Ru  | Tj
"Даҳ рӯзи генерал - Шерак" - и Иброҳим Усмонов қиссае аз рӯзгори Сайдамир Зуҳуров
"Даҳ рӯзи генерал - Шерак" - и Иброҳим Усмонов қиссае аз рӯзгори Сайдамир Зуҳуров
Аксҳо: Halva.tj

"Даҳ рӯзи генерал - Шерак" - и Иброҳим Усмонов қиссае аз рӯзгори Сайдамир Зуҳуров

Нашр шуд

Қудрати эҷод

Вақте эҷодкор сари ҳар ҳарфаш зиёд фикр мекунад ва онро аз ҳар самт нигоҳ кардаву дар мағзаш ба таҳлил мекашад, он вақт қудрати воқеии эҷод бозтоб меёбад. Эҷодкор ҳамонест, ки ҳар нуктаро дар тарозӯи ақл бар бикашад. Дар худ ҳадафе ё мақсаду мароми нигорандагиашро муайян бикунад. Калимабозӣ накарда, сари андеша, хати фикр, хубиву бадии он пардозад. Ҳар чизи ба сар омадаро нанавишта, балки ҳатто андешаи барои худаш ҷолибро низ, ки хоси “эҷод” набудааст, пушти по бизанад. Чизеро бинависад, ки он барои ҳамеша дар ҷаридаи олам сабт гардад. Маҳз бо ҳамин асос, эҷод на ду калимаи хушку холӣ ва берун аз фикр, балки андешаи арзишманд, фикри воқеӣ, тафаккури созанда аст, ки ба он обрӯву қудрати воло насиб гардидааст.

Намоишномаи “Даҳ рӯзи генерал – Шерак”

Чанде пеш намоиши “Даҳ рӯзи генерал –Шерак”-ро тамошо кардам, ки он аз сужаи муайян, андешаи амиқ бархӯрдор буд. Ба тамошои он Сайдамир Зуҳуров собиқ Раиси комитети давлатии амнияти миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз шахсиятҳои намоёни сулҳсозӣ аст, ба бемории худ нигоҳ накарда, омада буд. Ин асар ба мавзӯи таърихи начандон дури кишвари мо, фоҷиаи ба сари миллати мо омадаи солҳои навадуми асри гузашта, муборизаи кормандони қудратии кишвар бар терроризм ва қаҳрамонии Сайдамир Зуҳуров бахшида шудааст.

Намоишнома маро бо худ ба воқеияти он солҳо, ба зиндагии душвори он замон ва ба ҳаёти талхи миллати тоҷик бурд. Қаблан ин асари саҳнавиро ё умуман якчанд китобу мақолаву асарҳои вобаста ба ҳаёти солҳои навадуми кишвар эҷодгардидаро хонда будам, аммо бо тамошои ин намоишнома худро дар он солҳо тасаввур кардам. Фикр менамудам, ки таъсире дигаргуна бароям оиди он солҳо нахоҳад буд, чун воқеияти он солҳоро танҳо дар китобҳо медидаму аз гуфтаҳои бузургону шоҳидони он замон мешунидам. Аммо вақте намоишномаро тамошо намудам аз аввал то ба охири он беихтиёр дар ман як ҳолати ғайричашмдошт ба вуҷуд омада, бар афкор ва эҳсосам таъсири амиқ намуд, яъне он солҳоро ба таври зинда пеши чашмонам дидам. Асар пур аз эҳсос, хотирот, ишқ бар меҳан ва умуман ҳақиқати як фоҷиаи мудҳиши кишварро дар худ фаро гирифта буд.

Порча аз “Даҳ рӯзи генерал –Шерак”

Як гӯшаи деҳа. Қумондон, ки либоси оддӣ дорад, ҳамроҳи ду муҷоҳиди мусаллаҳ Аҳмад ва ду писарашро кашолакунон меорад. Онҳоро дар таи девор рост карда, таҳдид мекунад.

Қумондон: - Шумо мусулмон не, кофиред. Шумо фармудаҳои Қуръони шарифро пешпо мезанед, гуфтаи Пайғамбарро иҷро намекунед. Аз ҷиҳод рӯ тофтед. Шумо дар вақти зарурӣ мо-аҳли исломро дастгирӣ накардед.

Ба майдони Шаҳидон нарафтед, ба майдон ёрӣ накардед. Акнун ҷазоятонро мебинед. Шумо шариати исломро поймол кардед, ба ҷиҳод ҳамроҳ нашудед. Ҷазоятон марг аст.

Чашмонашонро бандед.

Аҳмад: - Ҳамсоя, инсоф кун. Мо ҳеҷ қасдкорӣ накардаем. Илоҷ надоштем. Раҳматӣ модари инҳо дар бистари марг мехобид. Дар хона ҳеҷ чиз намонда буд.Ту ҳоли моро медонӣ...

Қумондон: - Дамта гир. Ман лақ-лақи туро шунида дилбазан шудаам. Барои мусулмон фарзи асосӣ ҷиҳод аст. Аҳли оилаи шумо онро паймол кард.

Парронед!

(Муҷоҳиддин чашми се танро баста, бо ишораи қумондон тирро фақат ба ҷавонҳо мезананд. Садои пуршӯри автомат. Ҷавонҳо меафтанд. Аҳмад танҳо рост мемонад. Қумондон бо ишора мефармояд, банди чашмони Аҳмадро мекушоянд. Аҳмад худро зинда мебинад ва бехабар аз ҳоли фарзандон бо табассум сӯи қумондон менигарад.)

Аҳмад: - Ҳамсоя, шӯхӣ кардӣ? Тарсондима...

Қумондон: - Шӯхӣ хоҳӣ, ба замин нигар!

(Аҳмад ба замин менигарад ва ҷасади хунолуди фарзандонашро дида фарёди ҷонкоҳе кашида, дуққат мешавад. Садои баланди най ё ғиҷҷак саҳнаро фаро мегирад)

(Хомӯшӣ).

Аҳмад: - Эй қотили хунхӯр, фарзандонамро ки куштӣ, бояд аввал маро мекуштӣ. Чаро накуштӣ?!

Қумондон: - Агар ту пирсагро ҳам мекуштам, ин сагбачагонатро кӣ таги хок мекард. Бардор кофирони мурдоратро.

Аҳмад: - Худо ҷони ту барин мусулмонро гирад. Ба ин имону ба ин хунхориат ту аз иблис бадтарӣ. Гӯрат сӯзад, худозада. Рӯзи некӣ набинӣ. Ҳе инқилоби исломиату шариати дурӯғинат аз сарат монад. Хонаат сӯзад. Рӯзат аз рӯзи мо садчанд бадтар шавад.

Қумондон: - Рафтем, бачаҳо.

(Ҳама ҷо торик мешавад).

Хати сужа

Баъдан ин қумондон як гурӯҳи журналистони дохиливу хориҷиро ба асорат мегирад. Он журналистон 12 нафар буданд, ки аз Рашт бозмегаштанд. Қумондон аз ҳамон гурӯҳҳоест, ки баъди мулоқоти дар Хусдеҳи Афғонистон барпошуда, норозӣ ва ба изтироб омадааст. Ӯ аз он ки бо мухолифин сулҳ шавад, танҳо мемонад, ба ин амал даст задааст.

Ҳамин тавр, қаҳрамони асосии асар генерал – Шерак барои аз асорати террористон озод намудани гурӯҳи журналистони дохилӣ ва хориҷӣ ба қароргоҳи дастаи мусаллаҳ тани танҳо ва бесилоҳ рафта, барои ба муросо овардани саркардаи даста ва озод намудани бандиён мубориза мебарад. Генерал - Шерак бо супориши роҳбари давлат нотарсона ба ин амал даст мезанад. Дар намоишнома нишон дода шудааст, ки ин гурӯҳи ҷиноятпеша бо гаравгон гирифтани як гурӯҳи журналистони дохилӣ ва хориҷӣ ба раванди музокироти сулҳи тоҷикон халал расонида, дар натиҷа аз ҳукумат талаб доштанд, ки хостаҳои ҷинояткоронаи худро бароварда созанд. Аммо хушбахтона генерал – Шерак, ин фарзанди содиқи Ватан бо азобу шиканҷа орзуву нияти нопоки онҳоро барбод медиҳад:

Мулло: - Салом писарам Шерак.

Генерал - Шерак: - Салом бобои мулло.

Мулло: - Ҳамроҳи Шумо Раҳмонуф гап заданӣ.

Генерал - Шерак: - (Гӯшакро мегирад) Ассалому алайкум, Эмомалӣ Шарифович. Ҳа, бад не, Шумо ба ин минтақа омадед? Чаро? Маро ҷавоб медиҳанд? Дигарҳоро чӣ? Танҳо занҳоро?... (Гӯшакро мемонад. Қумондон медарояд).

Қумондон: - Хуб генерал, хез, рафтем.

Генерал - Шерак: - Ба куҷо?

Қумондон: - Ман туро озод мекунам. Ба назди президент меравӣ, ба хонаат меравӣ, ихтиёрат. Чор тарафат қибла.

Генерал - Шерак: - Дигарҳо чӣ?

Қумондон: - Ҳоло ба ту ҷавоб медиҳем. Дигарҳоро баъд маслиҳат мекунем. Хез. Ҷони худата гӯй.

Генерал - Шерак: - Ман бе дигарҳо, танҳо, ҳеҷ ҷо намеравам.

Қумондон: - Чӣ? Боз чӣ ноз мекунӣ? Журналистонро ҳам ҳамроҳат мефиристам. Шуд тамом.

Генерал - Шерак: - Гуфтам–ку агар як кас монад ҳам, ман ҳеҷ ҷо намеравам, ҳамаро мисли Иванов мекушӣ. Чаро он афсари русро парондӣ?

Қумондон: - Иванро куштам. Иван пушту паноҳи сахт дорад. Ҳукумати ту, шумо ҳукуматиҳо ҳам тамоми мардумро аз гуруснагӣ ба Русия гуреза ва дастнигар кардеду ҳам Русияро наҳ мезанед. Ман ин корро махсус дидаю дониста кардам. Русҳо қасоси ӯро аз мо не, аз шумо мегиранд. Амнияташонро ба роҳбарашон телефонӣ ҳам ваъда кардӣ-ку.

Генерал - Шерак: - Гӯш кун, қумондон. Биё, бе таънаву киноя гап занем. Ту дар ҳар чиз ҳукумату ҳукуматдоронро таънаву хитоб накун. Ин ҷангро мо сар накардем. Дар ёду фикри ҳеҷ каси мо ҷанг кардану ба қудрати давлат омадан набуд. Моро вазифаталабҳо ба майдон кашиданд. Дар натиҷаи талошҳои онҳо мамлакатро харобию гуруснагӣ фаро гирифт. Аҳволаш танг шавад, аз ин рӯз мурдан беҳтар гуфта, ҳар кас ҳам ба пой мехестаст. Чунин шуд. Ва шукр, кам аст ё беш сарҷамъу ором карда, мамлакатро осуда карда истодаем. Пагоҳ - фардо сулҳ шавад, он рӯз наздик аст, мо мардуми сарсону саргардонамонро боз меорему дар Ватан ҷойи корашон фароҳам месозем, то нонашонро ёфта хӯранд. Халқи мо як умр дастнигари дигарон намешаванд.

Қумондон: - Генерал. Биё сафсата нагӯ, сари ман зиёд таблиғ накун. Ҳоло ки рухсат кардам, хезу рав. Боз пушаймон нашавӣ.

Генерал - Шерак: - Ман гуфтам, ки барои озод кардани бандиҳои бегуноҳ омадам ва танҳо бо онҳо боз мегардам.

Қумондон: - Ин хел бошад, боз беҳтар. Озодиро дар он дунё мебинӣ. Ман шумоёнро медонам. Агар маҷбур намешудам, на танҳо ҷавобат намедодам, балки ҳамон рӯзи омаданат як тир мезадам. Ҳоло нахоҳӣ нарав, мурдаатро мефиристам.

Генерал - Шерак: - Ва мурдаи акаатро ҳам мегирӣ.

(Қумондон бо шаст баромада меравад. Саҳна торик ва фурсати хомӯшӣ ҳукмрон мешавад. Сонӣ аз паси дар аввал садои автомат, сипас садои таппонча шунида шуда, баъд шӯру валвала баланд мешавад. Мулло ва ду муҷоҳид медароянд. Мулло дасти генерал Шеракро аз гиреҳ озод мекунад).

Мулло: - Рафтем.

Генерал - Шерак: - Куҷо?

Мулло: - Шумо, ҳамаи Шумо озод. Мо гусел мекунем, то шаҳрак худатон меравед.

Ҳамин тавр, афсарони ҳукуматӣ ба минтақа омада, генерал – Шерак ва журналистонро озод мекунанд. Аҳмад бошад қумондонро кушта, қасди фарзандонашро мегирад...

“Хуни ту тоза аст”

Дар охири намоиш генерал Сайдамир Зуҳуров ба саҳна баромад ва бо ҳаяҷон сухан гуфт, сипосгузорӣ кард, аз он, ки меҳнати ӯро қадр кардаанд. Ӯ гуфт, “ман чандин бор ҷарроҳӣ шудам, ҷарроҳиҳои вазнинро гузаронидам, охирин ҷарроҳии ман 11 соати давом кард ва бисёр вазнин гузашт, духтурҳо гуфтанд, “ту хуни тоза дорӣ” ҳар рагеро, ки мебурем зуд пайваст мешавад”. Ба ин ҳарфҳояш ҳама кафкӯбӣ карданд ва аз дидору суханҳои гарми ӯ истиқбол намуданд. Сайдамир Зуҳуров Иброҳим Усмоновро, ки муаллифи ин асари саҳнавӣ буд, даъват карду сипосгузорӣ намуд. Дар чеҳраҳои Сайдамир Зуҳуров хушҳолии беандоза дида мешуд. Ҳама аз ин ҳол хурсанд буданд ва аз зал “ташаккур ба Шумо” зиёд садо медод.

Намоишномаи “Даҳ рӯзи генерал - Шерак” аз ҷониби Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии ноҳияи Данғара бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва озмуни “Парасту – 2021” дар Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ рӯзи 21-уми май ба саҳна гузошта шуд. Онро коргардони ҷавони Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии ноҳияи Данғара Саломиддин Додарбеков рӯи саҳна овард. Намошномаи мазкур аз 3 парда ва 8 намоиш иборат аст.

Пешниҳод

Ба назари ман намоишномаи мазкурро, ки ба қалами муаррих ва муҳаққиқи шинохтаи воқеаҳои солҳои навадуми кишвар Иброҳим Усмонов тааллуқ дорад, ҳар ҷавони имрӯзу ояндаи тоҷикистонӣ, ҳар фарди ҷӯяндаву огоҳ бояд хонад ва бубинад ва бинобар ин ҳам, “Даҳ рӯзи генерал - Шерак” ҳатман дар тамоми театрҳои ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузошта шавад. Ин асар барои тарбияи насли ҷавон хеле муҳим ва зарур аст.

"Назари рассом - нигоҳи ҳакими шарқ”- намоишгоҳи Аъзам Атаханов дар Маскав

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед