Ru  | Tj
Пайроҳаи муваффақият. Ҳайдаралӣ Давлатов чӣ гуна омӯзгор, варзишгар ва рӯзноманигори муваффақ шуд?
Пайроҳаи муваффақият. Ҳайдаралӣ Давлатов чӣ гуна омӯзгор, варзишгар ва рӯзноманигори муваффақ шуд?
Аксҳо: Аз қаҳрамони матлаб дастрас гардидааст

Пайроҳаи муваффақият. Ҳайдаралӣ Давлатов чӣ гуна омӯзгор, варзишгар ва рӯзноманигори муваффақ шуд?

Нашр шуд

Омӯзгорӣ ва рӯзноманигорӣ кори саҳл нест. Ҳайдаралӣ Давлатовро маҳз заҳматписандӣ, илму дониш, ахлоқи волояш ба қуллаи мақсуд расонидааст.

Ӯ зодаи ноҳияи Темурмалик буда, дар оилаи чӯпон ба воя расидааст. Ӯ соли 1970 омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлобро бо ихтисоси муаллими синфҳои ибтидоӣ ва соли 1982 факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро ғоибона хатм намудааст.

Сипас Ҳайдаралӣ Давлатов бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1970 ба ноҳияи Вахш ба мактаби миёнаи умумии №3-и ноҳияи мазкур ҳамчун омӯзгор фиристода мешавад. Ҳамин тариқ, соли 1971 ба хидмати ҳарбӣ сафарбар гардида, соли 1972 бо нишони сарисинагии «Аълочии Армияи Советӣ» ва медали ҷашнии «50-солагии СССР» мукофотонида мешавад.

Ҳайдаралӣ баъди анҷоми хидмати ҳарбӣ, соли 1973 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ноҳияи Темурмалик ба фаъолияти омӯзгорӣ идома бахшида, аз соли 1977 то соли 2017 дар мактаби рақами 14-и зодгоҳаш ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, омӯзгори забони русӣ ва тарбияи ҷисмонӣ муддати 40 сол фаъолияти босамар карда, ҳамчун методисти сермаҳсул шинохта мешавад. Инчунин, аз соли 1990 тахассуси олӣ дошта, ҳоло нафақагири аҳамияти ҷумҳуриявӣ мебошад.


ОМӮЗГОРИ АСИЛ

Муаллими ҷавон шурӯъ аз соли 1997 то соли 2017 ҳар сол дар Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон (1-июн) бо мақсади тарбияи ватандӯстӣ, дӯстдории табиати зинда ва инкишофи ҷаҳонбинии хонандагон дар муддати 20 сол ба кони намаки Хоҷа Сартези Валӣ, ба ҷойи кори геологҳо, ба ҷойҳои таърихии шаҳри Кӯлоб барои хонандагон саёҳат ташкил кардааст.

Шогирдонаш ҳамасола дар олимпиадаи мактаббачагон ба ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гашта бо квотаҳои президентӣ ба донишкадаҳои олӣ дохил шудаанд.

«Ба монанди устодам Ҳайдаралӣ Давлатов омӯзгорон бисёранд, вале меҳру сахтгириҳои он кас ба қалбҳои мо ба таври махсус маскан дорад. Мо ҳеч гоҳ фаромӯш намекунем, чунки ӯ ба мо дарси шавқовар, дарси зиндагӣ ва дарси одаму одамгариро меомӯхт», - бо ифтихор мегӯяд шогирдаш номзади илми тиб, дотсент Пиримқул Меҳмонов.

Устод аз зумраи омӯзгорони шинохта вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад. Зеро солҳо ба ҳайси роҳбари иттиҳодияи методии синфҳои ибтидоии ӯзбекзабонони шуъбаи маорифи ноҳияи Темурмалик кору фаъолият кардааст.

Заҳмату талошҳои муаллим Ҳайдаралиро давлату ҳукумат ба инобат гирифта, ӯро бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо қадршиносӣ намудаанд.

Ҳайдаралӣ Давлатов дар баробари омӯзгорӣ 52 сол мешавад, ки дар соҳаи матбуот, фарҳанг ва варзиш низ фаъолият дорад.


ВАРЗИШГАРИ КОМЁБ

Аз ҷавонӣ варзишро дӯст медошт. Ба аспсаворӣ, гӯштингирӣ, муштзанӣ ва вазнбардорӣ машғул буд. Бо амри тақдир дасташ шикаст ва баъдан ба варзиши фикрӣ – шоҳмот рӯ овард. Дар ин шуғл низ ба муваффақиятҳои калон мушарраф гашт.

Сармуррабии тими ноҳия дар риштаи шоҳмот ва шашка буда, унвони ҳакамони дараҷаи вилоятиро соҳиб мебошад. Шогирдонаш дар мусобиқаҳо ба ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гаштанд. Аз ҷумла, соли 1987 шогирди аълохонаш, хонандаи синфи ҳафтум – Абдусалом Алимардонов ба Қрим, лагери пионерони умумииттифоқии «Артек» рафта, миёни 15 ҷумҳуриҳои бародар ҷоизадори мусобиқаи шоҳмот гардидааст. 30 тан аз шогирдонаш ба унвони қаҳрамони ноҳия даст ёфтаанд.

Ҳайдаралӣ Давлатов 26 маротиба чемпиони ноҳия, чанд давр ғолиби мусобиқаҳои минтақаи Кӯлоб аст. Узви яккачини дастаи Хатлон-2, иштирокчии фаъоли мусобиқа ва чемпионатҳои ҷумҳурӣ, номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ҳамзамон, хурдтарин шогирдаш донишҷӯи Донишгоҳи ба номи А. Рӯдакии ш. Кӯлоб Мафтуна Давлатова дар мусобиқаи донишҷӯёни вилояти Хатлон моҳи апрели соли 2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара чемпиони вилояти Хатлон оид ба шашка гардид.


РӮЗНОМАНИГОРИ МУВАФФАҚ

Дар китобхонаи шахсии ӯ беш аз 1200 китоби бадеӣ, дарсӣ, маҷаллаю рӯзномаҳо маҳфуз аст. Номбурда мухбири ҷамоавии нашрияи «Халқ овозӣ», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Хатлон», «Дӯстлик», маҷаллаи «Мактаб», рӯзномаи ноҳиявии «Истиқлол» ва «Гулхани Восеъ» мебошад. Лавҳа, очерк, мақолаҳои илмӣ-методӣ ва публитсистияш мунтазам дар рӯзномаҳои мазкур чоп мегарданд. Соли 2010 барои мақолаи «Роғун – сохтмони аср» дар нашрияи «Истиқлол» бо ифтихорномаи раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Соли 2014 ӯ ҷоизадори озмуни ҷумҳуриявии очеркнависон дар рӯзномаи «Халқ овозӣ» шуд. Соли 2016 ва 2017 барои ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарият бо ҳафт китоби забоншинос, профессор Сайфиддин Назарзода қадрдонӣ карда шуд.

Инчунин, солҳои 2004 ва 2009 Ҳайдаралӣ Давлатов дар ноҳияи Темурмалик «Беҳтарин журналисти сол» эътироф гардидааст.

Тавре ки худи қаҳрамон иброз медорад, маҳз ба хотири очерку лавҳаҳояш бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.08.2015 таҳти № 530 бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сазовор гардидааст. Яъне навиштаҳои ӯро дар рӯзномаи ноҳиявии “Истиқлол” раиси ноҳияи Темурмалик Мирзохон Гулмаҳмадзода соли 2015 пайваста мутолиа карда бо ин восита ӯро аз ноҳияи Темурмалик ҳамчун номзад ба унвони давлатӣ пешниҳод мекунад.

Ӯ соҳиби 6 фарзад мебошад, ки ҳамагӣ бо дуои падар дар касбу кори гуногун пайи хидмати мардуманд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед