Ru  | Tj
“Бақои ҳаёт ва рушди устувори инсоният”. Эмомалӣ Раҳмон дар саргаҳи иқдомҳои созандаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ
“Бақои ҳаёт ва рушди устувори инсоният”. Эмомалӣ Раҳмон дар саргаҳи иқдомҳои созандаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ
Аксҳо: Аз Интернет

“Бақои ҳаёт ва рушди устувори инсоният”. Эмомалӣ Раҳмон дар саргаҳи иқдомҳои созандаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмонро дар Тоҷикистон ҳамчун бунёдгари сулҳ ва эҳёгари Тоҷикистони навин мешиносанду қадр мекунанд. Дар ин бора олимон, адибон ва дигар зиёиёни кишвар сухан гуфта, хизматҳои ӯро дар эҷоди сулҳу ваҳдат дар кишвар ва гирифтани пеши роҳи нобудшавии миллат бисёр бузург ба қалам додаанд. Бисёре аз сиёсатмадорони кишвар бар он назаранд, ки агар Эмомалӣ Раҳмон ҳар хизмати дигаре ҳам барои давлату миллати худ бикунад, бузургтар аз хизмати сулҳофаринии ӯ шада наметавонад. Аммо Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар арсаи байналмиллалӣ бо дигар амалҳову андешаҳои созандаи ӯ мешиносанду қадр мекунанд. Дар арсаи байналмиллалӣ иқдомҳои ӯ дар соҳаи обро аксари сиёсатмадорони кишварҳои олам, созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ эътироф кардаанду барояш арҷ гузоштаанд.


Эмомалӣ Раҳмон баъди он, ки Тоҷикистонро аз вартаи нобудшавӣ берун кашид, кишварашро оҳиста – оҳиста ба роҳи рушди иқтисоди байналмиллалӣ ҳамроҳ кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати хориҷӣ ва ба роҳ мондани муносибати дипломатӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ ҳеҷ шароите надошт, чароки ин кишвар мисли дигар кишварҳои ИДМ аз шароитҳои моддию молӣ бархӯрдор набуд ва аз тарафи дигар ҷанги таҳмилӣ ҳамаи он шароитҳоро барҳам зада буд. Ҳамин тавр, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози истиқлоли давлатӣ ба мушкилиҳои сахт рӯ ба рӯ гардида буд.

Дар ин бора худи Президент Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтааст: 

“Барқарор намудани равобити хориҷӣ ва шиносонидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва дар айни ҳол мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ ва сиёсати хориҷӣ дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ буд”.


Рӯзи 29-уми сентябри соли 1993 Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлати Тоҷикистони тозаистиқлол аз минбари СММ нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати Тоҷикистонро ҳамчун субъети мустақили робитаҳои байналмиллалӣ ба тамоми аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Пас аз он Эмомалӣ Раҳмон дар созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ ба якчанд масъалаҳои муҳимми ҷаҳонӣ, аз ҷумла оби тоза ва муҳити зист рӯ оварда, таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаҳои аввалдараҷа ҷалб намуд. Ҳамин буд, ки чанд сол пеш низ, яъне дар оғози соли 2016 бо ташаббуси Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид ва Президенти Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони даҳ кишвари узви Созмони Миллалӣ Муттаҳид, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об таъсис ёфта, ба фаъолият шурӯъ кард. Ҳамчунин ба мақсади идомаи талошҳои байналмиллалӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба обу беҳдошт Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ташаббуси дигар – эълон кардани Даҳсолаи байналмиллалӣ таҳти шиори “Об ба хотири рушди устувор” ҷалб намуд. Ин иқдоми башардӯстони Сарвари давлати Тоҷикистон, ки дар Форуми 7-уми умумиҷаҳонии об моҳи апрели соли 2015 дар шаҳри Тэгуи Ҷумҳурии Корея муаррифӣ гардид, мавриди дастгирӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Бояд гуфт, ки мутобиқи Қатъномаи мазкур давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор” эълон шуд, ки он аз 22-уми марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22-уми марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Мувофиқи ин қатънома, ки Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори он дониста шуда, иштирокдорон ба андешаҳои ӯро дар ин масъала ҷонибдорӣ кардаанд, масъалаҳои зеринро фаро мегирад:

- рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи об ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ, ва муҳитизистӣ;

- роҳандозӣ ва пешбарии барнома ва лоиҳаҳои дахлдор;

- густариши ҳамкорӣ дар ҳамаи сатҳҳо барои мусоидат ба татбиқи вазифа ва ҳадафҳои марбут ба захираҳои об, ки дар сатҳи байналмиллалӣ мувофиқа шудаанд, аз ҷумла ҳадафҳои рушди устувор;

Ҳамчунин, Қатънома аҳаммияти рушди истифодаи оқилонаи обро бо назардошти робитаи мутақобилаи захираҳои об бо маводи ғизо, энергетика ва муҳити зист дар ҳама сатҳҳо таъкид мекунад.


Сардори давлат дар нахустин рӯзҳои барқарории робитаи дипломатӣ бо кишварҳо ва созмонҳои байналмиллалӣ дар консепсияи нави давлатдории хеш ба чор марҳалаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон афзалият дода буд, ки дар меҳвари он дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об қарор дошт. Дар ин бора Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ “Уфуқҳои истиқлол” чунин гуфтааст: 

“Дар бахши дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об бояд қайд кард, ки бинобар афзоиши аҳолӣ, васеъ кардани масоҳати заминҳои кишоварзӣ, истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти муҳитизистӣ, масъалаи норасоии оби тоза, баҳрабардорӣ аз рӯдҳои хурду бузурги фаромарзӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба об ба омилҳои таъсиргузор ба низоми муносибатҳои байналмиллалӣ табдил ёфтаанд”.


Эмомалӣ Раҳмон минтақаи Осиёи Марказиро яке аз минтақаҳои дорои захираҳои бузурги обӣ дониста, таваҷҷуҳи кишварҳои оламро ба соҳаи оби минтақа ва ҳамчунин муҳити зисти Осиёи Марказӣ ва оқибатҳои фалокатбори он ҷалб намудааст. Ӯ дар суханрониҳои худ дар сатҳи ҷаҳонӣ ба масъалаи экологии баҳри Арал низ нахустин шуда, таваҷҷуҳ намудааст ва ин масъаларо ҷиддӣ ба баррасӣ кашидааст. Эмомалӣ Раҳмон аз давлатҳои минтақа ва ҷаҳонӣ даъват ба амал овардааст, ки дар масъалаи об бояд дар доираи ҳамкории байналмиллалӣ ва минтақавии нек амал намоянд. Ӯ дар ин хусус дар мавриди Осиёи Марказӣ чунин мегӯяд: 

“Дар ин самт Осиёи Марказӣ аз минтақаҳои ҳассос ба шумор меравад. Тоҷикистон чун кишвари дорои захираҳои фаровони об ҷонибдори истифодаи одилона ва оқилонаи ин захираҳо тавассути ҳамкории байналмиллалӣ ва минтақавӣ буда, татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт медонад. Бахусус, дар сатҳи минтақавӣ идомаи ҳамкориҳои созанда дар доираи Бунёди байналмиллалии наҷоти Арал муҳим арзёбӣ мегардад”.


Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, дар масъалаи ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи об, сиёсати давлатии Тоҷикистонро дар ин масъала бисёр нек ва дар доираи дӯстӣ ба роҳ мондааст. Ӯ ба ин бовар аст, ки манфиатҳои муштараки минтақавӣ бар пояи принсипҳои неки ҳамсоягӣ, эҳтиром ва дарки воқеии манфиатҳои мутақобила, муколама ва ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷуда амалӣ мешавад: 

“Мо тибқи оинномаи Созмони Миллали Муттаҳид ва муқаррароти ҳуқуқи байналмиллалӣ барои истифодаи сарватҳои табии худ, аз ҷумла захираҳои обии қаламраваш ҷиҳати рушди устувори кишвар ва таъмини зиндагии шоистаи мардуми худ ҳуқуқи комил дорем. Ин ҳуқуқи худро дар мавриди истифодаи захираҳои обӣ мо бо назардошти манфиатҳои муштараки минтақавӣ ва бар пояи принсипҳои некӣ ҳамсоягӣ, эҳтиром ва дарки воқеии манфиатҳои мутақобила, муколама ва ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷуда амалӣ менамоем ва чун кишвари болооб ва манбаи асосии ташаккули захираҳои оби Осиёи Марказӣ ҳеҷ гоҳ барои таъмини минтақа бо об монеа эҷод намекунем. Бо назардошти ин мавқеи усулӣ, яке аз вазифаҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мо мусоидат ба таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар ва саъйю талош ҷиҳати ҳалли мушкилот дар ин самт дар рӯҳияи ҳамкорию мушорикати баробарнафъи минтақавӣ ба шумор меравад”.


Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат роҳандозии густурдаи ҳамкорӣ дар соҳаи обро дар сатҳи ҷаҳонӣ пайгирӣ мекунад. Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин дипломатия ва дар пайравӣ аз ташаббусҳои созандаи марбут ба об иқдомҳои “Соли байналмиллалии оби тоза”, соли 2003, “Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015, “Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, соли 2013 амалӣ намуд, ки мавриди истифодаи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд.


Эмомалӣ Раҳмон ҳадаф аз ин ташаббусҳоро дар зарурати ҳамкории созанда дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об ҷиҳати бақои ҳаёт ва рушди устувори инсоният медонад.


Ояндаи норӯшани таҳсил дар Афғонистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед