Ru  | Tj
Фараҳноз, овозхоне ки аз Тоҷикистон “ай”, “ай”-у “уф”, “уф” ба армуғон мебарад...
Фараҳноз, овозхоне ки аз Тоҷикистон “ай”, “ай”-у “уф”, “уф” ба армуғон мебарад...
Аксҳо: аз манбаъҳои боз

Фараҳноз, овозхоне ки аз Тоҷикистон “ай”, “ай”-у “уф”, “уф” ба армуғон мебарад...

Нашр шуд

Агар дигарон аз Тоҷикистон кулчаву қанду мавиз ва ҷомаву тоқии тоҷикӣ ба армуғон баранд, Фараҳнози мурмиён “ай, ай, ай”-у “уф, уф, уф” мебарад...

Аз ғаму оҳи ишқи пурхато уф,

Аз ҳама ҷабри ёри бефаво уф,

Аз гапу таънаҳои мардумо уф

Ай, ай, ай, уф,уф, уф...

Ай, ай, ай, уф,уф, уф...

Ин ҳама “ай”-ю ин ҳама “уф” тозатарин кори Фараҳноз Шарафова аст. Ин “шоҳкор” бори аввал дар масофаи 10 ҳазору 723 километр дуртар аз Тоҷикистон муаррифӣ шуд. Дар барномаи консертие дар Аделаидаи Австралия. Фараҳноз эълон мекунад, ки оҳанги тозаеро, ки то ҳол касе онро нашунидааст, аз Тоҷикистон армуғон овардааст. Созмондиҳандаи барномаи ҳунарии ӯ дар Австралия “Baran Entertainment”, ширкате ҳаст, ки аз ҷониби афғонистониҳо дар ин кишвар сабтином шудааст. Дар вебгоҳи ин ширкат иддао мешавад, ки ҳадафи онҳо паҳн кардани фарҳанг ва ҳуанри аслии Афғонистон мебошад.

Дар як суруди 2 дақиқаиву 52 сониягӣ Фараҳноз 48 бор “ай” ва 51 бор “уф” мегӯяд. Уфҳояш аз он сабаб зиёдтаранд, ки бар иловаи нақарот дар худи “тарона” ҳам се бори дигар “уф” мекашад (нигаред ба оғози навишта). Шояд маризтарин одам, ки тамоми вуҷудаш аз дард месӯзад, ба ин рекорди Фараҳноз расида натавонад.

Дар охири тарона Фараҳноз мепурсад, ки оё сурудаш писанд омад? Аз доду фарёди “толоракиҳо” метавон тахмин кард, ки “ай, ай”-у “уф, уф”-и Фараҳнозро писандиданд, чӣ гуна метавон “армуғон”-ро напазируфт?

Ин таронаи моломоли “ай”-у “уф” хато накунам бар пояи оҳанги ҳиндӣ сохта шудааст. Оҳанги бештари таронаҳои дигараш ҳам “бӯй”-и дуздӣ мекунанд...   


Фараҳноз пеш аз он ки “ай”-у “уф”-и зиёдеро садҳо километр дуртар аз ватани худ ба армуғон барад, дар Тоҷикистон ҳам таронаеро муаррифӣ карда буд, ки атрофи он “гапу калоча”-и кам нашудааст. Яъне ин мурмиён қоидаи будан дар шоу бизнесро медонад. Мефаҳмад, ки дар ин дег агар фарқкунандаву моҷароҷӯ набошӣ “дастурхонзеб” нестӣ.  Моҳе пеш намоҳанги суруди “Рақами 2”-аш нашр шуд, ки ҳазорҳо бинанда “ай, ай, ай”-у “уф, уф, уф”-ҳое аз забон берун карданд. Онҷо бо “рақами 2 намешам, хонуми ту намешавам” гуфтанаш ишора ба ҳамсари дуюм нашудан ба фикр мезанад. Сурудҳои “Булҳавас”-у “Маро бӯс”-аш ҳам бо назардошти “қоида”-и шоу бизнес таҳия шудаанд. Ҳатто дар оғози шуҳраташ ҳам онро риоя мекард, мисли “сурудчоптовранг”-и “Зангирум”-и сарояндамаобе бо номи Азизбек. Онҷо Фараҳноз мехонад:      

“Ту зиқ наша дар хонамон се чор мошинча,

Отам бой, акам бой, хонада ма эркача.

Отата, очата бугу бия хостгорӣ,

Розиян, метиян, ҷон туда”...

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед