Ru  | Tj
Муқимҷон Абдуфаттоев: Модарам низ дар маҳфилҳои маҳалла занононро механдонданд
Муқимҷон Абдуфаттоев: Модарам низ дар маҳфилҳои маҳалла занононро механдонданд
Аксҳо: Halva.tj

Муқимҷон Абдуфаттоев: Модарам низ дар маҳфилҳои маҳалла занононро механдонданд

Нашр шуд

Муқимҷон Абдуфаттоев, ҳаҷвнигори шинохтаи мардумии Тоҷикистон, ки ба дили халқ бо ширингӯии оддӣ ва зебои омиёнаи худ роҳ ёфтааст. Ӯ дар ҳаҷв мактаби худро дошта, имрӯз нақши ин мактаб дар рушди ҳаҷви тоҷик хеле барҷаста ба назар мерасад. Аз ин рӯ, хабарнигори Halva.tj бо Муқимҷон Абдуфаттоев перомуни рӯзгор ва ҳунари ӯ, нақши ҳаҷв дар тарбия, усулу мавзӯҳои нави ҳаҷв ва дигар паҳлӯҳои ҳунари бадеӣ суҳбат намуд.

- Сараввал мехостем фаҳмем, ки Муқимҷони хурдакак низ шӯх буд?

- Бале, Муқимҷони хурдакак ҳам шӯх буд, зеро ин шӯхию зиндадилӣ аз модари азизу арҷманд ба мо мондааст, чун модарам низ дар маҳфилҳои маҳалла занононро механдонданд.

- Устод дар муносибати оилавиатон ҳазлу шӯхӣ ҳам ҷой дорад?

- Бале, чунки бе ҳаҷву шӯхӣ зиндагӣ якранг мешавад ва на он қадар шавқовар мегузарад. Бинобар ин, дар зиндагии ман низ ҳаҷву шӯхӣ ҷой дорад ва ҳамсари ман низ инро бо шӯхӣ қабул мекунад, чунки ҳисси ҳаҷв дорад.


- Барномаҳои ҳаҷвии театр-студияи “Хандинкамон” кай ва чӣ тавр таъсис ёфт?

- Барномаҳои ҳаҷвии театр-студияи “Хандинкамон” дар аввал ин номро надошт. Ҳунармандони исфарагиро ҷамъ намуда, як театр таъсис додам ва дар яке аз маҳфилҳои ҷавонони онвақта - “Камсамол” якчанд баромадҳо кардем. Раиси онвақтаи камсамоли вилояти Суғд Қосимҷон Анварович баромади моро хуб пазируфтанд ва моро ба шаҳри Хуҷанд даъват намуданд. Соли 1999 бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров якчанд барномаҳои ҳаҷвии телевизионӣ сабт кардем. Соли 2003 бошад бо дастгирии раиси вилояти Суғд театр-студияи “Хандинкамон” дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуд.

- Дар саҳнаҳои ҳаҷвӣ нақшҳои гуногунро иҷро мекунед, ин барои шумо душвор нест?

- Агар сенария хуб бошад, ман метавонам дар як вақт се нақшро иҷро кунам ва ин барои ман ягон душворӣ надорад. Вақте ки образи ду қаҳрамонро якхела бозӣ кунем он саҳнаи хуб намебарояд. Ҳунарманд дар ҳоле муваффақ мешавад, ки ҳар як нақшро бо нозукиҳояш иҷро кунад.

- Айни ҳол чанд нафар дар театр-студияи “Хандинкамон” фаъолият мекунанд?

- Ҳоло ҳамроҳам дар театр-студияи “Хандинкамон” 6 нафар ҷавонон фаъолият мекунанд. Мо онҳоро тариқи кастинг (озмун) аз миёни 32 нафар довталабон интихоб намудем. Кӯшиш кардем, ки нафаронеро интихоб намоем, ки истеъдоди худодод доранд ва бояд истеъдоди онҳоро мо каме ҳам бошад сайқал диҳем. Чунки жанри ҳаҷв аз ҳама жанри душвортарин ба ҳисбо меравад ва на ҳама аз ӯҳдаи ин жанр баромада метавонад.


- Ҳунармандони ҷавон то кадом андоза аз ӯҳдаи иҷрои нақши ҳаҷвӣ мебароянд?

- Мо ҳоло дар раванди корӣ қарор дорем ва кӯшиш мекунем, ки ҳунармандони ҷавон аз таҷрибаҳои мо ибрат гирифта, нақшҳоро дар сатҳи олӣ офаранд. Ба кори онҳо ман баҳо дода наметавонам, чунки баҳоро тамошобин медиҳад.

- Муқимҷон аз чӣ илҳом мегирад?

- Ман аз муҳити атроф илҳом мегирам ва идеяҳои нав меёбам. Сараввал ҳар як идеяи олиҷаноб, ки ба сари шахси эҷодкор меояд, аз тарафи Худованд аст. Дувум, ҳар як ҳодисаи ҷолибе, ки дар гирду атроф рух медиҳанд, боиси пайдо шудани идеяи нав мегарданд. Аксаран вақт чунин ҳолатро дар телефони мобилиям зуд сабт мекунам.

Ман худам як ҳунарманди ибтикорӣ мебошам, яъне пеш аз ба саҳна баромадан, суханҳоямро омода намекунам.

- Дар интихоби либос ва декоратсияи саҳна ба шумо кӣ кумак мерасонад?

- Хушбахтона, дар масъалаи интихоб душворӣ намекашам. Чунки хатмкардаи факултаи коргардонии Донишгоҳи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода ҳастам. Ҳангоми навиштани сенария медонам, ки қаҳрамонҳо кадом либосро бояд пӯшанд ва чӣ гуна ба саҳна бароянд.


- Мухлисон вақте Шуморо дар кӯча мебинанд, чӣ ҳолат онҳоро фаро мегирад?

- Асосан вақте, ки мардум маро дар кӯча мебинанд дар лабонашон табассум пайдо мешавад. Ҳаминаш ба фикрам кифоя аст, ки бо дили пур бигӯям, ки ман ҳаҷвнигор ҳастам ва ба дили мардум каме ҳам бошад роҳ ёфтаам. Хандаи онҳоро барои худ як давлат меҳисобам ва худро хушбахтарин инсон дармеёбам.

- Боре шудааст, ки аз ҷониби тамошобин танқид шунавида бошед?

- Ман ба танқид нигоҳи мусбат дорам. Ҳар ҷо, ки кор ҳаст, камбудӣ ҳам ҳаст ва ин камбудиҳо албатта аз тарафи тамошобини нуктасанҷу закӣ гуфта мешавад. Кӯшиш мекунам, ки танқидҳоро ба инобат гирифта, камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намоям. Ин барои пешравии кор муҳим аст.

- Ба андешаи шумо кадом мавзӯҳои ҳаҷвӣ ба тамошобин писанд аст?

- Имрӯзҳо иттилоот тариқи шабакаҳои интернетӣ, радио, телевизион, рӯзномаву маҷаллаҳо дар фазои кишвар васеъ паҳн гаштааст ва мардум аллакай, аз ҳама чиз огоҳ ҳастанд. Мардуми ин замонро қоил кардан хеле душвор шудааст ва умуман хандонидан душвортар. Бинобар ҳамин, мо ҳаракат мекунем, ки аз ҳаёти мардум саҳнаҳо офарем. Масалан, як саҳнаи охирине, ки мо таҳия кардем “Сафари расиян” ном дорад ва бобати сафари ҷавон ба Русия, бозгашт баъди 18 сол ва гуфтугӯяш бо аҳли маҳалла мебошад.


- Саҳнаҳои кадом гурӯҳҳои ҳаҷвиро меписандед?

- Ҳамаи гурӯҳҳои ҳаҷвие, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, тамошо мекунам ва нисбаташон эҳтиром дорам. Аз қабили гурӯҳҳои “Лаҳзаҳои гуворо”, “Шакарханд”, “Теротория юмора”, “Коно ва Доно” ва “Очаи Зика ва Бика”.

- Ҳаҷвнигорони ҷавони мо зиёд аз лаҳҷа истифода мекунанд, дар ин бора Шумо чӣ фикр доред?

- Дар соҳаи ҳавҷ 22 сол мешавад, ки кор мекунам. Ба назарам стифодаи лаҳча мумкин аст, вале на дар ҳама ҳолат. Гуфтор бо забони адабии тоҷикӣ бояд зиёдтар бошад, на бо лаҳҷа. Лекин лаҳча низ як ширинии ҳаҷв аст, бинобар ин, ман ба истифодаи дурусти он зид нестам.

- Муқимҷон Абдуфаттоев киро дар ин ҷода устоди хеш меҳисобад?

- Устоди ман устоди ҳачвнигорони суғдзамин Абдураҳим Неъматов - Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Инчунин, устод Убайдулло Раҷабовро низ устоди хеш медонам.


- Барои рушди ҳаҷв ба мо чӣ лозим аст?

- Барои рушди ҳаҷв имрӯз ба мо мактаби ҳаҷв лозим аст. Муҳаррирон, ҳаҷвнависон ва он нафароне, ки ҳаҷви асили тоҷикро дар гузашта, ба пуррагӣ медонистанду медонанд, бояд ки аввал онҳо сари чанбараки ҳаҷв нишинанд, сипас дигарҳо.

- Имрӯз мебинем, ки бо истифода аз шабакаи иҷтимоӣ барои даромад ба даст овардан, миллион нафар миллион хел кор карда, ҳар гуна саҳнаҳои ҳаҷвии ба талаботи тамошобин ҷавобгӯ набударо дар саҳифаҳои худ пешниҳод мекунанд. Албатта ин ба назари ман хуб нест. Ман фикр мекунам, ки ҳаҷви асили тоҷик бояд як ҳаҷве бошад, ки намояндаи дигар халқиятҳо онҳоро бо забони худашон тарҷума карда, бо зернавишт истифода баранд. Мо ҳаҷвнигорони хуб ҳам дорем, вале мутаассифона, имрӯз намедонам бо сабаби надошани маблағ бошад ё дигар сабаб рӯйи саҳна намебароянд ва аксар ҳаҷвнигорони хасакӣ ба ҷойи он ҳунарнамоӣ мекунанд.

- Айни ҳол ба кодом корҳо банд ҳастед?

- Ҳоло барои навишатани саҳнаҳои ҳаҷвӣ дар мавзӯи саводи расонаӣ машғул ҳастам. Мехостам каме ҳам бошад маданияти истифодаи интернетро дар қолаби ҳаҷв ба намоиш гузорам. Чун мебинам, ки на ҳама истифодабарандагони интернет маданияти истифодаи онро медонанду сарфаҳм мераванд.  


- Се ҳаҷвнигори дӯстдоштаи шумо киҳоянд?

- Убайдулло Раҷабов, Ҳоҷибой Тоҷибоев ва Абдураҳим Неъматов.

- Се нақши беҳтарини иҷрокардаатон?

- Нақшҳои “падар” дар намоишномаи “Қаламфури ширин”, “падар” дар намоишномаи “Қулфу калид” ва нақши “Махсумпоччо” дар намоишномаи “Як буғча ханда”.

- Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

- Дар оянда мехоҳам ҳайати театр-студияи “Хандинкамон”- ро бо истеъдодҳои ҷавон боз ҳам комилтар гардонам. Ҳамчунин орзу дорам, ки театри мо як боми худро пайдо кунад, зеро тӯли чандин солҳост, ки мо дар иҷора менишинем.

Боз мехоҳам, ки мактаби ҳаҷвро ташкил кунаму дар он ҷо ҷавононе, ки истеъдоди фавқуллода доранд, истеъдодашонро сайқал диҳанд ва дар натиҷа ҳаҷви асили тоҷик рӯйи саҳна биояд.


- Таманиёти шумо барои ханандагони мо

- Аз номи театр-студияи “Хандинкамон” ба тамоми хонандагонатон саломи оташин мерасонам ва умеди комёбиҳои бардавоми мардуми тоҷикро дорам.

- Барои сӯҳбат ташаккури зиёд

- Саломат бошед!


Гулсифат Шаҳидӣ: ҷоизаи миллии Русия - "Адиби сол" бароям мӯъҷиза буд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед