Ru  | Tj
«TajBuld» маҳсулоти сохтмонии 7 кишварро ба намоиш гузоштааст
«TajBuld» маҳсулоти сохтмонии 7 кишварро ба намоиш гузоштааст
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

«TajBuld» маҳсулоти сохтмонии 7 кишварро ба намоиш гузоштааст

Нашр шуд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байнулмилалии сохтмонии «TajBuld» дар Тоҷикистон ба кори худ оғоз кард.

Дар намоишгоҳи мазкур маҳсулоти сохтмонии Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Туркия, Эрон, Чин ва Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст. Ҳамин тавр дар ин намоишгоҳ беш аз 67 ширкати ватаниву хориҷӣ бо намояндагӣ аз маҳсулоти худ иштирок доранд.

Бояд гуфт, ки дар намоишгоҳи байнулмилалии «TajBuld» дастовардҳо ва таҷрибаи пешқадами ширкатҳои бонуфузи сохтмонии хориҷӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, фанноварӣ ва таҷҳизотҳои вижаи соҳаӣ ба маъраз гузошта шудааст.

Намоишгоҳи мазкур аз 6 қисмат: маҳсулоти сохтмонӣ ва ороишӣ, пешниҳоди меъморӣ ва ороишӣ, сохтмони манзилҳои наздишаҳрӣ, иртибототи муҳандисӣ ва таҷҳизот, техникаҳои махсус, созукорҳо, асбобҳо, либосҳои махсуси соҳавӣ ва моликияти ғайриманқул иборат мебошад.

«TajBuld» маҳсулоти сохтмонии 7 кишварро ба намоиш гузоштааст

«TajBuld» маҳсулоти сохтмонии 7 кишварро ба намоиш гузоштааст

«TajBuld» маҳсулоти сохтмонии 7 кишварро ба намоиш гузоштааст

«TajBuld» маҳсулоти сохтмонии 7 кишварро ба намоиш гузоштааст

«TajBuld» маҳсулоти сохтмонии 7 кишварро ба намоиш гузоштааст

«TajBuld» маҳсулоти сохтмонии 7 кишварро ба намоиш гузоштааст

«TajBuld» маҳсулоти сохтмонии 7 кишварро ба намоиш гузоштааст

«TajBuld» маҳсулоти сохтмонии 7 кишварро ба намоиш гузоштаастГуфтанист, ки намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Анҷумани ширкати «ТаҷБилд» ва пуштибонии Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон сурат мегирад.

Гуфта мешавад, ки он то 14-уми октябр идома мекунад.

Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳи мазкур ҳамкориҳои нав ва пуштибонии бевоситаи корӣ дар соҳаи савдо миёни ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ва маҳаллӣ унвон шуда, дар ин замина муаррифии маҳсулоти сохтмониву ороишӣ, таҷҳизот ва хидматрасонии сохтмонӣ барои бозори маҳаллӣ дониста шудааст.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед