаи оянда дар яке аз мактабҳои шаҳри Панҷиканд низ чунин синфхона ба истифода дода мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, дар соли оянда боз дар якчанд шаҳри дигар чунин бунгоҳҳои омӯзишӣ ба истифода дода мешавад.


Гуфтанист, ки то ин дам ин лоиҳа дар дар 16 кишвар татбиқ гардида, он дар мактабу донишгоҳҳо фаъолият мекунад.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед