Ru  | Tj
Фёдор Достоевский пас аз 200 сол. Ӯ ҳанӯз ҳам легендаи адабиёти ҷаҳон аст
Фёдор Достоевский пас аз 200 сол. Ӯ ҳанӯз ҳам легендаи адабиёти ҷаҳон аст
Аксҳо: Аз Интернет

Фёдор Достоевский пас аз 200 сол. Ӯ ҳанӯз ҳам легендаи адабиёти ҷаҳон аст

Нашр шуд

Дар Русия ва ҷаҳон чанде қабл 200 – солагии  нависандаи машҳури сатҳи ҷаҳонӣ, ки ҳанӯз ҳам чун легендаи адабиёти ҷаҳон ҳисобида мешавад, Фёдор Достоевский ҷашн гирифта шуд. 

Фёдор Достоевский яке аз классикони адабиёти на фақат Русия, балки ҷаҳон ба шумор меравад ва осори ӯ ба беш аз 180 забони дунё тарҷума шудааст. Ба гуфтаи дигар, ном ва осори ӯ дар ҳамаи гӯшаву канори ҷаҳон хонанда дорад. Нависандагони бузурги сатҳи ҷаҳонӣ, аксаран қоил шудаанд, ки аз навиштаҳои Достоевский таъсир пазуруфтаанд. Ӯро яке аз аввалин нависандагони насри психологӣ низ ном мебаранд. Бар асоси достон ва романҳои ӯ филмномаҳои зиёде низ гирифта шудаанд. Ӯ дар Тоҷикистон низ шинохта шудааст ва осораш мавриди писанди хонандагони тоҷик  низ воқеъ аст. Достонҳо ва романҳои ӯро ҳанӯз дар замони Шӯравӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кардаанд. Романҳои маъруфи ӯ “Ҷиноят ва мукофот”, “Бародарон Карамазовҳо”, “Аблаҳ”, “Қиморбоз” на фақат дар Тоҷикистону Русия, балки дар ҷаҳон серхонандатарин романҳо дар ду қарни ахир маҳсуб меёбад.


Фёдор Достоевский зиндагии пурпечутоберо сипарӣ карда ва ҳаёти ӯ низ мисли саргузашти қаҳрамонҳои романҳояш ноором ва пуршӯр гузаштааст. Ӯ кист, ки пас аз дусад сол ҳанӯз ҳам чун қуллаи фатҳнашавандаи адабиёт боқӣ мондааст?

Кӯдакӣ ва навҷавониҳои Фёдор Достоевский

Фёдор Достоевский 11 -уми ноябри соли 1821-и мелодӣ чашм ба олами ҳастӣ кушод. Падари вай табиб ва модараш духтари як тоҷири сарватманд буд.  Вай соли 1834 ба мактаб рафт. Вақте ӯ 15 сол дошт, модараш вафот кард ва ин фоҷеа таъсири манфӣ ба рӯҳияи Фёдор Достоевский гузошт. 


Ин нависандаи машҳури ҷаҳонӣ пас аз ин ки мактаби миёнаро хатм мекунад, дар озмуни дохилшавӣ ба донишкадаи инжинерии низомӣ ширкат намуда, қабул мешавад. Соли 1838 пас аз як соли донишҷӯ шудан ӯ падарашро низ аз даст медиҳад. Вай он ҳангом дар мактубе ба Михаил, бародараш вазъияташро шарҳ дода, бо як ноумедии шадид менависад:
“Бародари азиз, бар марги падар бисёр ашк рехтам, аммо вазъи мо акнун ҳатто даҳшатноктар аз пеш аст. Манзурам худам нестам, манзурам хонаводаи мост”.

Вай бо вуҷуди ин ки фишорҳои иҷтимоӣ ва рӯҳӣ ба равонаш таъсир мегузошт, ин донишкадаро бомуваффақият хатм мекунад. Дар замоне, ки ҳанӯз 25-сола буд, бо нависандагони саршинос ва маҳфилҳои сиёсиву адабии Санк-Петербург ошно мешавад. Ин ошноӣ даричаро барои ворид шудан ба дунёи нависандагӣ барои ӯ боз мекунад. Вай баъди ошноӣ бо муҳити адабӣ ба навиштани достонҳои кӯтоҳ мепардозад. Аммо ширкати ӯ дар маҳфилҳои сиёсии он замон ӯро бо мушкилот дучор мекунад. Ҳукумати подшоҳии Русия вайро ҳамроҳ бо дӯстонаш, ки узви маҳфили сиёсӣ буданд, дар соли 1849 ба зиндон маҳкум мекунад. Достоевский саргузашти давраи зиндонашро дар асари худ бо номи “Хонаи мурдагон” ба тасвир кашидааст, ки ҷидоли шакку имон ва рӯҳияи ормонгароёнаи нависандаро нишон медиҳад. 

Зиндагиноманависони Достоевский ишора мекунанд, ки  шароити молии ӯ чӣ дар замони кӯдакӣ ва чӣ дар бузургсолӣ хуб набуд ва ӯ аз баъзе дӯстонаш қарздор мешуд. Ӯ ба бемории саръ низ гирифтор будааст. Михаил Достоевский бародари ӯ касе буда, ки ӯро дар зиндагиаш бисёр дастгирӣ мекард ва гӯё яке аз такягоҳҳои асосии ин нависандаи машҳур буд. Достоевский ба ӯ нома менавишт ва мушкилоти иҷтимоӣ ва рӯҳиашро бо ӯ дар миён мегузошт. Вай боре дар хусуси бародараш навишт:
“Ба бародарам бигӯед, ки ӯро дар оғӯши худам мефишорам ва аз ӯ ба хотири заҳматҳое, ки барояш фароҳам овардаам, пӯзиш мехоҳам”.

Вай соли 1857 бо Мария Дмитриевна издивоҷ карда ва соҳиби 4 фарзанд шуд. Дере нагузашта ӯ духатараш Софияро бар асари беморӣ аз даст дод. Ҳамсараш низ соли 1864 вафот мекунад. Баъди маргаш Достоевский баъди ҷустуҷӯҳои зиёд бо Анна Григоревна дубора оила барпо мекунад. Ҳамсари дуюми ӯ то охирин лаҳзаҳои ҳаёти Достоевский ҳамдилу ҳамрози вай будааст. Навиштаанд, ки романҳои дар солҳои ахир навиштаи Достоевскийро маҳз ӯ ҳуруфчинӣ мекардааст. Худи Достоевский ҳама муваффақиятҳояшро аз вуҷуди ҳамсараш – Анна медид.

Марги бародар, фарзанд ва ҳамсари аввал бар рӯҳияи Достоевский бетаъсир набудааст. Ин фоҷеаҳои пай дар пай Достоевскийро ниҳоят ба мушкилоти рӯҳиву равонӣ гирифтор мекунад ва ӯ худашро дар баробари ояндаи норӯшан маъюс дармеёбад. Аз навиштаҳои ӯ ба дӯстонаш бармеояд, ки марги ҳамсар ва бародараш ӯро бисёр ғамгин ва андӯҳгин сохтааст.

Осори ҷовидонаи Достоевский

Фёдор Достоевский ду қарн боз чун легендаи адабиёти рус ва ҷаҳон боқӣ мондааст. Достон ва романҳои ӯ дар тамоми ақсо ва минтақаҳои ҷаҳон маъруфу серхонанда аст. Ӯ, дар воқеъ, яке аз нависандагоне аст, ки равияи психологизмро дар адабиёт асос гузоштааст.

Ӯ аввалин романашро дар соли 1846 бо номи “Мардуми фақир” ба чоп расонд. Баъд аз ин ромонаҳои машҳури ӯ “Бародарон Карамазовҳо“, “Аблаҳ” “Ҷиноят ва сулҳ”, “Қиморбоз”, “Ҷинзадагон” ва ғайраро навиштааст.

Романҳои ӯ, махсусан романи “Ҷиноят ва мукофот” яке аз романҳои беназир ва беҳамато дар адабиёти ҷаҳон ба шумор меравад ва тамоми нависандагони бузург дар ёддоштҳои худ аз бузургии ҳунари нависандагии Достоевский ва махсусан ин романаш ёд кардаанд.


Достоевский ва Русия

Фёдор Достоевский миллат ва ватанашро ба ҳадде дӯст медошт, ки боре навишт: “Ман барои кор ва осорам ба Русия эҳтиёҷ дорам”.

Аз навиштаҳо ва ёддоштҳои дӯстони ӯ бармеояд, ки ин нависандаи бузург Русияро ба шакли ормонӣ ба бениҳоят мепарастид ва ин рӯҳия на фақат дар осораш, балки дар амалкардаш низ ҳувайдо будааст. Вай дар нома ба дӯсти нависандааш Николай Островский навиштааст:
“Оҳ, ин ки то чӣ андоза барои ман таҳаммулпазир аст, ки дар хориҷ зиндагӣ кунам, онро барои шумт васф кунам. Бояд ба Русия баргардам. Ин ҷо малол озорам медиҳад...”.

Азбаский Достоевский ба кишварҳои гуногуни ғарбӣ сарфарҳои тӯлонӣ дошт, дар номаҳояш ошкоро андӯҳи ҳиҷрон ва дурӣ аз ватанаш – Русия эҳсос мешуд. Ин вобастагӣ ба Ватан шояд аз сифатҳои боризи як нависандаи машҳури рус бошад. Навиштаанд, ки Достоевский ба ҳадде ба Русия эътиқод дошт, ки баъзан бо дӯстонаш барои тавҳин ё кам нишон додани қудрат ва тавоноии Русия ҷанг намуда, қатъи робита кардааст. Андрей Жид, нависандаи машҳури фаронсавӣ дар китоби худ бо номи “Достоевский” менависад, ки ӯ бо дӯсташ нависандаи машҳур Иван Тургенев дар хусуси Русия баҳси тунд намуда, бо ӯ ба хотири кишвараш  қатъи робита мекунад. Зеро Тургенев баъди зиндагии тӯлонӣ дар Олмон аз худ рӯҳияи зиёди ғарбгароиро буруз медиҳад. 

Бо ин далел, Достоевскийро яке аз ватанпарасттарин нухбагони рус дар таърих ба шумор овардаанд.

Марги Достоевский


Фёдор Достоевский дар охирҳои умраш машҳуртарин нависандаи рус буд. Маъруфияти ӯ ба ҳадде буд, ки ӯро дар маҳфилҳои адабӣ ва сиёсӣ даъват мекарданд ва сӯҳбатҳояшро мешуниданд. Дар он замон бисёре аз нухбаҳои рус кишварро тарк карда буданд, вале Достоевский дар Русия боқӣ монд ва то охирин лаҳзаҳо дар ин кишвари азизаш зиндагӣ кард. Ӯ 9-уми феврали соли 1881 бар асари бемории шуш аз олам даргузашт. Шоҳидони он аср менависанд, ки рӯзи дафни ҷанозаи Фёдор Достоевский мардуми зиёде ҷамъ шуда ва 6 соат дар рӯйи тобуташ барои видоъ суханронӣ карданд.

Биёед, китоб мехонем! Аз сабабу мақсади китобхонӣ то одаткуниву интихоби китоб



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед