Ru  | Tj
«Ман тоҷикам ва Тоҷикистон ватани ман аст». Қиссаи арманидухтаре, ки ҳунарманди мардумист
«Ман тоҷикам ва Тоҷикистон ватани ман аст». Қиссаи арманидухтаре, ки ҳунарманди мардумист
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

«Ман тоҷикам ва Тоҷикистон ватани ман аст». Қиссаи арманидухтаре, ки ҳунарманди мардумист

Нашр шуд

Марусия Хоразян арманидухтарест, ки 55 сол боз дар ноҳияи Темурмалик ба сар мебарад ва бо забони ноби форсии тоҷикӣ ҳарф мезанад. Ин бону дар ҳунарҳои мардумии тоҷикон – зардӯзиву гӯлдузӣ дасти моҳир дорад.

Муаллифи Halva.tj бо ин бонуи арманитабор суҳбат карда, саргузашти ҷолиби ӯро нақл намуд.

  САРНАВИШТИ ОШИҚОНА

Марусия соли 1960 дар шаҳри Кировакании Арманистон ба дунё омадааст. Вай дар оила духтари ягона маҳсуб мешуд.

Тавре медонем, дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷавононро барои хидмат дар сафи артиш ба яке аз 15 кишвари узви ин кишвар мефиристоданд. Маҳз ҳамин раванд сабаб шуду сарнавишти Марусия ба Тоҷикистон пайванд хӯрд.

Худойназар Ёрматов – афсаре аз ноҳияи Темурмалик соли 1977 дар қисми ҳарбии шаҳри Кировакании Арманистон адои хидмат мекард. Ӯ дар он ҷо бо Марусияи 16-сола робитаи дӯстӣ пайдо мекунад.

«Аскарон барои гирифтани об ба назди хонаи мо зиёд меомаданд ва дар ин миён муносибати дӯстона, сипас ошиқонаи ман бо сарбоз Худойназар Ёрматов оғоз гардид. Он замон ман дар синфи 9 мехондам ва баъди як муддати кӯтоҳи муносибатамон ӯ маро даъват намуд, ки ҳамроҳ ба Тоҷикистон равем. Чун Худойназарро беҳад дӯст медоштам, бе ягон дудилагӣ барои рафтан розӣ шудам», - мегӯяд Марусия.

Баъди даъвати Худойназар ӯ ҷузъдон (сумка)-ашро дар мактаб гузоштаву ба қисми ҳарбӣ медарояд. Дар он ҷо чанд рӯз пинҳон шуда, сипас тариқи хатсайри Арманистон – Гурҷистон, Гурҷистон – Ашқобод ва Ашқобод – Душанбе ба Тоҷикистон меояд. Худойназар Марусия ба деҳаи Танобчии ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) ба хонааашон меорад. Модари Худойназар ӯро дида, «писарам ин ҷӯраат кист?» мегӯяд. Азбаски Марусия дар тан шиму куртаи калта дошт, хушдомани ояндааш вайро писар хаёл мекунад.

«Акнун ману Худойназар дар хонаашон 11 рӯз истодем ва дар ин миён маро бо урфу одатҳои тоҷикона шинос намуда, гуфтанд, ки агар дини исломро қабул карда, калимаи шаҳодатро ба забон орам, метавонам бо Худойназар оиладор шавам. Ҳамин тавр, ба хотири ӯ ба ҳама кор розӣ шудам ва дар байни 13 рӯз мо зану шавҳари никоҳӣ шудем. Баъдан Худойназар барои идомаи адои хидмат дубора ба Арманистон рафт. Аз ин тасмими ман дар хонаамон касе огоҳ набуд ва ҳамон ҷузъдони мондаамро аз мактаб пайдо карда, маро дар ҷустуҷӯи пулис қарор медиҳанд. Пас аз рафтани Худойназар ба Арманистон падару модари ман аз асли воқеа хабардор шуда, ӯро хеле сарзаниш намуданд, ки чаро духтари ноболиғи моро дуздида бурдӣ ва ӯ бошад мегӯяд, ки ман коре накардам, баръакс Марусия худаш бо ман ба Тоҷикистон рафт. Дар ин миён пулисҳои ноҳияи Совет ба хонаи мо омаданд, ки маро дубора ба Арманистон фиристанд. Лекин ман розӣ нашудам ва баръакс ариза навиштам, ки бо хоҳиши худам ба ин ҷо омадаам. Ҳамин тариқ ман дар Тоҷикистон мондам», - мегӯяд холаи Марусия.

Падару модари Марусия аз ноилоҷӣ ба хулосае меоянд, ки баъди анҷоми хизмати Худойназар бо ӯ ба Тоҷикистон раванд, то ин ки аз ҳоли духтарашон хабар гиранд. Лекин Худойназари ҷавон ба хаёле, ки падарарусаш ӯро барои рафтани Марусия муҷозот мекунад, баъди хидмат худ танҳо гурехта ба Тоҷикистон меояд.

«Соли 1981 писари аввалинам таваллуд шуд ва худи ҳамин сол модарам ба суроғи ман ба Тоҷикистон омад. Мо ҳамроҳи модарам ва дигар аҳли оила сари як дасторхон нишастем ва дар он ҷо модарам ба ман бо забони арманӣ мегуфт, ки ин чӣ зиндагӣ аст? Ту дар беҳтарин шароит зиндагӣ мекардӣ! Чаро он ҳамаро партофта омадӣ? Биё якҷо бо шавҳару писарат ба ватани худат баргард. Дар он ҷо зиндагии хубро оғоз кун», - нақл кард холаи Марусия.

Аммо қаҳрамони мо барои бозгашт розӣ намешавад.

Оҳиста-оҳиста ӯ забони тоҷикиро меомӯзад ва ба урфу одатҳои тоҷикона мувофиқ шуда, корҳои хонаро низ ёд мегирад.

БОЗГАШТ БА АРМАНИСТОН

Баъди таваллуди фарзанди дуюм писари якуми онҳо бемор мешавад ва бо тавсияи табибон барои табобати фарзандашон ба Арманистон мераванд.

«Дар он ҷо саломатии писарам хубтар шуд. Модарам тавсия дод, ки ба хотири саломатии фарзандам ӯро дар Арманистон бимонам. Мо ба ин фикр розӣ шудем, то ин ки Рустам дар он ҷо истаду дигар бемор нашавад», - иброз дошт қаҳрамони мо.

Ҳамин тариқ, холаи Марусия писари якумашро дар Арманистон мемонаду ба Тоҷикистон бармегардад ва ин сафар барои ӯ охирин дидор бо зодгоҳ ва писару пайвандонаш буд. Фарзандаш ҳоло 43 сол дорад, аммо падару модарашро ҳанӯз надидааст.

Марусия Хоразиян дар идомаи зиндагӣ боз 2 писари дигар ба дунё меорад, ки ҳоло онҳо соҳиби фарзанду набера ҳастанд.

ГОВҶӮШИ ПЕШҚАДАМ

Марусия дар чандин мусобиқаҳои ноҳиявиву ҷумҳуриявӣ дар бахши ширҷӯшӣ иштирок карда, солҳои 1986-1987 ҳамчун говҷӯши пешқадами фермаи шири «Бирдами совхози 50- солагии Тоҷикистон» бо автомашинаи сабукрав сафзовор гардидааст.

Ӯ ҳамчунин беш аз даҳ сол дар Маркази фароғатии деҳоти Танобчӣ мудир будааст.

Марусия Хоразян ҳамакнун нафақахӯр аст, лекин ҳоло ҳам робитаи хуби корӣ бо қасри фарҳанги деҳоти Танобчӣ дорад. Нақшу нигорҳои миллии тоҷикии омодакардаи ӯ дар утоқи алоҳидаи ин қаср ба намоиш гузоштааст.

Мутаассифона, шавҳараш Худойназар Ёрматов 13-уми июли соли 2022 ин дунёро тарк намуд. Холаи Марусия ҳоло дар иҳотаи 3 фарзанду 14 набера зиндагӣ намуда истодааст.

«Агар вақт як маротибаи дигар қафо гардад, ман ҳамоно ҷузъдонамро дар мактаб гузоштаву ба Тоҷикистон меоям. Зеро ман аз интихобу тақдирам пушаймон нестам. Ман тоҷикам ва ин ҷо ватани ман аст», - мегӯяд бо хушҳолӣ Марусия.

                                                         


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед