Ru  | Tj
Фирӯза, “шери нар”-е ки “харидороюш ҳисобе надоран”
Фирӯза, “шери нар”-е ки “харидороюш ҳисобе надоран”
Акс: аз манбаъҳои боз

Фирӯза, “шери нар”-е ки “харидороюш ҳисобе надоран”

Нашр шуд

Овозхоне ки чанд соли пеш “фу”-яшро ба намоиш гузошт, ҳоло “ҳури биҳиштӣ” шудаву худро “шери нар” мехонад.

Фирӯза Ҳафизоваро метавон дар қатори овозхонҳои моҷароҷӯи попи тоҷик нишонд. Шоубизнеси тоҷикӣ хушбахтона ё шӯрбахтона чунинҳоро кам дорад. Онҳое ки шояд бо талаботи шоубизнес ё ба хотири шуҳрат ва ё шояд бо “тақозои табиат”-ашон корҳое анҷом медиҳанд, ки боиси гуфтугузорҳову баҳсҳову радду бадалҳову кимчиҳои дигар мешавад. Фирӯза замоне бо пахшҳои мустақимаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ сари забонҳо шуд. Ба суханҳои таҳқиромези мухотабонаш гоҳе бо зарда, гоҳе бо дашном посух медод ва натиҷа ин шуд, ки “бадхоҳонаш” қисматҳои “даркорӣ”-и ин наворҳоро ҷудо кардаву бо сарлавҳаҳои ҷалбкунанда дар Ютуб нашр карданд. Зери ин наворакҳо ҳам жолаи дашному таҳқир рехтан гирифт. Фирӯза ҳам паст наомад ва бо таронаи пурсарусадои “Фу” дар дарёи шоубизнес ба шино даромад ва онро “посух ба бадгӯёнаш” шарҳ дод. Аммо баъдтар расонаҳо навиштанд, ки мақомот барои корбурди калимаифудар тарона ба Фирӯза огоҳӣ додаанд. Фирӯза ҳам гуфт, ки ин таронаро аз саҳифаҳояш бардоштааст, аммо он дар саҳифаҳои марбут ба мусиқии Ютуб, аз ҷумла каналҳои афғонӣ дастрас мебошад.    

Ҳоло бо гузашти расо се сол аз баҳси “фу” Фирӯза дигарбора дар фазои шоубизнес хабарсоз шуд ва ин бор бо шарофати таронаи наваш, ки дар он худро “шери нар” унвон мекунад. Аз ин ки дар суруди тозааш мегӯяд, “назди виҷдони худам тозаам” метавон ба ин хулоса расид, ки шояд он давоми мантиқии суруди пешист ё чӣ иртиботе ба он дорад. Чизи дигар ки ба пайвандии ин ду суруд далолат мекунад, ин аст, ба “шери нар” будани Фирӯза бори аввал маҳз онҷо ишора мерафт. Дар намоҳанги “Фу” вақте субҳ Фирӯза лабҳояшро гул карда, дандоншӯияшро дар шабакаи иҷтимоӣ ба намоиш мегузорад, яке аз бинандаҳо ӯро девона хитоб мекунад, аммо рафиқаш мегӯяд, ки ӯ девона нест, балки “шери нарай”.

Дар матни таронаи ҷадиди Фирӯза мантиқ “Мансури ланг”-ро мемонад. Сухан аз ин  нест, ки ибораи “шери нар”-ро танҳо ба мардон нисбат медиҳанд. Гап дар мантиқи ҳарфҳои аввалу дувум ва пасон севуму чоруми Фирӯзахонум аст. Инҷо матни комилро пешниҳод мекунем ва худатон хулоса бароред:  

“Ман занам, ман олиҳаи ҳуснам,

Сар фурудам, хоки ватан бӯсам.

Назди виҷдони худам тозаам,

Ба зебогии дилум нозам.

Ман кабутар дар самои ишқ,

Пари ахтар, ҳуриям аз биҳишт.

Харидороюм ҳисобе надоран,

Дилум дигар касера дӯст надора.

Нақши лабҳом асалай,

Ҷони ту дар хатарай.

Касера мепурсӣ меган:

“Фирӯза шери нарай!”  

Бубинӣ масту хумор мешай,

Набинима беқарор мешай.

Паси дар интизор мешай,

Мегӯй ки сайда шикор мешай.

Чу тифл ширинизабонӣ мекнӣ,

Ҳазор нома нома равонӣ мекнӣ,

Рӯйирост мегумта хомӣ мекнӣ.

Нақши лабҳом асалай,

Ҷони ту дар хатарай.

Касера мепурси меган:

“Фирӯза шери нарай”  

Пайнавишт. Дар намоҳанги суруд майдони марказӣ ба намоиш гузошта мешавад. Ин ки оё ин “шери нар” ба шерҳои ду паҳлӯи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ иртиботе доранд ё не, Фирӯза медонаду коргардони намоҳанг...               

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед