Ru  | Tj
Биёед, китоб мехонем! Аз сабабу мақсади китобхонӣ то одаткуниву интихоби китоб
Биёед, китоб мехонем! Аз сабабу мақсади китобхонӣ то одаткуниву интихоби китоб
Аксҳо: Аз Интернет

Биёед, китоб мехонем! Аз сабабу мақсади китобхонӣ то одаткуниву интихоби китоб

Нашр шуд

Хушбахтона, бо ташаббусу дастгириҳои Предизенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳоло ҷомеаи мо ба рӯзе расидааст, ки хонае нест, ки дар он дар бораи китобу китобхонӣ ҳарфе набошад. Китобу китобхонӣ оҳиста-оҳиста миёни мардуми мо ба анъана медарояд ва ин яке аз дастовардҳои беҳтарини чанд соли охири миллат дониста мешавад. 

Аммо аз ҷониби дигар, миёни хонандагону шавқмандон ё худ нафароне, ки мехоҳанд ба сафи онҳо ворид шаванд нофаҳмиҳо вуҷуд дорад. Масалан, “баҳонаи китобхонӣ” надоштан, “мақсади китобхонӣ надоштан”, надонистан, ки “китобро чӣ тавр бояд хонд?”, надонистани “рӯйхати китобҳои махсус” ва дигару дигарҳо. Мо ин ҳамаро ба назар гирифта, имрӯз доир ба ин мавзӯъ суҳбат хоҳем кард. 


Баҳои китобхонӣ

Аслан, вақте ки баҳона мегӯем, пешорӯямон дарҳол баҳона барои корҳои баду нохуб ва амалҳои анҷомнадода меояд, вале бояд донист, ки баҳона ба ҷуз маънои манфӣ доштан инчунин маънои мусбат ҳам дорад, ки мисоли равшани он ибораи маъмуливу зери лабҳо бисёр талаффузшавандаи “баҳонаи зистан” аст. Ин аст, ки суханварони мумтоз дар асарҳояшон сабаби куштани ин ё он прототипро “баҳонае барои зистан надошт” мегӯянд. Ва аз ҷониби дигар, агар баҳонаҳо танҳо барои корҳои нохуб ё ноуҳдабароиҳое истифода мешуданд, пас ҳатман дар ҷойи баҳонаҳои хуб чизи дигаре кор бурда мешуд.
Ба ҳамин минвол, барои корҳои хуб ҳам, ки мо мехоҳем онҳоро анҷом бидиҳем ва баъзан вақт ба иҷрои онҳо маҷбур ҳам ҳастем, баҳона ёфтан лозим аст. Ин ба монандест, ки умре дар талоши пайдо кардан, дӯст доштан ва ҳифз кардани баҳонаи аслии зиндагиамон ҳастем. Ин ба монандест, ки умре бо баҳонаҳои ширин, ки охири ҳамаи онҳо ба қуллаи мақсуд мебарад, зистан аст. Ин ба монандест, ки умре баҳонанадоштагонро дида, баҳонаҳои зиндагиамонро зиёду кам мекунем.


Дар ин росто, мавриди зикр аст, ки аз ҳама муҳим ва зарурӣ барои мардуми мо, хусусан насли нав баҳонае намерасад бо номи “баҳонаи китобхонӣ”.

Пӯшида нест, ки дар мо қариб ҳамагон тавсиядиҳанда ва талқинкунандаи китобу китобхонӣ ҳастанд. Ҳатто ҳамонҳое, ки ба солаш китобро дар даст намегиранд. Ҳатто ҳамонҳое, ки бо китоб тамоман сари кор надоранд. Ҳатто ҳамонҳое, ки баъзан вақт фаромӯш мекунанд, ки дар дунё китоб гуфтанӣ неъмати бузург вуҷуд дорад. Ҳамагӣ хостгори китобдору китобхон шудани насли нав ҳастанд ва ин хуб аст. Вале оё боре шудааст, ки нафарони тавсиядиҳандаву талқинкунандаи китобхонӣ барои ба даст гирифтани китоб ё ба ҷойи талқину таъкидҳояшон баҳонае, сабабе пеш оранд, ки мухотаб бе ягон фикри дигар ба ҷустуҷӯйи китоб равад? Не, албатта! Медонед барои чӣ? Барои он ки онҳо худашон баҳонае барои китоб хондан надоранд, вагарна худашон китобхон мебуданд. Ва ин ҳолатеро мемонад, ки мо маҳсулоти харидаамонро дар як тарафи тарозу монда, интизори баробар шудани тарафҳои тарозу мешавем.


Хатои аввалиндараҷаи мо ҳамин аст, ки ба ҳар нафар талқини китобхонӣ мекунем, вале намегӯем барои чӣ бояд вай ин корро анҷом диҳад. Мо иҷрои кореро талаб мекунем, ки ягон сабаб ва баҳона пеш намеорем, танҳо хостгори амал карданему халос. Мо мехоҳем атрофиёнамон кореро сомон диҳанд, ки барои анҷом додани он худамон баҳона надорем. 

Пеш аз хондани китобе бояд ба миқдори шумораи саҳифаҳояш баҳона ёфт. Баҳона ин “ман аз ин китоб чӣ мегирам?”, “ин китоб ба ман чӣ медиҳад?”, “фоидаҳои китоби мазкур бисёранд ё кам?”, “пас аз хондан дар ман чӣ навгонӣ мешавад?” нест, балки бо китоб рӯ ба рӯ истода, ба саволи “чаро бояд ман китоб хонам ва боз чаро маҳз ҳамин китобро?” аст. Ба ин савол сад ҷавоби гуногун додан мумкин, вале муҳим он аст, ки ҷавобдиҳанда худи китобхон бошад.

Чӣ тавр метавон ба китобхонӣ одат кард?

Дар ҳоли ҳозир аст ба даст гирифтани китоб воқеан бисёр мушкил, зеро дар ҷомеаи мо техникаву технология ҳукмрон аст. Ҳар моҳ як шабакаи иҷтимоӣ ва мессенҷери нав ихтироъ мешавад ва даъватномаҳои бешуморе ба суроғи мо меоянд. Ҳар ҳафта филму консертҳои нав ба нав рӯйи экран меоянд, ки онҳоро диданамон лозим. Ҳар рӯз садҳо нома аз ҳамсинф, ҳамкурс, ҳамсоя, ҳамкор, шинос ва ношинос ба номамон меояд. Ҳар соат навигарие, беҳбудие, таззоде ва мушкилие моро водор месозанд, ки аз телефон, планшет ё ноутбук истифода барем. 


Яке аз омилҳои мусоидаткунанда ин аст, ки  ҳар рӯз дар вақти муайян китоб бояд хонд. Чуноне, ки барои тамошои силсилафилмҳо вақти муайяне ҷудо мекунем, худро одат кунондан барои расидан ба маърифат беҳтарин роҳ ва қадами аввалин аст. Беҳтар аст ба худ қавл диҳем, ки ҳар рӯз китоб мехонем. Ваъдахилофтарин нафар ҳам ба ваъдаи худ вафо мекунад.

Роҳи дигар, ин тайёридидан аст. Одатан, мо барои кореро анҷом додан, ба хомӯшӣ риоя мекунем. Дар вақти китобхонӣ ҳам бояд ҳадди ақал 50% тайёрии пешакӣ бинем: макони мувофиқ, фозои ором, ноутбуки хомӯш, берун аз интернет, дурӣ ҷӯстан аз Viber, Whatsapp ва ғайраҳо.  Дар ин миён аз фикрҳои беҳуда сарро тоза бояд кард.  Бояд барои аз маълумотҳои кӯҳна раҳо шудану барои маълумоти нав ҷойе омода кардан омодагӣ бинем. Дар вақти хондани китоб бояд меъёрро риоя кунем. Дар ҳар нишастан 10 -25 дақиқа бояд китоб хонд. Пас аз хондан ҳар чизе, ки дар мағз монд, бояд рӯйи коғаз овард ва ё онро ба касе нақл кард. 

Китобхонӣ аз куҷо оғоз мешавад?

“Ман китоб хонданро дӯст медорам, аммо намедонам, ки чӣ хел ва аз куҷо сар кунам, зеро фикр мекунам, ки ҳеҷ чизро намедонам ва аз куҷое, ки сар кунам, хато мекунам”. Мутмаинем, ки шумо боре ҳам бошад аз атрофиёнатон ин ҷумларо шунидаед ё худатон ба касе гуфтаед. 


Бале, ин дуруст аст, ки нафарони зиёд мехоҳанд китобхон бошанд, вале чӣ хондану аз куҷо оғоз карданро, ки одатан қадами аввал мегӯемаш, намедонанд. Мушкили асосӣ ин аст, ки бархе нафарон то ҳоло бо сабабҳои гуногун натавонистанд китобхон бошанд ва вақте ки дар онҳо хоҳиш пайдо мешавад, албатта каме роҳгум мезананд. Зеро китоб бисёр, тавсиядиҳандагони китоб бисёр, олиму нависанда бисёр, вале ӯ ё онҳо то ин дам чизе нахондаанд ва табиист, ки ҳар нафар метавонад роҳгум занад. 

Омили асосии шурӯъ кардан ба китобхонӣ - ин аз содатарин, осонфаҳмтарин ва хурдтарин китоб оғоз кардан аст. Ҳар китобе, ки барои кӯдакону наврасон пешбинӣ шудааст, албатта, сода аст, зеро дар онҳо қариб ки гиреҳ ва кӯргиреҳҳо мавҷуд нестанд. Ҳар китобе, ки ба соҳаи дӯстдоштаи мо алоқае дорад, осонфаҳмтарин китоб арзёбӣ мешавад. Ҳар китобе, ки ҳаҷман хурд аст, ҳамеша барои хонданаш китобхон талош мекунад ва баробари наздик шудан ба охир оромишу фаҳмишеро ҳис мекунад. 


Омили дигар ин дар вақти хондан аз он китоб маълумоти лозимаамро ҷустан, ёфтан ва аз бар намудан мешавад. Барои мисол, ман дирӯз китоби “Чӣ тавр ташвишу ҳаяҷонро пушти сар кунем, то ҳаётамон орому шод гузарад?”-и Дейл Карнегиро гирифтам. Ба худ мақсад гузоштам, ки нахуст бояд фаҳмам, ин гуна китобҳоро кадом нафарон навишта метавонанд ва аслан инҳо чӣ гуна навишта мешаванд? Ман давоми 32 дақиқаи мутолиа ба чизи мехостаам расидам.  Дар ин росто бояд гуфт, ки мутаассифона, мо бисёриҳоро мебинем, ки соатҳои дароз китоб мехонанд, аммо аз китоб чӣ хостанашонро намедонанд. То мақсади муайян нагузорем, китоб хонданамон бефоида аст. Ва мақсад нагузошта китоб хондан онеро мемонад, ки мо ба бозор меравем, ҳама растаҳоро мегардем, ҳама чизро мебинем, вале баробари баромадан аз бозор ҳама молҳои дидаамонро бо нархҳояшон фаромӯш  мекунем, ки натиҷа бефоида рафтани мо ба бозор аст. 

Интихоби китобҳо

Аксари нафароне, ки китоб мехонанд дар интихоби китоб мушкилӣ мекашанд, зеро умри кӯтоҳи мо барои мутолиаи ҳар навиштае, ки дар шакли китоб аст, басанда нест. Умр кӯтоҳ, китоб ва китобгунаҳо хеле зиёданд. Дар ин росто, бояд танҳо ва танҳо асарҳои зарурӣ ва муҳимро хонд. Ва ин дар ҳолест, ки мутаассифона имрӯзҳо ҳар нафари пулдор бе ягон истиҳола “китоб”-ашро чоп мекунад.


Ва чизи дигар ин ки, дар китобхонӣ миқдор не, балки сифат муҳим аст. Зеро ба қавле аз зиёди нофаҳмову нодаркор дида, ками дорои муҳиммият хубтар аст. Ҳамагӣ чанд рӯз пеш духтараке пешам омаду гуфт: “Ман фалонӣ, хонандаи мактаби миёнаи фалон ҳастам. То имрӯз зиёда аз 200 китоб хондаам ва дар бисёр озмунҳои вобаста ба китобу китобхонӣ иштирок кардаам ва хушбахтона ба гирифтани ҷойҳои намоён низ сазовор шудаам. Хоҳиш мекунам, ки дар мавзӯи аҳаммияти китобхонӣ аз номи ман як мақола нависед”.

Тасаввур кунед, нафаре, ки 200 китоб хондааст, аз китобҳои хондааш ҳамон қадар донише гирифта натавонистааст, ки дар бораи аҳаммияти китобхонӣ варақеро сиёҳ кунад ва ба болои ин ҳама барои аҳаммияти китобхониро ба ҷомеа фаҳмонидан назди нафаре меояд, ки дар умраш шояд 20 китоб нахонда бошад. Дар ин ҳолат табиист, ки мо аз 200 китоб хондани нафари китобхон танҳо як чизро мефаҳмем: ӯ дар вақти китобхонӣ танҳо ба рақами саҳифаҳо диққат медодааст, на ба калимаву ибораву ҷумлаҳои хондааш. Ва бадбахтона сафи чунин китобхонҳо рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст.


Дар ин бобат боиси хушнудист, ки аъзои китобхонаҳо, яъне хонандагони доимии китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар ҳоли афзоиш аст. Ҳар китоберо, ки дархост намуда, варақ мезананд, ҳатман, ки дар рӯйхати китобҳои хондаашон қайд карда, зераш аломате мегузоранд. Дақиқтар “ман ин китобро хондам”. Агар ба китобхонии бархе хубтар зеҳн монем, ба хубӣ дарк мекунем, ки онҳо барои адабиёти супоришдодаи муаллимро супоридан, кори мустақилонаро рӯбардор кардан ва вазифаи хонагиро иҷро кардан китобҳоро ба даст мегиранд. Мутаассифона, ин тасдиқи он аст, ки китобхонии мо барои ҳисобот аст. Агар ҳамон корҳои мустақилона, ҳамон адабиёти ба зӯрӣ додаи муаллим ва вазифаҳои хонагӣ набошанд, оё китоб мехонем? Ман фикр мекунам, теъдоди китобхонҳову китобдӯстон то дараҷае кам мешавад, ки дигар корти китобхона бепул ҳам шавад, фоидае надорад.

Дар ҳақиқат саволи “мо китоби зиёд мехонем, вале чаро чизеро намедонем?”-ро аксарият ба худ ё атрофиёни худ медиҳанд, вале бисёр вақт ба ҷойи ҷавоб ҷумлаҳои “айби муаллим аст, ки супориши хондани китоби бемаъноро дод”, “ман ҳам хело мехонам, аммо чизеро намефаҳмам”, “нафаҳмем ҳам, супоришҳоро иҷро мекунем” ва боз чанди дигар. Аммо ҳайҳот, ки касе фикри ба дигар тарз хондани китобро намекунад.
Ҷавоби савол: барои он ки мо китобро барои супоришҳои гирифтаамон мехонем ва фикри ба воситаи он дарку фаҳмишу ҷаҳонбиниамонро васеъ кардану дар охир тағйир додани зиндагиамонро намекунем.  

Хулоса, барои китобхонӣ баҳона ёбед, чӣ тавр китоб хонданро донед, хондани китобҳои махсусро оғоз кунед.  

Эътирози Ҳомид Карзай аз Имронхон. Сарвазири Покистон дар мавриди занони Афғонистон чӣ гуфт?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед