Ru  | Tj
“Китоби Душанбе” ноширони 7 кишвари ҷаҳонро ба ҳам овард
“Китоби Душанбе” ноширони 7 кишвари ҷаҳонро ба ҳам овард
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

“Китоби Душанбе” ноширони 7 кишвари ҷаҳонро ба ҳам овард

Нашр шуд

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Ёздаҳумин намоишгоҳи байнулмилалии “Китоби Душанбе” ба кори худ оғоз кард. Қарор аст, ки он то 5-уми октябр идома кунад.

Дар намоиши мазкур меҳмонони ифтихорӣ аз Русия иштирок доранд. Аз ҷумла беш аз 550 китоб – адабиёти бадеъӣ ва таълимӣ ва нашрияҳои бачагона, ки солҳои охир аз ҷониби ноширони Русия чоп шудаанд, ба намоиш гузошта шудааст.

Бояд гуфт, ки рӯзи 3-юми октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» ифтитоҳ шуд, ки дар он ноширон аз 7 кишвараз ҷумла Русия, Беларус, Ҳиндустон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон, Эрон ва беш аз 30 нашрияи дохилӣ ширкат доранд.

“Китоби Душанбе”
“Китоби Душанбе”
“Китоби Душанбе”
“Китоби Душанбе”
“Китоби Душанбе”
“Китоби Душанбе”
“Китоби Душанбе”
“Китоби Душанбе”
“Китоби Душанбе”
“Китоби Душанбе”
“Китоби Душанбе”
“Китоби Душанбе”

Гуфтанист, ки Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” аз соли 2011 ба ин сӯ сурат мегирад ва дар он асарҳои садҳо адиб ва шоирони ватанию хориҷӣ ба намоиш гузошта мешавад.

Ёдоварӣ мекунем, ки соли гузашта Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” дар саҳни Намоишсарои Айнӣ баргузор шуд, ки дар он 4 000 номгӯ китоб аз 8 ноширони кишварҳои хориҷӣ, аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Ҳиндустон ва беш аз 30 ноширони дохилӣ китобҳои тозанашри хешро пешниҳоди тамошобинон, аҳли фарҳангу адаб ва дӯстдорони китоб гардонида буданд.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед