Ru  | Tj
Мичурини дуюм. Чӣ гуна боғбони тоҷик аз як дарахт 7 намуди себ ҳосил гирифт?
Мичурини дуюм. Чӣ гуна боғбони тоҷик аз як дарахт 7 намуди себ ҳосил гирифт?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардид

Мичурини дуюм. Чӣ гуна боғбони тоҷик аз як дарахт 7 намуди себ ҳосил гирифт?

Нашр шуд

Қудратулло Давлатовро дар иҳотаи ёру дӯстон ҳамчун “Мичурин”-и дуюм мешиносанд. Мардум аз қиссаҳои шунидаашон медонанд, ки Иван Владимирович Мичурин яке аз машҳуртарин шахсиятҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба шумор мерафт. Ӯ аслан машғули боғдорӣ буд ва тамоми нозукиҳои дарахту меваҳоро кашф карда буд. Маҳз ба ин хотир Мичурин шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Қаҳрамони моро низ ба хотири боғдориву дарахтдӯстдориаш “Мичурин” мегӯянд.


   ШЕБУ ФАРОЗИ РӮЗГОР

Қудратулло Давлатов 5-уми апрели соли 1948 дар яке аз минтақаҳои кӯҳсору ҷангалзори ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон таваллуд шудааст. Дар овони хурдсолӣ бо аҳлу оилааш аз Сари Хосор ба ноҳияи Темурмалик кӯч мебандад. Соли 1968 баъди хатми омӯзишгоҳи касбӣ-техникии ноҳияи Восеъ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мепайвандад ва муддати 2 сол дар Украина адои хидмат менамояд.

“Ман дар минтақаи хавфноктарини он замон, ки бендериҳо зиндагӣ мекарданд, хидмат намудам. Даргирии имрӯза миёни Русия ва Украина маҳз аз ҳамон ҷо оғоз гардид”, - мегӯяд Қудратулло.


“Аз хидмати ҳарбии мо нав 4 моҳ сипарӣ гардида буд, ки ҷанг миёни Чехия ва Славакия, ки он замон ҳарду як давлат буданд, шурӯъ шуд. Мо, сарбозони кишварҳои собиқ шӯравиро, ки дар умрамон ҷангро надида будему тамринҳоро пурра нагузашта будем, бо супориши фармондеҳҳои болоӣ ба ҷанги Чехсловакия фиристониданд. Рӯзҳои сахту вазнинии ҳаётам дар он ҷо гузашт. Яке аз шабҳо дар майдони ҷанг дар як хайма бо дигар сарбозон хоб будем, ки ногаҳон як сарбози рус “Мама” гуфта овоз баровард. Мо дарҳол ба назди ӯ рафтем, лекин аллакай мурда буд. Ин саҳна асло аз хотирам дур намешвад”, – нақл кард қаҳрамони мо.

Қудратулло мегӯяд, Худоро шукр, ки аз ин набардҳо зиндаву саломат ба Ватан назди падару модар баргаштам. Сипас дар корхонаи роҳсозии ноҳияи Темурмалик ҳамчун механик ва ронанда корро оғоз намудам. Ҳамакнун ҳар рӯзи корӣ саҳнаҳои мудҳиши ҷанг пеши назарам меомад. Аз ин рӯ, пайваста фикрам дар беҳдуди зиндагиям буд. Баъди анҷоми кор ҳамарӯза дар хона ба сохтани асбобҳои рӯзгор машғул мешудам. Ҳамсару фарзандонам бо омода кардани куртаю гулдӯзиҳо банд буданд. Яъне ҳар рӯз кӯшиш мекардем, ки як кори нав карда, шароити зиндагиро хуб гардонем”, - қисса кард ҳамсӯҳбати мо.

   МУҲАББАТ БА ДАРАХТ

Ба гуфтаи Қудратулло Давлатов, ӯ аз хурдӣ дарахтонро дӯст медошт ва орзу мекард, ки дар саҳни ҳавлияшон дарахти бисёр бо меваҳои гуногун қад кашида буд. Соли 2000 Қудратулло аз хонаи модарияш, ки дар маркази ноҳия ҷойгир аст, ба деҳаи Шибанай кӯч мебандад. Дар ин деҳа ӯ соҳиби 10 сотих замин мегардад ва дар атрофи хонааш ба парвариши дарахтон мепардозад.


Ҳанӯз 25 сол дошт, ки навъҳои гуногуни себро дар як дарахт пайванд кард. Хушбахтона, ин озмоишаш натиҷаи нек дод. Зеро ӯ дар мавсими навбатӣ аз як дарахт 7 намуди себро ҳосил гирифт. Ин аввалин муваффақияти Қудратулло дар соҳаи боғдорияш буд. Акнун ӯ медонист, ки кадом навъи меваҳо бо якдигар пайвандӣ дорад. Вобаста ба ин дарахтони дигарро низ бо меваҳои гунонг пайванд кард.

“Баъди кор назди дарахтон мерафтам ва ҳар як шоху навдаашонро аз назар гузаронида ҷойҳои нолозимашро мегирифтам. Яъне ба ин кор ҷиддӣ муносибат доштам ва маҳз ба ин хотир навгониҳои зиёдеро дар кори боғдорӣ анҷом додам”, - мегӯяд ӯ.

Қудратулло иброз медорад, ки дар ҷодаи боғдорӣ Ҳайдар Абдуллоевро, ки дар ноҳияи Данғара зиндагӣ мекард ва ҳоло дар қайди ҳаёт нест, устоди худ медонам. Мо бо устод Ҳайдар риштаи хешовандӣ дорем, аниқтараш, ӯ бародари ҳамсарам мебошад. Пайванд намудани дарахтонро бори аввал дар хонаи ӯ дида будам ва худам дар ин ҷо таҷриба намудам. Ба ин хотир, шодравон Ҳайдарро устоди хеш медонам.

“Дарахти себи 7-намудаи ман дар ҳудуди ноҳия хеле машҳур гардида буд. Ҳар як меҳмони омада аввал аз дарахти себ мепурсид, ки як бор бинем. Бисёриҳо шояд бовар натоштанд, лекин себ бо як навъи дигараш зуд мепайвандад. Зеро онҳо ҳамагӣ донаҳои хурд доранд ва аз як оилаанд. Нозукияш низ дар ҳамин аст. Мисол, дар дарахти себ зардолуро пайванд карда намешавад, чунки зардолу донаи калон дорад, себ донаи майда”, - нақл кард Қудратулло.


Ҳоло бошад дар ҳавлии ин оила аз дарахтони гуногун беш аз 50 навъи меваҳоро ҳосилгундорӣ мекунанд. Дар чор фасли сол болои дасторхони онҳо меваҳои гуногуни тару тоза ва хушкшуда ҳаст.

“Хоҷагидориву ниҳолпарварӣ барои буҷети хонаводаи мо даромади хуб меорад. Солҳои гуруснагӣ мо меваҳоро чида, бо дигар навъи сабзавот ба деҳаҳои дурдасте, ки аз набудани об дар он ҷойҳо дарахтони мевадиҳанда камчин буд, бурда бо гандум иваз мекардем. Сипас гандумро дар бозор фурӯхта, рӯзгори хонаро таъмин менамудем”, - қисса кард ҳамсари Қудратулло.

   БОЗЁФТИ ТАЪРИХӢ

Тавре дар боло гуфтем, Қудратулло Давлатов то соли 1993 дар корхонаи роҳсозии ноҳия фаъолият намудааст. Ӯ аз корхонаи мазкур хотираҳои зиёде дорад.

“Рӯзе бо экскаватори корхона як теппаи хурдеро барои ҳамвор шуданаш мекандам. Ногаҳон аз зери хок як олоти кӯзамонанде пайдо кардам. Пасон атрофашро бо техникаам эҳтиёткорона пок карда бинам, ки як кӯза (хум)-е, ки баландияш қариб 1 метр буд, баромад. Баъди гирифтани ин кӯза боз дар бараш як кӯзаи дигари ҳаммонанд низ пайдо шуд”, - нақл кард Қудратулло.

Тибқи гуфтаи таъришиносон, кӯзаҳои пайдокардаи Қудратуллоро одамони пеш мисли яхдон истифода мебурданд ва дар он гӯштро захира мекарданд. Мир Саидов – яке аз бунёгузорони осорхонаи ноҳияи Балҷувон аз пайдо гардидани ин кӯзаҳо хабардор шуда, онҳоро ба осорхонаи ноҳия мебарад, ки то ҳол бозёфти Қудратулло Давлатов дар он ҷо ҳамчун ёдгории таърихӣ маҳфуз нигоҳ дошта мешаванд.

 

“ДЕҲҚОН АЗ СИДҚИ ДИЛ МЕҲНАТ МЕКУНАД...”

“Дар иқлими Тоҷикистон боғ бунёд намудан хело мувофиқ аст. Хушбахтона, мо боғҳои зиёди себу анор ва ангур дорем, ки пайваста тариқи телевизон намоиш дода мешвад. Инчунин роҳбари давлат дар ҳар мавсим аз боғи ангурпарварии “Сомон”, ки дар шаҳри Турсунзода аст, боздид мекунанд. Медонед, ки чаро президенти кишвар ҳар сол ба ин боғ меравад? Зеро дар он ҷо заҳматҳои шабонарӯзии боғдорон ба назар мерасад. Хӯшаи ангур аз пеши худ то ин ҳад бузургу ширин намешавад ва ин маънои онро дорад, ки ҳар деҳқоне, ки аз сидқи дил меҳнат мекунад, ҳатман муваффақ хоҳад шуд”, - мегӯяд қаҳрамони матлаб.

Ба қавли ин боғпарвар, ӯ дар ҳавлиаш якчанд навъи меваҳоеро парвариш мекунад, ки дар ҳудуди ноҳия ва Тоҷикистон камчинанд. Зеро Қудратулло дар кадом минтақаи Тоҷикистон меҳмон мешудааст, ҳангоми бозгашт бо худ дона ва химчакҳои меваҳоро барои пайванд бо худ меовардааст.

Ҳоло бошад ӯ ният дорад, ки аз себҳои машҳури ноҳияи Файзобод оварда дар дарахтони себи худ пайванд кунад.

Ин қаҳрамони сермаҳсул дар баробари боғдорӣ 8 фарзандро ба камол расонида, онҳоро соҳиби маълумот намудааст, ки ҳамагӣ бо касбҳои гуногун рӯзгори хешро пеш мебаранд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед