Манижа дар ТОП -10-и “Evrovison – 2021” дар ҷойи аввал қарор дорад
Нашр шуд
Баъд аз 18 рӯз “Evrovison - 2021 дар шаҳри Ротердам баргузор мегардад, ки дар он 41 давлат ширкат хоҳад кард. Канали “Evrovison - 2021” аллакай навори ҳамаи иштирокчиёнро дар “YouTube” каналаш ҷо кардааст. Мо аз ин шумора аз рӯйӣ бинанда 10-гонаи беҳтаринро мӯайян кардем:
1. Манижа Сангин - доҷикдухтаре, ки аз номи кишвари бузурги Русия баромад мекунад, 9 030 078 бинанда дорад ва дар ҷойи аввал қарор гирифтааст. Аз ин 9 миллион тамошобин 262 ҳазор нафар наворро писандидаанд ва 163 ҳазор нафар бошад, суруди ӯро написандидаанд. Шумораи шарҳҳо дар зери навори сабт ҳамагӣ 164 000-то мебошад.
2. Дар ин ҷой намояндаи Сербия бо суруди “LOCO LOCO” қарор гирифтааст, ки ӯ 8 277 262 тамошобин дорад. Суруди ӯ ба 117 ҳазор нафар писанд гардидааст ва 17 ҳазор нафар маъқул накардаанд. Ҳамчунин 29 ҳазор нафар бошад фикри худро дар зери навор баён кардаанд.
3. Ҷи Ма Касе бо суруди “Destiny” дар ҷойи 3-юм қарор дорад. Овозхон аз Малта буда, то ҳол суруди ӯро 5 468 506 млн. нафар аз назар гузаронидаанд. Ба 44 ҳазор нафар суруди ӯ писанд омадааст ва ба 7,2 ҳазор нафар бошад, баръакс. Ҳамчунин дар зери ин суруд 7,9 ҳазор нафар шарҳ навиштаанд.
4. Дар ин ҷой намоянда аз Озарбойҷон Эфендӣ мебошад, ки сурудаш “Mata Hari” ном дорад. Ин сурудро 4 209 790 млн. нафар тамошо кардааст ва аз ин шумора 120 ҳазор нафар навори сурудро писандидаанд ва 16 ҳазор нафар бошад, мақул накардаанд. Ҳамчунин 91 ҳазор нафар фикри худро оиди суруди Эфендӣ дар шаҳр баён кардаанд.
5. Бо 3 181 836 млн. нафар тамошобин намоянда аз Украина бо суруди “Shum” ҷойи 5-умро ишғол кардааст, ки 113 ҳазор нафар навори таронаашро писандидаанд ва 11 ҳазор нафар бошад, не. Аз ин шумора 26 ҳазор нафар шарҳи худро гузоштаанд.
6. Ҷгонс Тиарс аз номи Шветсария бо суруди “Tout I’univers” баромад мекунад, ки аз рӯи омор 2 461 801 млн. нафар тамошобин дорад. Суруди ӯ ба 63 ҳазор нафар мақбул гардааст ва 4,6 ҳазор нафар написандидаанд. Ҳамчунин дар зери ҳамин навор 9,8 ҳазор шарҳ вуҷуд дорад.
7. Дар ин ҷой Албина Харватия бо суруди “Tick- Tock” қарор дорад, ки аллакай 2 455 379 млн. нафар тамошобин дорад. 41 ҳазор нафар суруди ӯро писандидаанд ва 5,6 ҳазор нафар баръакс. Ногуфта намонад, дар зери ин навор 6,6 ҳазор шарҳ вуҷуд дорад.
8. Блинд Чанел бо суруди “Dark Side” дар ҷойи 8- ум қарор дорад. Овозхон аз Финландия буда, то ҳол суруди ӯро 1 933 272 млн. нафар аз назар гузаронидаанд. Ба 830 ҳазор нафар суруди ӯ писанд омадааст ва ба 2,7 ҳазор нафар не. Ҳамчунин дар зери ин суруд 10 ҳазор нафар шарҳ мавҷуд аст.
9. Ин ҷойро бошад намоянда аз Кипр бо суруди “El Diablo” мегирад, ки ӯ 1 923 11 тамошобин дорад. Суруди ӯро 36 ҳазор нафар писандидааст ва 4,5 ҳазор нафар мақул накардааст. Ҳамчунин 8,1 ҳазор нафар бошад фикри худро дар зери навори мазкур баён кардаанд.
10. Бо 1 822 012 млн. нафар Роксен - намоянда аз Руминия бо суруди “Amnesia” дар ин ҷой қарор дорад. 48 ҳазор нафар навори ӯро писандидаанд ва 1,9 ҳазор нафар нисбати навораш назари манфӣ доранд. Аз ин шумора 6,9 ҳазор нафар шарҳи худро гузоштаанд.
Ин рақамҳо ҳар соату ҳар дақиқа иваз мешавад, ҳоло ҳеҷ кас кафолат дода наметавонад, ки Манижа Сангин оё ҷойи аввалро соҳиб мешавад ё не! Дар ҳоли ҳозир ӯ ҷойи аввалро ба ҳеҷ кас доданӣ нест. Гарчанде сару садоҳои манфӣ ва муқобил дар бораи тоҷик будани ӯ ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти ҳунарии ӯ зиёданд, аммо ӯ ба роҳи худ идома мебахшад. Умед мекунем, ки Манижа ҷойи аввалро соҳиб гардад.
Бояд гуфт, ки ТОП -10-и “Evrovison – 2021” рӯзи 4-уми май тартиб дода шудааст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед