Ru  | Tj
Саломи морбоз. 12 маротиба мор газид, аммо сиҳату саломат монд
Саломи морбоз. 12 маротиба мор газид, аммо сиҳату саломат монд
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Саломи морбоз. 12 маротиба мор газид, аммо сиҳату саломат монд

Нашр шуд

Абдусалом Одинаев яке аз чеҳраҳои шинохаи ноҳияи Темурмалик ба ҳисоб меравад. Ӯро мардум бештар бо тахаллуси «Саломи морбоз» мешиносанд. Аз ҷавонияш ба парвариши морҳои заҳрнок машғул аст. Вайро 12 маротиба мор газидааст, аммо бо ин вуҷуд ин кор ба саломатияш бетаъсир будааст.

Абдусалом Одинаев 11 марти соли 1955 дар шаҳраки Совети ноҳияи Темурмалик ба дунё омадааст. Ӯ соли 1972 ба Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дохил шуда, таҳсилро ба анҷом нарасонида тарки муассиса мекунад ва барои адои хидмати ҳарбӣ ба шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия меравад. Баъд аз анҷоми хидмати ҳарбӣ ба ноҳияи Темурмалик баргашта, як муддати кӯтоҳ ба ҳайси устоди варзиш кор кардааст. Аз соли 1990 то соли 1992 дар милитсия фаъолият намудааст

«Соли 1990 миёни мақомоти милитсия ва намояндагони амнияти миллӣ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор гардид, ки дар он ман ҳамчун намояндаи шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Темурмалик дар риштаи ҷанги тан ба тан сазовори мақоми аввал гардидам», - қисса кард Абдусалом Одинаев.


Мутаассифона, дар мусобиқаи мазкур қаҳрамони мо осеби сахти ҷисмонӣ бардошта бо ҳамин иллат кор дар милитсияро тарк мекунад. Номбурда баъд аз мақомоти милитсия рафтанаш як муддат ба табобат машғул мешавад ва дар натиҷаи барқарор гардидани саломатияш ба тиҷорати морҳои заҳрнок мепардозад. Ӯ аслан ин корро бо пешниҳоди Саша Дмитрий, муҳаққиқи немис, ки ҳамон солҳо муваққатан дар ноҳияи Темурмалик зиндагӣ мекард, оғоз намуд. Абдусалом Одинаев бошад, маҳз ба ин хотир Сашаро устоди кори хеш медонад.

«Ин кор дар аввал барои ман хеле душвор буд, зеро аз теппаҳои назди деҳа рафта, морҳои гурзаву кобраро дошта ба хона меовардем. Сипас дар натиҷаи парвариш заҳрашонро гирифта, доруворӣ омода мекардам», - нақл мекунад морбоз.
Ҳамзамон ӯ иброз медорад, ки ба бачаҳои ҳамсоя маблағ дода, бо онҳо ба шикори морҳо мерафтем. Албатта, ба гуфтаи вай, ин корашон дар доираи қонун буд, зеро соли 1994 бо кумаки Усмонқул Шокиров, ки вазифаи вазири ҳифзи муҳити зистро ба уҳда дошт, соҳиби иҷозатнома гардид. Қаҳрамони мо мегӯяд, аслан морҳоро баъди як муддати парвариш, ки дар натиҷаи он якчанд маротиба заҳрашонро мегирифтем, дубора дар табиат озод мекардем.
Абдусалом Одинаев ба воситаи заҳри мор чандин нафар беморро аз минтақаҳои гуногун табобат намудааст.

Қаҳрамони мо соли 2008 дар даври ноҳиявии озмуни «Андалеб» миёни мардум морбозӣ мекунад ва дар ҳамон майдон аввалин маротиба заҳри мори кобраро мехӯрад, ки ин ҳолат баъди якчанд соат ба саломатии амаки Салом хеле таъсири манфӣ мерасонад. Сипас ӯ бо кӯшишҳои зиёд ба дарди хеш малҳам мешаваду дар натиҷа муайян мекунад, ки инсон баъди истеъмоли заҳролудшавӣ ё ҳангоми газидани мор бо кадом навъи доруворӣ шифо меёбад.

- Вақте ки дар озмуни «Андалеб» заҳри морро хӯрдам, таваҷҷуҳи мардум ба ман зиёд шуд. Аз чандин ҷойҳо одамон барои гирифтани маслиҳат ва табобат наздам меомаданд. Дар ин миён оҳиста-оҳиста шумораи морҳо дар хонаи ман зиёд гардиданд, - ба ёд овард қаҳрамони мо.
Ба қавли Абдусалом, хӯроки морҳоро аз кӯдакони ҳамсоя мехарид. Ҳар як меҳмоне, ки ба хонаи вай меомад, аввал морҳоро тамошо мекард. Чунки зиёда аз 280 мор дар ҳавлияш озодона сайругашт мекард.
«Олами морҳо низ мисли рамаи гӯсфадон аст. Вақти хӯрокаш ки омад, садову ишора мекунад ва дар маконе, ки зиндагӣ мекунанд асло ба соҳибашон зарар намерасонанд. Ин буд, ки дар зарфи 20 сол ягон маротиба фарзандону ҳамсоягони маро морҳо нагазидаанд», - нақл кард ӯ.
Амаки Абдусаломро дар собиқаи кории хеш беш аз 12 маротиба мор газидааст. Лекин ӯ медонист, ки ҳангоми газидани мор бо кадом усул табобат кунад. Маҳз ба ин хотир ӯро чизе намешуд. Ҳамзамон ҳар навъи дорувориҳое, ки аз заҳри мор омода мешуд, ӯ аввал дар организми худаш месанҷид ва сипас ба дигар беморон тавсия медод.


Вобаста ба ин ҳама корҳо амаки Абдусалом моҳи январи соли 2017 баъди хатми курси 6-моҳа соҳиби шаҳодатномаи тиббӣ-халқӣ гардид.

Инчунин борҳо барои дарёфти сарпараст кӯшиш намудааст. Ҳатто чанд маротиба ба унвони роҳбари кишвар мактуб навиштааст, ки дар ин кор дастгирияш намоянд. Зеро, ба қавли қаҳрамони мо, аз ин кор метавон истеҳсоли хуби маводи дорувории ватаниро ба роҳ монд. Илми тиб борҳо исбот намудааст, ки заҳри мор беҳтарин малҳам дар оғози бемориҳои саратон буда, бо ба чандин бемориҳои дигар низ даво мебахшад.

«Соли 2010 барои бунёди ҳамкорӣ назди доктори тиб, профессор Панкратов Василий Николаевич ба Федератсияи Россия рафтам. Мақсад аз ин сафар дар он буд, ки мо дар ҳамдастӣ бо озмоишгоҳҳо онҷо корҳои дуҷонибаро оғоз намоем. Лекин Панкратов ба ман танҳо пешниҳод кард, ки агар хоҳишат бошад, биё дар ҳаминҷо бо мо кор кунед. Лекин ман ин пешниҳодро қабул накардам ва баръакс ба ватан баргаштам», - мегӯяд Абдусалом Одинаев.

Ҳоло ӯ соҳиби 6 фарзанд аст ва мехоҳад, ки писари хурдияш касби падарро давом диҳад ва ҳангоми пайдо гардидани фурсати муносиб аз ин кор як тиҷорати хубро ба роҳ монад.


Қаҳрамони матлаб Абдусалом Одинаев рӯзи 9-уми марти соли равон ҳангоми таҳия гардидани матлаб дар 67-солагӣ ҷон ба Ҷонофарин таслим намуд. Ҳайати эҷодии пойгоҳи иттилоотии Halva.tj ба наздикону пайвандони марҳум изҳори ҳамдардиву таслият менамояд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед