Ru  | Tj
“Ай”, “уф”, “пуф”, “фу”, “кайфалонум кадӣ”... Сарояндаҳои тоҷик чиҳо мегӯянд?
“Ай”, “уф”, “пуф”, “фу”, “кайфалонум кадӣ”... Сарояндаҳои тоҷик чиҳо мегӯянд?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

“Ай”, “уф”, “пуф”, “фу”, “кайфалонум кадӣ”... Сарояндаҳои тоҷик чиҳо мегӯянд?

Нашр шуд

Шояд тақозои замон аст ё тақозои бозор ва ё шояд ҳам муқтазои табиаташон ки баъзан дар матни таронаҳои бархе сарояндаҳо калимоту ибороти булаҷабу ғалатӣ пайдо мешаванду аз забонҳояшон садо медиҳанд...

“УФ-УФ”-И ФАРАҲНОЗРО КӢ НАВИШТ?

Фараҳноз Шарафова бо таронаи ахири худ хабарсоз шуд. Суруде бо номи “Уф, уф”, ки ба иқрори худи Фараҳноз шунавандаҳои аввалинаш ширкаткунандагони консерте дар Австралия буданд. Агар семисраъҳои ин таронаро ба назар нагирем, он пур аз “ай, ай, ай”-у “уф, уф, уф” буд.  Дар мавриди ин таронаи Фараҳноз каме ботафсил навишта будем. Аммо ҳоло ба ду нукта таваҷҷуҳ мекунему бас. Аввалан дар эълони таронаи мазкур дар саҳифаи ютубии созмондиҳандаи консерт “Уф-уф”-ро ба русӣ “Тьфу, тьфу” ва Фараҳнозро “Фарханаз” тарҷума кардаанд. Аз ин тарҷума бӯйи “гуглгардон” омад ва барои мутақоид шудан мо ҳам онро таҷриба кардем. Тарҷумони Google “уф”-ро аз тоҷикӣ “тьфу” тарҷума кард. Аммо Фараҳнозро Фарахноз гуфт, на “Фарханаз”. Мисле ки масъули таҳияи акс қисмати аввалро ба google.translate бовар кардаасту қисмати дувумро ба худаш. Ба ҳар сурат на мантиқи аввал дуруст аст ва на мантиқи дувум. Аҷиб аст, ширкате ки сарояндаҳоро аз Тоҷикистону Узбекистон ба Австралия мебарад, зӯраш барои киро кардани як тарҷумон нарасидааст.