Ru  | Tj
Дина Саева орзуяшро амалӣ кард
Дина Саева орзуяшро амалӣ кард
Акс: Интернет

Дина Саева орзуяшро амалӣ кард

Нашр шуд

Дина Саева номи аслиаш Мадина Басаева ба сокинони маҳаллии Ҷумҳурии Африқои Марказӣ кӯмак кард. Мадина дар он ҷо ба кӯдакон бо биринҷу гӯшт хӯрок пӯхт. Ҳамчунин ӯ дар яке аз деҳаҳои ин кишвар чоҳи об канд.

Мадина қариб як ҳафта мешавад, ки дар кишвари мазкур қарор дорад. Пеш аз ба Ҷумҳурии Африқои Марказӣ сафар карданаш дар барномаи “Ночной Контакт” чунин гуфта буд: “Аллбата, модар будан мехоҳам, аммо ҳоло на. Ду писар доштан мехоҳам. Илова бар ин, ният дорам, ки аз Африқо кӯдакеро ба фарзандӣ қабул кунам”. Ӯ илова кард, ки дар ин кор ба Анҷелина Ҷолӣ -ҳунарпеша ва модели 45 солаи амрикоӣ, ки чанд кӯдакро аз Камбоҷаву Эфиопия ва Намибияву Ветнам ба фарзандӣ қабул кардааст, пайравӣ кардан мехоҳад. Ҳамчунин қайд кард, ки “ҳоло ман худам кӯдак ҳастам ва аз ӯҳдаи модар будан намебароям. Шояд дар оянда ин корро кунам”.

Аз ҳамин хотир, ба кӯмаки кӯдакон рафт ва орзуяшро амалӣ кард. Чӣ хеле, ки аз аксҳои дар саҳифаи инстаграм гузоштаи ӯ маълум мешавад, кӯдакон хеле хурсанд буданд ва навбат истода, аз хӯроки пухтаи ӯ мегирифтанд. Ҳамчунин, Дина дар “история”-и инстаграмаш як навореро гузошт, ки чунин навиштаҷот дошт: “Dreams come true”, яъне ба орзуям расидам. Дар баробари ин кӯдакон барои ӯ суруд мехонданд.

Дар шабакаҳои иҷтиҷоӣ дар зери аксҳои ӯ нафарони зиёде ин амали ӯро хуш пазируфта, барояш таҳсину офарин хонданд.

Дина (Мадина Басева) 24 –уми августи соли 1999 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Падараш ронандаи таксӣ буд, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нест ва дар ҳамин бора Дина як навор (Коснуться смерти) дар “Youtube” гузошта буд. Модараш бошад ошпаз аст. Айни ҳол онҳо дар оила 4 нафар мебошанд: модар, додар, хоҳар ва худи ӯ. Аз сабаби диндор будани хешовандонашон оилаи онҳо ба Москав мекӯчад. Аҳли оилаи Мадина шаҳрвандии Русияро доранд.

Дина машҳуртарин “TikTok”-ери Русия ба ҳисоб меравад, ки 21 млн обуначӣ дорад. Ӯ ширкатҳои машҳури дунёро таблиғ кардааст, ба монанди либосҳои тамғаи “Gucci” ва “Dolce & Gabbana”. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар саҳифаи “ instagram”- аш 7, 2 млн обуначӣ дорад.

Маълум нест, ки Мадина кай аз Ҷумҳурии Африқои Марказӣ   бармегардад. Ӯ дар бораи нақшаҳои минбаъдааш, ки дар ҳамин сафараш анҷом доданист маълумот надодааст. Ӯ одатан обуначиёнашро бо “сюрприз”- ҳои нав ба нави худ дар ҳайрат мегузорад. Мисли он, ки дирӯз барои кӯдакон ҷашне барпо карда буд.



"Даҳ рӯзи генерал - Шерак" - и Иброҳим Усмонов қиссае аз рӯзгори Сайдамир Зуҳуров

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(107) "Манижа дар ТОП -10-и “Evrovison – 2021” дар ҷойи аввал қарор дорад"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(4) "8337"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(18) "Интересно"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "5087"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "13"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(84) "/tj/articles/education/manizha_dar_top_10_i_evrovison_2021_dar_oyi_avval_aror_dorad/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "2618"
  ["CODE"]=>
  string(60) "manizha_dar_top_10_i_evrovison_2021_dar_oyi_avval_aror_dorad"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "2618"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "education"
}
                        

Ҷолиб

Манижа дар ТОП -10-и “Evrovison – 2021” дар ҷойи аввал қарор дорад

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(147) "Муқимҷон Абдуфаттоев: Модарам низ дар маҳфилҳои маҳалла занононро механдонданд"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(4) "8003"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(97) "/tj/articles/talk/mu_im_on_abdufattoev_modaram_niz_dar_ma_fil_oi_ma_alla_zanononro_mekhandondand/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "2504"
  ["CODE"]=>
  string(78) "mu_im_on_abdufattoev_modaram_niz_dar_ma_fil_oi_ma_alla_zanononro_mekhandondand"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "2504"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Муқимҷон Абдуфаттоев: Модарам низ дар маҳфилҳои маҳалла занононро механдонданд

Другие новости