Ru  | Tj
Иброҳим Усмонов: “То вақте ки давлат вуҷуд дорад, он бояд худашро ҳимоя кунад”
Иброҳим Усмонов: “То вақте ки давлат вуҷуд дорад, он бояд худашро ҳимоя кунад”
Акс: Halva.tj

Иброҳим Усмонов: “То вақте ки давлат вуҷуд дорад, он бояд худашро ҳимоя кунад”

Нашр шуд

Мусоҳиба бо профессор Иброҳим Усмонов атрофи вазъи таассуфовари феълии Қазоқистон, ки дар ин паёмадҳо, таъсироти он ба минтақа, ҳақиқату соярӯшанҳо ва дигар ҷанбаҳои сиёсии он баррасӣ карда шуд.   

- Устод, ҳолати имрӯзаи Қазоқистон чиро бозгӯ мекунад  ва оё ин тазоҳурот танҳо ҷанбаи иқтисодӣ дораду халос? Ва то кадом андоза Шумо ба сиёсӣ будани он далел доред?  

- Воқеаи Қазоқистон ду ҳолатро бо ҳамдигар муқоиса мекунад ва инсонро маҷбур месозад, ки дар бораи ин ду ҳолат фикри амиқ кунад. Қазоқистон ҳам монанди Украина аз давлатҳои тараққикардаи пасошӯравӣ аст. Қазоқистон ҳам мисли Украина иқтидори иқтисодии пурқувват дорад. Пас савол пайдо мешавад, ки оё ба воқеаҳои Қазоқистон низ ҳамон қувваҳое даст надоранд, ки дар воқеаҳои Украина шарик ҳастанд? Ин яке аз саволҳои муҳиме аст, ки ба вуҷуд омадааст ва изҳороти Президенти Қазоқистон дар бораи он, ки дар ин кишвар қувваҳое ҳастанд, дар хориҷа таълим гирифтаанд ва онҳо қувваҳои хеле ташаккулёфта мебошанд, ҷо дорад. Бинобар ин, Қосим-Жомарт Тоқаев ин воқеаро ҳамчун воқеаи таҷовуз ба истиқлолияти на фақат Қазоқистон, балки минтақа донистааст ва аз ин рӯ, қувваҳои СААД-ро даъват кардааст. Дуюм, дар воқеае, ки дар Қазоқистон ба амал омад, ҳолати тафовутнок он аст, ки қувваи пешбарандаи он зоҳир нест. Яъне кадом қувва ин мардумро ба майдон овардааст, аз чашм нопадид аст. Яъне майдоннишинҳо ва тазоҳургарон гӯё роҳбар надошта бошанд. Вале боварам бар ин аст, ки ин гуна ҷамъомадҳо ва майдоннишиниҳо бе раҳбари марказонидашуда ба амал намеояд. Масалан, воқеаҳои солҳои 90-уми Тоҷикистон дар аввал зоҳиран ҳеҷ раҳбар надошт ва баъдан аз майдон барои он раҳбар интихоб карда шуда, он роҳбарҳо баъдан худро “Раҳбари доимӣ” медонистагӣ шуданд. Чунки онҳо дар тайёр кардан он чӣ ки дар майдон ба амал омад, аслан иштирок доштанду дар рӯзҳои аввал худро қафо мекашиданд ва ман гумон мекунам, ки шояд ҳамин гуна ҳолат дар воқеаҳои Қазоқистон ҳам вуҷуд дошта бошад. Зеро дар чандин минтақаи Қазоқистон дар як вақт ба вуҷуд омадани чунин эътироз қувваи марказонидашуда мехоҳад ва барои ҳамин ҳам, даъвои ҳукумати Қазоқистон дар ин масъала шояд дуруст бошад. 

Чизи дигар, ин воқеа бо баҳона ё бо сабаби гарон шудани нархи газ дар минтақае шурӯъ шуд, ки он минтақа худаш газ истеҳсол мекунад. Яъне, ин минтақа маркази истеҳсолоти гази Қазоқистон аст. Воқеан, барои ман як чизи таассуфангез ва нофаҳмо ҳам дар Қазоқистон ва ҳам дар бисёре аз мамлакатҳои пасошӯравӣ дар он зоҳир мешавад, ки ин қадар зуд – зуд нархҳо дар инкишварҳо боло мераванд. Алигархияи бақудратомадаи Қазоқистон аз он чи ки дорад, қонеъ нашуда ва боз талаби ҳангуфт мекунад. Ин ҳолат, алабатта бад аст ва эътирози халқро ба вуҷуд меорад. Вале бояд гуфт, ки аз ин ҳолат душманони ҳукумати имрӯзаи Қазоқистон ва дигар гурӯҳҳои ифротиву террористӣ истифода мекунанд. 

Гӯё саршавии ин тазоҳурот омили иқтисодӣ дошта буд, аммо идомааш нишон дод, ки омили сиёсии он низ зиёд аст. Яъне поймолкунии ҳукуқи мақомотҳо ва гирифтани пеши роҳи зиндаги маъмулӣ ба сиёсӣ будани он далолат мекунанд. 

- Дар ин ҳолати бади сиёсӣ, яъне шӯриши иҷтимоӣ то чӣ андоза давлат ҳақи ҳимояи худро дорад ва барои ҳифзи худ дар ин ҳолати ногувор аз кадом роҳҳо бояд истифода барад? 

- Вақте ки расо як сол пеш дар Амрико тарафдорони Трамп аз натиҷаи интихобот норозӣ шуда, ба Қасри сафед ҳамла оварданд, тарафдорони Президенти интихобшуда гуфтанд, ки ин терроризми дохилӣ аст ва бояд пеши роҳи онро гирифт ва шӯришгаронеро, ки ба капитолия даромада буданд, ҷазо доданд ва то ҳол кашмакаши он давом дорад. Яъне, давлат худро ба ин шакл ҳимоя кардан хост ва давлат воқеан ҳам ҳақи ҳимоя дорад. Он чи ки дар Қазоқистон ба амал омада истодааст, ҳамин ҳолатро бозгӯ мекунад. Қазоқистон эълон кард, ки ин ҳолат ба муқобили ҳукумат терроризм ва агрессия аст. Пас, агар Амрикоро ҳақ баровардан мумкин бошад, дар Қазоқистон низ ҳукуматро бояд ҳақ баровард. Агар Амрико ноҳақ бошад, ин ҷо низ ҳукумат бояд ноҳақ эълон шавад. 

Ин воқеаҳо маънои гуфтаи Абулқосим Фирдавсӣ: “Биноҳои обод гарданд хароб”-ро низ ошкор кардаанд. Ин биноҳо маълум мешавад, фақат он қасрҳо не, бал ҳама гуна иншоотҳое аст, ки ба дасти одамӣ сохта шудааст. Ҳарчӣ ки ба дасти одамӣ сохта шудааст, ҳатман имконияти харобшавӣ ҳам дорад. Дар воқеаҳои Амрико як сол пеш ҳайкали қаҳрамонҳои амрикоие, ки дар асрҳои XVIII - XIX гузошта шуда буданд, аз ҷониби халқ вайрон карда шуд. Дар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ аксари муҷассамаҳое, ки ба асри XX тааллуқ дошт, нобуд карда шуданд. Ҳатто муҷассамаҳои онҳое, ки ба Инқилоби Октябр даст доштанд, нобуд карда шуданд ва дар Украина дар паҳлӯи ин чиз ҳайкали нафароне, ки дар ҷанг Украинаро аз фашистон озод сохтанд, нобуд карда шуданд. Ин гуна ҳолат дар Аврупо ҳам давом дорад ва мо дидем, ки дар Қазоқистон ҳайкале, ки дар асри XXI сохта шуда буд, аз ҷониби тазоҳургарон вайрон карда шуд. Бояд гуфт, ки танҳо бо пайкарасозӣ обрӯи худро бардоштан ғайриимкон аст. 

- Ба назар мардуми Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро аз дил дӯст медошт ва чаро ҳоло ӯ дар ин вазъият хомӯширо ихтиёр кардааст? Сукути ӯ чиро ифода мекунад?

- Ба назари ман мардуми Қазоқистон дар воқеъ ҳам Назарбоевро дӯст медошт. Чаро? Аввал ин, ки Назарбоев як шаҳри наве дар дашти холӣ бунёд кард ва ҳамчунин маоши мардуми Қазоқистон дар муқоиса бо мамлакатҳои дигари пасошӯравӣ ниҳоят баланд аст, ки ҳамаи он аз шарофати Нурсултон Назарбоев буд.

Албатта ҳолати таассуфовар ин аст, ки сару садои Нурсултон Назарбоев дар ин рӯзҳо шунида нашуд. Президенти Қазоқистон чанд бор изҳорот дода ва мардумро ба оромӣ даъват кард. Лекин ман гумон мекунам, ки сухани Назарбоев вазну қиммати на камтар аз Президенти ҳозираи Қазоқистонро дорад, аммо то ҳол ягон бор изҳороти ӯ шунида нашуд. Ин ҳолат яъне муаммои вазъияти Қазоқистонро ба вуҷуд меорад. Аз як тараф Назарбоев хомӯш аст ва аз тарафи дигар вазифаи ҳозираи ӯро Президенти Қазоқистон аз ӯ гирифт ва аз тарафи дигар имрӯзҳо ба муқобили ҳизби Назарбоев эътирозҳо шурӯъ шудааст. Ин ҳолат баёнгари он аст, ки шояд нисбат ба решаи иқтисодӣ, решаи сиёсӣ ва иҷтимоии ин воқеаҳо муҳимтар бошад. 

- Даромадани СААД ба Қазоқистон то кадом андоза ба ҳолати имрӯза мувофиқ буда метавонад?

- То вақте ки давлат вуҷуд дорад, он бояд худашро ҳимоя кунад. Ҳар вақте ки давлат аз миён рафт, баъд чизҳои дигар пайдо мешавад.  Давлати мавҷудбуда барои он бо давлатҳои дигар созиш мебанданд, ки дар вақти зарурӣ ҳамдигарро дастгирӣ кунанд. Созмони СААД аз ҷумлаи ҳамин гуна созмони пасошӯравӣ аст, ки ба муқобили қувваҳои мухолифи минтақа якҷоя мубориза мебаранд, то ба фаъолият ва сохти умумии минтақа қуввае халал нарасонад. 

То ҳол ҳукумат дар байни онҳое, ки дар майдон ҳастанд, нерӯҳоеро пайдо накардааст, ки сазовори гуфтушунид бошанд. Яъне, давлат ва ҳукумат ҳамроҳи кӣ бояд бишинад ва гуфтушунид кунад? То ҳоло чунин қувва албатта рӯшан нест ва сабабаш низ маълум аст, яъне он қувва ҳоло нигарон аст, ки оқибати ин ба куҷо мебарад. Агар оқибати ҷараёни воқеаҳо ба он барад, ки ҳукумат бояд гузашт кунад, пас он қувва худро ошкор мекунад. 

Ман ин воқеаро ҳамчун як тоҷике, ки дар охири асри XX ҳамин гуна фоҷеаро дар Тоҷикистон дид, маҳкум мекунам ва умед мебандам, ки ҳарчӣ зудтар мардуми қазоқ роҳи ҳалли худашонро пайдо мекунанд. 

- Ин ҳолати Қазоқистон ба дигар кишварҳои минтақа чӣ паёмад дорад ва он то кадом андоза ба ин кишварҳо таъсир расонида метавонад?

- Ба ҳисоб бояд гирифт, ҳоло аврупоиҳо он қувваҳое, ки Русияро нағз намебинанд, ба худ ҷалб намуда, дар ҳар куҷо кӯшиши хархаша бавуҷудовардан доранд. Дар як ҷо ошкор, дар ҷое пӯшида ва дар як ҷойи дигар будани худро мегӯянд ва дар ҷойи дигаре будани худро нишон намедиҳанд. (Масалан, дар Украина, соли гузашта дар Белорусия ва имсол дар Қазоқистон). Бояд гуфт, ки шакли ба майдон бовар карда ва аз паси он рафтан, шакли нодурусти давлатсозист. Чанд сол аст таҷрибаи Қирғизистон нишон медиҳад, ҳар қуввае, ки ба муқобили ҳукумати ҳамонвақтаи худ мубориза бурда, онро ҳукумати дузду муттаҳам мегуфт, худаш, ки ба сари қудрат омад ҳамон корро боз такрор мекунад. Яъне дуздии дигарон дар чашм намуда ва дуздии худ аз чашм дур мешавад. 

Гумон мекунам, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шахси СММ пеш аз ҳама бояд як консепсияи воқеан мувофиқи нигаҳ доштани давлати демократиро дар ҷаҳон муайян кунад. 

Ҷомеаи шаҳрвандие, ки имрӯз мо дар бораи вай зиёд гап мезанему ва онро аврупоиҳо ва амрикоиҳо сармашқ кардаанд, аслан онро аврупоиҳо ба вуҷуд наовардаанд. Ин ақидаи марксизм аст. Ҳам Карл Маркс ва ҳам В. Ленин дар бораи давлати ояндаи халқ мақолаҳо доранд. Ленин дар бораи “Давлат” ва “Инқилоб” мақолае дорад ва дар он мегӯяд, ки хоҳу нохоҳ синфи коргар дар ягон вақт ҳама гуна давлатро барҳам медиҳад. Яъне ҷомеаи шаҳрвандӣ ба вуҷуд меояд. Ҷомеа коммунизми ибтидоиро дар шакли дигар ба вуҷуд меорад. Вале сотсиализм наметавонад, ки давлатро барҳам диҳад. Сотсиализм ҳамчун марҳилаи коммунизм зинаи аввали коммунизм аст. Дар замони сотсиализм давлат вазифадор аст, ки ба одамҳо бе зӯрӣ ва бо роҳи оддӣ зиндагӣ намуданро омӯзонад. Вақте мардум фаҳмид, ки баробари ҳама кор кардану нон хӯрдан даркор аст, баъдан ҳукуматро барҳам додан мумкин. Яъне баъдан ҷомеаи шаҳрвандӣ ба вуҷуд омаданаш мумкин аст. Аммо ба ин марҳала ҳеҷ касе дар ҳеҷ куҷо нарасидааст. Ҳама гуна давлат ин зӯрӣ аст. Давлат барои он милитсия месозад, ки пеши роҳи бетартибиҳои дохилиро гирад, давлат барои он амният месозад, ки пеши роҳи бетартибиҳои хориҷӣ ва дигарандешиҳои дохилиро гирад, давлат барои он армия месозад, ки ба муқобили хориҷиҳое, ки ҳамла кардан мехоҳанд, мубориза барад, давлат барои он вазорати иқтисод ё молия месозад, ки пулро дар ҷомеа бояд танзим кунад, то он дар дасти як нафар ҷамъ нашавад. Яъне ҳамаи халқ ин давлат аст. 

- Яъне ин гуна ҳолатҳо хоси ҷомеаи сармоядорист?

Бояд гуфт, ки ҷомеаи сармоядорӣ аксарияти кулли мардумро сер, пӯшида ва босавод нигоҳ дошта наметавонад ва ин се омил ҳамеша омили ҷанг шуда метавонад. Он чӣ, ки дар Қазоқистон шуд, Худо накарда амри шудан дар дигар мамлакатҳои пасошӯравӣ, Аврупои Шарқӣ, Африқо ва Амрикои Лотиниро дорад. Яъне ин ҳолат албатта дар таркиби худ иғвоандозҳо дорад ва ин иғвоандозҳо дар минтақаи мо онҳое ҳастанд, ки Русияро чашми дидан надоранд. Русия хоҳ подшоҳӣ, хоҳ коммунистӣ ва хоҳ Русияи Федералӣ бошад, барои онҳо фарқе надорад, яъне ҳарчи ки ҳаст, ба чашми онҳо бад менамояд. Бинобар ин, ҳар давлате ки Русия бо вай ҳамкорӣ дорад, кӯшиш мекунанд, ки дар он бетартибӣ ба вуҷуд биоранд. Дар Қазоқистон ҳам қувваҳоеро тарбия кардан мехоҳанд ва  ин қувваҳо дар муқобили Русия қарор доранд.

- Ин гуна ҳолатҳо, яъне ҳолати эътирозӣ дар кишварҳои Аврупо ва Амрико зиёд ба амал меояд ва оқибатуламр тазоҳургарон бо ҳукумат созиш мекунанд, яъне бидуни хунрезиҳои зиёд пеши роҳи онро гирифтан имконпазир аст.  Аммо дар Қазоқистон, ки ҷомеаи он дар демократия аз аврупоиҳо хеле дуранд, ин ҳолат бо чӣ ба анҷом мерасида бошад?

- Дар Амрико созиш ба вуҷуд наомад. То ҳоло Ҷо Байден он қувваҳоеро, ки ба муқобили ӯ баромад карда, ба капитолия зада даромаданд, набахшидааст. Яъне, то ҳоло суду судбозии онҳо давом дорад. Дар Аврупо ташкилкунандаи қувваҳо ба он қонеъ мешаванд, ки ҳукумат дигар шавад. Масалан, ҳизби Ангела Меркел баъди 16  соли роҳбариаш, шикаст хӯрд. Барои он ҳизбаш шикаст хӯрд, ки ӯ ба ҷояш каси дигарро гузошту аз мақомаш рафт. Яъне, муборизаи байни ҳизбҳо дар як ҷо ором ва дар ҷойи дигар сахттар, бидуни дигар кардани режими сиёсӣ, бо ҳам мубориза мебаранд. Вале дар мо ҳизбҳо ҳанӯз характери равшани сиёсии худро гум накардаанд. Ҳизбҳои мо дар воқеъ ҳам ҳизбҳои сиёсӣ ва ақидавӣ ҳастанд. Дар Аврупо ҳизбҳо ақидавӣ нестанд ва онҳо ҳизбҳои парлумонӣ ҳастанд. Масалан, онҳо бар ин ақида ҳастанд, ки системаи давлатдориро давом мебахшанд, вале ба фалон чизҳои давлатдорӣ бештар аҳамият медиҳанд. Фарз кардем, мегӯяд, ки нафақа ва маошро зиёд мекунанд ва рӯзи кориро камтар мекунанд ва ғайра. Яъне, дар он ҷо омилҳои иҷтимоӣ ба ҷойи омилҳои сиёсӣ зиёдтар истифода мешаванд. Ин нишонаи он аст, ки онҳо дар сохт аллакай устувор шудаанд. 

- Ба назари Шумо ин хезишҳои мардумӣ дар Қазоқистон ба чӣ меанҷомад ва ё то кай давом пайдо мекунад? 

- Гумон мекунам, ки ба Қазоқистон ворид шудани нерӯҳои сулҳовари СААД раванди ором шудани воқеаҳои ин кишварро метезонад. Он равандро ҳоло, албатта, сулҳ гуфтан ғайриимкон аст, чаро ки ин ҷо аз тарс ва зурӣ низ истифода мешавад, вале барои марҳалаи ҳозира ва аз хунрезӣ дасткашидан ин иқдом як қадаме ба пеш аст. Аз ин рӯ, гумон мекунам, ки дар рӯзҳои наздик он воқеаҳое, ки имрӯзҳо дар Қазоқистон мебинем, хомӯш мешаванд. Албатта, пасомади он ҳоло давом мекунад, аммо худи раванд шояд ба охир расад. 


Толибон дар блокадаи ҷаҳонӣ




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед